Вазорати таълими олӣ ва миёнаи ҷУМҲури ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 41.18 Kb.
bet4/9
Sana26.01.2023
Hajmi41.18 Kb.
#1123874
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

2. Ранг кардани шаклҳо. Барои ранг кардан аз картон ва тахтачаҳо шаклҳои гуногуни мева, ҳайвонот интихоб карда шуда, бачагон бо қалами рангин ё ки қалами сиёҳ рӯи он шаклҳоро ранг мекунанд. Ин кор ҳам барои боқувват шудани мушакҳои дасти бачагон аҳамияти калоне дошта, ба тараққиёти паймоиши чашм низ фоидаи зиёде дорад.
Масалан: сурати себ, нок, харбуза, секунҷа, ниҳоли пахта ва ғайра.
З. Муайян ва бой кардани захираи луғати бачагон. Бо мақсади кори саводомӯзиро дуруст ба роҳ мондан маънои як қатор калимаҳоро, ки ба қоидаи мактаб ва синф дахлдор аст, муайян кардан зарур аст. Барои бачагон шояд маънои калимаҳои «рост», «каҷ», «чап» ва «паҳлӯ» номафҳум бошад. Дар ин ҳол ба муаллим лозим аст, ки ба воситаи сӯҳбат -маънои ин гуна калимаҳои номафҳумро зудтар ёд диҳад.
4. Сӯҳбат бо бачагон ва ҳикояҳои худи онҳо. Аз қадамҳои аввал сар карда, барои муташаккил кардани кори саводомӯзӣ ба талабагон қоида ва талаботи мактаб фаҳмонида шавад, аз онҳо талаб кардан лозим аст, ки ба ҳамаи тартиботи мактаб риоя кунанд.
Дар вақти ҳикоя кардани хонанда кӯшиш кардан даркор аст, ки сухани ӯро касе набурад. Даст бардоштан, рухсат талабидан, хомӯш нишастан ва монанди инҳо ба талабагон фаҳмонида шавад, хулоса, диққати онҳо дар вақти дарс ба тартиби синф нигаронида шуда бошад. Мазмуни сӯҳбатҳо бояд ҳаёти худи талабагонро дар бар гиранд: (мевағӯндорӣ, дар саҳрои калхозӣ, лагери пионерон, оббозӣ ва ҳоказо). Кӯшиш кардан лозим аст, ки бачагон аз ҳаёт ва муҳити зиндагонии худ озодона ҳикоя карда метавонистагӣ шаванд.
5. Аз ёд кардани шеър ва сурудҳо. Шеър ва сурудҳои бачагонаро муаллим ба таври бурро ва равшан, бо овози баланд, аз аввал то охир мехонад ва бачагон бодиққат гӯш мекунанд. Пас аз ин муаллим як байти аввалро такрор мекунад, бачагон бо ҳамроҳии муаллим хонда, онро аз ёд мекунанд, ба ҳамии тариқ, хамаи шеър ё суруд аз ёд карда шуда, аввал ба тарзи ҷудогона ва сонӣ ба тарзи умумӣ (хор) хононда мешавад. Албатта, дар мавриди шеърёдкуни калимаҳои номафҳум ба бачагон фаҳмонида шуда, ба ин восита захираи луғавии бачагон бой карда мешавад.

Download 41.18 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling