Донишкадаи илмиву тадқИҚотии омӯзиши муаммоҳо ва муайян кардани истиқболи таълими халқ ба номи а. Авлонӣ


Download 187.1 Kb.
Pdf ko'rish
bet1/2
Sana19.04.2023
Hajmi187.1 Kb.
#1362933
  1   2
Bog'liq
dhitrKQTWXDCDYRymysBRlpzhmd3Zxwkeq0vrFQj (1)



ДОНИШКАДАИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТИИ ОМӮЗИШИ 
МУАММОҲО ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ИСТИҚБОЛИ 
ТАЪЛИМИ ХАЛҚ БА НОМИ А.АВЛОНӢ 
 
ЛОИҲАИ “РИВОҶДИҲИИ КАСБИИ 
БЕФОСИЛА – 2022” 
Оид ба модули
Навгониҳои фан, масъалаҳои асосии таълими фан 
 
Матни маърӯзаи курси таълимии
 
 
“Таълими фанҳои табиӣ ва амалӣ дар синфҳои ибтидоӣ”
 
оид ба мавзӯи 
“Интегратсия ва инноватсияи таълим дар омӯзонидани фанни 
табиатшиносӣ” 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Toшканд 2022 


Мавзӯи 2: Интегратсия ва инноватсияи таълим дар омӯзонидани 
фанни табиатшиносӣ
Нақша: 
1. Таърихи 
пайдоиши 
методикаи 
омӯзонидани 
фанни 
табиатшиносӣ. 
2. Олимоне, ки ба ривоҷи методикаи табиатшиносӣ ҳиссагузорӣ 
кардаанд. 
3. Истифодабарӣ аз интегратсия ва инноватсия дар омӯзонидани 
фанни табиатшиносӣ. 
Таърихи ривоҷёбии методикаи омӯзонидани фанни табиатшиносӣ 
Методикаи омӯзонидани фанни табиатшиносӣ дар алоқамандӣ бо 
ривоҷёбии ин фан таърихи ба худ хосро соҳиб аст.
Ф. Зуевро (1754-1794) ҳамчун методисти аввалини фан ҳисоб кардан 
мумкин аст. Ӯ дар таълимгоҳҳо аз фанни табиатшиносӣ дарс додааст, дар 
семинарҳои бо иштироки омӯзгорон гузаронидашуда маърӯзаҳо кардааст. 
Соли 1786 Ф. Зеув китоби дарсии “Намоишгоҳҳои таърихи табиат”ро нашр 
намудааст. Дар ин китоб омӯзиши амиқи фан, дунёи боигариҳои зеризаминӣ 
(табиати беҷон), дунёи растаниҳо (ботаника), дунёи ҳайвонот (зоология) 
нишон дода шудааст. Ин китоби дарси ба сифати предмети фанни табиат 
асос гузоштааст. 
Дар миёнаи асри XIX К.Д. Ушинский (1824-1870) ҳам бо ғояҳои 
педагогии пешқадами худ рӯи майдон омад. Ӯ методи мушоҳидаро ба сифати 
ҳамчун методи самараноки омӯзиши табиат қабул кардааст. К.Д.Ушинский 
ба хонандагон таклифи шиносоӣ ба табиатро аз омӯзиши макони зист, 
кишвар оғоз намуданро таклиф кардааст. К.Д. Ушинский таъкид кардааст, ки 
методи асосии омӯзиши табиати макони зист мушоҳида ба ҳисоб меравад, 
чунки ин метод мушоҳидакориро дар инсон пайдо мекунонад. Дар китоби 
“Дунёи бачагон” дар асоси ривоҷ додани нутқи бачагон зарурияти 
мушоҳидаи табиатро нишон додааст.


Омӯзонидани табиатро дар асоси мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва 
экскурсияҳо яке аз аввлинҳо шуда олим А.Я. Герд (1841-1888) таклиф 
кардааст. Ӯ таъкид кардааст, ки омӯзонидани табиат тавассути асбобҳои 
айёнӣ ба идроки бача бояд мувофиқат кунад. Омӯхтани табиат дар синфҳои 
ибтидоӣ аз омӯзиши табиати беҷон оғоз ёфтанаш бевосита ба Герд тааллуқ 
орад. Олим методикаи омӯзонидани табиати беҷон дар синфҳои ибтидоиро 
кор карда баромадааст. Ӯ китоби дарсӣ бо номи “Курси кӯтоҳи табиат”, 
рисолаи илмии “Замин, ҳаво, об”ро чоп кардааст. Барои омӯзиши ин ду 
рисола бошад, соли 1883 тавсияи методии “Предметҳои дарсӣ дар мактаби 
ибтидоӣ”ро низ навиштааст. Ин китоб ҳамчун рисолаи асосии илмӣ доир ба 
курси табиати беҷон муддати дурудароз истифода шудааст. Ҳанӯз соли 1917 
китоби А. Я. Герд таҳти унвони “Фанни табиат ҳамчун предмети алоҳидаи 
мактаби ибтидоӣ” нашр карда шуд, ки муаллиф зарурияти омӯзонидани 
фанни табиатро дар синфҳои ибтидоӣ ба сифати фанни махсус исбот 
кардааст. Ин ҷиҳати масъала зарурияти қабули барномаи навро оид ба табиат 
пеш овард. Соли 1919 барномаи тахминӣ доир ба табиат тартиб дода, тасдиқ 
гардид. Дар ин барнома ба ташкили экукурсия ва корҳои амалӣ эътибори 
калон дода шуд.
М.Н.Скаткин бошад, дар тадқиқотҳои худ ба методикаи ташкили 
корҳои беруназсинфӣ доир ба табиат ва барои азхудкунии табиат аз тарафи 
хонандагон тавассути ташкили машғулиятҳо ба фаъол намудани дараҷаи 
азхудкунии онҳо эътибори ҷиддӣ додааст.
Аз соли 1959 сар карда, ҳар сол барои хонандагони синфҳои 1-4 
китоби “Рӯзномаи мушоҳидаҳо” чоп карда мешавад. Муаллифи ин китоб В.В 
Валерянова ба талабагон ҳамин хел вазифа гузоштааст, ки онҳо тавассути 
ташкил кардани мушоҳидаҳои вазъи обу ҳаво, дигаргуниҳои олами 
растаниҳо ва ҳайвонот, фаъолияти одамон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ба 
устоди худ кӯмаки амалӣ расонанд. 
Дар омӯзиши фанни табиат методисти машҳур С.А. Павлович (1884-
1976) ҳиссаи арзанда гузоштааст, корҳои ӯ ба дуруст ташкил кардани 


дарсҳои фанни табиат дар синфҳои ибтидоӣ аз ҷиҳати методӣ басо кӯмаки 
калон расонидаанд. Китобҳои навиштаи ӯ – “Амалиёти омӯзонидани табиат 
дар синфҳои ибтидоӣ” (1939), “Омӯзонидани мафҳумҳои табиати беҷон” 
(1948), “Китоб оиди табиатшиносӣ. Асосҳои табиат ва методикаи он” (1969) 
бисёр машҳуранд. Китобҳое, ки С.А. Павлович оиди таҷҳизонидани дарсҳои 
табиат бо асбобҳои айёнӣ таълиф кардааст, то ба ҳанӯз аҳамияти худро гум 
накардаанд. 
Баъди ислоҳоти мактабҳои таълими ҳамагонии соли 1969-ум 
табиатшиносӣ ба сифати фанни алоҳида дар синфҳои 2 ва 3 омӯзонида 
мешавад ва аз маводҳои ин фан дар синфи якум ба сифати хониш ва 
инкишофи нутқ истифода мешавад. 
Дар асоси ислоҳотҳои самтҳои асосии мактабҳои таълими умумӣ ва 
мактабҳои ҳунарӣ масаълаҳои омӯзонидани фанни табиатшиносӣ ба таври 
дигар, яъне ба тарзи нав ҳал карда шуд. Аз соли 1986 инҷониб бачагон ин 
фанро аз синни 6-солагӣ сар карда меомӯзанд, муддати таълим дар мактаб 
бошад, то 11 сол дароз карда шуд. 
Ин навгонӣ дар синфҳои 1-2 имкони омӯзиши фанни “Шиносоӣ бо 
олами артроф”ро ба миён овард, дар синфи 3-4 бошад, ин фан ба сифати 
фанни “Табиатшиносӣ” омӯзонида мешавад. Дарсҳои олами атрофи мо аз 
соли 1986 то соли 2021 омӯзонида шуд. Омӯзиши курси мазкур дар ду самт 
ба амал бароварда мешавад. 
Якум, шинос кардани бачагон ба ҳаёти иҷтимоӣ ва меҳнати одамон, 
тарбияи маданияти хулқу атворро дарбар мегирад. Дуюм, шинос кардани 
бачагон бо табиат дар асоси мулоқоти бевосита бо худи табиат, ташаккули 
тасаввуротҳо доир ба объект ва ҳодисаҳои табиат, бомасъулият муносибат 
кардан бо табиат, алоқадри ҳолу имконият муҳофизат кардани табиатро дар 
бар мегирад. 
Шиносоӣ бо табиат дар асоси ташкили экскурсияҳо, саёҳатҳои илмӣ, 
корҳои амалӣ ба амал бароварда мешавад. Фанни “Шиносоӣ бо олами атроф” 
бо дигар фанҳои синфҳои ибтидоӣ пайвастагии қавӣ дорад. Мушоҳидаи 


табиат ва ҳаёти ҷамъият, меҳнати одамон дар азхуд кардани маводҳои забони 
модарӣ ва забони русӣ, таълими меҳнат, санъати тасвирӣ, математика барин 
фанҳо кӯмак мерасонад. Дар ҷаҷрёни ин дарсҳо, дар машғулотҳои шиносоӣ 
бо олами атроф тасаввуротҳои бачагон васеъ мегардад, Китоби дарсии 
“Табиатшиносӣ” давоми китоби дарсии “Шиносоӣ бо олами атроф” ба ҳисоб 
меравад ва соҳаҳои гуногуни фанни табиатро дарбар мегирад. Др синфҳои 3-
4 дар дарсҳои табиатшиносӣ яклухт будани табиати зинда ва табиати 
беҷонро меомӯзонад , ҳамин боис, бо ҳамдигар сахт алоқаманд будани онҳо 
омӯзонида мешавад. 
Дар тараққиёти фанни табиатшиносӣ хизмати олимони Осиёи 
Марказӣ ҳам назаррас аст. Корҳо ва асарҳои илмии олимоне, ки то мо дар 
қаламрави Осиёи Марказӣ истиқомат кардаанд, дар омӯзиши таърихи табиат 
басо аҳамияти калон доранд. 
Абу Райҳон Берунӣ соли 973 дар шаҳри Қиёт (ҳозира Берунӣ)и Хоразм 
таваллуд шудааст. 152 адад асари Берунӣ барои мо маълуманд, вале то мо 
фақат 27 адади ин асарҳо омада расидаанду халос. Яке аз кашфиётҳои 
бузурги Берунӣ ин барои нишон додани доирашакл будани замин ихтироъ 
кардани глобус ба ҳисоб меравад. Дар асарҳои Буренӣ оиди табиат басо 
маълумотҳои муфид дода шудааст. Масалан, дар бораи канданиҳои 
фоиданоки Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон (растаниҳои шифобахш
ҳайвонот) ва хуссиятҳои фоиданоки онҳо маълумотҳо дода шудааст. 
Назарияҳои илмии Берунӣ дар асарҳои “Минерология”, “Ҳиндустон”, 
“Ёдгориҳои аз халқҳои қадима монда”, “Геодезия” оварда шудаанд. Дар 
асари “Ёдгориҳои аз халқҳои қадима монда”и худ Берунӣ дар бораи 
растаниҳои тропикӣ ва олами ҳайвоноти шимоли Эрон нақл мекунад. Китоби 
“Китоб ас-Сайдана-фит-тиб” (Дорушиносӣ дар табиат) и Берунӣ соли 1927 
дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Бурсаи Туркия ёфт шудааст. Дар ин китоб 
оиди зиёда аз 250 нафар табиб, дорушинос, кимёгар, табиатшинос, таърихчӣ, 
файласуф ва сайёҳ маълумотҳо оварда шудааст. Фикрҳои дар бораи интихоби 
табиӣ ва сунъӣ баённамудаи Берунӣ ҳам лоиқи эътироф аст. Берунӣ таъкид 


кардааст, ки агар рӯи заминро ҳайвонот ва дарахтони якхела иҳота кунанд, 
барои зиёдшавии ҳайвонот ва дарахтон, барои инкишофи дарахтон ҷой 
намемонад, яъне онҳо аз инкишоф ва зиёд шудан бозмемонанд. 
Дар асари “Дорушиносӣ дар табиат”и Берунӣ таснифи растаниҳои 
шифобахш оварда шудааст. Берунӣ тавассути асарҳои худ ба таърихи фанни 
табиат асос гузоштааст.
Абу Али Ибни Сино (980-1037) дар соҳаҳои гуногуни фанни табиат 
эҷод кардааст. Ба ғайр аз крҳои табобатӣ, асарҳои эҷодкардааш оиди соҳаи 
табиат, аз ҷумла китобҳои “Механика”, “Физика”и ӯ дар ривоҷи фанни 
табиат мавқеи муносб доранд. Дар китобҳои ибни Сино оиди ҳаракат, қувва, 
фишори атмосферӣ, обу ҳаво, барф, борон, жола, гармӣ, намудҳои чароғак, 
ҳодисаи раъду барқ, садо, равшанӣ, гирифтани рӯи Офтоб ва моҳ, 
хусусиятҳои биноии чашм, растаниҳои олам ва аҳамияти онҳо фикрҳои 
мӯътамад, яъне асоснок баён карда шудаанд. Махсусан, асари ибни Сино 
“Қонунҳои тиб” машҳури олам аст. Асари мазкур аз 5 китоб иборат буда, дар 
онҳо сохти аъзоҳои танаи инсон, вазифаҳои онҳо, касалиҳои гуногун, 
сабабҳои пайдоиши онҳо, доруҳои оддӣ ва мураккаб, тайёр намудани онҳо ва 
таъсири ин доруҳо ба аъзоҳои танаи одам маълумотҳо оварда шудаанд. Олим 
эътироф кардааст, ки баъзе касалиҳо аз қабили вабо ва сил дар одам тавссути 
организмҳои ноаён пайдо мешаванд. Олим таъкид намудааст, дар беҳбудии 
саломатии инсон тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ, обутоб додани аъзоҳои тана басо 
аҳамиятноканд. Ба фикри ӯ Замин оҳиста дигаргун мешавад, замоне 
мешавад, ки баҳру дарёҳо ҷои худро бо хушкиҳо иваз мекунанд. Ҳамин боис, 
одамон боқимондаҳои ҳайвоноти обиро дар хушкӣ пайдо мекунанд. Ибни 
Сино ҷиҳатҳои ба ҳам монанди растанӣ, ҳайвонот ва одамонро таъкид 
мекунад, дар бораи хӯрокхӯрӣ, зиёд шудан ва инкишофи онҳо алоҳида 
истода мегузарад. 
Абу Наср Форобӣ соли 783 таваллуд ёфтааст. Мувофиқи маълумотҳо 
Форобӣ зиёда аз 70 забонро медонистааст. Форобӣ намояндаи бузурги 
назарияи тиббиёт дар замони худ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар ин соҳа даҳҳо адад 


асрҳои илмӣ офаридааст. Шумораи умумии асраҳои ӯ зиёда аз 160 адад буда, 
ба мо фақат 40 тои он омада расидааст. Ин асарҳо дар худ соҳаҳои 
астрономия, фалсафа, таърих, мантиқ, психология, мусиқӣ, табиатшиносӣ, 
тиббиёт ва кимёро дарбар мегиранд. Дар китоби ӯ оиди ситораҳо 
алоқамандии табиии байни ҷисмҳои осмонӣ ва ҳодисаҳои заминӣ баён карда 
шудаанд. Аз ҷумла, дар бораи аз таъсири гармии офтоб пайдо шудани буғ ва 
буғ омили асосии пайдо шудани абр ва борон буданаш ва сабабҳои ин ҳолати 
табиӣ фикрҳо навишта шудаанд. Бо сабаби байни офтоб ва моҳ мондани 
замин пайдо шудани ҳодисаи гирифтани моҳ нишон дода шудааст. Дар 
асарҳои оиди табиат таълифнамудаи олим ба ғайр аз сирҳои кайҳонӣ 
ҳодисаҳои гармӣ, равшанӣ ва садо низ омӯхта мешаванд. Форобӣ яклухт 
будани организми инсон ва фаъолияти онро таъкид карда, вайрон шудани 
меъёрӣ хӯрокхӯрӣ сабаби асосии пайдоиши беморӣ буданашро нишон 
додааст. 
Ал-Хоразмӣ яке аз асосгузорони фанни математика дар ҷаҳон ба ҳисоб 
меравад. Дар оғои асри 9 Ал-Хоразмӣ дар Бағдод бо ҳамроҳии олимони 
Осиёи Мраказӣ Ал-Фарғонӣ ва Аббос бин Қавҳарӣ “Академияи Маъмун”ро 
идора кардааст. Халифаи Бағдод Маъмун ба Ал-Хоразмӣ раҳбарии тасвири 
“Харитаи замин ва осмон”ро месупорад. Дар болои тасвири харита олимон 
дар давоми 84 сол корҳои тадқиқотӣ мебаранд. Хоразмӣ натиҷаҳои ин 
тадқиқотҳоро ҷамъбаст намуда, асари “Тасвири замин”и худро меофарад ва 
ба фанни география асос мегузорад. Ин асар маълумотҳоро оиди тамоми 
олам, қитъаҳо, уқёнусҳо, қутбҳо, экватор, саҳроҳо, баҳрҳо, ҷангалзорҳо, 
мамлакатҳои олам, кишварҳо, дунёи растанӣ ва ҳайвоноти онҳо, ашёҳои 
хоми табиӣ, аҳолӣ, хусусиятҳои зиёдшавии он, урфу-одат, ҳунар ва зичии 
аҳолиро дарбар гирфитааст. Ал-Хоразмӣ дар таҳияи харитаи аввалини 
географии дунё ҳиссагузорӣ кардааст. Ӯ дар соҳаи астрономия ҳам корҳои 
бузургро ба анҷом расонидааст. Дар асоси мушоҳидаҳои худ ҷадвали 
астрономии ҳиндуҳоро ҳарҷониба таҳлил намуда, ҷадвали нави астрономиро 
сохтааст. Зери раҳбарии ӯ ба мақсади аниқ кардани бузургии кураи замин як 
градуси меридиани замин ҳисоб карда шудааст. Асарҳои оиди астрономия 
эҷоднамудаи Хоразмӣ, фикрҳои ӯ оиди чен кардани андозаи замин дар 
ривоҷёбии фанни астрономия дар Шарқи Миёна ва Европа басо 
аҳамиятноканд. Математики машҳури ӯзбек Ал-Хоразмӣ “падари” фанни 
алгебраи ҳозира ва соҳаи “Алгоритм” ба ҳисоб меравад. Калимаи “Алгебра” 


ва асари “Ал ҷабр”и ӯ, калимаи “Алгоритм” бошад, аз номи Ал-Хоразмӣ 
гирифта шудааст.
Аз соли 1986 сар карда ба муносибати ба таълими чорсола гузаштани 
таълими ибтидоӣ барои мактабҳои ибтидоӣ аз рӯи барномаҳои шиносоӣ бо 
атрофи олам ва табиатшиносӣ маҷмӯаҳои методӣ доир ба курси “Шиносоӣ бо 
олами атроф” ва “Табиатшиносӣ” чоп шуданд, ки инҳо аз китобҳои дарсӣ, 
маҷмӯаҳои методӣ ва рӯзномаи мушоҳидаҳо иборатанд.
Баъди ба истиқлолият ноил гаштани мамлакатамон дар асоси Андозаи 
давлатии таълим ва барномаҳову нақшаҳои таълимӣ дар таълими ибтидоӣ 
барои синфҳои 1-2 китоби “Олами атрофи мо” ва барои синфҳои 3-4 китоби 
дарсӣ ва маҷмӯаи методии “Табиатшиносӣ” тартиб дода шуданд.  


Download 187.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling