Мувофиқи таркиби морфологиашон ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд; содда, сохта, мураккаб, омехта. Исмҳои содда


Download 44.33 Kb.
bet1/2
Sana17.06.2023
Hajmi44.33 Kb.
#1527179
  1   2
Bog'liq
исмҳои омехта


Исмҳо мувофиқи таркиби морфологиашон ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд; содда, сохта, мураккаб, омехта.
1. Исмҳои содда. Ба гурўҳи исмҳои содда калимаҳои решагӣ дохил мешаванд: об, даст, санг, гул, хор, чўб, сар, дил ва ғайра.
Исмҳои рехта, ки ба морфемаҳои маънодор тақсим намешаванд, низ ба гурўҳи исмҳои содда дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки исмҳои рехта аз исмҳои решагӣ ва аз исмҳои сохта фарқ мекунанд. Исмҳои рехта дар асл сохта ва ё мураккаб мебошанд, вале забон дар таърихи инкишофи худ ба ҳодисаҳои гуногун дучор шуда, мувофиқи қоида ва қонунҳояш маъно ва ё таркиби овозии калимаҳо тағир меёбад ва онҳо соддатар мешаванд. Рехташавӣ ё соддашавии исмҳои сохта ва мураккаб асосан дар ҳолатҳои зерин ба амал меояд: 1) ҳангоми тағир ёфтани маънои морфемаҳо; 2) дар вақти тағир ёфтани таркиби овозии калимаҳое, ки ҳамин гуна морфема доранд. Ин ҳодисаҳо дар як калима мумкин аст баробар воқеъ шаванд, вале аксар вақт яке аз онҳо боиси рехташавии калимаҳои сохта ва мураккаб мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар калимаҳои фарҳанг, гиребон, деҳқон, тобистон, зимистон, шўрбо, хокистар, гулхан, гўсфанд, дуредгар, зиндон ва амсоли инҳо ба гуруҳи исмҳои рехта дохил мешаванд.
Сохта будани баъзеи ин исмҳоро суффиксҳои калимасоз худ гувоҳӣ медиҳанд, зеро ҳоло онҳоро аз таркиби он калимаҳо цудо кардан мумкин нест ва онҳо дар таркиби дигар исмҳо мавцуданд ё калимаи нав месозанд, аммо барҳам хурдани маънои луғавии решаи калима имконнят намедиҳад, ки калимаҳои мазкур хамчун калимаҳои сохта ба ҳисоб гирифта шаванд. Чунончи, дар исмҳои зимистон ва тобистон, ки фасли солро ифода мекунанд, суффикси -истон бутунии худро нигоҳ доштааст, вале дар забонн адабии ҳозираи тоҷик решаи онҳо зим- ва тоб-ҳамчун исм маънои худро гум карда, аз истеъмол баромадааст, илова ба ин суффикси -истон ҳоло танҳо исми макон месозад, на исми замон.
Калимаи «марғзор» низ аслан аз ду ҳисса: марғ (алаф, сабза) ва суффикси «зор» иборат аст. Азбаски «марғ» дар забоии адабии хозираи тоҷик алоҳида намеояд, калимаи «марғзор» ҳамчун исми рехта ба ҳисоб гирифта мешавад.
Калимаи сорбон низ исми рехта мебошад, ҳарчанд ки ин калима ҳам аз решаи сор- ва суффикси -бон сохта шудааст. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик сор ба маънии шутур истифода намешавад. Дар калимаи деҳқон бошад, бо таъсири забони арабӣ тағироти фонетикӣ ба амал омадааст. Ин калима дар асл деҳгон (аз решаи деҳ) буда, ҳоло танҳо шакли муарраби он дар истеъмол аст. Ин ҳодиса дар калимаҳои бозургон, ки аслан бозоргон ва хонақоҳ, ки аслан хонагоҳ мебошад, низ мушоҳида мешавад.
1) Исмҳое, ки маънои луғавни яке аз ҷузъҳои онҳо тамоман барҳам хўрдааст ва ё шакли худро тағьир додааст. Чунончи, ҷузъи якуми калимаҳои хокистар, шўрбо — хок ва шўр маънон луғавии худро нигоҳ доштаанд, вале ҳиссаи дуюми ин калимаҳо -истар ва -бо ҳоло ҳец гуна маънои луғавӣ надорад. Ин ҳиссаҳоро суффикс ҳам номидан мумкин нест, чунки онҳо дар ягон давраи инкишофи забони адабии тоҷик ҳамчун суффикси калимасози исм истифода нашудаанд. ҳиссаи дуюми калимаи шўрбо — бо маънои ошро доштааст. Ба ин маънӣ вай дар гузашта дар таркиби дигар калимаҳо низ омадааст: Кадубо (оши каду), биринцбо (оши биринц), сапедбо (оши цурғот), ширбо (оши ба шир, ширбиринц).
2. Исмҳое, ки маънои ҳар ду цузъҳояшон барҳам хўрда, маънои таркибии онҳо боқӣ мондааст: гўсфанд, хуршед ва амсоли инҳо.
Калимаи гўсфанд аз ду цузъ: гав ва сфанд (спанд) иборат мебошад. Цузъи якум гав (гў) маънои ҳайвони судмандро дорад, спанд бошад, ба маънии пок, муқаддас истифода шудаасг. Маънои таркибии калимаи гўсфанд цонвари пок, цонвари муқаддас мебошад. Калимаи хуршед ҳам аз ду цузъ: ҳур: (офтоб) ва шед (дурахшон) иборат мебошад ва маънии таркибии онҳо офтоби дурахшон аст. Дар забони адабии тоҷик хуршед ба маънии офтоб меояд ва ин аст, ки ҳоло дар забони мо мисли хуршеди тобон, хуршеди дурахшон таъбирҳои тавсифӣ ҳастанд.
Дар асл сохта ва ё мураккаб будани калимаҳои рехта ҳангоми тахлили этимологӣ муайян мешавад. Мақсади таҳлили этимологӣ муайян намудани таркиби таърихан ташаккул ёфтаи калима мебошад. Таҳлили этимологии калима барои барқарор намудани морфемаҳои каммаҳсул низ ёрӣ мерасонад.
Таҳлили морфологии калима аз таҳлили этимологӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳангоми таҳлили морфологӣ таркиби калима мувофиқи забони адабии хозира таҳлил шуда, морфемаҳо муайян карда мешаванд. Аз ин нуқтаи назар таркиби як калима мувофиқи таҳлили морфологӣ ва этимологӣ ба морфемаҳои гуногун цудо мешавад. Чунончи, калимаи дашном мувофиқи таҳлили морфологӣ исми содда аст, аммо аз рўи таҳлили этимологӣ вай калимаи мураккаб ба шумор меравад, ҳиссаи якуми он даш-душ бад буда, ҳиссаи дуюми он -ном мебошад, маънии таркибии онҳо номи бад, бадном аст ва ин мувофиқи қолиби исмсозии забони тоҷикӣ воқеъ шудааст, ки номи бад, шуҳрати бад, номи зишт гуфтан аст. Калимаи душман ҳам аз ду ҳисса иборат мебошад: душ - ман. Калимаи душвор ҳам аз ҳамон решаи душ сохта шудааст. Муайян намудани маънии ҳар як цузъи калимаи рехта яке аз шартҳои асосии таъин намудани сохти он мебошад. Дар забон ҳар як калима маънои зиёде дошта метавонад. Барои муайян намудани он ки дар таркиби калимаи таърихан ташаккулёфта ин ё он цузъи он ба кадоме аз маъниҳояш омадааст, цузъи дпгари он калима низ ёрӣ мерасонад. Исмҳое ҳам ҳастанд, ки яке аз маъноҳои онҳо дар забони адабии хозира барҳам хўрда бошад ҳам, бо ҳамон маънояш дар таркиби баъзе калимаҳои рехта вомехўрад. Чунончи, калимаи гоҳ ба маънои замону макон дар забони адабии ҳозираи тоҷик серистеъмол аст.
Ба маънии тахт -гоҳ дар забони адабии ҳозираи тоҷик вонаме-хўрад, балки танҳо дар таркиби калима омада метавонад. Чунончи, исми гаҳвора аз гаҳ (ба маънии тахт) ва суффикси -вора сохта шудааст. Гоҳ инчунин дар таркиби калимаҳои даргоҳ, боргоҳ хиргоҳ вомехўрад. Ба тавассути гоҳ маконро ифода кардани ин калимаҳо цои баҳс надорад, вале цузъҳои аввали онҳо бо ҳамин маъниашон то ба ҳозир маҳз ба туфайли -гоҳ омада расидаанд.
Яке аз роҳҳои бойшавии таркиби луғавии забон аз забонҳои дигар қабул намудани калимаҳои ҷудогона мебошад. Ин ҳодиса дар забони адабии тоҷик низ мушоҳида мешавад. Дар забони адабии тоҷик калимаҳои зиёде ҳастанд, ки аз забонҳои гуногун бо роҳу воситаҳои мухталиф ба таркиби луғавӣ дохил шудаанд. Микдори муайяни онҳоро калимаҳои арабӣ, туркӣ, русӣ ташкил менамоянд. Ба забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо аз ҳама пештар ва аз ҳама бештар исмҳо дохил шудаанд. Исмҳое, ки аз дигар забонҳо ба забони адабии тоҷик роҳ ёфтаанд, аз ҷиҳати таркиби морфологӣ як хел набуда, содда, сохта ва мураккаб мебошанд. Аммо соддаву сохта ва мураккабии онҳо мувофиқи сохти морфологии худи ҳамон забон муқаррар карда мешавад, ки аз он гирифта шудааст.
Аз ин нуқтаи назар, исмҳое, ки аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, қатъи назар аз он ки дар забони иқтибосшуда чӣ гуна шаклу таркиб доштаанд, калимаҳои содда ба шумор мераванд, чунки онҳо ба забони тоҷикӣ бо ҳамон маънои таркибиашон дохил шудаанд ва ба морфемаҳо тақсим намешаванд. Чунинанд исмҳои чойник, программа, телеграф, демократия, республика, муаллим, мударрис ва ғайра. Ин калимаҳо мисли дигар исмҳо аффикс қабул намуда, дар шакли сохта ва ё бо дигар калимаҳо як шуда дар шакли мураккаб омада метавонанд, ҳамчун телеграфчӣ, республикачӣ, муаллимӣ, чойниксоз ва ғайра.
2. Исмҳои сохта. Таркиби морфологии исмҳои сохта гуногун мебошад. Онҳо аз морфемаҳои зерин иборат шуда метавонанд:

Download 44.33 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling