Вазорати таълими олӣ ва миёнаи ҷУМҲури ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ
Гӯш кардани ҳикоя дар вақти хондани муаллим
Download 41.18 Kb.
|
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 7. Машққои ҷудо кардани калима аз ҷумла
- 8. Машқҳои овозӣ
6. Гӯш кардани ҳикоя дар вақти хондани муаллим. Дар ҳафтаҳои аввал муаллим ҳикоячаи хурди бачагонаро интихоб карда, 2—3 бор ба бачагон мехонад. Бачагон бо диққат гӯш мекунанд, пас аз хонда шудани ҳикоя муаллим оид ба мазмуни oн ҳикоя ба хонандагон 2—3 савол медиҳад (ки ба ин саволҳо талабагон бояд ҷавоб дода тавонанд). Ин саволҳо талабагони пассивро ҳушьёр намуда, диққати онҳоро ба чизи хондашуда ҷалб мекунад. Дар ҳар дарси саводомузӣ аз талабагон бодиққат гӯш кардан талаб карда шавад, то ки онҳо мазмуни чизи шунидаашонро ба қадри имкон озодона гуфта метавонистагӣ шаванд.
7. Машққои ҷудо кардани калима аз ҷумла. Дар ҳафтаи якуми давраи тоалифбо бачагон на танҳо фикр карда озодона гап заданро ёд мегиранд, балки инчунин аз нутқ ҷумла ва аз ҷумла калимаро ҳам ёд мегиранд. Ҷумларо ба калимаҳо ҷудо кардан барои талабагон кори шавқовар мебошад. Ин хусусияти бачагон бояд комилан истифода карда шавад. Аз ҷумла калима ҷудо кардан тахминан чунин гузаронида мешавад; масалан: Мо лола чидем. Муаллим ин ҷумларо се бор дам гирифта мехонад ва аз бачагон чанд маротиба дам гирифтанашро мепурсад. Бачагон «се бор» мегӯянд. ҳамин тариқ, ба воситаи якчанд савол муаллим ҳар кадом калимаи ҷумлаи болоро ба талабагон нишон медиҳад. Аз нутқ ҷудо кардани калима тайёрии бевоситаи анализ (таҳлил)-и овозии калима мебошад. Муаллим бояд дар назар дошта бошад, ки дар давраи омӯзиши таолифро бачагон аз нутқи алоқаноки даҳонакӣ баъзе калимаҳо, махсусан калимаҳои ёридиҳандаро аз қабили пешояндҳо, бандакҳо ва инчунин ҷонишинҳо, шумора ва ҳиссачаҳои инкориро ҷудо карда наметавонанд, онҳо бештар диққати худро ба номи предметҳо дода, ёридиҳандаҳо ва баъзе калимаҳоро ба таври алоҳида не, балки якҷоя ва нодуруст талаффуз мекунанд. Бинобар ин зарур аст, ки машқҳои аз ҷумла ҷудо кардани калимаҳо зиёдтар гузаронида шаванд. Барои он ки онҳо калимаҳоро алоҳида-алоҳида гуфта тавонанд, муаллим бояд дар байни калимаҳо дам гирад ва ҳар як калимаро бурро ва равшан талаффуз кунад. 8. Машқҳои овозӣ. Дар давраи тоалифбо машқҳои элементарии таҳлили ҳиҷо ва овоз ба тарзи даҳонакӣ бояд якчанд бор гузаронида шаванд. Мақсади ин гуна машқҳо аз ин иборат аст, ки бачагон то давраи алифбо дар бораи аз ҳиҷоҳо иборат будани калима ва аз овозҳо иборат будани ҳиҷо маълумоти амалӣ гиранд. Дар аввал номҳои предмети ба бачагон маълум ва номҳои худи бачагонро ба ҳиҷоҳо ҷудо кардан лозим аст, чунки онҳо барои ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани номи предметҳои маълум ва номи худ фаъолона иштирок мекунанд. Масалан: хо-на, ло-ла, ло-ла, Со-ро, ҳо-ҷӣ, Аҳ-мад ва монанди онҳо. Баъд аз машқҳо ҷудо кардани хиҷо машқҳои ҷудо кардани овозҳо сар мешаванд. Монанди х-о-н-а. Овозҳои садонокро баъзан ба воситаи саволу ҷавоб ҳам ҷудо мекунанд. Масалан: бозичаи бача шикастааст. Ӯ чихел гиря мекунад? А-а-а,—мегӯяд. Хурӯс чӣ хел ҷеғ мезанад? У-у-у-у. Download 41.18 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling