Авратро ба кор бурдааст: Ва асп аъзал ҳам бад бувад ва ҳамеша авраташ


«кун» дар ҳолате, ки нодост, нависанда устокорона ба ҷои он як паҳлӯи маҷозии вожаи сермаъноии қафо


Download 26.1 Kb.
bet4/4
Sana13.11.2023
Hajmi26.1 Kb.
#1770394
1   2   3   4
Bog'liq
Документ

«кун» дар ҳолате, ки нодост, нависанда устокорона ба ҷои он як паҳлӯи маҷозии вожаи сермаъноии қафо - ро мавриди корбаст қарор додааст: Аз ин ваҷҳ басе дашномҳо шунида ва басе силлиҳо дар қафо хӯрда, дар охир аз умр ба ҷон сер гашта (13. 137). Ё ин ки амалиёти ба хӯрдану нӯшидан вобастаро адиб бо вожаи айш, вале зуҳуроти маҳрамонаи ба шаб алоқвмандро бо калимаи ишрат ном бурдааст, ки ин падида хусусияти анъанавӣ дорад: Аз давлати Саркор Соҳиб ҳама рӯз ба айш ва ҳама шаб ба ишрат мегузаронад (13, 117).
Дисфемизми оқ кардан мафҳуми иҷтимоиро дорост. Оқ вожаи арабӣ буда, онро волидайн нисбат ба фарзандони саркаш ва нофармон татбиқ менамоянд. Зимни ба ҳадди баланд расидани нофармони волидайн фарзандро оқ мекунанд:
Ба ишқ чун ману хештан ба накӯӣ,
Шунидаӣ, ки падар меҳрубону кӯдак оқ (97, 947) Агар тарафдории зан кунам, бояд оқи модарро ихтиёр
(13, 25).
Фарзанди оқшуда тибқи шариати ислом осӣ мсшавад. яъне ӯ гуноҳи азим ё кабире содир намудааст. Унсури луғавии осӣ дар муносибат хеле сахттаъсир аст: Ва писарон низ бад-он тан дар надиҳад ва осӣ нашаванд (13.25).
Аммо муродифи адабии он калимаи гуноҳ дар ифодаи ҳамин маънӣ таъсири мулоимтаре дорад; Бо ҳамин гуноҳ, ки ин писар дар амри номашрӯъ итоати падар накарда (13, 25). Вожаи ҳаромзода хусусияти дисфемӣ зоҳир мекунад ва онро нисбат ба кӯдаке, ки аз никоҳи шаръии волидайн ба дунё наомада бошад, ба кор мебаранд ва истеъмоли он дар нутқ дашномест басе қабеҳ: Эй ҳаромзода, ман аз ту чӣ суол мекунам, ту дар ҷавоби ман саволи бемаънӣ меорӣ! (13, 25).
Ба ҳамин тариқ, дисфемизмҳо дар нутқи адабӣ на ҳамеша озодона истеъмол меёбанд. Бо мақсади таъсири амиқ гузоштан муаллифон гоҳе ночор, гоҳе бо ниятҳои услубӣ вожаҳои қабеҳмаъноро ба кор бурда, бо ҳамин ҳаққонияти тасвирро таъмин менамоянд, вазе бояд тазаккур дод, ки суханварони варзида мекӯшанд, ки вожаҳои қабеҳмаъноро то қадри имкон камтар истифода бурда, дар зарурат онҳоро бо унсурҳои луғавии эвфемӣ иваз намоянд. Бо ин амал ҳам матлаби дилхоҳ баён мегардад ва ҳам гӯянда аз истеъмоли калимоти қабеҳмаънову гӯшхарош худдорб ва истеҳола менамояд.
1.4. Эвфемизмҳо ва муносибати онҳо бо синонимҳо Пиромуни масоили муносибати байни вожаҳои эвфемистӣ ва муродифоти луғавӣ дар забоншиносии
тоҷик тадқиқоти ҷудогонае рӯйи кор наомадааст. Ин масоил дар забоншиносии рус то ҳадде мушаххастар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Роҷеъ бо шинохт хусусиятҳои луғавию маъноӣ, услубӣ ва мавқеи истеъмоли эвфемизмҳо дар нутқи адабӣ луғатшиноси рус Д. Н.Шмелёв изҳори ақида намуда менависад, ки «бино ба мулоҳизаҳои баъзс муҳаққиқон эвфемизмҳо яке аз шаклҳои воқеъшавии синонимҳо мсбошанд. Калима ё ифодаҳоеро, ки барои дар мавриди иваз намудани мафҳумҳои барои сухангӯ номуносибу ноҷо истифода бурда мешаванд, эвфемизм мебошанд» (112). Оид ба қаробати байни муродифу эвфемизм таваққуф намуда, ӯ менависад, ки «эвфемизмҳо зимни иваз намудани мафҳумҳои табушуда ҳамчун воқеияти луғавӣ ба қайд гирифта мешаванд, зеро мафҳумҳои табуӣ дар нутқ дар фурсати мувофиқ барои рӯпӯш кардани таъсири маънои аслии калимаи мамнӯъ, ки он моҳиятан ба маънои манфӣ молик аст, ба кор бурда мешаванд. Бинобар ин, баъзе калимаҳои эвфемистӣ дар ҳолатҳои гуногун вобаста ба мантиқи матн синоними мутлақ ва ё пурраи ин ё он калима шуда наметавонанд. Аз ин хотир, онҳоро синонимҳои матнӣ (контекстӣ) ва ё синонимҳои лаҳзавӣ номидан ба мақсад мувофиқтар аст» (112, 199 - 202).
Аз забоншиносони тоҷик М. Муҳаммадиев назари худро доир ба робитаи байни ин ду категорияи луғавӣ иброз дошта, таъкид кардааст, ки инкишоф ва такомули таркиби луғавии забон бештар аз ҳисобн имконоти дохилии он сурат мегирад. Ҳамзамон ӯ калимаҳои эвфемистиро чун омили дохилии рушди таркиби луғавии забони тоҷикӣ маънидод кардааст. «Агар дар вулгаризм хусусият ва ҷиҳати манфии предмет, воқеа, ҳодиса ишора карда шавад, дар эвфемизмҳо акси ин ҳолро мебинем. Дар ин ҷо ба ивази сухани густоҳона, аз одоб берун каломи боадабона, хуб ва писандида истеъмол карда мешавад» (68,26)
Воқеан, дар силсилаҳои синонимии бисёр калимаҳои умумиистеъмолии забони тоҷикӣ мақоми вожаҳои эвфемистӣ назаррас аст. Дар забоншиносӣ вожаҳои муродифӣ ба ҳайси як қабати фаъоли луғавию маъноии забон ба инобат гирифта мешавад, вале вожаҳои эвфемистию вулгариро ба гурӯҳи категорияҳои луғавию эҳсоси нутқ дар баробари архаизму неологизмҳо шомил кардаанд (51,71-96). Профессор Ҳ. Маҷидовро дар ин бобат нуқтаи назар дигаргуна аст. Ӯ эвфемизмҳоро ба қатори «калимаҳои услуби баланд» ва ё «калимаҳои муассир» дохил намуда, менигорад, ки «мавриди маънидоди мавзӯи калимаҳои муассир бояд танҳо вожаҳои пуробуранг аз назар гузаронида шаванд, зеро маҳз дар ҳамин гурӯҳ баробари ифодаи маъноҳои мухталиф боз ҷилваҳои ниҳоят мушаххас зоҳир шудаанд. Вобаста ба он ки дар калимаҳо чунин ҷилваҳои баҳодиҳӣ ба тариқи мусбат ё манфӣ ифода шудаанд, онҳоро ба гурӯҳҳои калимаҳои услуби баланд ва ё паст тасниф кардан мумкин аст (58,156). Азбаски муродифот дар баробари хусусияти луғавию маъноӣ ва грамматикӣ доштан, инчунин ба имкониятҳои васеи услубӣ ҳам моликанд ва дар ин бобат эвфемизмҳо ҳамчун як сарчашмаи нумӯи муродифот ба ҳисоб гирифта мешаванд, ё ки ба таври дигар гӯем, ин қабил калимаҳо нисбат ба луғатҳои муқаррарии синонимӣ ба тобишу образнокӣ ва мавқеи истеъмол фарқ карда меистанд. Қисмати зиёди калимаҳои услуби баланд (аз он ҷумла эвфемизмҳо) мансуб ба забони адабӣ мебошанд. Онҳо ба нутқ дараҷаи баланди эҳсосот мебахшанд, оҳанги онро мутантану пуршукӯҳ менамоянд, ҷилонокию ифоданокии баёнро таъмин мекунанд. «Калимаву маъноҳои лутфомез (яъне эвфемизмҳо) нарм, дар навбати аввал бар ивази вожаҳои ифодагари мафҳумҳои мамнӯъ, табушуда ба кор бурда мешаванд. Мувофиқи ақидаҳои хурофотии мардум, агар


Download 26.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling