Тарзу усулњои њалли масъалањои гузошташуда
Тањлили системавї
Усули бањодињии экспертї
Тањлили сабабиву натиљавї
Маќсад: мусоидат ба љалби фаъоли сармоя ба иќтисодї миллии Тољикистон тавассути тањияи фишангњои иќтичодиву сохторї.
Расми 0.1. Алгоритми тањияи рисола
Рисолаи магистрї дар асоси санадњои меъёрию њуќуќии ЉТ, ќарорњои Маљлиси миллию Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ва якљояи онњо, Њукумати ЉТ, фармонњои Президенти ЉТ оид ба масоили ислоњоти иќтисодї ва ташаккулёбии муносибатњои бозорї тањия шудааст. Тадќиќоти олимони ватанї ва хориљї, натиљањои ба даст овардаи муассисањои илмиву таълимии олии касбии Тољикистон ва кишварњои - аъзои ИДМ дар тањияи рисола истифода шудаанд. Дар рисола дастурамалњо ва маълумотњои вазоратњои рушди иќтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Агентии омори назди Президенти ЉТ оид ба фаъолияти субъектњои сармоягузорї дар Тољикистон мавриди истифода ќарор гирифтаанд.
Њамчунин дар тањияи рисола усулњои бањодињии экспертї, тањлилњо системавї ва сабабиву натиљавї истифода шуданд. Фарќияти рисолаи мазкур аз корњои дар ин мавзўъ ќаблан иљрошуда аз он иборат аст, ки барои болоравии сатњ ва сифти некўањволии ањолї љалби фаъоли сармоя ба иќтисоди миллии ЉТ тавассути таъмини фазои мусоиди сармоягузорї дар мамлакат баррасї карда мешавад.
Боби 1. Зарурат, маќсад ва тамоюли сармоягузорї ба иќтисоди миллии Тољикистон
Њолати иќтисодию иљтимоии ЉТ дар давраи истиќлолият ва зарурати сармоягузории фаъол
Дар натиљаи барќарории сулњ ва ризоияти миллї дар љумњурї як дараља мўътадилии макроиќтисодї ва майлони рушди иќтисодї ба амал омадааст. Пастравии мунтазами истењсолот ва беќурбшавии босуръати пул пешгирї гардида, мувозинати бозори истеъмолї ва афзоиши сатњи камбизоатии ањолї таъмин шуда, имкониятњои маблаѓгузорињои буљетї нисбатан васеъ ёфтаанд.
Бўњрони амиќи молиявию иќтисодї, ки солњои 2006-2007 дар ИМА оѓоз гардид, ба иќтисоди миллї ва њолати иљтимоии ањолии Тољикистон зарар расонд.
Дар мавриди таъсири бўњрон ба иќтисоди миллї ва коњиш ёфтани сармоягузорї мо дар зербоби 1.4-и рисола маълумот медињем. Ин љо танњо њамин нуќтаро таъкид карданием, ки таъсири бўњрон ба иќтисодиёти ЉТ дар соли 2009 ва аввали соли 2010 хеле равшан ва амиќ ба мушоњида расид. Бо вуљуди он, њолати иќтисодиёти кишвар нисбатан мўътадил буда, суръати болоравии ММД тамоюли мусбатро доро дошт, (3,4%), њарчанд, ки нишондињандањои асосии макроиќтисодию иљтимої коњиш ёфтанд.
Барои ќазоват нишондињандаи рушди иќтисодии Тољикистонро дар соли охир 2005-2009 тањлил менамоем.
Дар ин давра рушди иќтисодї дида мешавад. Суръати болоравии ММД аз 3,4% дар соли 2009 (нисбат ба соли 2008) ва то 7,9% дар соли 2008 (дар муќоиса ба соли 2007) расид (ниг. ба расми 1.1.).
Do'stlaringiz bilan baham: |