таассуротҳои барои онҳо умумӣ ва тарзи ҳаёти умумӣ ба вуҷуд омадаанд»
(Э. Фромм). «Агар характери фард каму беш ба характери иҷтимоӣ
мувофиқат кунад, пас талошҳои бартаридоштаи ў водораш месозанд он
кореро анҷом диҳад, ки дар шароитҳои махсуси иҷтимоии маданияти ў
муҳим ва мақбуланд».
2. Характер – ин як шакли аз ҷониби ҳар шахс аз худ гаштани меъёрҳои
маданиест, ки дар сохтори заминавии шахсият мавҷуданд (А. Кардинер).
3. Агар шахсият маданиятеро инъикос намояд, ки дар рафтори фардӣ
инъикос гаштааст, пас характер ҷаҳонбиниеро инъикос мекунад, ки дар
рафтори фард таҷассум ёфтааст (Д. Хонигман).
4. Дар равияи психоаналитикӣ айни замон якчанд
фаҳмиши характер вуҷуд доранд:
– «характер – ин маҷмўи аксуламалҳои инсон ба муҳити
иҷтимоии ўст» (А. Маслоу);
– «воситаҳои одатии мутобиқати «Ман» ба олами беруна, «Вай»
ва «Фавқулмман» ва инчунин мувофиқати типикии ин воситаҳо
миёни ҳам характерро ташкил медиҳанд» (О. Фенихел);
– «сохтори характер метавонад чун ташкилоти талабот ва
эмотсияҳо дар ботини ҳар як одам фаҳмида шавад, ки барои
дуруст эътино намудан ба арзишҳои асосии иҷтимоии гурўҳ
мутобиқ гаштаанд» (Бингхлоул);
– «характер аз мавқеъҳо ва муносибатҳои одатии инсон, аксуламалҳои доимии ў ба
вазъиятҳои гуногун ташкил ёфтааст. Он муносибати бошуурона ва арзишҳо, тарзи
рафтор (шармгинӣ, бадхашмӣ ва ғ.), ҳолатҳои ҷисмонӣ, тарзи ист ва ҳаракати
одатиро фаро мегирад. Ҳар як муносибати характернок ҳолати мувофиқи ҷисмонӣ
дорад. Аз ин лиҳоз, характери инсон дар ҷисми вай дар шакли карахтии мушакӣ,
Do'stlaringiz bilan baham: |