Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО
Download 0.58 Mb.
|
Савол ва супоришҳо:
1. Чаро вазифаи хонагӣ давоми кори синфӣ номида шудааст? 2. Қобилият ва пешрафти бачаҳоро ба ҳисоб гирифта вазифа супурдан чӣ маъно дорад? Барои чӣ мо барои Иҷрои вазифаи хонагӣ вақти муайян Ҷудо мекунем? 3. Системаи вазифаи хонагии бачаҳоро оид ба мавзуи ҳиҷо ва аз сатр ба сатри дигар гузаронидани ҳиссаи калима» (синфи II) тартиб дихед ва оид бо он кори санҷиши нависед. 3. МАШҚҲОИ ТАРТИБ ДОДАНИ ҶУМЛАҲО Омӯхтан ва аз худ намудани маънои хар як калима хамон вақт ахамият пайдо мекунад, ки агар мо онро бо машқҳои ҷумласозӣ алоқаманд намоем. Аз ин ҷост, ки баъзан корҳои луғатомӯзию ҷумлатартибдихӣ бо хам омехта шуда мераванд. Аз тарафи дигар, бе ҷумла, ки воҳиди яклухти грамматика аст, тартиб додани нутқи алоқанок аз имкон берун аст. Кор бо ҷумла зинаи асосиест, ки бачаҳоро ба нутқи алоқанок, накл ва иншо тайёр мекунад. Вай характери мавсимӣ маъракачигӣ надошта, тамоми сол ҷараён меёбад. Кор бо ҷумла аз ибтидои таълими савод огоз меёбад. Бачагон тарзи аз матн Ҷудо кардан ҷумлаҳоро омӯхта, онҳоро ба калимаҳо Ҷудо мекунанд, дар оҳири ҷумла ин ё он аломатро дида мефаҳманд, ки фикр ба оҳир расидааст: худашон дар ҷумлагӯй машқ мекунанд, дар зимни ҳамин дониши нав мегиранд. Аммо гап на дар он аст, ки мо талабагонро хеле пеш дар давраи саводомӯзӣ бо унсурҳои нутқ шинос мекунем. балки дар он аст, ки ба воситаи хамин кор нутқи мадании онҳоро инкишоф медиҳем. Омили муҳими инкишофи нутқи талабагон дар давраи таълими савод кор бо ҷумла мебошад. Ана хамин чиз кори муаллимро муайян мекунад: 1. Ҷудо кардани ҷумлаҳои Ҷудогонаи нутқи мураттаб: 2. Тартиб додани ҷумлаҳои алоҳида: 3. Аз худ намудани истилоҳи «ҷумла»: Иҷрои муваффакиятноки ин вазифаҳоро ба кор бурдани тарзҳои методии зерин таъмин менамояд. 1. Сухбати аёнӣ. Муаллим ягон талабаро назди тахтаи синф даъват намуда, мефармояд, ки бурро гирад, тахтаи синфро пок кунад, хат кашад, аз шеъре ду-се мисраъ аз ёд гуфта дихад. Ба саволи муаллим: «Шамс ҳозир чӣ кор кард? бачае ҷавоб медихад: «Шамс бурро гирифт, тахтаро тоза кард, хат кашида ҷумла навишт». 2. Истифода бурдани расмҳои алоҳида ва мазмуннок. Муаллим расмеро нишон медихад, ки дар он ягон одам ё ашё масалан, духтарчае тасвир шудааст. Ба расм ном мегузоранд. (Шамсия). Расми дигареро нишон медихад ки он чо духтарак мераксад, ё менавозад. Ҷумла тартиб дода мешавад. Духтарак мераксад. Ё Шамсия пианино менавозад. Аз рӯи хамин гуна расми дигар ахли синф мустақилона ҷумла тартиб медиханд. Баъзан муаллим метавонад, бо роҳи дар тахтан синф часпондани расмҳои гуногун ягон вокеаро ифода кунад. Масалан, ӯ ба бачаҳо саволҳои умумӣ дода истода дар айни замон дар тахта расми буз, хона ва бачаҳои вай, расми гург. расми усто ва ғайраро мечаспонад, ки дар оҳир аз рӯи он расмҳо мазмуни афсонаи машҳури «Бузаки чингилапо» накл карда мешавад. 3. Ба саволи муаллим ҷавоби муфассал додан. Савол воситаест, ки хангоми ҷавоб бачаҳо ба он такя менамоянд. Аз ин ҷихат тарзи гузориши савол хеле муҳим аст. Муаллим метавонад ба воситаи саволҳои худ, аз як тараф, кори талабагонро осон намояд, аз тарафи дигар душвор. Пас аз гузоштани савол гарқи ҷавобҳои талабагон нашуда, ба маданияти нутқи онҳо эътибор бояд дод. Вай оромона калимаҳои лахчаро бо калимаҳои адабӣ иваз мекунад. 4. Тартиб додани ҷумла бо роҳи сухбат дар хусуси ягон ашё. Пахта чӣ хел аст? -Пахта сафед, сабук, мулоим аст. Пахтаро бо чӣ мечинанд? Пахтаро бо даст, бо машина мечинанд. 5. Ҷумлаҳоро тавре гузоштан лозим, ки нутқи мураттаб ҳосил шавад. Ҷумлаҳои пароканда: Вай ба бачаҳояш доимо хурок мекашонад. Лонаи ӯ аз лой аст. Дар хонаи мо фароттурук лона сохт. Ҳаво гарм шуд. Баҳор омад. Нутқи алоқанок: Баҳор омад. Ҳаво гарм шуд. Фароштурук дар хонаи мо лона сохт. Лонаи ў аз лой аст. Вай ба бачаҳояш доимо хӯрок мекашонад. Машқҳои ҷумласозӣ дар давраи таълими савод факат ибтидои кор аст. Кори асосӣ доир ба ин масъала баъдтар. яъне пас аз он ки бачаҳо ба омӯхтани мавзуъҳои грамматики-имлоӣ шурӯъ мекунанд, сар мешавад. Акнун чон машқҳои даҳанакиро бештар машқҳои хаттӣ мегиранд, доираи тахлили ҷумлаҳо низ васеъ мегардад. Мушоҳидаи нутқи бачагон нишон медиҳад, ки онҳо ҷумлаҳои худро бештар бо исмҳо сар мекунанд. Бинобар он аз ин хусусияти табиии онҳо истифода бурдан лозим. Бигузоред дар давраи аввал ҷумлаҳои худро бо исмҳои ҳос, хусусан номҳои одамон (Сангин омад. Соро мераксад. Косим месарояд), исмҳон чинс (Талабагон дарс мехонанд. Бачаҳо лолачинӣ рафтанд. Модарам дар мактаб кор мекунад. Комбайн медаравад ва мекӯбад), ҷонишинҳои шахсй (Ман дар синфи дуюм мехонам. Мо ба тамошо рафтем...сар кунанд. Вақте ки худи онҳо ҷумла тартиб медиханд, дар тахлилаш низ душворӣ намекашанд: онҳо саволҳои «Дар ҷумла сухан дар бораи кӣ (чӣ) меравад?» ва «Дар бораи он дар ҷумла чӣ гуфта шудааст?»-ро бо осонӣ гузошта метавонанд. Ин корро аз рӯи расмҳои Ҷудогона ҳам машқ кунондан мумкин. Масалан, дар китобҳо расмҳои монтёр, духтур, чӯпон кашида шудаанд. Муаллим расмҳоро нишон дода мепурсад, ки дар хусуси (монтёр, духтур, чӯпон) чӣ гуфтан мумкин аст. Дар барномаи синфҳои ибтидоӣ омӯхтани якчанд мавзуъҳои синтаксисӣ пешниҳод карда шудааст. Муаллимон бояд дар назар дошта бошанд, ки хангоми омӯзондани ин мавзӯъҳо ҷиҳати амалии онҳо дар мадди аввал меистад. Гирем як лаҳзаи дарсеро, ки дар он бачагон бо сараъзоҳои ҷумла ба таври амалӣ шинос мешаванд. МУАЛЛИМ: Ба расм нигаред: Ин чо кӣ тасвир карда шудааст? Биёед, ба он номи тахмини мегузорем. (Номаш Восев). Аз рӯи хамин расм ҷумла тартиб медихем. Ҷумлаи мо дар бораи Восеъ гуфта мешавад. Хеле хуб. Барои хамин хам калимаи Восеъ дар аввали ҷумла меистад. Дар ҷумлаи мо сухан дар бораи кӣ меравад? Акнун дар бораи Восеъ як ҷумлаи кӯтоҳе тартиб дихед. ки факат аз ду калима иборат бошад. Бисёр хуб. (Восеъ менавозад). Бисёр хуб. Калимаи якуми асосӣ? (Восеь). Калимаи дуюми асосӣ? (менавозад). Офарин. Ҳар дуи ин калимаҳо калимаҳои асосӣ мебошанд, чунки мо аз онҳо ҷумлаи бутун сохтем. Восеъ менавозад. Калимаи якуми асосӣ кадом аст, Калимаи дуюми асосӣ-чи? Дар ин лахзаи дарс талабагон на танҳо бо калимаҳои асосӣ (сараъзоҳои ҷумла) шинос мешаванд, инчунин онҳо тарзи тартиб додани ҷумларо машқ мекунанд. Ин корро аз рӯи аломатҳои шартии аъзоҳои ҷумла низ давом додан лозим. Масалан, пас аз гузаштани мубтадою хабар (синфи 11) талабагон мефаҳманд, ки зери мубтадо як хат ва зери хабар ду хатти рост мекашём. Муаллим хамин аломатҳои шартиро кашида таъкид мекунад, ки ҷумла фикр кунанд. Лола шукуфт. Минбаъд баробари омӯхтани дигар аъзоҳои ҷумла ин корро давом медихем. Ин кор хам нутқ ва ҳам тафаккури мантикии бачаҳоро инкишоф медиҳад. Мо дар ин маврид аломатҳон шартиро хамчун воситаи тартиб додани ҷумла истифода мебарем. Дар мавриди дигар-ёфтани калимаҳои зарурӣ воситаи хуби муайян кардани аъзоҳои ҷумла, хусусан мубтадою хабар мегардад. Масалан: Офтоб баромад Гул шукуфт Хазанда мехазад Кабк Моp медамад месарояд Разно мепарад Сабза Мехазад Бачаҳо калимаҳои хар ду сутунро ҳонда, баъд аз чуфтҳои Мувофик ҷумла тартиб медиханд, ки онҳо ҷумлаҳои соддаи гайритафсилиро ташқил медиҳанд. Раъно месарояд. Мор мехазад. Кабк мепарад. Сабза медамад.... Хелҳои дигари машқҳои ҷумласозиро номбар мекунем. 1. Ба савол бо ҷумла ҷавоб додан. 2. Ба ҷумла ва аъзоҳои он савол гузоштан. 3. Баргардондани ҷумлаҳои гайритафсилӣ ба тафсили (Баҳор омад. Баҳори гулпӯш омад). Гул шукуфт. Гули садбарг шукуфт. 4. Тартиб додани ҷумлаҳо доир ба ягон ашё ва мавзӯи муайян. 5. Иваз кардани калима ва ё воситаҳои грамматикии ҷумла Раъно месарояд. Раъно мераксад Ҳасан бо ҷосус дучор омад. Ман бо ҷосус дучор омадам). 6. Ба воситаи расмҳо тартиб додани ҷумлаҳои чидааъзо (Дар бог.........ва... мерӯяд). 7. Аз калимаҳои додашуда тартиб додани ҷумлаҳо. Тартиб додани ҷумла аз калимаҳои Ҷудогона, кариб дар аксарияти дарсҳои забон истифода бурда мешавад. Талабагон бо як ва ё гурӯҳи муайяни калимаҳо ҷумла тартиб медиханд. Ахамияти ин кор боз хамон вақт меафзояд, ки агар ҷумлаҳои тартиб додаи бачаҳо дар як мавзӯи муайян бошад. Масалан: Дар натичаи ин кор бачаҳо ба моҳияти вокеа нагзтар сарфахм мераванд. Аз тарафи дигар, накши коидаҳои грамматикиро дар дигар кардани замони вокеа дарк менамоянд. Дар ин ва дигар мавридҳо муаллим вазъияти проблемавиро ба амал оварда меистад: «Ба фикри шумо, чаро ин гуна вокеа руй дод?» «Барои чӣ...?» Талабагон ба ин гуна саволҳо фаъолона ҷавоб фикр менамоянд. Баъзан таҳсину офарин, суханҳои рӯхбахши муаллим («Офарин!», «Хеле хуб». «Ана акнун ба кори дигар мегузарем». «Дар ин дарс савол доданро ёд мегирем», «Ана дар ин дарс ба саволҳо ҷавоб доданро меомӯзем». «Пеш аз Иҷрои амал аввал фикр мекунем, ки...») низ кобилияти дарк ва маърифатчӯии бачаҳоро вусъат медиҳанд. ФАҲМИДАН ВА ҶАМЪБАСТ КАРДАН Дар фаъолияти таълимии бачаҳо чои асосиро. фаҳмидани мазмуни қоидаи мавзӯъ ва моҳияти он ишғол ме намояд. Ҳар чиро, ки бача дар машғулиятҳои грамматикаю имло мешунавад, мебинад, мехонад ва амалан Иҷро менамояд, бояд бифахмад. Ҷараёни фахмидан бо дарки моҳияти масъала пайваста мегузарад. Аз ин рӯ, дар назди талаба вазифа гузошта мешавад, ки ҳодисаҳои дарк кардаашро тахлилу таркиб намуда, монандӣ ва фаркияти онҳоро муайян кунад, хулоса барорад, ҷамъбаст намояд. Фаҳмидани коидаҳои абстракти забон кори сахл нест. Барои он ки бача моҳияти ин ё он коидаро дарк карда бифахмад, масъалаҳои дигари ба он вобастаю алоқамандро сарфахм равад. Ин бе далелҳои зиёд, бе тахлили мисолҳо ба даст намеояд. Масалан, барои он ки бачаҳо фаҳманд «Пешояндҳо калимаҳоро дар ҷумла алоқаманд менамоянд. бояд чанд амалиёт гузаронда, чанд калимаю ҷумлаҳоро муқоиса намоянд. Мулоҳиза фармоед: «Ман ягон кор доред?» ва <<Ба ман ягон кор доред?» Дар мавриди аввал чор калима (ман, ягон, кор, доред) шунавандаро дар вазъияти нокулай мемонад ва ҳамаи ин танҳо бахри он аст, ки барои ҷумла шудану алоқа пайдо кардани он чор калима як калимачаи дигар «ба» намерасад. Ҳамин ки он (ба) чояшро мегирад, алоқа таъмин мегардад. Вақте ки ин гуна мисолҳо якчандто тахлил карда мешаванд, баъд дар хусуси коидаи пешоянд маълумот медихем, яъне боварӣ ҳосил мекунем, ки бачаҳо фахмиданд, вале боз онро дар мисолҳои дигаре бояд санҷид. Гуфтаҳои болоро чамъбаст карда ба хулосаҳои зерин меоем: 1) барои фаҳмидани коидаҳои грамматикӣ-имлоӣ галабагон бояд кобилияти таҳлилу таркиб кардани далелҳоро дошта бошанд: 2) азбаски коидаҳои забон дар шакли абстрактанд. бачаҳо хам абстракт фикр карда натича бароварданро ёд гиранд: <<Агар одам, талаба, муаллим, тракторчи коргар. фалакпаймо...» ба саволи кӣ? ҷавоб шаванд, пас ҳамаи исмҳое. ки ба одам далолат мекунанд, ба саволи кӣ? ҷавоб мешаванд»: 3) хар як хулосае, ки баъди тахлили мисолҳо бароварда мешавад, бояд санҷида муқоиса карда шавад: 4) тадриҷан дар мактаббачагони хурдсол чунин кобилияте тарбия карда шавад, ки онҳо на танҳо коидаҳои грамматикӣ-имлоиро фаҳманд. Инчунин фахмидагиашонро ба дигарон фахмонда дода тавонанд. Чизи Барои ин, омӯзгорони арчманд, ба шогирдонатон имконият дихед, ки хар амалеро, ки анчом медихед, пешакӣ ва ё дар ҷараёни фаъолият бо овози баланд шарх диханд. Талаба метавонад хам аз ҷойи нишастааш шарх дихад, хам вақте ки назди тахтаи синф меояд. Барои мисол: Ҳоло ман нукта мегузорам. Ана ин нуктаи якум, ва баъд нуктаи дуюм. Нигох кунед, аз як нукта ба нуктаи дигар хат мекашам... ҷумларо мехонам: Точикистон Ватани мо мебошад. Ҷумла аз чор калима иборат. Ҳам Точикистон ва хам Ватан исми ҳосанд. Ин калимаҳо барои мо яккаю ягонаанд. Аввали ҳар ду калимаро бо харфи калон менависем. Дар оҳири ҷумла нукта мегузорем. Пас аз нукта ҷумлаи дигарро бо харфи калон сар мекунем... Ҷумларо мехонам: Фасли зимистон аз мохҳои декабр. январ ва феврал иборат аст. Менависем. Калимаи зимистонро дуруст нависед... Баъди калимаи декабр вергул мегузорем, аъзои чидаро Ҷудо кардааст. Пайвандаки ва аз калимаҳои дигар Ҷудо навишта мешавад. Ва барои пайвастани аъзоҳои чида омадааст... МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ДОНИШ. Дар системаи дарсҳои грамматика ва имло мавкеи асосиро мустахкам намудани донишҳои гирифташуда ишғол менамояд. Ин бесабаб нест. Қоидаҳои грамматикӣ-имлоиро ки характери абстрактй доранд, агар мустахкам накунем. дар ҳотир дер намемонанд. Аз ин ҷост. ки ҷараёни мустахкамкунӣ аз лахзаҳои аввали омӯхтани коидаҳо, яъне баробари дарк кардану фаҳмидани онҳо сар мешавад. Муаллим вобаста ба вақту имконияташ дар ин маврид ду-се мисол тахлил намуда як-ду машқ мегузаронад. Аммо дар дарсҳон минбаъда, ки мавкеи асосиро машқ ишғол менамояд. ҷумлаҳои зиёде тахлил мекунад. Худи бачаҳо мисолҳо оварда донишҳои гирифтаашонро мустахкам менамоянд. Бори дигар ба мустаҳкам намудани мавзӯъ дар вақти такрору ҷамъбасти мавзӯъҳо бармегардем. Умуман, дар кори мустахкам намудани коидаҳои грамматикӣ-имлоӣ тарз ва воситаҳои ҳондани коида ва машқҳо, тахлили грамматики, машқҳои гуногуни имлоӣ ва услуби луғавй-лексикӣ ва ғайраро ба кор мебарем. 17. ВАЗИФАИ ХОНАГИ ДАВОМИ КОРИ СИНФИ Вазифаи хонагӣ давоми кори синфӣ буда, бо он зич алоқаманд аст. Вазъияти Иҷрои вазифа ба он вобаста аст, ки чи тавр бачаҳо мавзӯъро дар синф фахмидаанд ва чӣ тавр муаллим ба хона вазифа супурда аст. Бинобар он ба тарзи супориши вазифаи хонагӣ хам баъзе талабҳо гузошта мешаванд: ба назар гирифтани дониш, қобилият ва пешрафти гурух ва ё талабагони алоҳида: 2) ба ҳисоб гирифтани вақти Иҷрои вазифа: 3 дар вақти худ супурдани вазифа ва фахмо будани тарзи Иҷрои он. Агар мухтасар карда гӯем. масъалаҳои ташқилии вазифаи хонагӣ бояд ба саволи зерин ҷавоб дихад: «Чиро ва чӣ тавр бояд супурд?» Дар вақти супурдани вазифаи хонагӣ ба назар гирифтани дониш, пешрафт ва қобилияти бачагони алоҳида шарт аст. Дар акси ҳол ба он максаде, ки мо баробари супурдани вазифа дар наздамон мегузорем, пурра расида наметавонем: як гурӯх талабагон, ки хеле нагз мехонанду пешкадаманд, ин гуна вазифаро бе ягон душворӣ иҷро менамоянд. Вақте ки шахс дар Иҷрои ин ё он супориш андаке хам бошад фикр намекунад, яъне фикр ба мукобилият дучор намешавад, заҳмат намекашад, зехн тараққӣ намекунад. Баръакс, вақте ки тамоман аз ухдаи Иҷрои он намебарояд, дар ин маврид ҳам натичаи мусбатро гумон доштан амри маҳол аст. Бинобар он вақте ки муаллим ба ахли синф вазифа месупорад, вазифаи бачагони алоҳидаро низ таъкид менамояд. Масалан, баъди гузаштани дарси аввали мавзӯи «Номи ашё» (синфи 11) ба ахли синф вазифа месупорем, ки номҳои ашёи рӯзгори хонаатонро навишта ба ҳар яки он саволи Мувофик гузорем. Вале ҳамоно ба ҳотирамон мерасад (ин пешакӣ хам ба нақша гирифта шудааст), ки 5-6 кас алфавит (тартиби харфҳоро) намедонанд. Ана ба хамин бачаҳо алоҳида таъкид менамоем, ки шумо номҳои асбобҳои рӯзгори хонаатонро бо тартиби алфавит навишта биёед. Ин тарз вазифа супурдан имконият медихад, ки аз як тараф, чои камбудии дониши талабагони алоҳидаро пурра намоем, аз тарафи дигар, барои инкишофи пешрафти ҳар як фард имконият дихем. Бисёр муаллимон вақте ки вазифа месупоранд, гумон мекунанд, ки бачаҳо дар хона танҳо ҳамон супоришро Иҷро мекарда бошанд, ҳол он ки ин тавр нест. Талаба дар синф аз кадом фанне, ки дарс хонад, аз ҳамааш ба кадри ҳол вазифа мегирад ва хамааш муҳим аст: забони модарӣ, забони русӣ. математика, расм, суруд, таълими мехнат... Бинобар ин он вақти умумие, ки дар хуччатҳои мактаб барои хар як синф мукаррар шудааст, ба ҳамаи фанҳо дахл дорад, он вақти умумӣ барои талабагони синфҳои ибтидоӣ ин тавр аст: Синфи 2 то 40-50 дакика Синфи 3 то 1 соат Синфи 4 то 1,5 соат Ин меъёрро риоя карда ба он кӯшидан лозим, ки талабаи синфи 11 вазифаи хонагиашро аз забони модарӣ дар муддати 20-25, талабаи синфи 330-35, талабаи синфи 4 35-40 дакика Иҷро кунад. Бачаҳоро мунтазам огох карда меистем, ки аввал вазифаҳои хаттӣ ва баъд дахонакиро Иҷро кунанд. Мо дафтарҳои зиёдеро аз назар гузаронида, манзараи ачиберо мушоҳида кардем: талабаҳо давоми ду соати дарс 67 ё 10-12 калима навиштаанд, вале дар хона машқеро рӯбардор намудаанд, ки аз 65-70 калима иборат аст. Аз ин чи хулоса меояд? Муаллим дар синф вақтро бехуда гузаронда гуноҳи худро ба гардани талабаҳо партофтааст ва меҳохад. ки ба ин восита камбудии худро ислоҳ намояд. Ҳол он ки баръакс бояд шавад: агар талаба дар синф 60 калима нависад, дар хона бояд аз 20 калима (яъне аз се як ҳиссаи кори синфӣ) зиёд набошад. Шарти дигари Иҷрои вазифаи хонагӣ дар вақти худ супурдани он аст. Вазифа ба хеч вачх саросема, баробари занг зада истодан ва ё баъди занг супурда намешавад. Вазифа хамеша баъди мустахкам намудани мавзӯи нав ва пеш аз чамъбасти дарс супурда мешавад: Барои мактаббачаи хурдсол танҳо номбар кардани параграфи китоб ва раками машқ кифоя нест. Муаллим параграф ва раками машқро дар чои намоёни синф навишта, саҳифаи онро аз китоб нишон медихад, бачаҳо кайд карда мегиранд. Пас аз ин тарзи иҷрои вазифа нагзакак фахмонда мешавад, яъне муаллим як ду ҷумла ҳонда чи тавр амал карданро нишон медихад ва хатто тарзи Иҷрои вазифаро аз як ду нафар мепурсад. Хеч гох дар синфҳои ибтидои вазифаҳои хавой, яъне бе чор манбаъ дода намешавад. Масалан, баъзе вақтҳо муаллимон чунин вазифаҳо месупоранд: «Дар хона аз худатон се ҷумла навишта биёед!», «Аз китоб ё рӯзнома ду се ҷумла навишта зери исмҳояш хат кашёд!». «Дар мавзӯи «Ман ба модарам чӣ гуна ёрӣ мерасонам» ҳикояча нависед!». Ин гуна вазифаҳо бо тамоми зарурияташон норавоанд. Мазмуни вазифа кисман дуруст бошад ҳам, тарзи супориши он нодуруст аст. Дар мавридҳое, ки муаллим берун аз машқи китоби дарей вазифа месупорад (ин мумкин аст), бояд ибтидои Иҷрои он дар синф огоз ёбад. Чунончи, баъди мустахкам намудани мавзӯи «Пасвандҳои исмсоз» диққати бачаҳоро ба калимаҳои нав чалб менамоем (гулзор, кӯҳсор. баррача. тракторчи). Баъди он ки талабагон ин калимаҳоро дар дафтарҳо навишта аз ҷихати овозию ҳарф таҳлилу таркиб карданд, ба хона вазифа месупорем, ки бо ҳамин калимаҳо яктогӣ ҷумла навишта оянд. Мисоли дигар. Меҳохем, ки бачаҳо дар хона хамчун вазифа ҳикоячае тартиб диханд. Дар ин маврид баъди мустахкам намудани мавзӯъ диққати ахли синфро ба ягон мавзӯи аник ҷалб намуда, мазмуни онро ҳотиррасон мекунем. савол ва нақшаашро тавсия менамоем (албатта, бо хамроҳии худи бачаҳо), таъкид мекунем, ки дар ҳикояи шумо бояд ана ин калимаҳо навишта шаванд (рӯйхати калимаҳоро хам медихем). Қисми бокимондаи корро талабаҳо дар хона давом медиханд. Ба зарурияти масъала ва вазифа зехн монед: ба мо хамчун омӯзгор лозим нест, ки хар кас ҳар чӣ бинависад, балки онро бинависад, ки зарур аст. Мо медонем, ки талабаҳо дар калимаҳои ҳарфҳои такрордор доимо хато мекунанд. Махз хамин гуна калимаҳоро месупорем, ки бори дигар бо онҳо ҷумла тартиб диханд. 4. НУТҚИ МУРАТТАБ ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ Мо дар вақти баёни корҳои луғатомӯзӣ ва машқҳои ҷумласозӣ, хусусан, алоқаи имлои интиҳобию эчоли намунаҳои нутқи мураттабро нишон додем. Вале дар хусуси ин гуна нутқ ва моҳияти он дар инкишофи нутқи бачаҳо алоҳида истодан лозим меояд. Вобаста ба ибораи «Нутқи мураттаб», ки дар барномаи солҳои оҳир бо ҳарфҳои сиёх навишта шудааст. саволҳои зе рин ба миён меоянд: 1. Нутқи мураттаб чист? 2. Мавкеи нутқи алоқанок дар дарсҳои забони модарӣ ва баръакс, накши дарсҳои забони модарӣ дар тарбияи хамин гуна матиҳо дар бачагон аз чй иборат аст. 3. Аҳамияти нутқи мураттаб дар инкишофи нутқи гуфторию навиштории талабагон аз чӣ иборат мебошад? Қисми зиёди дарсҳои забони модариро машқ ишғол мекунад. Аз ин рӯ, дар китобҳои дарсӣ машқҳои гуногун ба таври фаровон дода шудаанд. Махсусан, дар китобҳои дарсии ҳамгирои забони модарӣ матнҳои хониш хеле фаровонанд. Дар китоб хамаи мавод-ҳам калимаю ҷумлаҳои Ҷудотона ва хам порчаҳои алоҳида машқ номида шудаанд. Вале Мо хамаи машқҳоро нутқи мураттаб гуфта наметавонем. Пас, нутқи мураттаб чист? Ду ва ё зиёда ҷумлаҳои мантикан бо хам алоқаманд, ки дар як мавзӯи муайян гуфта шудааст. нутқи мураттаб мебошад. Ба ин тарик, дар байни ҷумлаҳои нутқи алоқанок хатман аз ягон ҷихат алоқаи мантикӣ дида мешавад. Масалан, матни зеринро гирем: Баҳор омад. Ҳаво гарм шуд. Сабза дамид Дуруст аст, ки ин чо се ҷумла буда дар хар ҷумла сухан дар бораи ягон ҳодиса ё чизи муайян меравад. Дар ҷумлаи якуми сухан дар бораи баҳор, дар ҷумлаи дуюм дар бораи хаво ва дар ҷумлаи сеюм дар бораи сабза меравад. Вале мо дар байни ин ҷумлаҳо алоқаи мантикиро мушоҳида мекунем ва барои фахмидани ин алоқа савол мегузорем. Гарм шудани хаво ба омадани баҳор. ё ки дамидани сабза ба гарм шудани хаво чӣ дахл дорад? Ҳамин гуна саволро мо, масалан, дар байни ҷумлаҳои «Бачаҳо ба тамошо рафтанд». «Ҳочаги ҳосили фаровон гирифт» гузошта наметавонем. Чаро? Чунки ҳосили фаровон гирифтани ҳочагӣ ба тамошо рафтани бачаҳо дахле надорад, ин ҷумлаҳо мантиқан бо якдигар алоқаманд нестанд ва онҳо нутқи мураттабро ташқил карда наметавонанд. Дар дарсҳои забони модарӣ нутқи алоқанок бояд мавкеи асосиро ишғол кунад. Аввал ин ки. нутқи алоқанок омӯхтани грамматикаро барои бачаҳо фахмо мегардонад. талабагон мавкеи коида ва шаклҳои грамматикаро дар нутқи худ ҳис кардан мегиранд. Дуюм ин ки, нутқи алоқанок ба инкишофи малакаҳои грамматикии бачаҳо ва нутқи хаттию дахонакии онҳо кӯмак расонда саводи имлоияшонро баланд мебардорад. Сеюм ин ки, нутқи алоқанок асосан махсули кори эчодй ва мушоҳидаҳои бачагон мебошад. Муаллим метавонад онро аз рӯи матнҳои хониши эзохӣ низ супорад. Аз ин рӯ, мо метавонам гӯем, ки нутқи мураттаб дар бобати ҳамгироии дарсҳои грамматикаю имло бо хониши эзоҳи воситаи хубест. Ниҳоят, ахамияти тарбиявӣ-педагогии нутқи алоқанокро на бояд фаромӯш кард. Вай амалиёти талабагонро фаъол мегардонад, дарсҳои забони модариро шавқовару рағбатнок мекунад. Доираи машқҳое, ки бо максади нутқи алоқанок интиҳоб карда мешаванд, танг нест. Онҳоро хангоми гузаштани хар як мавзӯи грамматикӣ-имлоӣ ба таври васеъ ба кор бурдан мумкин аст. Масалан, мавзӯи феълро гирем. Мувофики пешниҳоди барнома талабагон аз синфи 3 сар карда бо замонҳои феъл шинос мешаванд. Бинобар он машқҳои аввалини услубӣ аз он иборатанд, ки бачаҳо чи дар нутқи дахонаки ва чи хаттиашон иваз кардани замонҳои Феълро ёд гиранд. Дар натичаи ба чои замони гузашта истифода бурдани замони ҳозира бачаҳо ҷараёни вокеаро ба хубӣ ҳис мекунанд, амалиёт дар пеши чашмони онҳо мегузарад. Ин корро фавран баъди шинос кардани талабагон бо замонҳои феъл машқ кунондан лозим: малакаҳои грамматикии бачагон мустаҳкам мешавад. Ба сифати маводи таълим муаллим метавонад машқҳои китобҳои дарсии забони модарӣ ва матнҳои хонишро истифода барад. Инак, машқи китоб. «Зарринаи хурдакак сари дастарҳон нишасту даст ба себи хубонӣ бурд. Аммо табассуми падарашро дида, андаке ҳиҷолат кашиду себро ба чояш гузошт. -Гир, гир, духтарам. Ин барои хӯрдан аст, на барои тамошо, бо мехрубонӣ рӯ овард падараш. Заррина себро газида маънидорона ба акааш Сӯҳроб ва апааш Лутфия нигарист»1... Нутқи мураттаби талабаҳо: <<Ман сари дастарҳон нишастаму даст ба себи хубони бурдам. Аммо табассуми падарамро дида, андаке ҳиҷолат кашидаму себро ба чояш гузоштам. -Гир, гир. Духтарам. Ин барои хӯрдан аст, на барои тамошо бо мехрубонӣ рӯ овард падарам. Ман себро газида маънидорона ба акаам Қосим ва апаам Чи тавре ки мебинем, ин гуна машқҳо шавки бачаҳоро Зухро нигаристам». Ҷихати таъсирнокии ҳикояро зӯр мекунад. Ҳамин тавр, бачаҳо метавонанд дар муддати таълими «Фел» ду-се бор накли хаттӣ, иншо навишта ба чои шахси сеюм худашон, яъне шахси якум ва ба чои иштироккунандагон номҳои одамони ба худашон наздикро гузоранд. Тартиб додани ҳикоячаҳо, ки дар якеи он феълҳо ба саволи чӣ кор кард? ва дар дигараш чӣ кор мекунад? ҷавобшаванд. Мушоҳида нишон медихад, ки ин хели машқи услуби хеле завковар аст. Дар ин маврид муаллим ин ё он мавзӯъро номбар карда феълҳоро низ навишта мемонад. Масалан: «сайругашт», феълҳо: омад, гирифтанд, бозӣ карданд, чинданд, дам гирифтанд, савор шуданд, пеш гирифтем. <<Баҳор омад. Мо ба сайругашт то доманаи кух рафтем. Он чо хеле бозӣ кардем, дам гирифтем, лола чиндем. Баъди пешин автобус омад. Мо роҳи шахрро пеш гирифтем». Бачаҳо баъди навиштани ин машқи услуби ба зери Феълҳо хат мекашанд ва саволҳои мувофиқ мегузоранд. Иншо аз рӯи расм машқи муҳими таълими нутқи алоқанок мебошад. Муаллим расми «ҳушёрӣ»-ро пешниҳод карда таъкид мекунад, ки аз рӯи мазмуни он иншо навишта, ба зери феълҳо хат кашёд. Ана, иншои хонанда Воҳид. «Рӯзе Далер сархадро хушёрона посбонӣ мекард. Дар хамин вақт аз даруни ҷангал як марди миёнакаде баромад. У дар тан чома, дар миён яккабанди шоҳӣ, дар сараш салла ва дар пояш мӯза дошт. Далер аз ҳаракатҳои ӯ фаҳмид, ки вай чосус аст. Баъд ӯ ба ҷосус милтикашро рост кард. Ҷосус фаҳмид, ки агар таслим нашавад, мепарронад. Бинобар ин у ласташро боло кард». Вобаста ба матнҳои хониши эзохӣ ва маводи грамматики-имлоӣ дар синфҳои ибтидоӣ оид ба нутқи алоқанок талаботи зерин гузошта мешавад: СИНФИ 1. Накл карда тавонистани мазмуни як ва гурӯҳи расмҳо аз рӯи савол. Тартиб додани ҳикоя (даҳанакӣ) дар бораи бозӣ, машгулият ва дигар хел чизҳои дидаю шунида. Download 0.58 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling