Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 115 Kb.
bet1/2
Sana30.03.2023
Hajmi115 Kb.
#1309888
  1   2
Bog'liq
Машгулоти амали 5


МАШҒУЛИЯТИ АМАЛИИ 5
МАВҚЕИ ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО ДАР ФОЛКЛОРИ ТОҶИК
Нақша:
1. Мавзўъ, ғоя, ва хусусиятҳои бадеии зарбулмасалу мақол.
2. Таҳлили мавзўи ғоявӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва бадеии зарбулмасалу мақол.
3. Санъатҳои бадеӣ дар зарбулмасалу мақол.
Дар зарбулмасалҳо образи предметҳо, ҳодисаю амалиёт ба воситаи тавсиф, ташбеҳ, истиора, киноя, маҷоз, ташхис ва дигар санъатҳои каломи бадеӣ ифода мешавад. Бинобар ин дар байни маънои зоҳирӣ ва дохилӣ-маҷозии онҳо муносибати мантиқӣ мавҷуд аст, ки он ҳамчун ҳодисаи поэтикӣ хусусияти жанрии зарбулмасалро муайян менамояд. Масалан, зарбулмасалҳои «Сари дарахти мевадор хам аст» ё «Санги вазнинро об намебарад» -ро гирем.
Як миқдор зарбулмасал ва мақолҳое, ки то замони мо маҳфуз мондаанд, ҳазор сол пеш аз ин ҳам вуҷуд доштанд. Мавҷудияти таърихии онҳоро аз рўи осори хаттӣ ва эҷодиёти классикони адабиёти тоҷик муайян кардан мумкин аст. Масалан, дар осори Абўабдулло Рўдакӣ зарбулмасалҳои зерин дучор мешаванд:
1. «Як гўсолаи дарунрав ҳамаи подаро меолонад».
Яке олудае бошад, ки шаҳреро биёлояд,
Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин.
2. «Як дари баста, сад дари кушода».
Дурусту рост бувад ин масал: худой вайро
Агар бубаст яке дар, ҳазор дар бикшод.
3. «Бо як даст ду харбуза бардошта намешавад».
Кас барнадоштааст ба дасте ду харбуза,
Эй хуни дўстонат ба гардан макун база(гуноҳ) .
Дар осори бисёр шоиру адибони асрҳои гуногун зарбулмасалу мақолҳое мушоҳида мешаванд, ки барои муайян кардани таърихи пайдоиш ва истеъмоли онҳо аҳамияти махсус доранд.
Мавзўъ ва мундариҷаи ғоявии зарбулмасал ва мақолҳо. Мазмуни аксарияти зарбулмасалҳо аз панду ҳикмат иборат аст. Аммо зарбулмасалҳое низ дучор мешаванд, ки мазмунан ба воқеаҳои таърихӣ ва ашхоси ҷудогона алоқаманд буда, муносибати халқро нисбат ба он воқеа ва ашхос баён мекунанд. Масалан, агар зарбулмасали «На шири шутур хоҳам, на дидори араб»ба муқобили истилогарони араб гуфта шуда бошад, зарбулмасали «Қадами номубораки Маҳмуд, гар ба дарё расад, барорад дуд» хислати ғоратгарию золимии Султон Маҳмуди Ғазнавиро ифода мекунад. Ин зарбулмасалҳо агар дар замони пайдоиши худ асосан аз рўи мазмуни бевоситаашон истифода шуда бошанд, дар асрҳои минбаъда маънои маҷозӣ пайдо карда, кинояомезона ба маънои дигар кор фармуда мешаванд.
Дар зарбулмасал ва мақолҳо монанди дигар жанрҳои фолклорӣ ғояҳои иҷтимоӣ ва ақидаю андешаҳои синфӣ инъикос шудаанд. Масалан, истисмор карда шудани халқи меҳнаткаш дар зарбулмасалҳои «Киҳо кашанд ҷабру ҷафо, киҳо кунанд, кайфу сафо», «Кӣ канад ҷон, кӣ хўрад нон», нобаробарии иҷтимоӣ ва беадолатии ҷамъияти гузашта дар зарбулмасалҳои «Бедавлат агар кишт кунад, об наёбад, бадавлат киштаю накишта баробар», Бой пўшад, муборак бошад, камбағал пўшад, аз куҷо ёфтӣ? «Ҳалворо ҳаким хўрад, калтакро ятим» зиддияти антагонистии синфҳои золиму мазлум дар зарбулмасалҳои «Меҳрубониҳои султон — фиреби гурба аст ба мушон», «Даврронии золимро бақое нест», «Решаи бедод дар хокистар аст», «Чароғи ситамгар то бомдод насўзад» мубориза, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар зарбулмасалҳои «Дандон ба дандон манеҳ, рахна ба зиндон бизан», «То ҷон бар хатар наниҳӣ, бар душман зафар наёбӣ», «Аз бандагӣ мурдан беҳ», «Марги бошараф беҳ аз зиндагии пурмазаммат» ифода гардидаанд. Ин зарбулмасал ва мақолҳо ҳамчун эҷодиёти халқи меҳнаткаш моҳияти синфӣ доранд ва дар онҳо манфиатҳои синфӣ ифода шудаанд. Аммо зарбулмасали «Ба худодода ситеза макун, ки худододаро худо додааст» аз эҷодиёти синфҳои истисморгару ҳукмрони ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он истисмор карда шудани меҳнаткашон рўирост рўпўш карда шудааст. Ё ин ки дар мақол “Ҳар кӣ бинад аз қисмати пешонӣ, хоҳ давлат аст, хоҳ бурдаи ноне”низ ҳамин гуна ғояи аъёну ашроф ифода гардидааст.
Мавзўи меҳнат дар зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ ба таври васеъ мухокима шудааст. Рол, аҳамият, моҳият ва мавқеи меҳнат дар ҳаёти одамӣ, дар натиҷаи меҳнат сазовори иззату эҳтиром гардидани инсон аз масъалаҳое мебошанд, ки дар зарбулмасал ва мақолҳои зерин ҳамчун идеалҳои олии халқи меҳнаткаш ифода ёфтаанд: «Ранҷи мо — ганҷи мо»; «Дасти худро гул бисозу миннати нокас макаш»; «То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад»; «Номи баланди пуршараф аз кор меояд ба кас»; «Меҳнату роҳат»; «Аз бекор ҳама безор» ва монанди инҳо.
Мавзўъҳои ҳунаромўзӣ, аз худ кардани илму дониш дар байни халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим мавриди муҳокимаи доимӣ қарор гирифтааст. Бинобар ин ин мавзўъҳо на танҳо дар адабиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти бои китобии ҳам ба таври васеъ инъикос ёфтаанд. Қариб ҳамаи шоирони адабиёти классикии тоҷик ба ин мавзўъҳо махсус дахл кардаанд, ки мисраъҳои зерин ин фикрро тасдиқ мекунанд:
Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ (Низомӣ)


Ҳеч ганҷе беҳ аз ҳунар нест.
(Кайковус)
Гар ҳунаре дорию ҳафтод айб,
Дўст набинад ба ҷуз он як ҳунар.(Саъдӣ)

Чу нодонон на дар банди падар бош,


Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
(Ҷомӣ)
Қимати мард на бо симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст,
(Бедил)
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
(Носири Хисрав)
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
(Ҷомӣ)
Байту мисраъҳои бисёри шоирони машҳури замонҳои гузашта бо мурури замон ба зарбулмасалу мақолҳои халқӣ табдил ёфта, хазинаи эҷодиёти бадеии халқро ғанӣ кардаанд. Чунончӣ:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
(Румӣ)


Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеч н-омўзад зи ҳеч омўзгор. (Рудакӣ)
Куш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биороӣ.
(Низомӣ)
Дуст он бошад, ки гирад дасти дўст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
(Саъдӣ)
Барои дўстон ҷонро фидо кун,
Валекин дўст аз душман ҷудо кун.
(Ҷомӣ)
Сухан бисёр дону андаке гўй,
Якеро сад магў, садро яке гўй.
(Саъдӣ)
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад.
(Бедил)

Download 115 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling