Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 17. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагоне, ки дар назорати падару модар нестанд


Download 0.93 Mb.
bet60/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   56   57   58   59   60   61   62   63   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 17. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагоне, ки дар назорати падару модар нестанд
Нақша:
1.Аҳволи бачагони аз падару модар ҷудошуда.
2. Кор бо оилаҳое, ки кӯдакро ба тарбияи худ гирифтаанд
3.Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар муассисаҳои давлатӣ
4.Хусусиятҳои тарбия дар хонаи кӯдакон
5.Мавқеи педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни адаптатсияи иҷтимоии бачагон дар хонаи кӯдакон
6.Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар хонаи бачагон
Ибораҳои такягоҳ: бачагоне, ки аз назорати падару модар мондаанд, яке аз эҳтиёҷоти пурқуввати бачагон, бачагони ятим, масъалаи ятими иҷтимоӣ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани ятими, илаҳое, ки кӯдакро ба тарбияи худ гирифтанд, оилаи муваққатӣ, хонаи кӯдакон, тарбиячии хонаи кӯдакон.
1.Аҳволи бачагони аз падару модар ҷудошуда.
Бачагоне, ки дар назорати падару модар нестанд. Дар ҳар як давлат ва ҷамъият бачагоне, ки аз назорати падару модар мондаанд, вуҷуд доранд. Ин ҳодиса ҳозир ҳам ва дар оянда ҳам мавҷуд мешавад. Дар чунин ҳолат давлат инкишоф ва тарбияи бачагонро пурра ба зиммаи худ мегирад.
Падару модарро гум кардан барои бача фоҷиа аст. Зеро падару модар доштан яке аз эҳтиёҷоти пурқуввати бачагон ба шумор меравад. Бачагони падару модарро гумкарда худ аз худ номи “ятим”-ро мегиранд.
Бачагони ятим онҳоянд, ки то синни 18-солагӣ яке аз падару модарон ёки ҳардуяшон вафот кардаанд. Бачаҳои ятими иҷтимоӣ бошанд падару модар доранд, вале онҳо бо сабабҳои гуногун бо тарбияи бачагон машғул нестанд. Дар ин гуна ҳолат ҳам ғамхориро нисбати онҳо давлат ба зиммаи худ мегирад. Масъалаи ятими иҷтимоӣ муаммои давлатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Педагогҳо масъалаи аз наздикон ҷудошавии бачагонро аниқ карда, ба тақдири ояндаи онҳо шавқ зоҳир мекунанд.
Бачагӣ даврест, ки ташаккули минбаъдаи ояндаи инсониро таъмин менамояд. Ин сифатҳо бо таъсири меҳри падару модар, масъулияти оила дар назди фарзандон ба вуҷуд меояд.
Ҳамаи сабабҳои пайдоиши ятимиро як-як шуморидан мушкил аст. Ин яке аз муаммоҳои ҳозираи олимони тиб, психология, социология, педагогика мебошад. Аммо се сабаби асосии ба вуҷуд омадани ятимиро алоҳида нишон додан мумкин аст:
1) Аз фарзандон рӯй гардонидани падару модарон;
2) Аз падару модари бачаҳо аз ҳуқуқи падарӣ - модарӣ маҳрум шудаанд;
3) Вафоти падару модар.
Дар ин гуна ҳолат мувофиқи қонун бачагони ятим аз тарафи давлат ва ҷамъият ғамхорӣ ва тарбия карда мешаванд.
Ғамхорӣ нисбати бачаҳои ятим бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад: ба фарзандӣ гирифтан ё ба назорати давлат супурдан. Дар ин кор ҳомигӣ ҳам истифода бурда мешавад. Ҳомӣ - ҳимоячии ягон шахс мебошад.
Оилае, ки бачаро ба фарзандӣ қабул мекунад, барои вай оилаи дуюм ҳисоб меёбад. Бача фамилияи ҳамон оиларо гирифтанаш ва оила ба ӯ исми дигаре доданаш мумкин аст. Дар оилаи нав бачагони ба фарзандӣ қабулшуда бо фарзандони аслии падару модар баробарҳуқуқ мебошанд.
Падару модароне, ки бачаро ба фарзандӣ қабул мекунанд, мумкин аст фарзанддор ё бефарзанд бошанд. Инчунин оилаҳои нопурра, шахсони алоҳида ҳам бачагонро ба тарбияи худ мегиранд. Барои ба оилаи худ қабул намудани бачагон якчанд сабабҳо вуҷуд доранд:
- аз сабаби физиологӣ надоштани фарзанд хоҳиши бачадор шудан
- вафоти фарзанди худ;
- бачаҳо калон шуда, хоҳиши боз бачадор шудан;
- ҳисси раҳмдилӣ нисбат ба бачагони мӯҳтоҷи ҷамъият;
- ҳисси танҳоӣ;
- сабаби динӣ ва ғайраҳо.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   56   57   58   59   60   61   62   63   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling