Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Хусусиятҳои бачагони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
4. Хусусиятҳои бачагони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ
Синни томактабӣ ва хурди мактабӣ. Дар ташаккули хусусиятҳои бачагона аз яксола то ҳафтсола роли асосиро падару модарон мебозанд. Бинобарин дар ин синну сол педагоги иҷтимоӣ бо падару модарон дар асоси чунин қоидаҳо кор мебарад. 1. Маданияти муносибатҳои байни аъзоёни оиларо ташаккул медиҳад. Фақат дар оилаҳои маданӣ одатҳои неки инсонӣ пайдо мешавад. Барои он, ки дар бачагон чунин одатҳо пайдо ва мустаҳкам шаванд, дар худи падару модарон чунин хулқу атвор бояд мавҷуд бошад. 2. Ташаккули тарзи солими муҳити ҳаёти бачагон. Педагоги иҷтимоӣ бояд ба падару модарон фаҳмонда диҳад, ки дар тақдири фарзандон, кӣ ва чӣ гуна шахс шуда ба воя расидани бачагон онҳо масъуланд. Педагоги иҷтимоӣ бояд дар байни падару модарон тарбияи зидди нӯшидани арақ авҷ гиронад то, ки худи онҳо муборизони фаъоли ин кор шаванд. Корҳои тарбиявӣ бо падару модарон чунин масъалаҳоро дар бар мегирад: 1. Ба падару модарон фаҳмондани зарар ва оқибатҳои нохуши алкогол, ҷиҳатҳои ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқии он. 2. Падару модаронро бо хусусиятҳои синни хурди мактабӣ (анатомӣ, психологӣ) шинос намудан. Онҳо бояд фаҳманд, ки синни хурди мактабӣ дар фаъолияти тарбия ва таълими насли наврас мавқеи муҳимро ишғол менамояд. 3. Падару модарон бояд дар бачагон хулқу атвори некро парвариш намоянд. Дар бачагон бояд нисбат ба нӯшидани нӯшокиҳои спиртдор муносибатҳои манфӣ парвариш карда шавад. Баробари ин барои пурмазмун гузаронидани вақти холӣ ба падару модарон маслиҳатҳои муфид додан лозим аст. Давраи наврасӣ ва аввали ҷавонӣ (16-18 солагӣ). Ин солҳо яке аз даврҳои мураккаби ҳаёти инсон аст. Дар ин солҳо тамоми аъзоёни организм инкишоф меёбад ва ба мардӣ наздик мешавад. Айнан дар солҳои наврасӣ ва аввали ҷавонӣ майлу рағбат ба майнӯшӣ авҷ мегирад. Зеро наврасону ҷавонон дар гурӯҳҳо, зиёфатҳо иштирок карда, бо ҳамдигар сӯҳбат меороянд ва бисёрии ин тадбирҳо бо майнӯшӣ гузаштанаш мумкин аст. Агар ба балоғат расидани инсон бо анъанаҳои ахлоқи ғанӣ нагардад. худ ба худ дар ҳаёти наврасон одатҳои бад, аз ҷумла майхӯрӣ пайдо мешавад ва он ба оқибатҳои бад бурда мерасонад. Дар синни аввали ҷавонӣ (17-18 солагӣ) хусусиятҳои индивидуалӣ хеле тараққӣ мекунад. Педагоги иҷтимоӣ дар фаъолияти худ бо наврасу ҷавонон диққатиа сосиро ба корҳои индивидуалӣ менигаронад. Ин фаъолият ҳолатҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Бо мақсади бартараф намудани ҷиҳатҳои манфии рафтор консультацияҳои индивидуалӣ ташкил кардан. 2. Бо мақсади тарбияи иҷтимоӣ ба ҷавонон барои азхуд кардани меъёрҳои ахлоқӣ ёрӣ расондан. Дар ҷараёни кор бо ҳолатҳои майнӯшии наврасу ҷавонон аз усулҳои асосӣ ва ёрирасон истифода бурда мешавад. Усулҳои асосӣ - сӯҳбату маърӯзаҳо дар бораи зарари майнӯшӣ гузаронидан. Усулҳои ёрирасон - китобхонӣ, ба ҷавонон таҷрибаҳои дигар шахсонро баён кардан. Ин усулҳо дар шаклҳои гуногун: ҷамоавӣ ва индивидуалӣ гузаронида мешавад. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling