Фтор ва мураккаботи он
Фторро зимни электролизи фториди калий дар НU–и моеъ бо истифодаи анодҳои махсуси графитй ва ё никелй ҳосил мекунанд. Дар ин маврид таxҳизоти аз мис ва ё фeлоди никелй сохташударо истифода мебаранд, чунки фтор бо ин филизот гарчанде таъсир кунад ҳам, вале rабати фторидҳои ҳосилшуда ҳамчун навор имкон намедиҳанд, ки минбаъд таомул идома ёбад. Дар ин раванд ба сифати катод мис ва ба сифати анод графит хидмат менамояд. Фтори ҳосилкардаро дар баллонҳои фeлодии махсус нигоҳ медоранд. Фтори озодро инчунин бо таомули зерин ҳосил кардан имконпазир аст.
2СоF3 2СоF2 + F2.
Фтор бо ҳидроген бо таркиш ба таомул дохил мешавад:
Н2 + F2=2НF↑.
Фтор дар ҳамаи мураккаботаш дорои дараxаи оксидшавии –1 мебошад. Он бо аксари моддаҳои содда ва мураккаб, инчунин бо баъзе газҳои асил ба таомул дохил мешавад.
Фтор танҳо бо оксиген, нитроген, карбон (дар намуди алмос), ҳелий, неон ва аргон мустаrиман таъсир намекунад.
Барои фтор таомулҳои зерин хосанд:
S + 3F2 = SF6 (83,15К)
2Р + 5F2 = 2РF5
Энегияи робитаи фтор бо ҳидроген хеле калон аст. Мураккаботи он бо оксиген О2F2, ки дифториди диоксиген ном дорад, ҳангоми таъсири разрядҳои электрикии ором ба омехтаи фтор ва оксигени ниҳоят хунуккардашуда ҳосил мешавад:
F2 + О2 разряди электрикй О2F2
О2F2 дар температураҳои на он rадар паст бо таомули зерин вайрон мешавад:
О2F2→OF2+1/2О2.
Do'stlaringiz bilan baham: |