Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Кори педагоги иҷтимоӣ ба бачагони


Download 0.93 Mb.
bet57/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   53   54   55   56   57   58   59   60   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Кори педагоги иҷтимоӣ ба бачагони
душвортарбия
Муаммои асосии педагоги иҷтимоии мактаб корбарӣ бо наврасони тарбияашон душвор, яъне духтару писарони 12-16 сола мебошад. Синни мазкур дар ташаккули шахс аҳамияти калон дорад. Баробари ин даври мазкур барои тарбиячиён ҳам як қатор душвориҳоро пеш меоварад.
Маълум аст, ки дар наврасӣ шароит ва фаъолияти ҳаёти бачагон дигаргун мешавад, аз нав ташаккулёбии рӯҳият рӯй медиҳад. Дар вақти муносибати ҳамсолон шаклҳои нави муносибат пайдо мешавад. Аз тарафи омӯзгорон ва падару модарон ба назди онҳо талабҳои нав гузошта мешавад.
Дар ин вақт ҳолати муваққатии ҷудошавии рӯҳии бачагон аз оила рух медиҳад. Дар ташаккули онҳо роли падару модарон нисбатан суст мегардад. Бачагон, одатан, бо интихоби гурӯҳ ва ҷамоаҳои расмӣ ва норасмӣ банд мешаванд. Дар натиҷа бача он гурӯҳро интихоб менамояд, ки ӯро ҳурмат мекунанд, худро дар он хурсанд ҳис мекунад. Инҳо гурӯҳҳои варзиш ё техникӣ шуданаш мумкин. Дар ин гурӯҳ мумкин аст, ки баъзеҳо бо тамокукашӣ, майнӯшӣ машғул шаванд.
Дар ин синну сол дар муносибати наврасон бо калонсолон, падару модарон муаммоҳо пайдо мешавад. Падару модарон бо наврасон ҳамчун бачагони хурдсол муносибат мекунанд, наврасон инро намехоҳанд ва аз таъсири падару модар берун шудан мехоҳанд. Баробари ин дар муносибат бо ________ ҳам тағйиротҳо ба амал меояд. Наврасон худро калонсол пиндошта, худро мустақил ҳисоб мекунанд ва ба хоҳишу талаби калонсолон муқобил мебароянд.
Хусусиятҳои ба худ хоси синни наврасӣ аз инҳо иборат: камолоти эмоционалӣ, пурра назорат накардани хулқу атвори худ, дуруст баҳо дода натавонистан ба имкониятҳо ва хоҳишҳои худ, кӯшиш ба калонсол шудан.
Наврасон ҳоло шахсони пурра ташаккулёфта нестанд. Онҳо дар зинаи ташаккули хислатҳо ва ҷиҳатҳои муҳими инсонӣ мебошанд. Ин зина даври байни бачагӣ ва калонсолӣ мебошад. Бинобар ҳамин ҳам онро даври гузариш меноманд. Шахс ҳоло худро барои калонсол шумурдан батамом инкишоф наёфтааст, вале дар ҷараёни муносибат бо калонсолон меъёр ва талабҳои калонсолонро иҷро кардан ба _____ кифоя ривоҷ ёфтааст.
Наврасон барои қабул кардани қарорҳои ақлона, рафтори хуби ахлоқӣ намудан қодиранд. Бояд таъкид намуд, ки наврасон барои хатту ҳаракатҳои худ шахсони масъуланд. Агарчанде ки қонун ривоҷёбии иҷтимоӣ-психологии ноболиғонро ба ҳисоб гирифта, барои онҳо ҷавобгарии маҳдудро муайян карда бошад ҳам, онро “синни шахсан ҷавобгарӣ” номиданамон мувофиқи мақсад аст.
Наврасони тарбияашон душвор он наврасоне мебошанд, ки сиҳат-саломат буда, аммо тарбияашон вайрон шудааст. Онҳо дар хониш аз ҳамсолонашон қафо мемонанд, зеро дар онҳо хотира, тафаккур ва тасаввур ба дараҷаи кофӣ ривоҷ наёфтааст. Онҳо корҳои барояшон маъқулро иҷро мекунанд, ба меҳнат кардан шавқ надоранд, бо хондан машғул шудан бори вазнин ҳисоб меёбад. Ин гуна наврасон аз дарс меҳнати ҷамъиятӣ, корҳои хона мегурезанд, бо оворагардӣ, тамокукашӣ ва нӯшидан машғул мешаванд. Баъзан ба худашон қасд мекунанд.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   53   54   55   56   57   58   59   60   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling