Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО


Download 0.58 Mb.
bet1/6
Sana30.01.2024
Hajmi0.58 Mb.
#1817055
  1   2   3   4   5   6

ХАТОҲОИ УСЛУБӢ ВА ТАРЗҲОИ ИСЛОҲИ ОНҲО
Дар натиҷаи рӯй додани галатҳои имлоӣ шакли калима вайрон шуда, баъзан маънояш низ тағйир меёбад (бур ба ҷои бур, хунук ба ҷои тунук...). Аммо хатоҳои услубӣ ҳусни ифода ва ҷумларо халалдор мекунанд. Ин гуна хатоҳо беш тар дар вақти мустақилона навиштани нақли хаттӣ, иншо, ба саволҳо ҷавоб навиштан, мактуб, хабар, умуман ҳамаи намудҳои корҳои хаттие, ки Тарҳи эҷоди доранд, содир мегарданд. Дар корҳои хаттии талабагони синфҳои ибтидоӣ асосан хатоҳои услубии зерин характерноканд: мувофиқат накардани мубтадою хабар, партофтани калимаҳои ҷумла, нодуруст кор фармудани аъзоҳои ҷумла ва калимаҳои алоҳида, хусусан калимаҳои наздикмаъно, такрори бехуда.
Пешгирӣ ва ислоҳи хатоҳои услуби ҳамчун хатоҳои имлоӣ зарур ва муҳим мебошад. Ин кор асосан дар дарс хангоми таълими ҳамаи фанҳо, хусусан дар дарсҳои забони модарӣ ба ҷо оварда мешавад. Пеш аз ҳама нуксонҳои услубии нутқи дахонакии бачаҳоро бояд ислоҳ кард. Зеро таъсири нутқи дахонаки ба хаттӣ хеле калон аст. Камбудиҳои услубии нутқи хаттиро муаллим ҳамчун кори муҳим ба нақша гирифта, баъди аз назар гузарондани хар як хели кори хаттӣ ислоҳ менамояд, яъне шакли дурусти ҷумларо навишта мемонад. Масалан, талаба навиштааст: «Офтоб баромад. Офтоб ҳама чоро гарм кард». Маълум, ки сабаби аз камтаҷрибагию ҳанӯз маҳорат пайдо накардан бача ба такрори калима рох дода, офтоб»-ро ду бор навиштааст. Муаллим дар ҷумлаи дуюм калимаи «офтоб»-ро хат зада бар болояш калимаи «Вай»-ро навишта мемонад. Дар баъзе корҳои методи кайд карда шудааст, ки муаллим зери ҷумлаҳои хатошуда хати мавчнок кашида, дар ҳошияи дафтар аломати савол ва ё ҳитоб гузорад. (Маънои аломати савол дар ҷумла фикр норавшан, номаълум, аломати ҳитоб бошад ҷумла нодуруст). Ин тарзи ислоҳи хатоҳои услуби ва ишораҳо характери абстракт дошта бештар барои мактаббачагони синфҳои боло мувофиқ аст.
Агар дар матнҳои навиштаи талабагон хатоҳои услуби бисёр руй дода бошанд, бехтараш баъди иловаю ислоҳи муаллим он такроран рӯбардор карда шавад. Бо супориши муаллим талабагон матни рӯбардор кардаашонро бо нусхаи аввалааш (нодурусташ) муқоиса намуда, ба нуксонҳои корашон сарфаҳм мераванд ва кӯшиш менамоянд, ки минбаъд ба содир намудани чунин хатоҳо роҳ надиҳанд.

ДАРСҲОИ ЗАБОНИ МОДАРИ


Таълими савод ба оҳир мерасаду дарсҳои забони модарӣ ва иикишофи нутқ сар мешаванд. Дар ин гуна дарсҳо талабагон на танҳо маҷмӯи муайяни донишҳо гирифта, як қатор маҳорату малака пайдо мекунанд, инчунин мактаби бузурги тарбияро гузашта, қобилият ва пешрафташонро таъмин менамоянд.
Дарсҳои забони модарӣ чун дарсҳои фанҳои дигар пеш аз хама, бо мақсаднокии худ фарқ мекунанд. Дарс ҳамон вақт ба мақсади худ мерасад, ки агар муаллим мавзӯъ ва вазифаҳои онро ба таври возех пешакӣ тасаввур намуда, маводи заруриро интиҳоб карда нақшаи аниқ ва равшан тартиб дода бошад. Тамоми равиши дарс, чи тавре ки маълум аст, аз як чанд лаҳза ё марҳилаҳо иборат мебошад. Вазифаи муаллим он аст, ки мақсад, мавод ва тарзҳои методии хар як лаҳзаро муайян намуда, алоқаи байни онҳоро таъмин карда тавонад.
Дарс, пеш аз ҳама, колаб нест. Бинобар он, эхтимол, дар раванди кор баъзе кисмҳои нақша нагузашта монад ва ё баръакс назар ба чизи дар нақша нишон додашуда зиёдтар гузашта шавад (ин, алббата, ба шароит ва дараҷаи тайёрии талабагон ва маҳорати педагогии муаллим вобастааст). Вале равиши умумии дарс, ки муаллим пешакӣ муайян кардааст, ба ӯ имконият медихад, ки яклухтӣ ва самаранокии дарсро таъмин намуда, вақтро сарфа кунад.
Муаллим дар нақша якчанд савол фикр мекунад, ки онҳо ҳангоми гузаштани мавзӯи нав, мустахкам кардани он ва ғайра ба талабаҳо дода мешаванд. Саволҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки дигар луқмадиҳиро талаб накунанд.
Дар вақти ташқили кори мустақилона, хусусан дар синфҳои 1-2 дар ҳол тарзи иҷрои онро фаҳмондан ва нишон додан лозим (чанд сатр партофтан лозим, матн ба тариқи сутун навишта мешавад ё не, бо харфи калон навиштани калимаҳои Ҷудогона...).
Камбудии умумии дарсҳои забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз он иборат аст, ки: 1) дар назди хар як дарс мақсади муайяне гузошта намешавад; 2) худи муаллим бештар гап мезанад; 3) бисёртар вақт ба сӯхбат, нақлкунӣ мегузарад, бачаҳо бе кор мешинанд. Ҳол он ки чун қоида «бачаҳо бояд дар дарс»-ҳои забони модари ҳарчи бештар хонанду нависанд, зеро саводи онҳо асосан дар натиҷаи хатнависӣ мебарояд.
Дар дасти мо дафтарҳои талабагони мактабҳои гуногуни шахру деҳот нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамин дафтарҳоро аз назар гузаронида метавон ба кори муаллим баҳо дод. Кас пеши худ савол мегузорад, ки талабагони синфи II, III ва IѴ давоми ду соат (дарсҳои забони модарӣ асосан ба тариқи чуфт гузошта шудаанд) дарс ба чӣ корҳо машғул шудаанд. Дар дафтарҳо аз 5, 6, 7, 10, 12 калима 2-3 ҷумла зиёд дигар чизе нест. Баръакс, талабаҳо дар хона бештар менависанд, нисбат ба дарс дар синф. Ҳайфи вақт!
Ба ин ду соат дарс, ки муаллим рӯзи бистуми октябр гузаронида аст, зехн монед. Талаба дар имлои ум ва чонишинҳои саволии кӣ ва чӣ хато зоҳир кардааст. муаллим тарзи ислоҳро нишон надода, баҳои «5» гузоштааст. Вале гап дар ин хам нест. балки дар он аст, ки талабаҳо давоми ду соат дарс (90 дақиқа) ба чӣ кор машғул шудаанд, муаллим дар куҷо буд? Ана барои чӣ мо «хайфи вақт» гуфтем.
Муқоиса кунед: давоми ду соат дарс ҳамагӣ 3 калима (вай, Сурҳоб, Ҳасан) навишта, савол гузоштааст. Рӯзи дигар. 21-уми октябр дар хона 26 калима навишта савол гузоштааст, яъне кори хона 9 баробар зиёд аст ин вазъият тоқатнопазир аст ва ба саводнокию пешрафти талабаҳо хеч мусоидат намекунад. Самаранок истифода набурдани вақт бар зарари таълим аст.
Агар муаллим нақшаи дарс, саволу супоришҳои онро пешакӣ фикр карда вақтро самаранок истифода мебурд барои корҳои мутақилонаи талабагон бештар вақт мемонд ва онҳо то 45-50 калима навишта метавонистанд.
Дар вақти баёни мавзӯи нав муаллим метавонад ба дониши пештараи талабагон ва таҷрибаи хаётии онҳо такя намояд. Масалан, ҳангоми дар синфи 3 ё 4 гузаштани исм, сифат ва феъл муаллим метавонад ғайр аз матни хониш калима ва ҷумлаҳои худи бачаҳоро истифода барад, зеро онҳо бо калимаҳои ифодакунандаи ашё, аломати ашё ва харакати он шиносанд.
Тарҳи амалии забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ имконият медихад, ки баъзан мавзӯи навро ба талабагон ба воситаи мисолҳои худи онҳо фахмонем. Вале барои он ки мисолҳои дар ибтидои дарс тартиб додаи бачаҳо ба мавзӯъ мувофиқат кунанд, якчанд савол додан лозим. Савол дар ин маврид воситае мегардад, ки бачаҳо ба он такя карда амал мекунанд.
Дар вақти мустахкам намудани дониши навакак гирифтаи талабагон бо фаъолиятнокии худи онҳо такя кардан лозим аст. Чун дар лаҳзаҳои дигари дарс дар ин лаҳзаи он хам икишофи фикри бачагонро фаромӯш кардан лозим нест. Бо ин мақсад машқҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст рӯнависии интиҳобӣ, имлои интиҳобӣ, кор бо варакаҳои грамматикӣ, аз тарафи талабагон тартиб додани ҷумлаҳо нақша, нақл, иншо ва ғайра.
Вобаста ба шароити маҳал талабагон дар лаҳзаҳои гуногуни дарс корҳои хархелаи мустақилонаро ба ҷо меоранд: дар як маврид худашон мустақилона мисолҳо фикр мекунанд, ё аз китобҳо интиҳоб менамоянд, дар мавриди дигар маълумотҳои пештараашонро ба имрӯзаашон такрор мекунанд (таҳлили Воситаи корҳои мисолҳо, имло, нақли хаттӣ, иншо) ва ғайра. Дар ҳар ду маврид хам ба он диққат додан лозим, ки фикри бачаҳо кор кунад. Онҳо на танҳо, масалан, аз мисоли додашуда ҳиссаҳои нутқ аъзоҳои ҷумларо ёфта нишон диҳанд. инчунин бояд фахмонанд, ки чаро онҳо маҳз ҳамин тавр таҳлил кардаанд. на ба таври дигар.
Кори фаъолона ва мустақилона барои мустаҳкамкунии дониш, ҳосил гардидани маҳорату малака ва ниҳоят ба иикишофи хартарафаи бачаҳо ёри мерасонад. Вай имконият медихад, ки талабагон донишҳои гирифтаашонро дар фаъолияти ҳаррӯзаашон татбиқ намоянд.
Дар бобати баланд бардоштани қобилияти фаъолият нокӣ ва мустақилӣ дуруст фаҳмидани моҳияти ҳар як мавзӯъ ниҳоят ахамияти калон дорад. Ба ин мақсад кисми зиёди муаллимон дар ибтидои дарс мавзӯъ ва мақсади дарсро фахмонда медиҳанд, дар оҳири даре фаъолияти як соатинаи бачаҳоро чамъбаст намуда таъкид мекунанд, ки дар ин дарс чи чизи нав гирифтанд. «Ба ҳамин тарик, бачаҳо, мо дар ин дарс чиро омухтем? Кадом чизи навро фаҳмидед? Барои чӣ инро донистан лозим?-бо ҳамин гуна саволҳо муаллимон зарурияти мавзӯъро таъкид мекунанд.
Забони модарӣ, аз ҷумла дастури он грамматика ва имло фанни муоширату муомилаи зинда дар ҳаёти харрӯза аст. Талабагон хамон вақт ба омӯхтани грамматикаю имло шавқманд мешаванд, ки агар ана хамин моҳияти хаётӣ дош тани онҳоро фаҳманд. Фаҳмидани ин барои талаба он қадар душвор нест: аз як тараф, худи онҳо мебинанд, ки рӯз то рӯз дар натиҷаи омӯхтани қоидаҳои грамматикӣ-имлоӣ, нутқи дахонаки ва саводи имлоияшон дуруст шуда истодааст, аз тарафи дигар, муаллим хатоҳои содир кардаи бачаҳоро чамъбаст карда дар асоси қоидаҳои дахлдори имло фахмонда медихад ва таъкид мекунад ки донистани чунин қоидаи имло боиси бартараф кардани хато мегардад. Маълум аст, ки барои омӯхтани мавзӯъҳои грамматика ва имло марҳилаҳои зерини кор ба ҷо оварда мешаванд: 1. Фаҳмондани қоидаи нави грамматикӣ-имлоӣ. 2. Машқҳои мустахкам намудани донишҳои гирифта. Ҳосил кардани маҳорат ва малака. 3. Такрор ва ба система даровардани мавзӯи омӯхташуда. 4. Ба ҳисоб гирифтани маҳорат ва малакаҳои талабагон (корҳои санҷишии даханакӣ ва хаттӣ). 5. Тахлили корҳои санҷишии талабагон. Вобаста ба характери ҳар як марҳила хелҳои зерини дарсҳои забони модарӣ мавчуданд, ки онҳоро фарқ кардан лозим. 1) дарси омӯхтани мавзӯи нав:
2) дарси мустаҳкам намудани қоидаҳои грамматикӣ-имлоӣ: ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо:
3) дарси чамъбаст ва ба система даровардани дониши талабагон:
4) дарси омехта;
5) дарси ба ҳисоб гирифтани дониш ва маҳорати талабагон:
6) дарси тахлили корҳои хаттӣ.
Ҳар чанд хели дарси ҳос нест (дар ҳар як дарс мо унсурҳои дарси дигарро истифода мебарем), бо вуҷуди он лозим меояд, ки дар хусуси ҷиҳатҳои характерноки хар як хели дарс сухан ронем.
Гирем дарсеро, ки мақсади он додани мавзӯи нав аст. Дар илми педагогика, аз ҷумла методикаи таълими забони модарӣ ин гуна дарсро типи дарси омӯхтани мавзӯи нав меноманд. Барои ана ҳамин гуна дарсе, ки мақсади он фахмондани маводи нав аст, чӣ чиз характернок аст? Мушоҳидаи ҳодисаҳои забон, сӯҳбати муаллим бо талабагон аз рӯи чизи мушоҳидакардаашон ё мисолҳо, ба кадри имкон хулоса баровардани талабагон, ба шакл даровардани хулосаи талабагон аз тарафи муаллим ва хониши таъриф аз китоби дарсӣчунинанд, унсурҳои асосии дарсе, ки барои фаҳмонидани маводи нави грамматикию имлоӣ бахшида мешавад. Дар ин гуна дарсҳо мавкеи асосиро усули тахлил ва таркиб ишғол менамояд. Маҳз тахлили дурусти мисолҳо, ки он ба воситаи сухбат гузаронида мешавад, ба бачаҳо имконият медихад, ки натиҷаи дуруст бароранд.
Чӣ кор кунем, ки дарси фахмондани мавзӯи нав боиси иикишофи ҳаматарафаи бачаҳо гардад, самаранок бошад, Муаллим мавзӯъ ва вазифаи дарсро баён намуда, онро ба маводи пештара вобаста менамояд, аҳамияти мавзӯъро гуфта, бачаҳоро ба омӯхтани он завқманд мегардонад.
Барои он ки аз мавзӯи омӯхташаванда хулосаи дуруст бароварда шавад, муаллим мисолҳои сермаҳсул ва фаҳмо интиҳоб мекунад. Мисолҳо бояд далелҳои зиёдеро фаро гиранд, зеро мантик тоқати далели кам надорад. Ана барои чӣ мо дарсҳои грамматика ва имлоро бо дарсҳои хониш махлут, ҳамгиро кардем. Дар матнҳои хониш далелҳои суфтаю рехта, аз ҷихати забон равону ихчам, аз ҷихати мантику мазмун дурусту сахех нухуфтаанд. Талабаҳо ин далелҳоро дар матн, яъне нутқи мураттаб мушоҳида карда ба хулосае меоянд. Ба ин мисол, ки матн дар либоси назм аст. диққат кунед:
Шухрати бисёр дорад тирамох. Номи лангардор дорад тирамох.
Дасти боло, рӯи хандон, чашми сер,
Домани пурбор дорад тирамох.
Мирзо Турсунзода
ТАЛАБҲО БА ДАРСҲОИ ЗАБОНИ МОДАРИ
Чи муаллими пуртаҷрибаю кордон ва чи муаллимони чавони камтаҷриба орзу мекунанд, ки дарсашон хартарафа нагз гузашта, бештар самара бахшад. Вале икрор бояд шуд, ки ташқил ва гузаронидани дарси хуб кори сахл нест. Вай хатто ба муаллимони кордон ҳам заҳмату ташвиши зиёде меорад.
Дарсҳои забони модарӣ, аз ҷумла грамматика, имло ва иикишофи нутқ ҳамон вақт пурмаҳсул мегузаранд ва ба мақсади ниҳоии худ мерасанд, ки пеш аз ҳама, агар ба се талаботи асосӣ посух гуфта тавонанд:
I. Донишҳои нав андӯхтан ва татбики онҳо дар амалияи нутқ ва тарбияи мактабиён ҷараёни ягонаро ташқил намоед. Бехуда мо таълими ҳамгироро пеш нагирифтаем. Таълими хамгиро танҳо ҳамгирои мазмуни таҳсилот (хонишу имло) набуда инчунин ҳамгироии таълиму тарбия низ мебошад.
11. Мақсадноки ва мантики ботинии лаҳзаҳои дарс, мувофиқати маводи дарс ва тарзҳои фаъолияти муаллиму талабаҳо ба мақсади гузошта. ІІІ. Таъмини иикишофи нутқи шифоҳию таҳрирӣ ва тафаккури мактабиёни хурдсол.
Ғайр аз он дар назди дарсҳои забони модарӣ дарҳости зерини дидактикӣ гузошта мешавад:
1. Мавзӯи дарс кӯтох, равшан ва муайян бошад. Муаллим маводи асосиро ва ғайри асосӣ ҷудо намуда, мавзӯи дарсро дар аввали дарс баён мекунад. Масалан, агар ба талабагон дар ин дарс дониши нав дихем, пас мавзӯи асоси ҳамин аст. Корҳои дигар, аз қабили ташқили кори мустақилона, машқҳои имлоию эҷодӣ, корҳои амалӣ, таҳлил ва ғайра бо мақсади фаҳмондану мустаҳкам намудани мавзӯи нав нигаронда мешаванд.
2. Муайян намудани вазифаҳои таълимию тарбиявии дарс ва мақсади он. Ягонагии вазифаҳои таълимию тарбиявӣ бояд дар мақсади дарс ифода ёбанд. Баробари ин дар мақсади дарс масалаи тарбия ва иикишофи фикр, нутқ, диққат, ҳотир, ирода, эксос, маниш (характер) ва ғайра низ муайян карда мешавад. Ин вазифаҳо на танҳо дар дафтар навишта мешаванд, балки дар аввали дарс ба бачаҳо мефахмонем. Вақте ки онҳо чӣ кор кардан ва барои чӣ кор карданро мефаҳманд, ба таълим, ба омӯхтани мавзуъ шавқманд мешаванд.
3. Вобаста ба вазифаҳои таълимию тарбиявии мавзуъ ва дараҷаи дониши талабагон интиҳоб намудани маводи зарурӣ. Калима, ҷумла ва матнҳое, ки ҳамчун машқ ва дигар хел корҳои амалӣ пешниҳод карда мешаванд, бояд аз хар ҷихат ба талаб ҷавоб дода тавонанд. Ками на ё зиёдии ма вод, осон ва ё душвории он ба сифати даре халал мерасонад.
4. Вобаста ба хусисияти псиҳологии талабагони синфҳои ибтидоӣ машқ ва дигар хел шаклҳои кор гуногун бошанд. онҳо ба омӯзондани ин ё он кисми забон не, ба таълими хамаи тарафҳои забон: ҷумла, калима, иикишофи нутқ нигаронида шуда бошанд ва яке такрори дигаре не, балки машқи минбаъда кори гузаштаро пурра намояд. 5. Дар дарсҳои грамматика, имло ва иикишофи нутқ кисми асосиро машқҳои даҳанакию хатій ишғол намоянд хам, ба машқҳои хатти бештар эътибор додан лозим: онҳо, яъне машқҳои хаттӣ кариб нисфи вақти дарсро ишғол намоянд.
6. Дар хамаи дарсҳои грамматика, имло ва иикишофи нутқ ба такрори мунтазами мавзўъҳои гузашта диққат додан лозим, ягон мавзӯъ набояд дар канор монад. Ба ин маънӣ. такрори ҳаррӯзаро пуркувват бояд кард.
7. Дуруст ва мувофиқи мақсад истифода бурдани маводи дидактики, асбобҳои аёнӣ, аз кабили ҷадвалу нақшаҳо. воситаҳои техникии таълим, компютер ва ғайра самаранокин дарсҳои забони модарӣ ва иикишофи нутқро таъмин менамоянд. Ҳамчун аёният инчунин имою ишораи муаллим. харакатҳои он, хониши ифоданоку каломи зиндаи муаллим. тахтаи синф низ метавонанд ҳизмат намоянд.
8. Вобаста ба маводи таълим интиҳоби метод ва тарзҳои кори муаллиму талабагон барои хар як лаҳзан дарс хеле муҳим аст. Дар даре нисбат ба фаъолияти муаллим фаъолияти талабаҳо бештар аст. Бинобар он дар хусуси тарзи кори онҳо бештар диққат додан лозим. Чунин метод ва тарзҳои кор, ки сифати баланди дарсро таъмин намуда, боиси пешравию иикишофи ахли синф ва хар як фард гарданд.
9. Алоқаи маводи таълим бо хаёт, бо таҷрибаи амалии бачаҳо, бо мавзўъҳои гузашта ва минбаъда, ки яке аз принсипҳои муҳими таълим эътироф карда шудааст.
Барои алоқаманд намудани таълими забони модарӣ ба хаёт, би таҷрибаи амалии бачаҳо баробари таҳлили грамматикӣ ва машқҳои имлоӣ, инчунин намуди машқҳо, монанди навиштани мактуб ба хешу табор, хабару мақоли барои рӯзноман деворӣ эълон, ариза ва ғайра ахамияти багоят калон дорад. Ин гуна машқҳо имконият медиханд, ки аз як гараф, бачаҳо махсули кори худро бинанд, аз тарафи дигар, шавку ҳаваси маърифатҷӯиашон бедор гардад.
10. Дарсҳои забони модарӣ ва иикишофи нутқ бояд аз ҷихати ташқилӣ дуруст бошанд. (Дар вақти худ сар кардан ва тамом кардани дарс, алоқаи мантикии лаҳзаҳои дарс, самаранок истифода бурдани хар як дақиқа, интизоми бошууронаи талабагон дар тамоми муддати дарс). Бе ин ба сифатнокии дарс ноил гаштан амри маҳол аст.
Бори дигар таъкид мекунем: дарсҳои забони модарӣ вақте ба мақсади худ мерасанд, ки агар корҳои зерин хузур дошта бошанд: 1) ҳондан: 2) навистан: 3)нақл (ҳикоя) кардан: 4) шарҳу эзох додан: 5) тахлил, муҳокима, Муқоиса ва фикр кардан; 6) шуурона фахмидан: 7) хулоса баровардан: 8) татбик кардан: 9) фаъолият нишон додан: 10) каноатманд гардидан.

Download 0.58 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling