Вазорати таълими олӣ ва миёнаи ҷУМҲури ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 41.18 Kb.
bet8/9
Sana26.01.2023
Hajmi41.18 Kb.
#1123874
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

Этапи дуюми алифбо. Дар этапи дуюми давраи алифбо кори саводомӯзӣ боз ҳам мураккабтар мешавад. Ин гуна мураккаби дар вақти ёд додани баъзе овоз ва ҳарфҳо дида мешаванд. Дар ин этап овозҳои ҳамсадои ҷарангноки кашишдиҳандаи в, з, ж ва ҳамсадоҳои таркандаи т, к, п ёд дода мешаванд. Пас аз ин ҳамсадоҳои д, г, б ва г, ғ, низ ёд дода мешавад. Дар ин этап аввал ҳиҷоҳои сеҳарфаи дар мобайн садонок доштагӣ ёд дода мешаванд. Масалан: зуд, дуд, тут, тар, дар, зоғ, кӯҳ, боб, рав, дег ва ғайра. Баъд ба омӯзондани калимаҳои аз чор-панҷ ҳарф иборат будагӣ мегузаранд. Чунончи: ғав-ғо, сав-ғо, ға-зал, пах-та, зи-на, тухм, Да-рав, хонд ва ҳоказо. Албатта, ҳамаи ин калимаҳо аввал таҳлил карда шуда, талабагон пеш аз омӯхтани овози матлуб оид ба он (овоз) маълумоти муайян мегиранд.
Этапи сеюми алифбо. Дар этапи сеюми давраи алифбо баъд аз овозҳои е, э, й ҳарфҳои ёдбарсари е, ё, я, ю ёд дода мешавад, пас аз ёд додани ёдбарсарҳо омӯхтани нимсадои й ва ҳамсадоҳои, к ч, ҷ, ф ва ц сар мешавад ва дар охир аломатҳои сакта (ъ) ва ҷудой (ь) нишон дода мешаванд. Дар ин этап дар процесси хондан ва навиштан бешубҳа бачагон ба душвориҳои зиёде дучор мешаванд, зеро дар ин давра калимаҳои гуногунтип дода мешаванд, ки онхо аз 6—8 ҳарф ва зиёда аз ин иборат мебошанд. Чунончи: кол-хоз-;ҳо, бу-дан, каф-тар, та-бель-чӣ ва ғайра. Калимаҳои мушкил ва душвор ба бачагон якбора не, балки тадриҷан ёд дода мешаванд. Муаллим бояд кӯшиш кунад, ки талабагони ӯ тарзи навиштан ва хондани калимаҳои бисёрҳарфаро нағз аз худ карда, малакаҳои хуби хондан ва навиштанро дар ин этап ба даст оранд.
Дар этапи сеюми алифбо таълими савод асосан аз рӯи ҳамон усули таълимдиҳӣ, ки дар этапи дуюми алифбо дида гузаштем, давом мекунад. Аммо дар ин этап усули дигаре мавчуд аст, ки як хусусияти худ аз этапи дуюми алифбо Фарқ мекунад. Ин усул ҷам кардани ҳарфҳо ва ҷои ҳарфҳоро иваз кардан аст, ки вай дар процесси хондан ва навиштан ва бой намудани захираи луғатии талабагон кӯмак медиҳад. Чунончи: шох-шоха, мол-мола, панҷ-панҷа, об-обӣ, Даст-Даста, зӯр-рӯз, ром-мор, рас-сар ном-мон ва ғайра.
Давраи аз ҳама масъулиятноктарини таълими савод этапҳои якум ва дуюми давраи алифбо мебошад, чунки дар ин давра ба талабагон ҳиҷоҳои дуҳарфаи кушод таълим дода мешаванд, ки онҳо асоси саводнокшавии талабагон ба ҳисоб мугирад.
Хамаи машғулиятхои забони точикӣ, аз ҷумла таълими саводбояд дар алоқамандй б0 инкишофи нутқ ва тафаккури бачагон давом ёбад Малакаҳои аввалини хонниш дуруст ва хат дар давраи таълими савод воситан муҳиммибаланд бардоштани маданияти нутқи хонандагон мебошад.
Инкишофи нутк ва- тараққии тафаккури талабагон аз хамин давраи таълими саводсармешавад.Машиқҳои хониш: калимаҳо,чумлахо, дарк кардани маънои, онхо, навиштани калимаю чумлаҳо ва ғайра ду чизро дар назар доранд: а) комилан саводнок кардани талабагон; б) тараққй додани нутқ ва тафаккури хонандагон, ки ин ду чиз ба хамдигар алокаи зич дорад. Талими саводро аз тафаккур ва нутқи кӯдак
ҷудо карда наметавонем, зеро асоси тараққии тафаккури кудак ва нутқи он материали забон мебошад. Вале хаминро боял кайд кард, ки бо мақсади тараққӣ доданн тафаккури кудак мо фақат дар атрофи машқхои алифбо маҳдуд намемонем, нутқ ва тафққури кудаконро танхо аз рӯи алифбо тараққй додан мумкин нест, вобасга ба таълими савод ва дар доираи он машқҳон гуногун гузарондан лозим аст, кн мазмуни ин гуна-машк ва корхо ба тараққй додани нутқ ва тафаккурн хонандагон нигаронида мешавад. Ба инҳо ташкил намудани экскурсия, мушоҳидакунии хонандагон ба табиат ва обу хаво, аз назар гузарондани расмхо, хикояи муаллим, ташкил намудани сухбат доир ба мехнат ва хелхои он, доир ба мухити зиндагонии одамон, олами ҳайвонот, растаниҳо ва ғайра дохил мешаванд.
Ба ин тариқ дар масьалаи тараққй додани тафаккур, нутк ва чахонбинии кудаки 7—8 сола мухимтарин вазифаҳо аз хаминхо иборатанд:
1. Тасаввурот ва ҷахонбинии хонандагонро васеъ намудан, вобаста ба ин б0 калимахои нав захираи луғати онҳоро ҳар чи зудтар бой намудан. Ин гуна корро муаллим дарвакти суҳбат доир ба мавзуъҳои зикршуда ташкил карда метавонад. Ғайр аз ин аз руи алифбои бурида мисолҳо тайёр кардан, дида баромаданд расмҳои китоб ва хондани калима ва ҷумлаҳот дар алифбо будаги , муқоиса кардани онҳо , машқҳои хаттӣ, дахони ва тахлили нутқи талабагон ҳам беҳтари воситаи тарбия намудани тафаккури талабагон мебошад.

2.Мустаҳкам ва аниқ кардани хотираи бачагон доир ба чизҳои аз худкардаашон дар ин бобот ба муаллим лозим аст, ки пиред метхои азхудкардан бачагонро аз рӯи навъу хел , ҷузу,кул тасниф кунад мавқеи онҳоро ба талабагон бо мисолҳои конкирет фахмонда дихад . Масалан , дар таҳти калимаи хайвонот кадом хели онҳо фойданок кадоми онҳо зарарнок ,вахши ё хонаги будани онҳо як-як аз тарафи муаллим фахмонда дода мешавад ва налабагон хам бояд фаолона иштирок намоянд ,аломатҳои одди ва фарқ кунандаи предметҳоро ҷудо карда тавонанд.

3.Дар талабагон тарбия намудани малакаи ҷумласози ,ки дорои тибҳои гуногун бошад:чумлахои соддои хуллас баттар чумдахои соддои тавсили :Шараф мехонад,Шараф китоб мехонад: чумлаи соддаи чиддааъзо: бачагон дар боғи мактаб ниҳолхои себ ,нок, бодом шафтолу шинондаанд. Тартиб додани чумлахои мураккаби ҳачман хурд ӣалабагон ба боғи колғозӣ рафтанд ва онҳо ба калхозчиён ёри додан.Малакаи чумласози дар бачагон якбора ҳосил карда намешавад,вай дар натиҷаи машқҳои амалии дуру дароз тадрижан ҳосил карда мешавад ва ин яке аз воситахои асоси тараққӣ додани нутқи даҳанаки ва хатти талабагон мебошад.

4. Дар талабагон тарбия намудани нутқи алоқадор ,ки аз якчанд ҷумлахои бахамдигар алоқадор иборат бошад ва аз чихати мазмун ва пайдар ҳами фикр мувофиқи матлаб бошад. Намудҳои кор доир ба нутки алоқадор гуногунанд.Ҳикоя кардани чизи хондашуда ,нақил кардани афсона ва чистонҳо гуфта додани манои зарбулмасалҳо,тартиб додани ҳикояҳои ҳажман хурд,аз рӯи васмҳо нақил кардан , хабарҳо доир ба ҳодисаҳои зиндаги ва табиат аз рӯи пулани додаи муаллим тасвир наиудани пиредметхои одди , ки ба талабагон малум аст, нақл азруи мушоҳидаҳо( даханаки ва хаттӣ ).



Дар давраҳои аввал нутқи даҳонакии талабаро дар маркази диккат гузоштан лозим аст.Ба ин тариқ ҳамаи намудҳои кор доирба тараққи додани нутқи талабагон (дахони ҳатти) бо якдигар алоқаи зич доранд ва онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест.
Дар вақти ошно намудани ҳарфи нави чопӣ дарси саводомӯзӣ бояд чӣ тавр сохта шавад? Дарсҳои типикии омӯхтани савод лаҳзаҳои зеринро дар бармeгиранд:1.Аз нутқ калима чудо кардан. Калимаи ҷудо карда мешудагй бояд овози ба бачагон ёд дода мешудагиро дошта бошад.Агар мақсади дарс ҷудо кардан ва нишон додани овози <р> бо шад, дар он сурат ҷумлаи зеринро интихоб кардан мумкин аст: "Дар саҳро рамаи гӯсфанд мечарид". Аз ин ҷумла калимаи рама ҷудо карда мешавад.
2. Калимаро ба ҳиҷоҳо ва овозҳо ҷудо кардан. Агар калимаи рама интихоб карда шуда бошад, вай аввал ба ҳиҷоҳо (ра-ма), баъд ба овозҳо ҷудо карда мешавад (р-а-м-а).
3. Ошно шудан бо овози нав ва мустаҳкам кардани он. Аз калимаи ҷудо кардашуда диққати бачагон ба овози <р> нигарoнида шуда, вай ба бачагон фаҳмонида мешавад. Масалан, ба бачагон фармуда мешавад, ки аз калимаҳоирама, рав, мор, хор, рӯз, дар овози навро ёфта нишон диҳанд.Пас аз ин бачагон худашон фикр карда, калимаи овози навдоштагиро меёбанд. Муаллим ба онҳо мефармояд, ки аз калимаҳои худашон ёфтагӣҷои овози навро муайян кунанд. 4. Ошно кардан бо ҳарфи нав ва мустаҳкам намудани он.Муаллим ҳарфи навро ба талабагон нишон дода, ба элементҳои (кисмҳои) алоҳида ҷудо мекунад. Баъд аз ин муаллим 2 -З нусха ҳарфи навро ба дасти бачагон дода, ба онҳо мефармояд. ки ҳарфҳои гирифтаашонро дар кисачаҳои даркории ҳарфмонак гузоранд. Ба бачагон аз сарлавҳаҳои газета парчаҳо низ додан мумкин аст (ба шарте ки ҳарфҳои калони чопӣ дошта бошад), то ки онҳо аз парчаҳои газета ҳарфҳои навро ёфта, бо қалами ранга ба зерашон хат кашанд. Баъзе методистон тавсия мекунанд, ки ҳарфҳои нави ҷудокардашуда 1-2 бор ба тар зи чопӣ ба бачагон машқ кунонида шаванд, то ки онҳо навиштани ҳарфҳои чопиро низ ёд гиранд. Ин фикр то як андоза аз нуқтаи назари методӣ нодуруст мебошад, зеро тамоми ҳарфҳои чопиро ба бачагон машқ кунонидан мумкин нест, аммо ҳарфҳои алоҳидаи чопиро як ё ду маротиба чопӣ навиштан аз фоида холе нест, чунки ҳарфҳоро чопӣ навиштаи дар корҳои минбадаи бачагон (барои сарлавҳаҳои газетаи деворӣ, журнал ва ғай ра) aҳамияти калон дорад.
5. Бо ёрии алифбои бурида аз ҳарфҳои нав тартиб додани калима. Ин кор баъд аз калимаро пешаки ба овозҳо ҷудо кардан ва хондани калимаҳои тартиб додашуда гузаронида мешава. Барои тартиб додани калимаҳо дар ҳамаи этапҳои кори саводомӯзи аз алифбои бурида истифода карда мешавад, мах сусан дар этапи якуми саводомӯзи бештар истифода бурда шуда, калимаи тартиб додашуда фавран хононда мешавад.
6. Тағир додани калима ва хондани калимаҳои ба ҳамдигар монанд. Ин хел машқро бо ду роҳ гузаронидан мумкин аст: а) Аз рӯи фармуди муаллим бачагон ҳарфҳои калимаи муайян кардашударо иваз намуда, онро мехонанд ва роли хар як ҳарфи иваз кардашударо амали муайян мекунанд, дар кори манoи калимаро тағир додан малакаҳо ҳосил карда, мустақилона кор карда метавонистагй мешаванд. Дар вақти тағир додни чои ҳарфҳо муаллим ба хонандагон ёри мерасонад.
6) Хондани калимаҳо аз ҷиҳати монанди. Муаллим дар доскаи синф калимаҳои ба бачагон маълум бударо навишта ба ҷои як ҳарф ҳарфи дигарро мегузорад. Масалан: шона, шоха, хона, лона, ҳаво, раво, лола, мола, хола ва ҳоказо. Хонандагон ин калимаҳоро бо як тартиби муайян мехонанд ва кадом ҳарфҳо дар ин калимаҳо иваз карда шудаанд, гуфта медиҳанд.
7. Хондани нақшаҳо. Нақшаҳо яке аз воситаҳои муҳимми хониш буда, бачагонро ба хондани алифбо нагз тайёр мекунад. Чунки пас аз хондани алифбо хеле осон мешавад. Чунин савол меояд: дар кадом вакт ба бачагон шакли дастнависи ҳарфҳои навро нишон додан лозим аст? - ҳарфҳои дастнавис хеле хуб аст, дар дарси аввал не, балки дар дарси оянда нишон додашаванд, чунки дар як дарс хамаро гуфтан ва нишон додан имконият надорад. Дар дарси якум танҳо харфи чопӣ нишон дода шуда, калима ва ҷумлаҳо аз доска ва ё аз картон хононда мешаванд, бачагон аз алифбои бурнда калимаҳое тартиб медиханд, ки дар онҳо хҳарфҳои нав бо ҳарфҳои омeхта шудаги дар ҳолатҳои гуногун омада бошанд. Дар худи ҳамон рӯз, дар дарси дуйум ҳарфҳои дастнависро нишон додан мумкин аст ва дар рузи дигар машқҳои оид ба хондани калима ва ҷумлаҳо дастнавис гузаронида мешаванд.Ҳарфҳои дастнависро чи гуна нишон додан мумкин аст? Ҳарфҳои дастнавиc ҳамчун ҳарфҳои чопи нишон ва ёд дода мешаванд. Дар вақти нишон додани элементҳои ҳарф ба бачагон фармудан лозим аст, ки аввал элементҳои ҳарф ва баъд худи ҳарфро нависанд. Вақте ки кудакон аз навиштани ҳарфҳои дастнавис малакаҳои зарурй ҳосил мекунанд, ба онҳо калимаҳое дода мешаванд, ки дар онҳо овоз - ҳарфи омӯхта мешудаги мавҷуд бошад. Талабагон ин калимаро менависанд ва мехонанд Дар этапи дуйум ва сейуми давран алифбо, дар охири дарc аз бачагон талаб карда мешавад ҷумлаҳое нависанд, ки дар онҳо калимаҳои ҳарфи нав доштаги мавҷуд бошанд. Дар ин вақт ҳар як калима дар ҷумла будаги дар вақти навиштан ба ҳиҷо ва овозҳо ҷудо карда мешавад.Ҳаминро ҳам дар назар доштан лозим аст, ки дар ибтидои алифбо баъд аз 4-5 ҳарфи матлубро ёд гирифтан муаллим материали нав нагузашта, 1-2 руз материалҳои гузаштаро такрор ва мустаҳкам мекунонад, инчунин ба воситаи алифбои бурида. як қатор машқҳо гузаронида, калимаҳои душворхонро аз алифбо мехононад.
Хулоса
Ба воситаи саволҳо муайян кардани мазмуни ҳар як расми алифбо барои тараққиёти фикрии бачагон аҳамияти бузург дорад, масалан оид ба расми В. И. Ленин (саҳифаи З «Алифбо») дар бораи Ленин ҳикояҳо карда мешаванд ва доир ба расмҳои саҳифаҳои 6—18 алифбо ба бачагон саволҳои «Бачагон чи кор карда истодаанд?», «Дар поёни ин манзара сурати чист?», «Дар назди стол киро нишастаанд ва чи кор мекунанд?», «Ба болои сари оила сурати ки овехтаги?» ва монанди инҳо дода мешаванд. Дар охири сӯҳбат ҷумлае интихоб карда шуда, ба калимаҳо тақсим карда мешавад ва яке аз калимаҳои он аввал ба ҳиҷоҳо, баъд ба овозҳо ҷудо карда мешавад.
Дар саҳифаҳои аввали алифбо дар зери ҳар як расм суратҳои шапалак, моҳӣ, машина, гурба, хум ва бум бо элементҳояшон дода шудаанд. Ин расмҳоро бачагон ба дафтарҳои худ кашида ба навиштан малака ҳосил мекунанд. Муаллим бояд пешаки бо бӯр ба доска элементҳои шаклҳои кашида мешудагиро нишон диҳад, аз куҷо сар кардан, чи гуна кашидан ва чи гуна нигоҳ доштани қаламро ёд диҳад. Дар баробари ин чи тавр ба парта нишастан, қаламро чи гуна нигоҳ доштан, дафтарро ба парта чи хел гузоштан ҳамаи инҳоро муаллим амали нишон медиҳад.
Шеър ва сурудҳои бачагонаро муаллим ба таври бурро ва равшан, бо овози баланд, аз аввал то охир мехонад ва бачагон бодиққат гӯш мекунанд. Пас аз ин муаллим як байти аввалро такрор мекунад, бачагон бо ҳамроҳии муаллим хонда, онро аз ёд мекунанд, ба ҳамии тариқ, хамаи шеър ё суруд аз ёд карда шуда, аввал ба тарзи ҷудогона ва сонӣ ба тарзи умумӣ (хор) хононда мешавад. Албатта, дар мавриди шеърёдкуни калимаҳои номафҳум ба бачагон фаҳмонида шуда, ба ин восита захираи луғавии бачагон бой карда мешавад.



Download 41.18 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling