Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Аҳамияти менталитет дар ҷаҳонбинии инсон
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 3.Қисмҳои таркибии менталитет.
2. Аҳамияти менталитет дар ҷаҳонбинии инсон
Менталитет ҷаҳонбиниест, ки дар асоси образҳои тасаввурот дар бораи олам, мавқеи инсон дар он ҳосил шудааст. Категорияи “менталитет” дида вақти ҳозира барои ифодаи таркиби оммавии ҷаҳонбинии дарк намудани анъанаҳо ва маданият дар фанҳои гуманитарӣ истифода бурда мешавад. Менталитет - ин дараҷаи шуури индивидуалӣ ва ҷамоавии шахс ё гурӯҳи иҷтимоӣ буда, ба воситаи образҳои муайян фаҳмидан, ҳис кардани дунёро дар бар мегирад. Менталитет дар натиҷа тараққиёти дарозмуддати халқи мазкур ташаккул меёбад ва модели характер, хулқу атвори иқтисодӣ, иҷтимоии онро муайян мекунад. Менталитет дар ҷараёни иҷтимоишавии шахс мавқеи муҳимро ишғол мекунад, чунки он барандаи ахбороти иҷтимоӣ ҳисоб меёбад. Ахбороти иҷтимоӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад: 1. Натиҷаҳои олоти истеҳсолот ва ҷамоавии меҳнат. 2. Муносибатҳои иҷтимоии объективӣ. 3. Забон ва мулоқот. Менталитет дар вақти ҳозира дар фан ба маънои васеъ ва танг истифода бурда мешавад. Менталитет дар маънои васеъ қабули ба худ хоси шуури ҷамъият, воситаи фаъолияти умумии ақлии идрок, худшиносӣ ва муносибати хосса ба олам мебошад. Дар маънои том менталитет ҳамчун таҷрибаи аҷдодҳо, ки ба характери миллӣ ва фаҳмидани олам асос карда шудааст, дар бар мегирад. Менталитет ба маънои васеъ ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъият, восита, фаъолияти аҳлии ҷамъият шуури ҷамъиятӣ
ихтисосшуда
элементҳои шуур: ҳиссӣ, ақлӣ фикри оммавӣ, кайфияти оммавӣ Менталитет: ба маънои том: таҷрибаи аҷдодон оиди фаҳмиши дунё 3.Қисмҳои таркибии менталитет. Педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун педагогика бояд хусусиятҳои этнопсихологии тарбияёбандагонро ба ҳисоб гирад. Психологияи миллиро донистан имконият медиҳад, ки тарбиявӣ роҳҳои самарабахши тарбияро дарёб намояд. Хусусиятҳои психологияи миллии инсонҳо ба фаъолияти онҳо дар чунин шаклҳо таъсир мерасонад: - хусусияти ба худ хоси миллии фаъолият; - хусусияти миллии хислатҳои инсон; - хусусияти ба худ хоси муҳити миллии ахлоқӣ. Хусусиятҳои психологии миллӣ натанҳо ба рӯҳияи инсон таъсир мерасонад, балки ба ин ҷараён мазмуни нав ҳам медиҳад. Дар психология чор соҳаи ҳодисаи шуури ҷамъиятро ҷудо кардан мумкин аст. 1. Соҳаи мотивационӣ сабабҳои умумии миллӣ ва хусусиятҳои ба худ хоси ғояҳоро дида мебарояд. 2. Дониши интеллектуалӣ характери ҷаҳонбинӣ бо тафаккури миллат вобастаро нишон медиҳад. 3. Хулқу атвори коммуникативӣ аз меъёри муносибатҳои байниҳамдигарӣ, сифатҳои ахлоқи ҳар як халқ далолат медиҳад. 4. Ҳар як халқ дорои хусусиятҳои системаи асаб модарзодии ақлӣ соҳиб аст. Ин соҳаи эмоционалӣ - иродавии шуури иҷтимоиро нишон медиҳад. Хислатҳои миллии психологӣ ба воситаи механизмҳои малака ва стереотипҳо намоён мешавад. Амалиёти иҷтимоӣ ва педагогӣ, инчунин як қатор тадқиқотҳо оиларо ҳамчун маскани асосии иҷтимоии ташаккулдиҳандаи ӯҳдадории миллии инсон эътироф мекунад. Оила: - манбаи бевосита ва доимии азхудкунии меъёри миллии ахлоқӣ, ба муҳити миллии маданӣ ва қадриятҳои он одаткунии инсон ҳисоб меёбад; - ба воситаи тақлиди ҷиҳатҳои психологияи миллӣ ба шуур ва рӯҳи шахсони алоҳидаро таъмин мекунад; - ба арзишҳои миллӣ амал мекунад ва онҳоро чун гавҳараки чашм муҳофиза мекунад; - аҳамияти тарбиявии миллии худро дар давоми ҳаёти инсон нигоҳ медорад; - пешбарандаи асосии урфу одатҳо ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Ҳамаи ин хусусиятҳо дар оилаҳои ӯзбек ифодаи равшани худро ёфтааст. Дар ташаккули хусусиятҳои миллӣ характери фаъолияти меҳнатӣ, иштирок дар ҷараёни иҷтимоӣ ва дараҷаи мадании таълим таъсир мерасонад. Асоси ташаккули характери миллӣ арзишҳои миллӣ, таърихӣ, маданӣ, динӣ ва ахлоқӣ ҳисоб меёбад. Воситаи нигаҳдорӣ ва аз авлод ба авлод гузаштани онҳо одат ва анъанаҳои миллӣ ҳисоб меёбад. Дар асоси арзишҳои ахлоқӣ дар оилаҳо ростгӯӣ, вазнинӣ, хоксорӣ барин фазилатҳо ташаккул меёбад. Дар асоси як қатор тадқиқотҳо ва мулоҳизаҳои шахсӣ мо ба хулоса омадем, ки натиҷаҳои таъсири тарбиявӣ ба хусусиятҳои ба худ хоси миллат таъсир мерасонад. Онро шартан ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: 1. Характернологӣ: боварӣ кардан, ҳиссиётнокӣ, соддагӣ, сабрнокӣ, дӯст доштани бачаҳо. 2. Ахлоқӣ: тарбия ёфтан, ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳрубонӣ, одамгарӣ, ғамхорӣ, саховатмандӣ, ватандӯстӣ. Анъанаҳо ҳамчун унсури таркибии мавҷудияти иқтисодӣ ва маънавӣ ҳаёти моро бо оянда пайваст менамояд. Дар ҳар як давраи тараққиёт аҳамияту мазмуни анъанаҳо бо вазифаҳо ва шароитҳои аниқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян мегардад. Дар халқ танҳо дар ҳолати беруна ва дохила ҳамин арзишҳо қадр карда мешавад. Чӣ қадаре ки анъанаҳо қадимӣ бошанд, аз тарафи ҷамъият ҳамин қадар бо эътиқод қабул карда мешаванд. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling