Вазорати таълими олӣ ва миёнаи ҷУМҲури ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 41.18 Kb.
bet7/9
Sana26.01.2023
Hajmi41.18 Kb.
#1123874
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

Этапи якуми алифбо. Дар этапи якуми алифбо садоноқҳои хеле осон(а, о, у)ва ҳамсадоҳои кашишноки м, с, р, н, л, ш ва х, ки аз калима ва ҳиҷо ба осонӣ ҷудо карда мешаванд, ёд дода мешаванд, Хусусияти ин овозҳо дар ин ҷост, ки онҳо тағйир намеёбанд, ҳама вақт дар кадом ҳолате ки бошанд, ба овози дигар мубаддал намешаванд ва ҳамоҳанг мебошанд. Бинобар ин дар этапи якуми алифбо ба бачагон ёд додани ин овозҳо кори саводомӯзиро тез мекунад.
Дар ин этап хиҷоҳои бастаи (типи он) ва ҳиҷоҳои кушодаи (типи ма, на) асосан бояд ёд дода шаванд. Гоҳо ҳиҷоҳои сеҳарфаи бастаро низ ёд додан мумкин аст (моҳ, мор, шар ва ғайра) .
Мазмуни корҳои этапи якуми алифбо аз ҳаминҳо иборат мебошад: аз калима овозҳоро ҷудо кардан, аз алифбои бурида калимаҳои нав тартиб додан, ба хондани онҳо аҳамияти махсус додан ва монанди инҳо. Дар ин этап барои хондани бачагон калимаҳоеро интихоб кардан лозим аст, ки онҳо аз ҳаёти худи бачагон буда, талабагон қодири таҳлил кардани он бошанд. Фарз кардем ки бачагон калимаи ош-ро хондаанд, акнун ба онҳо калимаи мош-ро нишон додан мумкин аст, ё ки баъд аз хондани калимаи мум, муш ва баъд аз хондани калимаи мола лоларо хонондан айни муддаост.
Барои гузарондани корҳои синтези хондани калимаҳои осони ба ҳамдигар монанд ва илова кардани ҳарфҳо дар охири калимаҳои нави хонда мешудагӣ зарур аст. Ин ду усул дар этапи якуми саводомӯзӣ истифода ва дар этапҳои минбаъдаи саводомӯзӣ боз ҳам васеътар ва пурратар карда мещавад.Бо вуҷуди ин дар ин этап калимаҳое вомехӯранд, ки хондани онҳо зарур аст, аммо мактаббачагон пеш ин гуна калимаҳоро нахонда, аз ҳарфҳо тартиб надодаанд ва агар тартиб дода хонда бошанд ҳам, аз хотир фаромӯш карда, дар нутқ тарзи талаффуз карда шудани онҳоро нағз намедонанд. Фарз кардем, кн бачагон калимаи хум-ро хонда наметавонанд. Дар ин сурат муаллим тарзи хондани ин калимаро ба онҳо хотиррасон карда, ҳиҷои бастаи ба бачагон нишон медиҳад ва баъд аз он ҳарфи «х»-ро ба аввали ин ҳиҷо васл намуда, 2—3 бор мехонад, пас аз хондан ба бачагон мефармояд, ки онҳо ҳам хонанд. Ё вақте ки бачагон дар хондани баъзе калимаҳо душворӣ мекашанд, калимаҳои ба ҳамдигар монандбуда нишон дода мешаванд. Масалан, баъд аз хондани калимаи «асо» бачагон ба ҳамин калима монанд — калимаи «расо»-ро ба осони хонда метавонанд. Дар ин ҷо онҳо усули монанд карда хонданро истифода бурда, калимаҳоеро, ки аз ҷиҳати сохт ва оҳангдорӣ ба ҳамдигар монанданд, ба зуди хонда метавонистагӣ мешаванд: хӯр, шӯр, шӯра, сар, Саша, Маша ва ҳоказо. Ҳаминро ҳам дар назар доштан лозим аст, ки бачагон бояд калима ва ҳиҷоҳоро алоқанок, равон ва дар байни ҳарфҳо дам нагирифта хонанд, яъне овозҳои ҳиҷо ва калимаро ҷудо-ҷудо не, балки вобаста талаффуз кунанд. Хониши дурусти калимаҳо бояд аз этапи якуми саводомузӣ ба даст дароварда шавад. Бинобар ин дар этапи якуми саводомӯзӣ хониши ҳиҷогӣ тавсия карда мешавад, ки ин яке аз воситаҳои хониши хуби минбаъдаи бачагон мебошад.

Download 41.18 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling