Мавзӯи 8. Асосҳои инкишофи иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҳуқуқии педагогикаи иҷтимоӣ дар давраи ҳозира дар Ӯзбекистон
Нақша:
1.Асосҳои методологии инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ
2.Қабули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ
3.Вазифаҳои иҷтимоӣ-тиббӣ
4.Мақсад ва вазифаҳои ассоциация
Ибораҳои такягоҳ: муаммоҳои иҷтимоӣ, либералшавии иқтисодӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ, вазифаҳои иҷтимоӣ-тиббӣ, мақсад ва вазифаҳои ассоциация, муҳити психологии оила, аҳволи саломатии аъзоёни оила.
1.Асосҳои методологии инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ
Асосҳои методологии инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ - педагогӣ аз инҳо иборат аст:
1. Сиёсати пурзӯри иҷтимоии давлат дар шароити ташаккули муносибатҳои бозор ва демократикунонии ҷамъият. Равишҳои асосии ин сиёсат дар асарҳои И.А.Каримов ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ нишон дода шудааст.
2. Ба ҳаёт тадбиқ намудани қонун ва фармонҳои ҳукумат дар бораи чораҳои ҳифзи иҷтимоии қисми камтаъминшудаи аҳолӣ.
3. Консепсияи иҷтимоӣ-педагогии Республикаи Ӯзбекистон.
Сабаби эътибори калон додан ба муаммоҳои иҷтимоӣ ҷараёни ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин давра муаммоҳои иҷтимоӣ тезу тунд мешавад. Ба вуҷуд омадани зиддиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили таҳдид ба бехавфии миллӣ шуданаш мумкин аст. Бинобарин дар ин бобат чораҳои зарурӣ дидан зарур аст.
Либералшавии иқтисодӣ мушкилиҳои гуногуни иҷтимоӣ: пайдошавии нобаробариҳои моддӣ, вайрон шудани тарзи зиндагиро ба вуҷуд меоварад. Бинобарин қоидаи асосии ба худ хоси тараққиёти Ӯзбекистон сиёсати пурзӯри иҷтимоӣ бурдан ҳисоб меёбад.
Мақсади сиёсати мазкур аз инҳо иборат аст:
1. Таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи давраҳои ислоҳоти бозор.
2. Таъмини муросои иҷтимоӣ ба воситаи пайдо накардани табақаҳои гуногуни аҳолӣ.
Дар шароити мустақилӣ механизм ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз зеринҳо иборат:
- барқароркунии истеҳсолот;
- истифодаи бидуни маблағҳои давлатӣ, маблағи фонди ташкилотҳои иҷтимоӣ, меҳрубонӣ, ҷамоаҳои меҳнат;
- мубориза бар зидди нуқсонҳо, пурзӯр намудани дастгирии ногиронҳо, ятим ва пиронсолон.
Дар солҳои Истиқлол ба воситаи кумитаи маҳаллаҳо оилаҳои камтаъминшудаи аҳолиро муайян кардан ва ба онҳо ёрӣ расонидан ташкил карда мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |