Ҳалогенҳо (U, Cl, Вr,I, Аt). Тавсифи умумии элементҳо
Download 309,6 Kb.
|
ҳалогенҳо чала
Ҳалогенҳо (U, Cl, Вr,I, Аt). Тавсифи умумии элементҳо Конфигуратсияи rабати электронии охиронашон ns2np5 мебошад. nd
ҳамаи ҳалогенҳо дараxаи оксидшавии -1 зоҳир мекунанд, вале барои хлор, бром ва йод инчунин дараxаҳои оксидшавии +1, +3, +5 ва +7 низ хос аст. ҳангоми гузариш аз фтор ба йод rонуниятҳои зерин мушоҳида мешаванд:
Дар rатори ҳалогенҳо элементи дар аввалтар xойгиршуда элементи минбаъдаро аз намакҳо ва тезобҳояш фишурда мебарорад. Ном, рамз, конфигуратсияи электронй, паҳншавй дар rишри Замин ва маълумот доир ба кашфи элементҳои зергурeҳи асосии гурeҳи VII системаи даврй
Баъзе хосиятҳои элементҳои зергурeҳи бром
Массаи изотопҳо, паҳншавй, рангҳои хос ва маъданҳои ҳалогенҳо
Ба зергурeҳи асосии гурeҳи VII системаи даврй 5 элементе шомиланд, ки ба онҳо номи умумии ҳалогенҳо дода шудааст. Калимаи ҳалоген аз ду калимаҳои алоҳидаи юнонии «ҳалс» (hals) ва «ген» (gen) гирифта шудаанд. «ҳалс» маънои намак ва ҳиxои «ген» маънои «инкишоф» ва ё «ҳосилшавй»-и ягон чизро медиҳад. Бинобар ин калимаи «ҳалоген» (ҳало + ген) маънои «намакҳосилкунанда»-ро дорад. Дар баъзе мавридҳо ҳисоб карда мешавад, ки фтор аз калимаи лотинии «ftuere» («флюер») гирифта шуда, маънои «xоришавй» ва ё «xоришаванда»-ро дорад. Аз тарафи дигар ҳисоб мекунанд, ки фтор аз калимаи юнонии (рhthoros) гирифта шуда, маънояш «ҳалокат» ва ё «вайрон кардан» мебошад. Чунин мураккаботи фтор, ба монанди НU ҳанeз соли 1771 ҳосил карда шуда буд, вале худи фтор дар шакли газ танҳо дар соли 1886 кашф гардид. Хлор аз калимаи юнонии χλωρος (сhloros) (хлорос) гирифта шуда, маънояш зарди сабзмонанд аст. Гарчанде аз rадимулайём аз мураккаботи хлор, масалан аз намаки хeрока инсоният васеъ истифода мебурд, вале хлор танҳо дар соли 1774 кашф гардид. Бром аз калимаи юнонии βρώμοs (вromos)(бромос) гирифта шуда, маънояш “бадбуй” мебошад. Йод низ аз калимаи юнонии сωδηs (iodes) (иодес) гирифта шуда, маънояш «бунафш» аст. Ибораи астат аз калимаи юнонии στατs (astatos) (астатос) гирифта шуда, маънояш “ноустувор” мебошад. Астат элементи радиофаъол буда, изҳои он дар rишри Замин мушоҳида мегарданд. ҳангоми гузариш аз фтор ба астат нимrутрҳои атомй ва ионй афзуда, электроманфияташон кам мешавад. Хосиятҳои uайрифилизй суст шуда, rобилияти барrароронй меафзояд. Бо зиёдшавии нимrутри атомҳо бо як rонунияти муайян бояд энергияи робитаи байни атомҳо дар молекулаҳои ҳалогенҳо кам мешуд, вале дар амал муайян карда шудааст, ки ҳангоми гузариш аз фтор ба хлор бузургии энергияи робитаи байни атомҳо зиёд мешавад ва ҳангоми гузариш аз Сl2 ба Аt2 энергияи робитаи байни атомҳо бо rонунияти муайян кам мешавад. Ин ҳодисаи uайримуrаррариро чунин шарҳ додан мумкин аст. ҳосилшавии робита дар байни ду атоми фтор танҳо аз ҳисоби ба ҳам пeшидашавии яктогй р-орбиталҳо ба вуxуд меояд. Вале зимни ҳосилшавии молекулаҳои дигар ҳалогенҳо ба uайр аз пeшидашавии р-р орбиталҳо робитаҳои иловагй бо механизми донорй–аксепторй аз ҳисоби xуфтҳои электронии таrсимнашудаи р-орбиталҳои як атом бо d-орбиталҳои холии атоми дигар ҳосил мешаванд. Ин робитаҳоро робитаҳои дативй меноманд (Ниг. ба саҳ. 93). Ин rонуният инчунин ба таuйирёбии бузургии rаробат ба электрон дар rатори ҳалогенҳо низ дахл дорад. ҳангоми гузариш аз фтор ба астат зичй, температураҳои xeшиш ва гудозиш афзуда, rобилияти таомулй суст мешавад. Rобилияти таомулии ниҳоят баланд доштани фтор бо он алоrаманд аст, ки бинобар хурд будани андозаи атомҳояш xуфтҳои таrсимнашудаи электронии он ба ҳамдигар наздик xойгир мешаванд. Бо ин сабаб онҳо ҳамдигарро тела медиҳанд ва дар натиxа робитаи байни ду атоми фтор суст мешавад. Дар мураккабот бо фтор филизот метавонанд дараxаи оксидшавии олиро зоҳир намоянд. Дар rабати энергетикии берунаи ҳамаи ҳалогенҳо яктогй электрони тоr мавxуд аст, бинобар ин ҳамаи онҳо яквалентаанд. Барои он, ки галогенҳо дараxаҳои баланди валентнокй зоҳир кунанд (ба uайр аз фтор) бояд электронҳои ns - ва ё nр – орбиталҳояшон ангезонида шуда, ба зерrабатҳои энергетикии пасоянда гузаронида шаванд. Download 309,6 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2025
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling