Ҳаёти баъд аз ҷанг


Download 22.9 Kb.
Sana21.11.2023
Hajmi22.9 Kb.
#1791751
Bog'liq
Тешабой. Одилов


Ҳаёти баъд аз ҷанг
Баъд аз ба охир расидани ҷанг Т. Одилов ба қисмҳои худ ба Ленинград баргаштанд. Баъд аз каме вақт аскарон ва офитсероне, ки солҳои 1939-1940 барои адои хизмати муддатнок (он вақтҳо хизмати муддатнок 3-солро ташкил медод) даъват шуда буданг офитсерон ба захира гирифта шуда, аскарони қаторӣ аз хизмат озод карда шуданд.
Тешабой бо оилааш дар квартираи дуҳуҷраги, бо ҳамсараш Тамара фарзандонаш Галя ва Лариса, модарарӯсаш бо духтарчааш Валя дар якҷоягӣ зиндагони мекарданд. Акнун барои Тешабой лозим меояд, ки барои таъминоти оилааш дар ягон ташкилот ва ё корхона кор карда, зиндагонӣ кунад. Баъд аз як чанд рӯз ӯро дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳар, ба сифати устои дуредгор ба кор қабул намуданд. Азбаски камандири қисм аз гирифтаистодааш Тешабой ва шароити оилавии ӣ бохабар буд, ваӣро ба наздаш даъват намуда, дар бораи ки будани ваӣ донистанашро ва аз шароити оилавии ӯ бохабар буданашро маълум карда, барои оила ва фарзандони хурдсолаш, кам-кам аз ҳисоби қисми ҳарбӣ, масолеҳи хурокворӣ ёрманди расонида истоданашро гуфта гузашт. Тешабой ин таклифро раъд кардани шуд, вале командир ӯро аз гуфтаи боз дошта, ин фармон аст, фармонро муҳокима намекунанд гуён каме ҷидди истод. Тешабой ба командир миннатдори баён намуда, иҷозат пурсида, аз паи вазифааш рафт.
Ҳар бегоҳ коркунони взводи хоҷагӣ ба борхалтаи Вай ҳар гуна масоллеҳои хуроквориро кам-кам ҷойгир мекарданд. Вақти ба хона расиданаш ба модарарӯсаш маълум мекард, дар борхалта барои хуроки шом каме маҳсулот ҳаст, аз он хурок таӣёр кунад. Ҳамин тавр модарарӯси Тешабой аз он масолеҳо сарфакорона истифода бурда, зиндагиро давом медоданд. Ин тарзи зиндагӣ ба Тешабой маъқул набуд, худро нороҳат ҳис мекард, вале чораи дигаре надошт.
Дар охир Вай ба хулосае омад, ки ба зодгоҳаш баргардад. Ин хоҳишашро ба ҳамсар ва модарарӯсаш маълум кард. Вале онҳо ба ин рози нашуданд. Ёди модар, хоҳару-бародараш, ёди диёраш ӯро ором намегузошт.
Баъд аз каме муддат, ӯро ба округи Ҳарбӣ даъват намуда, барои адои хизмат ба шаҳри Гиаллинн роҳхаш доданд. Ҳангоми ба ҷои таингаштаи хизмат расиданаш, ба вазифаи ҷонишини командири роттаи тирандози 30-уми ???
Ҳамин тавр рӯзҳо паи ҳам мегузашт, зиндагони давом мекард. Тешабой моҳе як ё ду маротиба рӯзҳои шанбе ҳангоми навбатдор набудани дар қисми ҳарбӣ, ҷамадонҳоро пур аз масолеҳи хурокворӣ карда, бегоҳирӯзи ба поезд менишасту, пагоҳ ба Ленинград мерасид. Рӯзи якшанбе бо оила ва фарзандонаш шуда, бегоҳирӯзи боз ба поезд менишасту роҳ сӯи Гиаллинн, барои адои хизмат бар мегашт.
Тиромоҳи соли 1946, ба ??? ҳам, ки дар навбат меистоданд, қитъаи Замин ҷудо карданд. Ҳангоми дар таътил буданаш, он ҷо хона сохтанд ва бахорои дар Замини он ҷой, киштукор мекарданд. Зиндагониашон хело беҳтар гашта буд. Вале ёди ёру диёраш, уро бештар ба фикру андешаҳо мебурд. Ҳамин тавр зиндагони онҳо давом мекард. Вале чунин тарз зиндагӣ, ба Тешабой маъқул набуд. Чунки Вай он дамҳо фақат барои таъминоти оилааш меҳнат мекард, на ба нафъи ҷамъият.
Тирамоҳи соли 1947 Тешабой ба ҳамсараш Тамара Васильевна, боз ҳамаи таклифашро (яъне ба зодгоҳи ӯ дар якҷоягӣ бо фарзандонаш омадан)-ро гузошт. Вале ҳамсараш ин таклифро қатъиян раъд намуд ва дар ин бора дигар сухан накарданро таъкид намуд. Он вақт Тешабой ба аспи ҷаҳал савор шуду, барои бекор кардани никоҳашон ба Суд муроҷиаш намуд. Суди шаҳри никоҳи онҳоро бекор карда, бо нафақа таъмин карда истодани фарзандонро ба зиммаи Тешабой ҳукм намуд.
Моҳи ноябри соли 1947 Тешабой аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба истеъфоҳ баромаду роҳ сӯи зодгоҳаш пеш гирифт. Вақте, ки аз омада истодани Тешабой ба деҳаи Ҳушёр хабар расид, чи пиру-ҷавон, чи марду-занҳо, ҷавондухтарон ба куча баромада ӯро пешвоз гирифтанд. Ҷанписарон ба сарулибоси низомии вай бо ҳавас нигаранд, ҷавондухтарон ба қомати зебову муйҳои сиёҳу абрувони ғафси сиёҳаш зери чашм менигаристанд. Шодмонбиби бегоҳирӯзи барои аҳли деҳа дастурхон густурда зиёфат орост. Дар ин муддати ҳашт сол, аз майдони ҷангу-набард зиндаву-саломат баргаштани писараш, ба даргоҳи Яздони Пок шукрона мекард.
Баъд аз каме вақт ӯро ба шуъбаи Таълимии Халқи даъват намуда, ба вазифаи директори мактаб, ба кор таин намуданд. Мактаб, мактаби ибтидоӣ буда, синфхонаҳо дар ҳавлии шахсони деҳа, дар амборхонаҳо ҷой дошт.
Тешабой назди модараш нишаста аз бародари калониаш Усмоналӣ (писари калонии Шодмонбиби аз шавҳари аввалааш амаки Мамадалӣ) ва бародараш Сотибволдӣ (аз ҳамсари аввалаи бобои Одил) пурсон шуд. Шодмонбибӣ тафсилоти воқеа ва ҳодисаҳои дар давраи ҷанг руӣдодаи деҳа ва оилаашонро ба вай нақл мекард.
Усмоналӣ, ки дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳот кор мекард, бо мақсади ба ин вазифа соҳиб гаштани яке аз ҳамсолонаш (ному насаби онро инҷо намеорам) Ҳ. С. ҳамтабақонашро ба кор дароварда, дар яке аз нишастҳо, вайро ба орият андохтанд. Ба вай аз ҳар тараф суханҳои пичингомез зада: мегуфтанд: -агар ту ҳам писари Одил мебуди кайҳо ба ҷанг рафта, чун бародараш Тешабой қаҳрамон мешуди. Мерганиро ман ба Тешабой омӯзонида будам мегуию, хунари ягон душманро куштан надорӣ. Ба ҳамин монанд суханҳои маломатомезро ба ваӣ мегуфтанд. Илова ба он фарзандонаш, ки аз апаи Тухтанисо ба дунё меомад 1-2 моҳ умр медиданду, вафот мекарданд. Бинобар ваӣ ихтиёран ба камисариати Ҳарбӣ ариза навишта соли 1944 ба фронт рафта буд. Моҳи марти соли 1945 дар бораи ҷанг халок шудани Мемоналӣ хати сиёҳ омада буд.
Бародари дигараш Сотиболди, ки аз деҳаи Шаӣхотала оиладор шуда буд, барои дарёфт кардани масолеҳи хуроквори ба назди хешовандони ҳамсараш роҳро пеш мегирад. Вақте, ки вай ба Шаӣхотала мерасад, мебинад, ки аҳволи зиндагии онҳо ҳам дар ҳолати вазнин. Ҳамин рӯз боз ба ақиб бар мегардад. Шиками гурусна, зимистони сард, ваӣро беҳол мекунад. То ба деҳа нарасида, дар мавзеи себеда, ки номи тушҳои Сафия ном мебурданд, дар бехи тушё нафасашро рост кардани шуда менишаст.
Download 22.9 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling