Мавзуъ:“ Афкори Носири Хусрав доир ба илми забоншиносӣ.”
Download 481.64 Kb. Pdf ko'rish
|
Мавзуъ
Иҷрокунанда: донишҷӯи курси 2 гурӯҳи 208 Орифқулов Самар I.Муқаддима II.Қисми асосӣ: II.1. Афкори забоншиносии Носири Хусрав. II.2 Бобҳо аз “Зод-ул-мусофирин”-и Носири Хусрав. Маъмулан илми филология аз таҳқиқу баррасии матн ҳамчун воҳиди комили мухобиротӣ шуруъ шудааст. Танҳо дар марҳалаҳои баъдина таҷзияи илми филологӣ ба миён омада, забон ва матнро чун як системаи комил шинохт, ки он аз зерсистемаҳо иборат будааст. Пас аз ин таҳлили зерсистемаҳо ва қисматҳои ҷузъии забон оғоз шуд. Агар ба масъалаи мазкур амиқтар диққат диҳем ҳадафи қаблӣ ва асосии илми филология таҳқиқу омӯзиши вижагиҳои забонии воҳидҳои нисбатан комил ва умуман омӯзиши сухан ба шумор мерафт. Қаблан илми филология маҷмӯи илмҳои забоншиносӣ ва 46 адабиётшиносӣ аст, ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияту фарҳанги инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Бунёду асоси таҳқиқи филологияро матн ташкил менамояд ва чунин таҳқиқ ду ҷанба дорад: ҷанбаи маҳдуд, ки ба омӯзиши ҷиҳатҳои шаклӣ ва зоҳирии матн, дигаре ҷанбаи васеъ, ки ба мазмуну мундариҷаи матн алоқаманд аст. Аввалин намунаҳои пажӯҳишҳои филологӣ дар Ҳиндустон зуҳур кард ва анъанаҳои он дар Чину Эрон, Юнон ва баъдан дар мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб идома ёфтанд. Нуқтаҳои арзишмандро оид ба вижагиҳои илми забон ва нигориш мо метавонем аз таълифоти ниёгони хеш чун Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Носири Хусрав, Насируддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Воҷидалии Муҷмалӣ ва дигарон дарёфт намоем. Бояд қайд кард, ки дар илми суханшиносии классикии тоҷик таҳлилу баррасии воҳидҳои забон мувофиқи методи дистрибутивие, ки имрӯз илми муосир онро зимни таҳқиқи матн ва дигар воҳидҳои нисбатан барҷастаи забон истифода мебарад, ба роҳ монда шуда буд. Яъне методи дистрибутивӣ қабл аз ҳама бар он фарзия такя мекунад, ки воҳидҳои забон дар матн чун воҳиди комили мухобиротӣ паиҳам ва мутаносиб ҷой мегиранд. Яке аз усулҳои мустаъмали методи дистрибутивӣ бо ҳам алоқамандона истифода шудани калимаҳост. Дар ин маврид муносибати калимаи асосию тобеъ ба эътибор гирифта мешавад. Доираи воҳидҳои забонӣ ва матни онҳо омӯхта мешавад. Баҳсҳои забоншиносӣ дар осори фалсафии донишманди дигари асримиёнаи тоҷик Носири Хусрав (1004-1088) дида мешавад. Дар иртибот бо ин мавзӯъ нахуст андешаи ин донишманд оид ба абстраксияи ном (исм) таҳлил карда мешавад. Аз хулосаи Носири Хусрав бармеояд, ки ӯ номро ифодаи шартии мафҳум медонад. Назари ҷолиби диққати Носири Хусравро дар шарҳи нутқ, калом ва қавл мушоҳида мекунем. Носири Хусрав тафовуту моҳияти нутқу калом ва қавлро равшан сохтанӣ шуда, чунин мегӯяд: «Нутқ мар нафси нотиқаро сифате ҷавҳарӣ аст ва он мафҳум ва мафъул на махсус аст ва на мушор (ишоракардашуда). Ва қавл аз нутқ асар аст ва бар ӯ далел аст. Чунон ки чу мо кӯдаки хурд бинем, ширхора, гӯем, ки мар ӯро нутқ аст, бе он ки аз ӯ қавле шунида бошем, албатта Носири Хусрав се замони амалро ба мисолҳои мушаххас таъкид кардааст: «Замон ба се қисм аст: яке ҳозир чун «имрӯз» ва «ин соат». Ва дигар гузашта, чун «дӣ» ва «парер». Ва дигар оянда, чун «фардо» ва «пасфардо» ва чизҳои замонӣ бад-ин се қисм аст». Носири Хусрав дар ифодаи замонҳои феъл ба ҷои истилоҳи арабӣ вожаҳои тоҷикии «ҳозир», «гузашта» ва «оянда»-ро ба кор бурдааст. «£авл бо бисёрии он ба чаҳор қисмат аст: Яке амр чунон ки касе мар касеро гӯяд: «Чун кун» ва «Чунон гӯй» ва ҷуз он. Ва дигар истихбор аст ба ғайри «яъне» хабар пурсидан, чунонки касеро гӯем: «Чӣ гуна будӣ?» ва «Куҷо рафтӣ?» ва ҷуз он. Ва се дигар суол, яъне хостани чизе чунонки касеро гӯӣ: Носири Хусрав. «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» «Маро таом деҳ» ё «Шароб деҳ» ё ҷуз он. Ва чаҳорум хабар аст, ки гӯем: «Чунон буд» ва ё «Чуни наст» ва ҷуз он. Дар таснифоти Носири Хусрав ҷумлаи саволии қолаби «куҷо рафтӣ?» ва амрии «Маро таом деҳ» саҳеҳ ҷудо карда нашудааст Агар гӯянд: “Феъл чист?” Гӯем: “Асаре аст аз фоил андар мафъул ё асаркунанда андар асарпазир”... Агар гӯянд: “Сухан чист?” Гӯем: “Ҳар лафзе, ки бар маъние далел кунад, сухан аст”. Агар гӯяд: “Ҳадди лафз чист?” гӯем: “Ҳар овозе, ки мар ӯро битавон набиштан, лафз аст”. Агар гӯянд: “Сухани рост чист ва кадом аст?” Гӯем “Сифат гӯфтан мар чизеро, чунон ки ӯст, сухани рост аст ва агар бар хилофи ин аст, дурӯғ аст”... Миёни нутқу миёни каломуқавл чи фарқ, ки порси якто маънӣ андар ӯ бисёр. Нутқ мар нафси нотиқаро сифате ҷавҳарӣ аст. Ва он мафҳум аст ва мафъул, на махсус аст ва на мушор. Ва қавл аз нутқ асар аст ва бар ӯ далел аст. Чунонки чу мо кӯдаки хурд бинем, “ширхора” гӯем, ки мар ӯро нутқ аст, бе он ки аз ӯ қавле шунида бошем, албатта. Ва чун гӯсола бинем, гӯем, ки мар инро нутқ нест, ҳарчанд ки ҳар ду ҳайвонанд ва на ин сухан гуфта бошад ва на он. Ва оқил мар он касро ростгӯй дорад, ки гӯяд мар ин кӯдаки хурдро нутқ аст. Ва касеро, ки гӯяд гӯсоларо нутқ аст, дурӯгзан шуморад. Ва агар касе мар кӯдаке хурдро гӯяд: “Ин қавл аст ё калом аст, хато гуфта бошад. Ва шарҳи қавлу калом худ бигӯем”. Қавли аввал: Андар қавле, ки он дар илми ҳозирон аст. Қавли дувум: Андар китобате, ки он дар илми ғоибон аст. Қавли севум: Андар ҳавоси зоҳир. Қавли чаҳорум: Андар ҳавоси ботин. Қавли панҷум: Андар ҷисм ва ақсоми ў. Қавл и шашум: Андар ҳаракат ва анвои ў. Қавли ҳафтум: Андар нафс. Қавли ҳаштум: Андар ҳаюло. Қавли нўҳум: Андар макон. Қавли даҳум: Андар замон. Қавли ёздаҳум: Андар таркиб. Қавли дувоздаҳум: Андар фоилу мунфаил. Қавли сездаҳум: Андар ҳадаси олам. Қавли чаҳордаҳум: Андар исботи Сонеъ. Қавли понздаҳум: Андар Сонеи олами ҷисм, ки чист? Қавли шонздаҳум: Андар Мубдеи ҳақ, субҳонаҳу ва мубдаи Ў. Қавли ҳафдаҳум: Андар қавл ва китобати Ҳақ субҳонаҳу ва Таоло. Қавли ҳаждаҳум: Андар лаззот ва исботи он. Қавли нуздаҳум: Андар иллати будиши олами ҷисм. Қавли бистум: Андар он, ки чаро Худои оламро пеш аз он, ки офарид, наофарид? Қавли бисту якум: Андар чигунагии пайвастани нафс ба ҷисм. Қавли бисту дуюм: Андар чароии пайвастани нафс ба ҷисм. Қавли бисту сеюм: Андар исботи мухассас ба далолоти мухтас. Қавли бисту чаҳорум: Андар буду ҳасту бошад. Қавли бисту панҷум: Андар он ки мардум аз куҷо омад ва куҷо ҳамешавад. Қавли бисту шашум: Андар радди мазҳаби таносух. Қавли бисту ҳафтум: Андар исботи савоб ва иқоб Чун яке аз ин номҳо бишнавад, муштабеҳ нашавад ва гумон наяфтадаш, ки бад-он ном номе дигарро ҳамехоҳад, ки чун мар ҳардуро бинависанд, монанди якдигар бошад, чунон ки гуфтем ва намудем. Пас, пайдо шуд, ки қавл бар китобат муқаддам аст ва ба масал қавл рўҳонӣ аст ва китобат ҷисмонӣ. Ва низ гўем, ки қавл мар китобатро ба масали рўҳ аст мар ҷасадро. Набинӣ, ки чун аз навишта ба қавл мар ҷўяндаи он маъниро, ки навишта аз баҳри ўст, Download 481.64 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling