Ҳалогенҳо (U, Cl, Вr,I, Аt). Тавсифи умумии элементҳо


Мураккаботи хлор дар дараxаи оксидшавии +3


Download 309.6 Kb.
bet8/13
Sana26.01.2023
Hajmi309.6 Kb.
#1125706
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   13
Bog'liq
ҳалогенҳо чала

Мураккаботи хлор дар дараxаи оксидшавии +3
Яке аз мураккаботе, ки дар он хлор дорои дараxаи оксидшавии +3 мебошад, трифториди хлор (СlF3) буда, он дар температураи 285К xeшида, дар 197,15К гудохта мешавад. СlF3 моддаи сабзтоб буда, rутбй мебошад. Онро бо таомули зерин ҳосил мекунанд:
СlF + F2 ClF3.
ClF3-и моеъ бо НF-и моеъ хуб омехта мешавад. Он рафтори тезобро дорад:
НF+ClF3=НҳClF4],
NaF+ClF3=NaҳClF4].
Тезоби хлориро (HClO2) инчунин тезоби хлор (III) ва ё диоксохлорат (III) ҳидроген меноманд ва онро дар натиxаи пайдарҳам гузаронидани таомулҳои зерин ҳосил кардан мумкин аст:
ВаО2+2СlO2=Ва(СlO2)2 +O2,
Вa(ClO2)2+H2SO4=ВаSO4↓+2HClO2.
Cобитаи диссосиатсияи НClO2 ба 1·10-2 баробар буда, он танҳо дар маҳлулҳои сероб маълум аст. Намакҳои ин тезобро хлоритҳо меноманд.
Масалан, NaClO2 - хлорити натрийро чунин ҳосил мекунанд:
2ClO2+PйO+2NaOH=PйO2↓+ 2NaClO2+H2O
NaClO2-ро барои сафедкунии матоъҳо истифода мебаранд. Намакҳои тезоби хлорй зимни гармкунй бо осонй вaйрон мешаванд:
3NaClO2 2NaClO3+NaCl



Мураккаботи хлор дар дараxаи оксидшавии +5
Дар ин дараxаи оксидшавй хлор мураккаботи бинарии таркибаш СlU5 - бударо ҳосил мекунад, ки онро дар зери фишори баланд зимни гармкунии ClU ҳангоми изофа будани фтор ҳосил мекунанд:
ClU3 + U2 = ClU5.
Ин модда беранг буда, дар температураи 260,15К меxeшаду дар 180,15К гудохта мешавад. Он моеи камдиссосиатсияшаванда буда, ҳангоми мавxуд набудани намнокй то температураи 473К устувор аст. Бо таъсири об ин модда вайрон мешавад.
Зимни ба омехтаи трифториди хлор ва фториди оксиген таъсир кардани нурҳои ултрабунафш моддаи беранге ҳосил мешавад, ки ба он формулаи ClОU3 мувофиr меояд:
2ClU3 + ОU2 = ClU5 + ClОU3.
Оксотрифториди хлор (ClОU3) моддаи беранг буда, дар температураи 300К xeшида, дар 229,15К гудохта мешавад. Ин модда мансуби мураккаботи тезобист. Дар температураи 223,15К фтор бо СlО2 ба таомул дохил шуда, ClО2U-ро ҳосил мекунад:
U2 + 2ClO2 = 2ClO2U.
Диоксофториди хлор (хлорилфторид ё фторхлордиоксид) ClO2U моддаи газии беранг буда, дар температураи 267,15К xeшида, дар 158,15К гудохта мешавад. СlO2U моддаи тезобй буда, дар об чунин ҳидролиз мешавад:
ClO2U + H2O = HU + HClO3.
Моддаи мазкур бо фториди филизот ба таомул дохил мешавад.
ClO2U + CsU = CsҳClO2F2].
Оксиди хлори (V) ҳосил карда нашудааст.
Тезоби хлор (HClO3) инчунин тезоби хлор (V) ва ё триоксохлорат (V) ҳидроген номида шуда, ҳангоми таъсири хлор ба оби гарм дар температураҳои 343-353К ҳосил карда мешавад:
3Сl2 + 3H2O = HClO3 + 5HCl.
Триоксохлорат (V) ҳидроген дар ҳолати озод xудо карда нашудааст. Дар маҳлулҳои обй он тезоби rавй мебошад. Моддаи мазкур бо хосиятҳояш ба НNO3 ва ё «шароби шоҳ», ки оксидкунандаҳои rавиянд, монанд аст. Намакҳои ин тезобро хлоратҳо меноманд. Хлоратҳоро зимни ба маҳлули гарми ишrорҳо таъсир кардани хлори газй ҳосил мекунанд:
3Сl2 + 6КОН = КСlO3 + 5KCl + 3H2O.
Хлорати калии дар натиxаи ин таомул ҳосилшавандаро ҳангоми хунуккунии маҳлул ба намуди таҳшин xудо мекунанд, чунки он нисбат ба КСl дар об хеле кам ҳал мешавад.
Усули дигари ҳосил кардани КСlO3 ин электролизи маҳлули гарми хлориди калий мебошад.
НClO3 - ро дар маҳлули обй бо таомули зерин ҳосил кардан мумкин аст:
Ва(СlO3)2 + H2SO4 = ВаSO4↓ + 2HClO3.
KClO3 соли 1786 аз xониби олими фаронсавй Клод Луи Бертолле ҳосил карда шуд ва онро намаки Бертолле меноманд.
Нисбат ба НClО3 хлоратҳо хосиятҳои оксидкунандагии кам зоҳир менамоянд. Хлоратҳо дар натиxаи гармкунй бо ду тарз вайрон мешаванд:
А. ҳангоми мавxуд будани катализатор:
2КСlO3 2КCl + 3O2.
Б. Бе иштироки катализатор:
4КСlO3 3KСlO4 + KCl.

Хлорати калий дар саноати гeгирдбарорй, хлорати натрий ба сифати мавод барои мубориза алайҳи алафҳои бегона истифода бурда мешаванд.

Download 309.6 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   13




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling