1. Фразеология Фразеологизмҳо даражаи омўзиши онҳо


Download 28.21 Kb.
Sana24.12.2022
Hajmi28.21 Kb.
#1065001
Bog'liq
MUstaqil talim



Нақша

1. Фразеология


2.Фразеологизмҳо даражаи омўзиши онҳо
3.Таснифоти фрозеологизмҳо.Сарчашмаҳойи асоси ва роҳҳои ташаккули фразеологизмҳо
4.Ҳусусиятҳойи асаси фразеологизмҳои фрозеолаги
5. Истифода бурдани адабиётҳо

Фразеология


Чи тавре ки ишора рафт, забон ҳодисаи чамъияти буда, табиати он пешравиро мепазирад. Дар чараёни инкишофу пешрави як катор ходисаҳои ба қоидаҳои дохилӣ ва берунии забон марбутро паси сар мекунад. Масалан, хангоми инкишофи забон микдори муайяни калимахо маьнои тоза ва ё мачозӣ мегиранд. Гоҳо маънои асли ва мушаххаси худро сарфи назар карда, ибораю таркибхои устувори забонро ба вучуд меоваранд ва фикрро ба тарзи рамзу мачоз ифода мекунанд.
Пайдост, ки ибораҳои нахеи дар мавриди сухан ба вучуд омада, маънои онхо ба маънои калимаҳое, ки дар иборабанди истифода шудаанд, вобаста мебошад. Вале, ибораҳои устувор дар мавриди сухан ба вучуд намеоянд онхо хамчун таъбирхои тайёр, машхур ва корхурдаи забон мавриди истеъмол карор мегиранд. Агар чузъҳои ибораҳои нахвиро иваз кардан, тагйир додан мумкин бошад, чузъҳои ибораҳои устувор тагйирнопазиранд, зеро онхо ба тарзи рехтаву устувор корбаст шуда, танхо дар хамин хол мачозан ягон маъниро ифода карда метавонанд. Дар акси хол, на факат маънои ибораи устувор аз байн меравад, балки таркибан низ хамчун ибораи устувор кимати худро гум мекунад. Кисми асосии ибораву ифодаҳои устувор образноку пуробуранганд ва аз лихози ифодаи маъни бо як калима баробаранд. Воҳидҳои фразеологи баръакси калимаҳои мукаррари на факат предмет, аломат, амал ва холати онХО, балки тобишҳои гуногуни хиссию муассириро низ дар бар мегиранд. Чунончи, ибораҳои фразеологии "кохи куҳнаро бод додан" (гапи кўҳнаро ба хотир овардан), "аз касе даст шустан" (умед кандан), "салмаи сакат" (чизи зиëдати) ва монанди ИНҲО баробари ифодаи мафхумхои алохида ифодагари эҳсосоти гуногуни мутакаллим низ мебошанд.
Ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаънои ба ҳам марбут, ки семантикаи бутун ва аксар образнокро ифода мекунанд, вохидхои фразеологӣ ном доранд. Холати имруза инкишофи таърихии вохидхои ва
Фразеологи мавзўи баҳси фанни фразеология мебошад. Фразеология калимаи юнонӣ буда, аз ҷузъҳои phrasis ифода ва logos таълимот, илм корбаст шудааст. Ҳамин тавр, фразеология як сохаи илми забоншиноси буда, вохидхои фразеологии забон, иборахои устувори нуткро меомузад Кайд бояд кард, ки ибораву ифодаҳои рехтаву устувор бо номхои вохидхои фразеологи, фразеологизмхо, таъбироти фразеологи монанди инхо машхуранд. Истилоҳои ва "фразеологизмҳо" ва "воҳидҳои фразеологӣ" нисбат ба истилоҳҳои дигар бештар истеъмол мегарданд.фасли якум

Фразеологизмҳо даражаи омўзиши онҳо


Сарвати лугавии забон аз вохидхои лугави ва Фразеологӣ иборат аст. Фразеологизмҳо аз бисёр чихатҳо ба Вохидхои лугавӣ монанданд. Онҳо аз ду ва зиёда калимаи бо ҳам марбут, яъне дар шакли ибора ташкил ёфта бошанд ҳам, аз ибораҳои нахви фарк мекунанд ва ба сифати воҳИДИ лугави ба калима шабоҳат доранд, бинобар ин як микдор хусусиятҳои калима ба фразеологизмҳо низ хосанд. Чи тавре КИ Ишора рафт, фразеологизмҳо дар мавриди сухан ба вучуд намеоянд, балки монанди калимахо дар забон дар шакли тайёр вучуд доранд. Пас, фразеологизм ҳодисаи нутк набуда, балки ҳодисаи забонист. Фразеологизмхо монанди калима ба ягонагии шаклу маъно сохибанд. чихати шаклии калима аксар пайванди овозхо буда, ҷиҳати шаклии фразеологизмҳо калимаҳои бо ҳам алокаманд ё худ ибора мебошад: савготи - барги сабз, азиз - чони ширин, нахобидан - мижа тах накардан...чузьхои фразеологизмҳо танҳо ба он маънӣ, ки аз маҷмуи овозҳо ташкил ёфтаанд, шаклан калимаанд, вале дар таркиби фразеологизмхо ҳар кадомашон ба таври ҷудогона сохибмаъно нестанд. Ин буд, ки фразеологизмхо аз вохидхои лугавӣ ва ибораҳои нахвӣ TO андозае фарк мекунанд. бинобар ин вохиди чудогонаи забонро ташкил медиханд. Ин буд, ки ин гуна воҳидҳои забонро фразеологизм номидаанд.
Аз далелҳои фавкуззикр бармеояд, ки фразеологизмҳо аз ибораҳои наҳви фарк мекунанд, вале дорои бисер хусусиятҳои калима мебошанд, бинобар ин онхо дар шумори воҳидҳои лугавианд. Омузиши фразеологизмхои забони точики дар солҳои 30-40 асри XX огоз гаштааст. Дар тадкики забону услуби адибон ва корхои илмие, ки ба масъалаҳои дастури забон бахшида шудаанд, ба фразеологизмхо низ маълумот оварда шудаанд. Ин маъни ба навиштахои А. Мирзоев, Д. Точиев, н. Маъсуми ва Ш. Ниёзи тааллук доранд.
Дар корҳои лингвистии СОЛҲОИ минбаъда ба масъалаҳои хоссаи фразеологизмхои точик диккати махсус дода мешавад. Ба ин маъня ба табъ расидани "Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони хозираи точик" и М. Фозилов (с. 1963-1964) аҳамияти чудогона дорад.Дар омFзишу тадкики фразеологизмҳои забони точики олимон Х. Мачидов, Р.Ғаффоров, С. Хушенова, Н. Маъсуми, Р.Эгамбердиев ва дигарон хиссаи муносибе доранд. Вохидхои Ба масъалаҳои назариявии фразеологизмхо асархои чудогона бахшида шудаанд: Хушенова Е. В Фразеологии изофии забони точики Х. Турсунова. Тадкики мукоисавии фразеологизмҳои параллели забонхои точики на
Ўзбеки; Мачидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи точик. Дар рисолаҳои илмии тадкикоти ба масъалаҳои хоссаи Фразеологияи точик бобу фаслҳои махсус чудо карда шудаанд: P. Fафуров, А. Халилов. Иборахои изофи дар забони адабии хозираи точик. С. М. Сабзаев, забон ва услуби шоирони маорифпарвар ва монанди инҳо.
Тадкики баъзе масъалаҳои фразеологияи точик дар маколаҳои зерин ба назар мерасад: Р. Fаффоров. Ибораҳои фразеологи дар забони точики. "Маориф ва маданият" 1.10.1964; Роҳҳои асосии истифодабарии ибораҳои Фразеологӣ дар романи "Духтари оташ". Мач. Мақ. илми. Серияи филологй. Душанбе, 1967. С. 124-139; М. Юсупова. Синонимикаи фразеологизмхо //Армуғони олимони чавон. Душанбе, 1966. С. 159-170; Ю. Авалиани, ч. Мирсаидов. Дар бораи фарки муродифот ва вариантхои ибораҳои фразеологи// Масъалаҳои филологияи точик. Душанбе, 1967, С. 134-139; Ҳ. Мачидов. Баъзе роҳҳои ташаккули воҳидҳои Фразеологи дар забони адабии хозираи точик// межвузовская науч. конференсия по иранской филологии (тез. докл.). Душанбе, 1966. с. 176-178; Аломатҳои фарккунандаи вохидхои Фразеологии забони точики// Масъалаҳои забоншиносии точик. Душанбе, 1967. С. 61-78; Хушенова С. В. Заметки о лексикографической разработке таджикских изафетних фразеологизме//Забонишиносии точик. Душанбе, 1980. С 108-128; Шербоев С. Ифодаи хабархои номӣ бо вохидхои фразеологи//Забоншиносии точик. Душанбе, с. 1984. С. 137-145; Талбаков Ҳ. Воҳидҳои фразеологии антоними// Масъалаҳои забоншиносии точик. Душанбе, 1990. С. 46-50; Авезова Б. Синтаксические функсии глаголних фразеологизмов таджикского язика и хинди. С. 10 15; Мачидов Д. Фразеологическая форма//Вазифаҳои вохидхои забон дар чараёни гуфтор (мач.мак.). Душанбе, 1995, C. 55-63.....
Дарки маънои фразеологизмхо. Маънои Фразеологизмхо аз маънои аслии чузъҳои таркиби онхо муайян намегардад, зеро ки кисми зиёди фразеологизмҳо дорои маънои мачозӣ буда, маънидод кардани як кисми онҳо Дарки фразеологизмҳо асосан бо се рох сурат мегирад 1. Дар мубодилаи афкор зимнан хамчун анъана ва аз руи одат маънои фразеологизмхо тадричан дарк мешавад. 2. Маънои фразеологизмхо бо фрии лугатхои тафсири ва фарҳангҳои махсуси фразеологи идрок мегарданд.
3. Маънои кисм фразеологизмхо дар як матн маҳфузанд: а) шархи маънои фразеологизмхо бабл аз онхо оварда шудаанд: Мо аз ҳамин кадар рох харочот ва ташвиш кашида омада магар ду даст дар бини холи бармегардом (С. Айнй). Аммо мо сар хам намекунем, таслим намешавем (А. Каҳҳорӣ); б) шарҳи маънои фразеологизмхо пеш аз онхо дода мешавад: Охир вай пири фартут аст, як пояш ба лаби гур расидааст (Саттор Турсун).
- Модарат дуруст асп барин (ч. Икроми); в) шархи маънои вохидҲОИ Фразеологи дар гавсайн дода мешавад: Ба аьламат гўй, агар бо мо шох ба шох мондан хохад (мубориза бурдан хохад) худ ба майдон барояд (С. Айни); г) баьзе фразеологизмҳо шарҳи махсус доранд: Осиёбон Саломатшох бехуда намегуфт, ки буи мушк пинхон намемонад. Сирре нест, ки окибат фош нашавад (Р. чалил); 4) як микдор Фразеологизмхо тавассути вохидхои туфайли ва е аьзохои истисной маънидод гаштаанд: Оилаашон калон буда, "кути лоямут", яъне хуроки ками аз мурдан нигохдорандаи онхоро бо сарфи нури чашми пиронаи худ дар китобат таъмин мекард. Хайрат як чавони логарбадани сиёхчехра буда, лекин чунон ки мегуянд, рок-рок мерафт, яъне ба хар чиз бо хайрат ва хомушона нигох мекард (С. Айни).Дарки маънои Фразеологизмҳо барои истифодаи бомавриди онхо ва дастёб гаштан ба ифодаи равшан ва таъсирбахши матлаб мусоидат менамояд.

Таснифоти фрозеологизмҳо.Сарчашмаҳойи асоси ва роҳҳои ташаккули фразеологизмҳо


Тахкики фразеологизмҳои забони точики аз солхои 40 50 асри XX огоз шуда бошад хам, масъалаи таснифи онхо хамоно анчом напазируфтааст. Кўшишхои аввалини гуруҳбандии фразеологизмхо дар асоси сохти дастурии онхо хануз дар солхои 50 асри ХХ огоз мегардад. Олими точик Н. Маъсуми дар асоси маводи асари С. Айни фразеологизмҳои забони точикиро ба хелхои фразеологизмхои феъли ва гайрифеъли чудо карда буд. Ин маънй дар асари² низ ба мушохида мерасад. Олими дигар А. Халилов дар асоси ин меъёр фразеологизмҳоро ба ибораҳои фразеологии изофи ва гайриизофи гуруҳбанди кардааст Яке аз мухаккикони Фразеологизмхо M. Фозилов бошад. дар сарсухани "Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони хозираи ТОЧИК" фразеологизмхоро ба фразеологизмҳои феълӣ, номя ва изофй чудо кардааст. Олими рус Ю. А. Рубинчик мувофики маводи чамъшуда фразеологизмҳои забони точикиро мувофики меъёри сохти дастури ба тарики зайл гуруҳбанди кардааст:
1.Вохидхои фразеологии иборагӣ (ибораҳои фразеологи). Фразеологизмҳои иборагӣ мувофики чузъи асосии ибора ба хелхои зерин чудо карда шудааст: номи ва феълӣ: а) Фразеологизмҳои номӣ аз лиҳози алокаи чузьхо пайваст изофӣ ва таркиби-пешоянди мешаванд; б) фразеологизмҳои Феълӣ аз чузьҳои номӣ ва феъли (масдарӣ) иборатанд. 2. ВОХИДҲОИ фразеологии чумлаги (чумлаҳои фразеологи чумлаҳои фразеологӣ дар шакли чумла истифода мешаванд
Гуруҳи дигари олимон фразеологизмҳои забони точикиро чихати семантики (маьно) тасниф кардаанд. ТОЧИКИ мувофики меъёри аз ФразеологизмҲОИ забони семантики бори аввал аз чониби олими точик Р. Fаффоров чунин гурухбандя гаштааст. 1. Ибораҳои рехтаи фразеологи, 2. Таъбирҳои фразеологи, 3. Ифодаҳои фразеологиз Ин маъни дар навиштаҳои мухаккики фразеологизмҳои забони тоҷики Ҳ. Мачидов ба тарики зайл сурат гирифтааст: 1. Ифодаҳои фразеологи (фразеологическая виражения). 2. Таркибҳои фразеологи (фразеологическая сочетания). 3. иборахои фразеологии тасвиря (фразеологическое единство). 4. Ибораҳои рехта (Фразеологическая срашения). К вопросу о классификатсии фразеологических единис современного таджикского язика//IV всесоюзная научная конфренсия по иранской филологии (тез. докл.). Ташкент, 1964). Фразеологизмхо дар Лугати терминхои забоншиноси" ба хелхои зерин чудо карда шудааст: 1. Вохидхои фразеологии рехта ё ки устувор (идиомаҳо), 2. Вохидхои фразеологии таркиби (китоб - носехи хомуши). 3. Вохидхои фразеологии озод. Ҳоло дар китобхои дарсии "Забони адабии хозираи точик" ин маьнй ба тарики зайл оварда шудааст: 1. Иборахои рехтаи фразеологи; 2. ИФОДАхои фразеологи; 3. Иборахои фразеологии тасвири (Забони адабии хозираи точик. Кисми 1. Лексикология, фонетика, морфология. Душанбе, 1982). Ин навъи таснифи Фразеологизмхо дар асари Ҳ. Турсунова риоя карда шудааст (х Турсунова. Тадкики мукоисавии фразеологизмхои параллели забонхои точикй ва ўзбекӣ. Душанбе, 1979).
A3 навиштаҳои боло бармеояд, ки дар таснифи фразеологизмҳои забони точики чи аз нуктаи назари сохти дастури ва чи аз нигохи семантика фикру акидаи олимон якранг нест. Чи тадкики пахлухои мухталифи фразеологизмхо ва чи таснифи онхо рўшанӣ мепазирад.
Аксари мухаккикон ҳангоми тахкик фразеологизмҳои забони точикиро мувофики меъёри дуюм (маъно) тасниф намудаанд ва асосан онҳоро ба се навъ чудо кардаанд: 1. Ибораҳои рехтаи фразеологӣ ё худ идиомаха. иборахои рехта (идиомахр (юнонӣ - ифодаи махсус) вохидхои устувору тагйирна бандаи забон буда, кисми хама аз пуробуранги фразеологизмхоро ташкил медиханд. Маънои мачозии идиомахо аз маьнои лугавии калимаҳои таркиби онхо барнамеояд. Маънои идиомаҳо пурра мачозӣ буда, аз ҷиҳати сохт ба кисмхо чудонашавандаанд. Идиомахо бо ҳамин хусусиятҳои худ ба калимахо наздики доранд (Мачидов ҳ Фразеологияи забони хозираи точик. Душанбе, 1982, с. 29 30). Сохти устувор ва доимии идиомаҳо ба маънои мачозию яклухти онхо вобаста аст. Калимаҳои таркиби идиомахоро бо Муродифҳояшон Фразеологизмҳои "тухми иваз анго" кардан мумкин нест. (чизи ноеб), "гурги борондида" (тачрибадор, каллоб), аз рох задан" (фиреб додан), "ба даҳан об гирифтан" (хомуш будан), "соя аз девор тарошидан" (бад дидан) ва монанди инхо ба идиомаҳо мансубанд.
Идиомаҳо дар таркиби чумла чун воситаҳои услуби барби пурра ва ба таври хулоса ифода намудани матлаб истеъмол мешаванд: Дунёи галати. Мудири мухтарам сояи ўро аз девор метарошид (Ф. Мухаммадиев). Ин мардак ачаб гурги борондида аст, хам ба наъл мезанаду хам ба мех. (Ф. Ниёзӣ). Нохост аз байни одамон овози уро шунида гўшхоямро сих кардам (ф. Мухаммадиев).
Хангоми истеъмоли идиомахо маънои аслии калимаҳои таркиби онхо аз диккати гуянда е нависанда катъи назар мешавад, зеро ки маънои аслии ин калимахо то андозае дур рафтаанд, ки бо он маънй истифода намудани идиомахо имконпазир нест. Аз ин рӯ, ҳангоми истифода бурдани идиомахо танхо маънои идиоматикии онхо дар назар дошта мешавад. Масалан, тасаввур кардани маънои аслии идиомаи "пои касеро аз осмон овардан" мумкин намегардад. Ин идиома танхо ба маънои идиоматикиаш - нест кардан мавриди истифода карор мегирад.
Ин чо кайд кардан зарур аст/ ки баъзе идиомахо, сарфи назар аз он ки дорои хусусиятҳои ИДИОмианд, дар як шакл ҳам ба маънои аслӣ ва хам ба маънои мачозӣ (идиоматики) истеъмол мегарданд. Ин гуна идиомахоро, ки хусусияти духурагӣ зоҳир меномоянд. "идиомаҳои духура" ё худ "омехтаи фразеологи" номидаанд] Идиомаҳои "нури чашм "барги сабз", "ба сари касе об рехтан" ë "аз даҳон бўи шир омадан" ва монанди инхо идиомаҳои духура мебошанд. Масалан, идиомаи "барги сабз" ҳам ба маънои аслӣ (сабз будани барги pycTaHиҳо) ва ҳам ба маънои идиоматики (савготӣ, тухфа) маъмул аст.
2. Ифодаҳои фразеологи (фраземаҳо). Фраземахо (фразема аз калимаи юнонии phrasis ифода; ема - вохиди структурии забон) ҳам монанди идиомаҳо маънои яклухт доранд. сохташон доими буда, пуробуранг ва образнок мебошанд. Хусусияти фарккунандаи фраземаҳо аз идиомахо дар он аст, ки дар онхо монанди идиома на хамаи чузьхо, балки яке аз онхо маънои мачозӣ дошта, чузъи дигар калимаи озод аст, яъне ба маънои аслӣ оварда мешавад Масалан, дар фраземаҳои "дили шикаста", "дили сахт", "дили нарм", "дил холӣ кардан", "гап паррондан", "гап фурухтан", гап додан чузъҳои аввал "дил" ва "ran" ба маънои асли. вале чузьхои дуюм "шикаста", "сахт", "нарм", "холи", "паррондан", "фурухтан", "додан" ба маънои маҷозӣ оварда шудаанд. Яке аз чузъҳои фразема дорои маънои аслӣ бошад ҳам, маънои фразема на аз маънои чузьхои чудогона, балки аз маънои якҷояи онхо бармеояд. Масалан, дар фраземаи "гапи пухта" чузъи "ran" дорои маънои асли буда, "пухта" ба маънои маҷозӣ кор фармуда шудааст. Маънои фраземаи "гапи пухта" - сухани писандида, маъкул аз маънои ҳар ду чузъ ("ran" ва "пухта" бармеояд. Фраземаҳо вохидхои маънои яклухтдошта ва шаклан устувори фразеологӣ мебошанд: хунук хурдан, фиреб хурдан, гап хурдан... 3. Фразеологизмҳои гайриидиоми. Фразеологизмхои кайриидиоми ифодаҳои устуворианд. КИ маьной фразеологиашон дар асоси маънои лугавии калимахои таркибашон бармеояд (Маҷидов Ҳ. фразеологияи забони хозираи точик. Душанбе, 1982. саҳ. 35). Масалан, ифодахои рехтаи "ангушти шаходат", "ангушти ишорат", "дасти ори", хотири чамь" аз чумлаи Фразеологизмҳои гайриидиоми мебошанд.
Чунон ки дидем, маънои яклухти ин гуна Вохидхои забон ба маънои чузьхои таркиби онхо баробар аст. Дар Фразеологизмхои гайриидиоми чои чузьхо андозае TO устувор аст, бинобар ин чои онхоро иваз кардан мумкин намегардад: Хонаи танбур (косахонаи танбур), малоли хотир (хотири парешон), соли кабиса (соли пурраи шамси) ва монанди инҳо.
Сохти ин гуна фразеологизмхо нисбатан устувор буда, чузькои таркибиашон ба маънои лугавии худ меоянд. бинобар ин ба осонӣ ва кариб ҳамеша ба маънои худ ба забони дигар тарҷума мешаванд. Инкишоф ва тагйири маьнову дарачаи истеъмоли Фразеологизмхо ба рушду камоли забон ва таърихи хал марбут аст.

Ҳусусиятҳойи асаси фразеологизмҳои фрозеолаги


Фразеологизмхо чун воситаи пуробуранги таъсирбахши забон нутки мутакаллим ва забони асархои бадеиро пуртаровату шево менамоянд. Ин буд, ки фразеологизмхо чун воситаи пуробурангу образнок дар асархои бадеи мавриди истифода карор мегиранд. Маънои ин гуна вохидхои забони гувохи медиханд, ки сарчашмаҳои ба вучуд омадани онхо гуногунанд. Ба ин маъня Фразеологизмҳоро ба хелҳои зерин чудо кардан мумкин аст:
Фразеологизмҳои ичтимой-таърихӣ. Як микдор Фразеологизмхо хаёти давраи гузашта ва муносибатхои синфиро ифода менамоянд, яъне ба таърихи халки точик марбутанд. Ин гуна фразеологизмҳо дар асоси муносибатҳои ИЧТИМОЙ ба вучуд омадаанд. Масалан, вохидхои фразеологии "ба сўфиги баровардан" (фразеологизми этнографи таьрихи), "зиндони хона" (фаранчи) муносибати синфи хукмронро нисбат ба занон ифода менамоянд. Як кисми ин гуна фразеологизмхо ифодагари хает зиндаги ва рухияи намондан" (дабдаба), "бурути касеро табар набуридан (макрур, ҳавобаланд будан), "ба ру никоб кашидан" (ба шакли дигар даромадани одам, риёкори), "ном баровардан" (шухрат пайдо кардан, машхур шудан): Инро Мухиддин Маҳмудхўчаюф мегуянд, ки ба ҷаллодӣ ном баровардааст.
Фразеологизмҳои халқӣ. Манбаи пайдоиши баъзе фразеологизмхо эчодиёти шифоҳии халк мебошад. Хулоса ва ифодахои хикматангези баъзе афсонаҳо, латифаҳо ва ривоятҳои халки асоси пайдоиши ин гуна фразеологизмхо гаштаанд. фразеологизмҳои "думаш дар хурчин", "каллаш дар хум", "додашро нагуфтан", "очаи касеро нишон додан" ва монанди инхо аз ҳамин кабиланд: Ман метарсам, ки дар талабҳои ҷадидҳо ҳамчунон ки дар ин хикоя ҳаст, думи манфиати мову ту дар хурчин набошад. - Расида ояд-чи! - гуфт Нормурод, - очашро нишон медихам. (С. Айнӣ).
Фразеологизмҳои касбу пеша. Сарчашмаи пайдоиши як микдори фразеологизмҳо ба ҳаёти ҳунармандон марбут буда, касбу пешаи онҳо барои ба вучуд омадани микдори муайяни фразеологизмхо заминаи мусоид фарохам овардааст. Масалан, ба вучуд омадани фразеологизмҳои "нуги калобаи чизе ёфт шудан", "гирех кушода шудан" ба касби косиби, "касеро ба дом андохтан", "бо як тир ду нишонро задан" ба касби сайёди, "реша давондан", "ба воя расидан" ба касби богбони, "хишт аз колаб бархестан" ба касби бинокорӣ, "хоки мадрасаро лесидан", "айнак дар хона мондан ба саводомузи, "ситораи рахнамо" ба касби ситорашиноси марбутанд: ..Ин мақола барои коркунони маҳаллӣ... як ситораи рахнамо шуд. (С. Айни).
Фразеологизмҳои шеваги. Манбаи ба вучуд омадани Фразеологизмҳои зерин ба забони зинда вобаста мебошад. Вохидхои фразеологии "даст-даст карда дидан", "барг-барг пул кардан", "шатта хўрдан", "ба сари касе тилло боридан", "деги чак-чак гарм шудан", "деги гап чўшидан", "дар гур будан", "яла шуда рафтани касе", "даҳани касе яла шуда мондан" аз хамин кабил фразеологизмҳо мебошанд: Имруз бо дидани чуе, ки Ҳамдам-Фўрма кашидааст, дахони ман яла шуда монд (С. Айни).
Фразеологизмҳои арготики. Пайдо шудани микдори муайяни фразеологизмхо ба ҳаёти муайяни ичтимоии одамон марбутанд, яъне то андозае ба арготизмхо вобастаанд. Масалан, фразеологизми "об кардан" дар нутки савдогарон серистеъмол аст: - Агар рози нашавед, молатон ба худатон насиб кунад, ман ҳам инро ба осонӣ об карда наметавонам, пинхони мекунам ва пинхонӣ мефурушам (С. Айни).Вохидхои забонии "гулуи касеро равган кардан", "бистари касеро хушк кардан", "гург шудан", "пои мург якта" низ ба фразеологизмхои арготики мансубанд: - Хайр, майлаш, ука, - гуфт, лекин пои мург якта, ин сирро аз даҳонат набарор, хатто ба занат хам нагуй (С. Айни).
Фразеологизмҳои марбути каломи бадеь. Мусаллам аст, ки санъатхои бадей низ ба ташаккули фразеологизмҳо имконият фароҳам меоваранд. Аз тарафи дигар, вохидхои фразеологи барои офаридани симохои бадей, ифоданокии фикр ва монанди инхо истифода мешаванд. Як микдор фразеологизмхо чун ВОХИДХОИ забонии ПУРОБуранги шоирона, ифодаҳои мучазу диккатангез дар услуби бошукух истифода мегарданд. Фразеологизмҳои "ба як болишт сар мондан", "монанди гавҳараки чашм нигахбонӣ кардан", "дасти худро ба оби хунук назадан", "забон як кардан" дар асоси санъати истиора, "чизеро аз бинии касе баровардан", "ду даст ба бини тиккондан", "овораи ду чахон кардан" дар заминаи санъати ташбеҳ ба вучуд омада бошанд, "пои касеро аз осмон овардан", "ба хоки сиёх яксон кардан", "ба сари касе оташ даргирондан", "цигари касе бирен гардидан" ба санъати муболига марбутанд.
Ин кабил фразеологизмхо дар адабиёти бадеӣ барои тавсифи нутки персонажкое, ки намояндаи табакаи фозилу донишманд ва ё аъёну ашрофанд, истифода мешаванд. Барои мисол вохидхои фразеологии "эҳсосот чушидан", "сар хавои чое гирифтан" ва "ба тори дил нохун задан"-ро аз асари "Рудаки"-и С. Улугзода нишон додан мумкин аст, ки дар нутки Бальами истифода шудаанд: Балами: коре бикун, эхсосоти ватанхохии амир 
Роххои ташаккули фразеологизмҳо
Фразеологизмхо вохидхои забоние мебошанд, ки дар чараëни нутк ба вучуд наомада, дар шакли тайёр мавриди истифода карор мегиранд. Фразеологизмхо худ ба худ ба вучуд намеоянд, балки пайдо шудани онхо ба ҳодисаҳои гуногуни забони вобаста аст. Роххои асосии ташаккули фразеологизмхоро ба тарики зайл нишон додан мумкин аст: 1. Як кисми фразеологизмхо аввал дар шакли ибораи нахои ба маънои аслӣ ва мавкеи муайян гуфта мешавад.Баъд бо ташаббуси соҳибони забон тадричан ба дарачаи хусусияти устувори фразеологи мерасанд. Ин маъни дар натичаи суст шудани алокаи нахрии иборахои озод ба амал меояд
2. Ташаккули микдори муайяни фразеологизмхо ба забони адабиёти классики ва шепаю лахчахо марбутанд Масалан, фразеологизмҳои "ба руи кор овардан", "лаб кушода натавонистан", "реша давондан", "Чон ба лаб омадан", ки дар забони адабии точик ва шеваю лахчахои он маъмулу серистеьмоланд. классика мустаьмал буданд: аввал дар забони адабиёти
Фразеологизмҳои мавчуда воҳидҳои фразеологии
ОНХО
ба зудӣ хусусияти умумиистеьмол мегиранд: ЯК ГУРГИ ДУПора ба сари мо калон карда мондаанд (А.Дехоти). Фразеологизми "гурги ДУПО" ба "турги борондида" аз чихати маьно наздик аст, шакли ибора мушаххастар гаштааст. Вохидхои фразеологии "токиро нимта карда гаштан" "гурдакаф шудан", "титу боз дабдала кардан", "ба сари касе об рехтан", "дил шикастан", "кор барор гирифтан", "чилов гапро кашида мондан" низ аз хамин кабил фразеологизманд 4. Як кисми фразеологизмхо ба забони точики аз забонҳои дигар ворид гаштаанд. Фразеологизмхои воми дар
ду шакл 1) айнан. 2) дар шакли тарчума - калкахои пурраву нопурра вомехуранд: а) Аз забони араби: нуран ало нур. сукутун бирки
аломату-ризо... Ин гуна фразеологизмхо дар шакли калкахои пурраву нопурра истифода мегарданд: "нур болои нур" (Агар дар рўзҳои форис буданаш... коре карда панчу чори дигар ёбад, ин "нур болои нур" мешавад (с. Айни), "имму лом нагуфтан", "лому мим гуфта натавонистан". Вохидхои фразеологии "ба чаханнам расидан" ҳам аз хамин кабиланд. фиристодан", "чашми бад
б) Аз забонҳои туркӣ: "дуздро каракчи зад" - ноомади кор, "олчӣ шудани бучул" - бурд кардан, омад кардани кор, "ба ҳар ош катик нашудан" (Шумо агроном бошед, ба агротехникаатон машгул шавед, ба ҳар ош катик нашавед (А. Деҳотӣ).
Аксари фразеологизмҳои турки-узбеки дар забони гуфтугуй хусусияти умумиистеъмолӣ гирифта баъд ба забони адаби гузаштаанд. в) Аз забони русӣ: "ба оташи касе карасин рехтан", "майнаро ремонт кардан" (- Хез...рафта майнаҳоро камтар ремонт карда биëем (А. Деҳотӣ). Сабил монад, винтҳои майна имрўз боз суст (А. Дехоти). Баъзе фразеологизмҳо дар шакли калимаи пурра ҳам ворид гаштаанд: даст мондан" (подписат), "хўриши пеш аз таом" (закуска перед обедом). "ба гапи касе тормоз додан" (ба гапи касе халал расондан) ва монанди инхо.
Дар забони точикӣ вохидхои фразеологии воми зиёд нестанд. Аксари фразеологизмхои воми гайриидиоматики мебошанд 
Асоси фразеологизми забони точикиро вохидхои фразеологии худи забон ташкил медиханд. Кисми зиёди фразеологизмхо дар забони адабиёти классики истеъмол шудаанд, ки дар ҳамон шакл дар забони ҳозира ҳам мавриди истифода карор гирифтаанд: "Зи чон даст шустан", "чони ширин ба бод додан", "ба хуни (ашки) ду дида рў шустан" (А. Фирдавсй).
Дар забонамон ин навъи фразеологизмҳое, ки асрҳои зиёд дар истеьмоланд, хеле зиёданд.
Хусусиятхои асосии фразеологизмхо фархангхои фразеолог 
Чи тавре ки ишора рафт, фразеологизмхо шаклан ба иборахои нахои шабохат дошта бошанд хам, бо хусусиятхои худ аз онхо фарк мекунанд:
1. Агар маънои иборахои нахай ба калимахои таркиби онхо марбут бошад, маънои иборахои рехта аз маънои калимаҳои таркиби онҳо барнамеояд. Масалан, маънии ибораи рехтаи "сараш аз санг шавад" аз санг шудани сари касеро орзу кардан набуда, балки "дарозумр шавад" гуфтан аст.
2. Вохидхои фразеологи баръакси иборахои нахай pexтаву устувор буда, чузьҳои таркиби онхо тагйирнопазиранд, зеро ки аз тагйири чузьхо на танхо маънои фразеологизмҳо аз байн меравад, балки таркибан низ ҳамчун ибораи устувор кимати худро гум мекунанд. 3. Фразеологизмҳо аксар образноку таъсирбахш буда, ифодагари маънои мачозӣ мебошанд, бинобар ин дар чумла ба вазифаи як аъзои чумла меоянд 
Фразеологизмхо новобаста аз он ки таркибан дучузьа ("гам хурдан", "дил додан") ё бисёрчузьаанд ("дарди дил кардан", "дасту по гум кардан"), дар яклухтии тамом ба вазифаи хамаи аъзоҳои асосии чумла омада метавонанд: а) Мубтадо: эй падари мехрубон, чахон хурдан хуб аст е чахон гаштан! Таракки додани чорводорӣ яке аз вазифаҳои мухими мо мебошад. 
б) Хабар: у бошад, як carecr, ки аз кучаи оламигара нагузаштааст. Як чарогак онхоро зиёда дар бим андохт (С. Айни).
в) Муайянкунанда: Замони Ахмад Махдуми Дониш замони боло гирифтани чабру зулми амирон, амалдорон ва мустамликачивни подшохи бар халк буд. У одати ваъда додан дошту халос.
г) Пуркунанда: Якчанд дакика пеш Сулаймон Одинаев дар бораи фарор гирифтани сафараш боварии комил дошт. г) Хол: Дар айни гарм шудани суҳбатамон мачлис тамом шуд. Вай акнун барои сафед кардан сухан намеёфт. 4. Агар иборахои нахай дар мавриди сухан ба вучуд оянд, вохидхои фразеологӣ ҳамчун воҳидҳои тайёру машхур ва корхурда бар ивази мафхумҳои алохида истифода мегарданд.Зиёда аз ин фразеологизмхо дорои хусусиятхои услуби низ мебошанд. Онхо аз чихати пайдоиш ба зиндаги урфу одат, чахонбини ва аклу заковати мардум марбутанд. Аз ин ру, зимни мафхуме як лахзаи рузгор, сабаки зиндаги, муносибат ва таассуроти нек е бад инъикос ёфтааст. Ин буд ки маънй дар фразеологизмхо хеле нозук, пушида, воло басо рангин ва пурчозиба ифода меёбад, ки вазифаи услубии онхо аз хамин табиати нозуку сарпеч падид меояд. Масалан, маънои фразеологизми "аз сад гулаш як гулаш нашукуфтан" хеле чавон буданро ифода менамояд, вале хамин маънй тавассути монанд кардани гузаштани рузхои ИНСОН ба хушобуранг ЯКТО-ЯКТО ва шукуфтани гунчаҳои дилпазир ифода НИХОЛИ гул гаштааст. Аслан фразеологизмхо мафхумҳоро муътадил ё холис ифода кунанд хам, баъзан бар замми маънои фразеологи баҳои мусбат ё манфиро хамчун обуранги эхсосию муассири дар бар мегиранд. Дар Фразеологизмхо ду тарзи ифодаи ин гуна сарбории маънй ба назар мерасанд:
1. Матлуб ë номатлуб будани мафҳуми фразеологизмхо новобаста ба матн е мавриди сухан падид меояд, зеро ки сарбории маънӣ аз чавҳари маънои он сар мезанад: гули сари сабад (гиромӣ, мўътабар), аз олам чашм пушидан (вафот кардан), думро хода кардан (гурехтан).
2. Сарбории маънои фразеологизмхо ба мавкеи истеьмол ва гарази гуянда вобаста аст. Масалан, Фразеологизми "Замин газидан" аслан обуранги эхсосию муассирии манфи дорад, вале дар чумлаи "Заминро мегазему рохи душманро банд мекунем бо тобиши маъноии фидокори омадааст. Хатто бо калимаи дигар иваз кардани чузъи озоди фразеологизмхо хам боиси ифодаи баъзе чилохои маъни мегардад. Масалан, "Замин кафида одам баромада буд" мафхуми бисёр будани одамро ба тарзи муътадил мефахмонад, аммо дар чумлаи зерин бо калимаи "хочи" е "зан" иваз гардидани "одам" ба гуфтор оханги киноя бахшидааст: Лекин Замин кафида хоҷӣ баромадааст. Дар вокзал Замин кафида зан рўида буд. Фразеологизмхо домани имконоти интихоби калимав ифодаҳои матлубро фарохтар намуда, ба сахех, пурра ва чозибанок ифода кардани матлаб ёрй медиханд.

Истифода бурдани адабиётҳо
Download 28.21 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling