Вазорати таълими олӣ ва миёнаи ҷУМҲури ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Нақша: 1) Давраи тоалифбо . 2) Этапи якуми алифбо. 3) Этапи дуюми алифбо. 4) Этапи сеюми алифбо. Давраи тоалифбо


Download 41.18 Kb.
bet3/9
Sana26.01.2023
Hajmi41.18 Kb.
#1123874
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

Нақша:
1) Давраи тоалифбо .
2) Этапи якуми алифбо.
3) Этапи дуюми алифбо.
4) Этапи сеюми алифбо.
Давраи тоалифбо. Хондани алифбо якчанд давраҳо дорад. Азбаски ҳар кадоми ин давраҳо ба мақсади дарс вобастаанд, муаллим бояд онҳоро ҳартарафа омӯзад. Давраи аввали саводомӯзӣ (12—15 рӯз) давраи тайёр кардани хонандагон ба саводомӯзи мебошад, ки дар ин давра муаллим саҳифаҳои аввали алифборо, ки дар он лавҳа ва суратҳо дода шудаанд, бо бачагон кор карда мебарояд. Муаллим расмҳои аввали китоби «Алифбо»-ро ба бачагон шиносонида, мазмун ва мақсади онҳоро ба тариқи саволу ҷавоб ва эзоҳот ба бачагон фаҳмонида медиҳад. Ин кор мақсади инкишофи нутқ васеъ намудани муҳокимаю ҷаҳонбини тарбияи бадеии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба омӯхтани савод гузаронида мешавад.
Ба воситаи саволҳо муайян кардани мазмуни ҳар як расми алифбо барои тараққиёти фикрии бачагон аҳамияти бузург дорад, масалан оид ба расми В. И. Ленин (саҳифаи З «Алифбо») дар бораи Ленин ҳикояҳо карда мешаванд ва доир ба расмҳои саҳифаҳои 6—18 алифбо ба бачагон саволҳои «Бачагон чи кор карда истодаанд?», «Дар поёни ин манзара сурати чист?», «Дар назди стол киро нишастаанд ва чи кор мекунанд?», «Ба болои сари оила сурати ки овехтаги?» ва монанди инҳо дода мешаванд. Дар охири сӯҳбат ҷумлае интихоб карда шуда, ба калимаҳо тақсим карда мешавад ва яке аз калимаҳои он аввал ба ҳиҷоҳо, баъд ба овозҳо ҷудо карда мешавад.
Дар саҳифаҳои аввали алифбо дар зери ҳар як расм суратҳои шапалак, моҳӣ, машина, гурба, хум ва бум бо элементҳояшон дода шудаанд. Ин расмҳоро бачагон ба дафтарҳои худ кашида ба навиштан малака ҳосил мекунанд. Муаллим бояд пешаки бо бӯр ба доска элементҳои шаклҳои кашида мешудагиро нишон диҳад, аз куҷо сар кардан, чи гуна кашидан ва чи гуна нигоҳ доштани қаламро ёд диҳад. Дар баробари ин чи тавр ба парта нишастан, қаламро чи гуна нигоҳ доштан, дафтарро ба парта чи хел гузоштан — ҳамаи инҳоро муаллим амали нишон медиҳад.
Дар поёни саҳифаҳо ба элементҳои ҳарфмонанд роҳҳои махсус дода шудаанд, ки онҳоро ҳам бояд машқ кунонида шаванд, то ки бачагон ба навиштани ҳарфҳо тайёр шаванд. Ҳамаи ин корҳо тайёри ба давраи алифбо мебошад. Дар ин муддат муаллим инчунин бо корҳои ташкил кардани коллективи хонандагон, мувофиқи қаду қомат ва қувваи чашми онҳо шинондан, дараҷаи шунидан ва биниши онҳо ва чанд ҳарф донистани онҳоро алоҳида-алоҳида санҷидан машғул мешавад. Барои он ки давраҳои минбаъдаи процесси саводомӯзи бо муваффақият давом кунад, муаллим бояд ба масаълаҳои зерини давраи тоалифбо диқати махсус диҳад, зеро давраи тоалифбо асоси минбаъдаи саводомӯзи мебошад.
1. Расмкаши. Ин кор барои инкишоф ёфтани мушакҳои майдаи дасти бача аҳамияти калон дошта, дасти бачаро ба хатнависи моил мекунад. Бинобар ин як қатор машқҳои расмкаши гузаронидан лозим ва зарур мебошад.

Download 41.18 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling