Тамошои телевизор – рӯҳро медиҳад озор


Download 18.93 Kb.
Sana16.06.2023
Hajmi18.93 Kb.
#1503780
Bog'liq
Телевидения


Тамошои телевизор – рӯҳро медиҳад озор

Имрӯзҳо дар мамлакати мо дар воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла дар телевизион дигаргуниҳои зиёд ба амал меоянд.

Рейтинги каналҳои телевизионӣ аз қабили «Миллий», «Uzreport TV», «Mening Yurtim», «Sevimli», «Renesans TV» сол то сол баланд мешавад.
Зеро ин телеканалҳо аз ҷиҳати таъсир, гуногунрангӣ ва суръати кор аз шабакаҳои давлатӣ ақиб намемонанд.
Вақтҳои охир мо бо чунин вазъият рӯбарӯ мешавем, ки дар аксарияти телеканалҳо барнома ва рекламаҳои бемаъно низ намоиш дода мешаванд.
Мисол, барномаи «Ёр-ёр»-и шабакаи «Zo’r TV»-ро гирем. Ба касе пӯшида нест, ки ин барнома баҳсҳои зиёдро ба бор оварда, баъзе паҳлӯҳои фаъолияти он аз ҷониби зиёиёни кишвар танқид шудааст ва ҳанӯз ҳам фикрҳои манфӣ баён карда мешаванд.
Мутаассифона ин гуна барномаҳо то рафт зиёд мешаванд. Ба қарибӣ дар шабакаи телевизионии «Sevimli TV» пахш шудани барномаи "Илк учрашув", низ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.
Ин барнома, ки одамони то чилсоларо ба студияи худ даъват мекунад ва барои расидан ба бахти худ кумак мерасонад, аз як ҷиҳат аз барномаи «Ёр-ёр» фарқе надорад.
Онҳо пойафзоли шуморо мекашанд ва шуморо паҳлӯ, ба паҳлӯ гузошта, муқоиса мекунанд, то бубинанд, ки қади шумо мувофиқ аст, сафед ё сиёҳ ҳастед ва ҳатто ҳар як узви рӯйи шуморо муҳокима мекунанд.
Онҳо ошкора ва бо табассум мегӯянд ки "Дар ҳаёти минбаъдаи шумо мо вазъиятҳои "ошиқона"-ро тасаввур мекунем. ."
Магар ҳама ин ба тарбияи насли наврас таъсир намерасонад?
Оё ба зиёд шудани беинтизомӣ дар байни ҷавонон, одатҳои бемаънӣ ва ҳодисаҳои таҳқири кас таъсир мекунад?
Дар гузашта минтақаҳои кишвари мо ҳамеша макони тамаддун, маориф ва маркази фарҳангӣ буд. Афсӯс, ки ҳоло мо талош дорем, то ба кишварҳои ғарби монанд шавем.

- Дар тарбияи фарзанд таъсири падару модар ва оила хеле муҳим аст. Аммо намоишу филмҳо низ дар раванди тарбияи фарзанд ҷойгоҳи худро доранд. Масалан, мо наметавонем фарзандони худро аз тамошои телевизор ё интернет комилан маҳрум кунем, зеро онҳо ҷанбаҳои муфид низ доранд. Аз иттилоот ва хабарҳои марбут ба соҳаҳои муҳиме чун илму техника огоҳӣ доштан лозим аст. Аммо фикр мекунам, ки дар пахши баъзе барномаҳои телевизионӣ маҳдудият ҷорӣ шавад, ба манфиати кор хоҳад буд,- гуфт муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 70-и шаҳри Самарқанд З.Иброҳимова.

Писар ва духтарони мо ба баъзе қаҳрамонҳои филму сериалҳо тақлид карда, ҳатто ба падару модари худ гапгардони мекунанд, то нисфи шаб дар кӯчаҳо сайр карда, мехоҳанд шахси мустақил будани худро исбот намоянд. Ин ҳама нуқтаҳои ибтидоии ҷинояткорӣ дар байни чавонон мебошанд.

– Ҳоло бо аҳли хонавода телевизор тамошо кардан имконнопазир шуд. Дар байни барномаҳои ахлоқӣ чунин рекламаҳоро мегузоранд, ки ба минталитети мо мувофиқ нестанд масалан, рекламаи антиперспирант ғайр аз ин дар баъзе каналҳо чизҳои шахсие, ки маҳс бонувон истифода мебаранд, тарғибот мекунанд. Аз ин рӯ, ман дар пеши волидон телевизор тамошо намекунам, - гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Д.Болиев.



Имрӯзҳo «Ёр ёр» ва барномаҳои ба ин монандро намоиш медиҳанд . Фикр мекунам, беҳтар мебуд, ки ҳангоми таҳияи чунин барномаҳо ба сифат ва мазмуну моҳияти онҳо эътибор диҳанд.
Download 18.93 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling