Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар хонаи бачагон


Download 0.93 Mb.
bet65/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   61   62   63   64   65   66   67   68   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

6.Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар хонаи бачагон
Дар хонаи бачагон тифлони синни томактабӣ ва мактабӣ таълим ва тарбия мегиранд.
Вазифаҳои асосии хонаи бачагон:
1) Фароҳам овардани шароитҳо барои мӯътадил ривоҷёбии бачагон;
2) Нигаҳдории тандурустии бачагон;
3) Ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани адаптатсияи тиббӣ, педагогӣ ва иҷтимоии бачагон;
4) Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои бачагон;
5) Ба азхудкунии донишҳое, ки дар барномаи таълим муқаррар карда шудааст, ба бачагон ҳарҷониба ёрӣ расонидан;
6) Ташаккул додани адаптацияи умумии маданӣ ва ҳаёти бачагон.
7) Ташаккули худинкишофдиҳӣ ва худтарбиякунии бачагон.
Барои ба тарбия гирифтани бачаҳои ятим муассисаҳои махсус - хонаҳои меҳрубонӣ мавҷуд аст. Хонаҳои меҳрубонӣ чунин муассиса мебошад, ки дар он бачагони бепадару модар монда муваққатӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин ҷо ба муассисаҳои дигари бачагон фиристода мешавад.
Мақсади асосии муассисаҳое, ки бачагони бепадару модарро қабул мекунанд, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, тиббӣ ва таълим-тарбия додан аст.
Ба бачагони синни томактабӣ аз тарафи калонсолон на ҳама вақт эътибор дода мешавад, ки ин муаммои ҷиддӣ ҳисоб меёбад. Дар ин гуна бачагон хусусияти ҳамкорӣ бо калонсолон ба қадри даркорӣ ривоҷ наёфтааст. Бинобарин калонсолон бояд бачаҳоро ба муносибат ва муомилаи худ ҷалб намоянд.
Дар байни мулоқоти бачагоне, ки дар оила ва хонаи бачагон зиндагӣ мекунанд, фарқи калон мавҷуд аст. Ин фарқ аз он иборат аст, ки бачагони хонаҳои тифлон назар ба бачагоне, ки дар оила умр ба сар мебаранд, бо калонсолон кам муносибат мекунанд. Ба ғайр аз ин дараҷаи эмоционалии мулоқот дар хонаи бачагон аз оила хеле паст мебошад.
Дар назди фаъолияти педагоги иҷтимоӣ чунин вазифаҳо гузошта шудааст:
- мавқеи иҷтимоии бачаро аниқ кардан;
- дастури инкишофи индивидуалии бачагонро тартиб додан;
- ташкили адаптатсия, реабилитатсияи бачагон.
Баробари ин педагог дар давоми фаъолияташ ташхис гузоштан, натиҷаҳоро пешакӣ муайян кардан барин вазифаҳоро ҳам ҳал мекунад.
Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ аз муайян кардани мавқеи иҷтимоии бача сар мешавад. Баъд аз ин ҳуҷҷатҳоро омӯхтан, сӯҳбат ва тест гузаронидан ҳам лозим аст.
Давраҳои фаъолияти педагоги иҷтимоӣ:
1. Тайёрӣ - омилҳои гуногуни ҳаётӣ, алоқаҳо, имкониятҳои гуно­гуни шахсияти бачагонро меомӯзад. Бо ин мақсад тадқиқот гузаронида мешавад.
1. Тести педагогӣ гузаронидан:
а) анкетаи мувофиқшавӣ ба таълими мактаб;
б) таҳлили ҳолатҳои рӯҳии бача;
в) мушоҳида гузаронидан бо мақсади аниқ кардани мувофиқшавӣ ба ҳаёти муассисони мактабӣ.
2. Саволномаҳои анкетаро омӯхтан:
а) навиштани иншо бо мақсади муайян кардани шавқу завқи бачагон;
б) шавқу завқи бачагонро аз худашон пурсидан;
в) анкетаи интихоби касб.
2. Ташкилӣ - аниқ кардани муаммоҳо - таҳлил намудани онҳо. Педагоги иҷтимоӣ дастури корро бо ташкилотҳои гуногун: оила, мактаб, маркази наврасон, нигаҳдории тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо тартиб медиҳад.
3. Кори бевоситаи иҷтимоӣ - мушоҳида, Ғамхорӣ, маслиҳат додан, ёрӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои бача, таҳлили вазъиятҳои мураккаб.
Шаклҳои кор:
- тартиб додани тавсияҳои услубӣ барои тарбияёбандагон;
- мушоҳидаи иҷтимоишавии бачагон ба воситаи харитаи бачагон.
Воситаҳои кор.
Дар шароити хонаи бачагон адаптацияи иҷтимоӣ дар чунин ҳолатҳо намоён мешавад:
- бошуурона азхуд кардан ва иҷро намудани меъёрҳои ҳаётии ҷомеа;
- худназораткунии хулқу атвор, бо ҳодисаҳои манфӣ мубориза бурдан;
- ба таъсири педагогӣ муносибати хуб доштан.
Вазифаҳои фаъолияти педагоги иҷтимоӣ дар мактаб-интернат
Педагоги иҷтимоӣ бояд:
1. Дар бачагон муносибатҳои инсондӯстиро ташаккул диҳад, ҳуқуқ, манфиат, тандурустии бачагонро ҳифз намояд.
2. Таъмин кардани бехавфии ҳаёти бачагон ва шароити мӯътадили психологӣ ба вуҷуд овардан.
3. Омӯхтани хусусиятҳои шахсӣ, фаъолияти ҳаётӣ ва шароитҳои бачагон.
4. Шавқу завқ, эҳтиёҷ, муаммоҳои бачагонро аниқ намудан.
5. Омӯхтани реабилитатсияи иҷтимоӣ-педагогии бачагон.
6. Ташкил намудани фаъолияти иҷтимоии бачагон.
7. Гузаронидани реабилитатсияи иҷтимоӣ-педагогии бачагони
бе­назоратмонда.
8. Воситачӣ будан дар байни бачагон ва муассиса, аъзоёни оила, ташкилотҳои иҷтимоӣ.
9. Дар бобати ёрӣ расонидан ба бачагон бо педагогҳо, психологҳо, ҳомиён, падару модарон ҳамкорӣ кардан.
10. Якҷоя бо хизматчиёни иҷтимоӣ тамомкунандагонро ба таълимгоҳҳои касбу ҳунар фиристодан.
Мақсади фаъолияти педагоги иҷтимоӣ:
1. Муайян кардани гурӯҳҳои муаммодори бачагон.
2. Омӯхтани хусусиятҳои рӯҳӣ-тиббӣ ва педагогии бачагон.
3. Натиҷаҳои ба даст овардаро таҳлил намудан. Мушоҳидаи ри­воҷ­ёбии бачагон.
4. Бо мақсади ҳал кардани муаммоҳои бо иҷтимоишавӣ вобаста дастурҳои индивидуалӣ тартиб додан.
5. Кор бо бачагон ва наврасони девиант.
6. Кор бо бачагони ногирон.
7. Ёрии консултатсионӣ ба оила.
8. Ҳифз намудани ҳуқуқи бачагон.
Дастури тахминии адаптатсияи иҷтимоии педагог талабҳои зерин­ро дар бар мегирад:
Мақсад: фароҳам овардани шароитҳо барои инкишофи ҳар­ҷонибаи бачагон дар мактаб-интернат. Объекти фаъолият: тар­бия­ёбан­дагон.
Вазифаҳо:
1. Муайян кардани бачагони ба дезадаптатсия дучоршуда.
2. Аниқ кардани манбаъҳои дезадаптатсияи иҷтимоии бачагон.
3. Таъмин кардани давомдории тадбирҳои реабилитатсионӣ.
4. Маслиҳат ёки ёрӣ додан ба бачагон барои бартараф намудани инқирозҳои муҳит.
5. Бо мақсади ҳал кардани тақдири ояндаи бачагон бо шахсони манфиатдор ҳамкорӣ кардан.
Натиҷаи дилхоҳ: таъмин намудани адаптатсияи шахс.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   61   62   63   64   65   66   67   68   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling