Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО


Download 0.58 Mb.
bet2/6
Sana30.01.2024
Hajmi0.58 Mb.
#1817055
1   2   3   4   5   6
Савол ва супоришҳо:
1. Дар бораи мақсаду вазифаҳои дарсҳои забони модари чи медонем?
2. Типҳои асосии дарсҳои забони модариро номбар кунед ва онҳоро шарх дихед.

ЛУҒАТОМӯЗӢ ВА МАШҚҲОИ ЛЕКСИКӢ
Иикишофи нутқро бе заҳираи муайяни луғат тасаввур кардан мумкин нест, зеро луғат кисми таркибии забонро ташқил мекунад., Таркиби луғавии забонамон хеле бой аст Яке аз вазифаҳои машғулиятҳои забони модарӣ аз он иборат аст, ки талабагони синфҳои ибтидоӣ аз ин заҳираи бой ба кадри ҳол дуруст истифода бурда тавонанд.
Дарсҳои забони модарӣ имконият медиханд, ки бачаҳо як қатор мафҳум ва калимаҳоро аз худ кунанд, онҳо ба калимаҳои ифодакунандаи ашё, сифат ва аломати ашё, инчунин микдору ҳаракати ашё шинос мешаванд. Аз тарафи дигар, дар натиҷаи машғулиятҳои грамматики луғати бачаҳо ба тартиб дароварда мешавад: гурӯҳи муайяни калимаҳо ба исм. гурӯҳи дигарашон ба феъл, гурӯҳи сеюмашон ба сифат ва ғайра тааллуқ дорад.
Ғайр аз ин машқҳои алоҳидаи луғавӣ-лексикӣ, луғавйимлоӣ, луғавй-муқоисавӣ, луғавӣ-услуби гузаронида мешаванд, ки ин хам боиси фаъол гардидану ба тартиб овардани луғати бачаҳо мегардад. Махсусан, кори ЛЕКСИКӢ дар дарсҳон забони модарӣ мавкеи муҳимро ишғол намуда, кисми таркибии дарсҳои ин фанро ташқил медихад. Кори луғавию лексикӣ дар алоқаи зич гузаронида шуда онҳо дар хар як дарс хамдигарро пурра менамоянд. Агар бачаҳо бо тарзи ЛУҒАТОМӯЗӢ заҳираи луғаташонро микдоранд на моянд, дар машқҳои ЛЕКСИКӢ луғати онҳо сифатан иикишоф меёбад. Луғатомӯзи ба зиёд шудани микдори калимаҳо ба рад. кори ЛЕКСИКӢ ба ҳартарафа ва чуқур омӯхтани забони модари мебарад. Талабагон дар машқҳои лексикӣ, ки вобас та ба ҳар як дарс гузаронида мешаванд, на танҳо бо калимаҳои зиёде сару кор пайдо мекунанд, инчунин мавкеи истифодаи ҳар як калимаро дар ҷумла муайян менамоянд.
Хамин тавр, луғатомўзӣ ва кори ЛЕКСИКӢ кисми таркибии дарсҳон забон бошанд хам, дар амалияи бисёр муаллимон дуруст истифода бурда намешаванд. Дар натича луғати бачаҳо хеле махдуд аст. Онҳо ашё ва чизҳои гирду атроф. харакат ва аломати онҳоро номбар карда наметавонанд. Чи тавре ки болотар гуфтем, аз ин рӯ, агар ба талабагони як кисми мактабҳо супориш дихел, ки доир ба исм мисол биёр!.
Ба чои он ки ашёи зиёди гирду атрофашро номбар ку над, ин тавр ҷавоб медихад: «Ман аз магазин қалам харидам Калам-исм». Дар синфҳои ибтидоӣ, алалхусус, дар машқҳои грамматика ва имло хелҳои гуногуни луғатомӯзию кори ЛЕКСИКӢро истифода бурдан мумкин аст. Як кисми онҳоро меорем.
Доир ба исм. 1. Номбар кардани ашёи синф, хона, хавли
мактаб, кўча, магоза, почта, бог, чангал, кух, соҳили дарё.
ҳирмани пахта, ҳирмани ғална...
Хар яке аз ин ашё ва чизҳо калимаҳои зиёдеро дарбар мегиранд. Масалан, дўкон ё магозан хурокворӣ: нон, равган, биринч, орд, макарон, шакар, конфет, канд, об: дукони сабзавоту мева: тарбуз, харбуза, бодиринг, помидор, картошка. сабзи, пиёз, себ, нок, ангур, анор, олу, шафтолу, афлесун, гелос, зардолу, чормағз, тут... Почта: мактуб, нома, лифофа, телефон, телеграмма. рӯзнома, мачалла......
2. Ба гурӯхҳо Ҷудо кардани ашё, асбобҳои хониш китоб, калам, дафтар, ручка, перо..., асбобҳои рӯзгор коса, табак. дет, кафлес, пиёла.... исбобҳои мӯзадӯз даравш, сузан, чарм, ресмон.... меваҳо себ, нок, анор, ангур, олу.... Хайвонҳои хонагӣ саг, буз, гов, гусфанд... 3. Аз исму нем тартиб додани ибора: шахри Душанбе, дарёи Вахш, кабугари сулҳ, майдони пахта, калами Сафар 4. Пешниҳод кардани рӯйхати исмҳое, ки ҳамсадоҳон шада доранд: пилла, ғалла, муаллим, барра, арра, диққат.
рассом. 5. Навиштани исмҳое, ки дар аввалашон ду хамсадо меоянд: тролейбус, стакан, трактор...
6. Исмҳои харфи « дор: масъала, маърӯза, мавзуъ, фаъол, неъмат... 7. Исмҳое, ки бо ҳамсадоҳои д, т, х.к. г. г. меоянд: Даст дастгох, банд, бандча, дастрўмол, каланд, дег, бугча, кабк,вокзал
8. Исмҳои сермаъно: анор-Анор, лола-Лола, асо-Асо. 9. Исмҳои муқобилмаьно: дўст-душман, сулх-чанг, шиб-нур Нур...
рӯз 10. Исмҳои ҳаммаъно: олам-чаҳон, офтоб хуршед, кор-
мехнат....
Доир ба сифат. Дар назди корҳои луғатомӯзие, ки доир ба мавзӯи сифат гузошта мешавад, вазифаҳои гуногун менстад: 1) ба ин восита шинос намудани талабагон бо сифатҳон нав ба нав; 2) нақши ҳиссаи нутқи сифат дар баён намудани аломат ва хусусиятҳои гуногуни ашё: 3) гузаронидани машқҳои гуногун доир ба мукобилмаьно. калимаҳои Хаммаъно ва манбаи асосии бой намудани заҳираи луғавии талабагон оид ба сифат мушоҳида ва муҳит (мушоҳидаи табиат, хаёт ва мехнати одамон) мебошад. Бачагон дар вақти сайру гашт на танҳо бо ашёи гуногун инчунин бо аломату хусусия ти онҳо шинос мешаванд. Ба ин восита ба маъноҳои гуногун ва тоза ба тозаи сифатҳо сарфаҳм мераванд. Ҳангоми шарҳи маьнои калима худи бачаҳоро сафарбар кардан лозим. Бигзор худи онҳо маънои калимаро фикр карда синонимии мувофиқс интиҳоб намоянд. Маънои калимаҳои синонимии як хел бошад хам, на хамеша якеро ба ҷои дигар кор фармуда метавонем, ҳар калима тобиши маъной ва мавкеи истеъмоли худро дорад. «...аз синонимҳои бисёр интиҳоб карда тавонистани си пониме, ки маьнои асосиро ифода кунад.-менависал А. Н. Гвоздев, яке аз машқҳои муҳими услуби мебошад»
Ба ин тариқ, муаллим бояд, кӯшиш кунад, ки луғатомӯзӣ бо кори луғавй-имлоӣ ва маьноию Муқоисавӣ пайваста гузашта яке дигареро пурра намоянд. Дар зер як кисми он корҳоро меорем.
1. Номбар кардани аломату хусусиятҳои ашё. Муаллим ашёро номбар карда, аз галабагон мепурсад, ки аломат ва хусусиятҳои онро гуфта диҳанд:
Охан-сахт, вазнин Пахта-сабук, мулоим, сафед: | Канд-ширин, сафед, сахт Себ-сурх, зард, ширин, ту
Оина-тунук, нозук, шаффоф. Рӯзи зимистон-кӯтох, сармо
хунук; Рӯзи тобистон-дароз, тафсон, руш...гарм
2. Муқоиса, ки барои боз хам нагзтар фахмидани алома ту хусусияти ашё хеле зарур мебошад Об-шафоф, тунук, (суюк), моеъ, равон:
Оина-шафоф, тунук, нозук, вале сахт
3. Муаллим якчанд савол медихад, талабагон ҷавоб ме
гардонанд. Чунончи:
Муаллим: Талабае, ки одобу ахлоки нагз дорад, чӣ хел
талаба меноманд?
Талабагон: -Талабаи боодоб, боадаб.
Муаллим-Агар талаба беинтизом бошад-чи?
Талабагон:-Талабаи беодоб, беадаб.
Муаллим:-Чипоре, ки сад сол умр дидааст, чӣ хел чинор
меномем? Талабагон: -Чинори садсола.сифатҳои
4. Бо ёрии саволҳои муаллим навиштани мукобилмаьно.
Муаллим: Мо мебинем, ки рӯз равшан аст, вале шаб-чи? Талабагон:-Шаб торик.
Муаллим:-Дарахт баланд мешавад, бутта чи? Талабагон:-Бутта паст.
5. Тартиб додани ибора ва ҷумла.
Муаллим бачаҳоро таъкид мекунад, ки аз ҳамин сифатҳои гуфташуда ибора созанд. Дар ин маврид хонанда тон аввал ашё ва баъд аломат ва хусусияти онро ном меба
ранд: Оби равон, баҷаи боадаб... Номи чизоб, аломаташ равон. -Боз ягон хусусияти обро номбар кунед, мепурсад муал
лим (ширин, талх, шӯр, соф, лой).
Ин корро бештар дар вақти гузаштани алоқаи сифат бо исм ва фаҳмондани бандаки изофа машқ намудан мумкин аст. Бачаҳо аввал исм, баъд сифати мувофиқ ёфта ба воситаи бандаки изофа алоқаманд мекунанд ва ибора, сонй ҷумла сохта дар дафтарҳо менависанд. Боди форам.
Боди форам мевазад.
Рӯбоҳи маккор ба мақсадат нарасид.
Номи баландбех аз боми баланд
Номи баланд. Фарзанди нагз.
Фарзанди бад. Фарзанди бал-доги падар.
6. Ефтани сифатҳои ҳамреша.
Фарзанди нагз-боғи падар.
Рӯбоҳи маккор.
Хушмуомила
Наво
Хушгап
Хупсухбат
дил
Нишин
кушод
Хушрафтор
васеъ
Хушгуфтор 7. Ефтани синоними сифатҳое, ки дар машқу мисолҳои
танг
китобҳои дарсӣ дучор мешаванд. Масалан, дар саҳифаи 32-и китоби дарсии «Забони модарӣ» (синфи 4) ҷумлаи «Рустам гурзи гаронро бардошт..» дода шудааст. Бо ёрии саволҳои иловагӣ бачаҳо дарҳол синоними дигари калимаи «гарон»-ро меёбанд:гарон-вазнин.

4. НУТҚИ МУРАТТАБ ВА МАВКЕИ ОН ДАР ТАЪЛИМИи


ЗАБОНИ МОДАРИ
Мо дар вақти баёни корҳои луғатомӯзӣ ва машқҳон ҷумласозӣ, хусусан, алоқаи импои интиҳобию чоди намунаҳои нутқи мураттабро нишон додем. Вале дар хусуси ин гуна нутқ ва моҳияти он дар иикишофи нутқи бачаҳо алоҳида истодан лозим меояд.
Вобаста ба ибораи «Нутқи мураттаб», ки дар барномаи солҳои оҳир бо харфҳои сиёх навишта шудааст, саволҳои зерин ба миён меоянд:
1. Нутқи мураттаб чист?
2. Мавкеи нутқи алоқанок дар дарсҳои забони модарӣ ва баръакс, нақши дарсҳои забони модарӣ дар тарбияи хамин туна матнҳо дар бачагон аз чӣ иборат аст.
3. Ахамияти нутқи мураттаб дар иикишофи нутқи гуф торию навиштории талабагон аз чӣ иборат мебошад ?
Кисми зиёди дарсҳон забони модариро машқ ишғол ме кунад. Аз ин рӯ, дар китобҳои дарей машқҳои гуногун ба таври фаровон дода шудаанд. Махсусан, дар китобҳои дарсии ҳамгирои забони модарӣ матнҳои хониш хеле фаровонанд. Дар китоб хамаи мавод-ҳам калимаю ҷумлаҳои Ҷудотона ва хам порчаҳои алоҳида машқ номида шудаанд. Вале Мо хамаи машқҳоро нутқи мураттаб гуфта наметавонем. Пас, нутқи мураттаб чист? Ду вас зиёда ҷумлаҳои мантикан бо хам алоқаманд, ки дар як мавзӯи муайян гуфта шудааст. нутқи мураттаб мебошад. Ба ин тарик, дар байни ҷумлаҳои нутқи алоқанок ҳатман аз ягон ҷихат алоқаи мантика д мешавад.
Масалан, матни зеринро гирем:
Баҳор омад. Хаво гарм шуд. Сабза дамид.
Дуруст аст, ки ин чо се ҷумла буда дар ҳар ҷумла сухан дар бораи ягон ҳодиса чизи муайян меравад. Дар ҷумлаи якуми сухан дар бораи баҳор, дар ҷумлаи дуюм дар бораи хаво ва дар ҷумлаи сеюм дар бораи сабза меравад. Вале мо дар байни ин ҷумлаҳо алоқаи мантикиро мушоҳида мекунем ва барои фаҳмидани ин алоқа савол мегузорем. Гарм шудани хаво ба омадани баҳор, ё ки дамидани сабза ба гарм шудани хаво чӣ дахл дорад? Ҳамин гуна саволро мо, масалан, дар байни ҷумлаҳои «Бачаҳо ба тамошо рафтанд». «Ҳочаги ҳосили фаровон гирифт» гузошта наметавонем. Чаро? Чунки ҳосили фаровон гирифтани ҳочаги ба тамошо рафтани бачаҳо дахле надорад, ин ҷумлаҳо мантиқан бо якдигар алоқаманд нестанд ва онҳо нутқи мураттабро ташқил карда наметавонанд.
Дар дарсҳои забони модарӣ нутқи алоқанок бояд мавкеи асосиро ишғол кунад. Аввал ин ки, нутқи алоқанок омухтани грамматикаро барои бачаҳо фаҳмо мегардонад. талабагон Мавкеи қоида ва шаклҳои грамматикаро дар нутқи худ ҳис кардан мегиранд. Дуюм ин ки, нутқи алоқанок ба иикишофи малакаҳои грамматикии бачаҳо ва нутқи хаттию дахонакии онҳо кӯмак расонда саводи имлоияшонро баланд мебардорад. Сеюм ин ки, нутқи алоқанок асосан махсули кори эҷодй ва мушоҳидаҳои бачагон мебошад. Муаллим метавонад онро аз рӯи матиҳон хониши эзоҳӣ низ супорад.
Аз ин рӯ, мо метавонам гӯем, ки нутқи мураттаб дар бо бати хамгироии дарсҳои грамматикаю имло бо хониши эзоҳи воситаи хубест. Ниҳоят, ахамияти тарбиявӣ-педагогии нутқи алоқанокро на бояд фаромуш кард. Вай амалиёти та лабагонро фаъол мегардонад, дарсҳои забони модариро шавқовару рағбатнок мекунад.
Доираи машқҳое, ки бо мақсади нутқи алоқанок интиҳоб карда мешаванд, танг нест. Онҳоро ҳангоми гузаштани хар як мавзун грамматикӣ-имлоӣ ба таври васеъ ба кор бурдан мумкин аст. Масалан, мавзӯи феълро гирем.
Мувофиқи пешниҳоди барнома талабагон аз синфи 3 сар карда бо замонҳои феъл шинос мешаванд. Бинобар он машқҳои аввалини услуби аз он иборатанд, ки бачаҳо чи дар нутқи дахонаки ва чи хаттиашон иваз кардани замонҳои феаро ёд гиранд. Дар натиҷаи ба чои замони гузашта истифода бурдани замони ҳозира бачаҳо ҷараёни вокеаро ба хубӣ ҳис мекунанд, амалиёт дар пеши чашмони онҳо мегузарад. Ин корро фавран баъди шинос кардани талабагон бо замонҳои феъл машқ кунондан лозим: малакаҳои граммати кии бачагон мустахкам мешавад.
Ба сифати маводи таълим муаллим метавонад машқҳои китобҳои дарсии забони модарӣ ва матиҳои хонишро истифода барад. Инак, машқи китоб. «Зарринаи хурдакак сари дастарҳон нишасту даст ба себи хубонӣ бурд. Аммо табассуми падарашро дида, андаке ҳиҷолат кашиду себро ба чоят гузошт.
Гир, гир, духтарам. Ин барои хӯрдан аст, на барои та мошо,-бо мехрубонӣ рӯ овард падараш. Заррина себро газида маънидорона ба акааш Сухроб ва апааш Лутфия нигарист»...
Нутқи мураттаби талабаҳо:
<<Ман сари дастарҳон нишастаму даст ба себи хубони бурдам. Аммо табассуми падарамро дида, андаке ҳиҷолат кашидаму себро ба чояш гузоштам.
-Гир. гир. Духтарам. Ин барои хӯрдан аст, на барои тамошо,бо мехрубонӣ рӯ овард падарам.
Ман себро газида маънидорона ба акаам Қосим ва апаам Зухро нигаристам».
БОБИ VII
ТАЙЁРИИ МУАЛЛИМ БА ДАРС ВА ХУДОМӯЗИИ Ў
1. МАФҲУМИ ТАЙЁРИИ МУАЛЛИМ БА ДАРС .
Агар ҳохед, ки дар фаъолияти педагогии худ комёб тавед, ба хар як дарс тайёрӣ бинед. Тайёрӣ ба дарс чузъи таркибии фаъолияти муаллим аст. Тайёрӣ, пеш аз ҳама, пешра вист. Вай ба кори эҷодии омӯзгор зич алоқаманд аст. Эҷодкорӣ ҳислати ҳоси муаллим мебошад. Худи ӯ хам нагз мефахмад, ки ба дарс тайёри дидан нисбат ба гузарондани он (дарс) душвор аст. Муаллим ба дарс тайёрӣ дида:
1) мавкеи хар як дарсро дар байни дарсҳои дигари омӯхтани ин ё он мавзуъ муайян мекунад: 2) ҷихатҳои ташқили дарсро хартарафа фикр карда ба намудҳои Ҷудогонаи кори таълим: омӯхтани мавзӯй нав, мустахкамкунӣ ба ҳисоб гирифтани дониши талабаҳо, вазифаи хонагӣ вақт Ҷудо менамояд; 3) ба мавзӯъҳои гузашта ва тарзи такрори онҳо диққат дода, алоқаи мавзӯи навро бо мавзӯъҳои минбаъда ба назар мегирад: 4) ба ҳар намуди кори таълимӣ тарзу воситаҳои мувофиқ интиҳоб менамоял: 5) ба самараноки ва рангорангии маводи дидактикӣ эътибор медиҳад, кўшиш менамояд, ки онҳо пешравии хар як фардро таъмин намоянд.
Чи тавре ки мебинем, мафҳуми тайёрии муаллим ба дарс васеъ буда, он хакикатан хам мехнатталаб мебошад. Ин аст ки ба дарс ҳама-чи муаллимони ҷавон ва чи муаллимони соҳибтаҷрибаи кордида тамоми сол, тамоми умр тайёрӣ ме бинанд.
Мутолиаи асарҳои илмию методӣ, педагогию псиҳологи. консепсия ва стандарти давлатии таълими фан, ҳартарафа омӯхтани нақшаи таълим, барнома ва китобҳои дарсии фанни таълим. Мунтазам ҳондани мачаллаю рӯзномаҳои педагогӣ-методӣ, тартиб додани ҷадвал, варака ва дигар маводи дидактикӣ, машғул шудан ва донистани тарзи истифодаи воситаҳои таълими техникӣ, компютер, ниҳоят, сари вақт ба нақша даровардани фанни таълим мазмуни тайёрии муаллимро ифода менамояд. Барои муаллим ҷустуҷӯ кардан, дидан ва мушоҳида намудан ҳос аст. 9 хамаи маводи зарурӣ ҳондаги ва мушоҳида кардагиашро чамъ намуда дар куттиҳо на дусияҳои алоҳида гузошта ном ва ракам мегузорад, то ки дар вақти даркорӣ ёфта тавонад. Муаллим ҳамаи ин корҳоро анчом дода, пеш аз сар шудани соли тахсил фанни таълимиашро ба нақша медарорад. Дар ин вақт муаллим, пеш аз хама, ба нақшаи таълим, барнома, китобҳои дарси ва дастурҳои методӣ такя менамояд. Нақшаи таълим, барнома хуччатҳои давлатӣ буда, дар яке соатҳои хафтаинаи фан дар дигаре мақсаду вазифаҳои фанни таълим, мавзӯъҳо ва мундариҷаи онҳо, соатҳои таълимӣ ба хар як мавзӯъ, инчу нин Хаҷми дониши талабагон дода шудааст.
Хаҷму меъёри дониш, маҳорату малакаҳои талабагон дар стандарти давлатии фанни таълим низ таъкид ёфтааст. Омӯзгор ҳамаи инро чамъу гирд оварда, дарсҳои забони модариро ба нақша медарорад. Дар таълими фан асосан се нақша ба кор бурда мешавад:
1. Нақшаи мавзӯъ (тематикӣ) 2. Нақшаи тақвимӣ (календар)
3. Нақшаи мухтасар ё муфассали дарсҳо
Хар се ин нақшаҳо, чи тавре ки болотар таъкид кардем.
дар асоси нақшаи таълим, барномаи таълим ва китоби дарей
мураттаб мегарданд.
Нақшаи мавзӯъ дар таҷрибаи муаллимони мо он қадар васеъ истифода намешавад, ҳол он ки тартиб додани он аз фоида ҳолӣ нест. Аз номаш маълум, ки ин нақша мавзӯъҳои алоҳидаи фанни таълимро дарбар мегирад. Муаллимони эҷодкор он нақшаро тартиб дода, асосан се масъаларо хамчун мақсади дурнамои худ карор медиханд:
1. Мақсаду вазифаҳои таълими мавзӯъ.
2. Маводи барнома.
3. Машғулиятҳои иикишофи нутқ.
Муаллим аввал бо 5-6 модда мақсаду вазифаҳоро муайян намуда, баъд нақшаи мавзӯъро месозад, ки он метавонад ба тарзи зерин бошад.
Маводи барнома
Машғулиятҳои кишофи нутқ
Тартиби дарсҳо
Дар сутуни «Тартиби дарсҳо» микдори соатҳо, ки ба хамон мавзӯъ («Исм. «Феъл», «Сифат»...) бахшида шудаанд, бо тартиб аз 1 то 20 60 соат) оварда мешаванд.
Дар сутуни «Маводи барнома» он чӣ навишта мешавад, ки дар барномаи таълим таъкид ёфтааст.
Дар сутуни «Машғулиятҳои иикишофи нутю» мукобили хар як дарсу мавзун барнома хели машғулияти иикишофи Нутқ оварда мешавад. Масалан:
-Нақли мазмуни расм:
-Тартиб додани ҷумлаҳо ва навиштани онҳо; -Имлои озод ё эҷодй бо овардани калимаҳои такягох:
-Хониши ифоданоки матн: -Иншо ба ин ё он мавзуъ:
-Имлои «Худамро месанҷам»;
-Шарҳдиҳӣ:
-Иншо аз рӯйи силсиларасмҳо...
Машғулиятҳои иикишофи нутқ имконият медиҳанд, ки а)ин ё он хели кори хаттӣ ё дахонакии иикишофи нутқ хар дарс такрор нашуда дар ҷойи худ оянд; б)раванди дарсҳои забони модарӣ гуногун ва шавқовар гузаранд; в) муаллим дар дурнамои тахмини худ ба иштибох рох надихад.
Нақшаи таквимӣ барои хар як чоряк, нимсола ва ё тамоми соли таҳсил тартиб дода мешавад. Вай кори муаллимро мураттаб сохта, маводи барномаро ба тартиб меорад. Баъди муайян намудани микдори соатҳои ҳафтаинаи таълими забони модарӣ дар нақшаи таълим муаллим соатҳои умумии мавзӯъҳои бутунро аз барнома гирифта, онҳоро ба мавзӯъчаҳо таксим менамояд. Дар ин вақт у микдори соатҳои мавзуъҳои Ҷудогонаро, ки дар барнома дода шудаанд, метавонад тағйир дода, каму зиёд кунад. Вале вай микдори умумии дарсҳоро, ки барои як соли хониш дода шудаанд, тағйир дода наметавонад.
Ба ин тарик, яке аз шартҳои тартиб додани нақшаи таквими муайян намудани микдори соатҳо дар давоми соли хониш, чорякҳо, ва мохҳо ва ҳафтаҳо мебошад. Номзадии ми педагогика Ибодулло Абдуллоев ҳамин муамморо ба посита ҷадвал нишон дод, ки мо ба тарзи орият ин ҷо меорем
Эзох: Дар синфи 1 азбаски хонандагон моҳи феврал к хафтаи иловагӣ ба таътил мебароянд, давомнокии соли тахсил 33 хафтаро ташқил медихад.
Ба ҷадвал хубтар зеҳи монед дар он чорякҳо, мохҳо, теьдоди рӯзҳои таҳсил, ҳафтаҳои таҳсил синф ба синф оварда шудаанд. Марҳамат, истифода баред. Омӯзгорон дар таҷрибаи амалии худ аз нақшаҳон таквимии гуногун истифода мебаранд. Мо арзиши онҳоро паст назада, чунин мешуморем, ки агар нақшаи таквимӣ аз сутунҳои зерин иборат бошад, чи хубе:
1. Тартиби дарсҳо
2. Мавзуъҳои барномаи таълим.
3. Теъдоди соат.
4. Муддати иҷро
5. Эзох
Масалан, мавзӯи «Сифат»-ро дар синфи ТѴ гирем, омухтани он дар чоярки 3 дар назар дошта шудааст. Мавод М.Лутфуллоев, Ф.Шарифов, И.Абдуллоев) из сих. 74 то 168 нешниҳод гардидааст. Нақшаи тақвимии мавзӯъро тавсия ин
ба онд мавзуъ дар китоби дарей (муаллифон менамоем).
Таваҷчёҳ. 1. Дарсҳо ҳоҳ ба тариқи чуфт яна ва ҳох ба тариқи ток. хатман дар мавзӯъ хам масъшаҳои хониш ва хам грамматикаю имло дарч мегардана: Маводи грамматикию имло зимни матни хониш ва машқҳо омухта мешавал. 2.Аз таълими ҳамгиро 15 сол гузашта бошад хам, хануз муаллимон масъалаи қайди мавзӯъро дар «Дафтари (журнал) синф» ба миён мегузоранд. Мавзўъ дар «Дафтари синф» он тавре дар нақшаи таквими меня, хамон тавр дарч ва як таъриҳи рӯз кайд мегардад. Мисол: «Рӯбоҳи чашмгурусна. Сифатҳои мукобилмаьно Машқҳон 95-99».
Аммо дар саҳифан давомат ду қатори катакҳоро Ҷудо мекунем: даво мати бачаҳо ва фаъолияти онҳоро (дониш, маҳорат ва малакаҳо) ба намегирем. Талаба метавонад дар соати аввал набошад, дар дуюм ҳозир бошад, дар соати аввал баҳо нагирифтааст, вале соати дуни баҳо гирифт. Руйи хамин ҳадаф муаллим дар «Дафтари (журнали) синф» фании «Забони модарӣ»-ро ҷойи аввал гузошта бирон он аз иб тидо то оҳири соли таълим, саҳифа Ҷудо мекунад.
Нақшаи муфассал мухтасари дарс кисми таркиби ва муҳими тайёрии муаллим ба дарс мебошад. Он дар ду шакл тартиб дода мешавад: Барон дарсҳои забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ асосан нақшаи муфассал ҳос буда, дар он тамоми равиши дарс пурра ифода меёбад. Аз донишчуи таҷрибаомӯз то муаллими корозмудаи пуртаҷриба нақшаи муфассал тартиб медиҳад ва ҳангоми дарс ба он такя менамояд. Дар акси ҳол дарсҳо бемазмун ва хушку ҳолӣ мебароянд. Баъзеҳо чунин акида доранд, ки гӯё ҳангоми дарс ба накта нигоҳ кардан боиси рехтани обрӯи муаллим мегардад. Ин фикр нодурст аст. Баръакс, мо кӯшиш менамоем, ки бачаҳо аз синфи поён сар карда аз нақша истифода бурдану Мувофиқи нақша амал карданро биомӯзанд. Дар вақти зарурӣ ба нақша нигариста амал кардани муаллим дар ин бобат намунаи ибрати хуб аст.
Сохти нақшаи муфассал қолаб нест. Вай аз тарафи муаллим ва бо ҳоҳишу ихтиёри он тартиб дода мешавад, яъне муаллим дар тартиб додани нақша соҳибихтиёр аст. У метавонад нақшаро бо ҷумлаҳои унвонй ва ё ҳикояги нависад. Вале хаминро ба инобат гирифтан лозим, ки қатъи назар аз чигунагии сохти нақша дар он бояд унсурҳои зерин мавчуд бо шанд:
1) рӯзи гузарондани дарс ва раками он мувофиқи нақшаи мавзуъ:
2) мавзӯи дарс: 3) мақсаду вазифаҳои таълимию тарбиявии дарс 4) мазмуни дарс ва равиши он: санҷиши вазифаи хонагӣ (агар вазифаи хонагӣ ба мавзӯи имрӯза алоқаманд набошад. муаллим метавонад онро дар аввали дарс пурсад ва агар мавзӯи нав давоми дарси гузашта бошад, он гох вазифаи хонагӣ баъди фаҳмондани мавзӯи нав пурсида мешавад), баёни мавзӯи нав, мустаҳкам намудани мавзӯи нав, санҷиш ва баҳо гузоштан ба дониши галабагон, чамъбасти дарс, вазифаи хонагӣ ва тарзи иҷрои он
5) метод, гарз ва воситаҳои рои хар як лаҳзаи кор:
Инак, намунаи нақшаи муфассали ду соат дарси забони
кори муаллиму талабаҳо
6) таҷҳизонидани ҳар як лаҳзаи дарс.
УСУЛИ ТАЪЛИМИ ПРОБЛЕМАВӢ
Дар ҷараёни таълим баъзан методи сухбат (саволу ҷавоб)-ро ба методи таълими проблемавӣ табдил додан мумкин аст. Вале усули таълими проблемави айнан методи сухбат набуда, балки шакли хеле такмил ёфтаи он мебошад. Агар дар методи сухбат нуфузи саволу ҷавоби муаллиму талабагон бештар бошад, дар методи таълими проблемавӣ мавкеи асосиро гузориши проблема, ҳал ва натичаи он ишғол менамояд. Ин кор дар натичаи тарзҳои зерин амалӣ гардонда мешавад: а) масъалагузорӣ; б) ҷустуҷӯйҳои амалӣ: в) тадкикот. Муаллим ин тарзҳои таълими проблемавиро истифода бурда, пеш аз ҳама, ҷихати вусъатдиҳии таълим ва инкишофи фикри мустақили бачаҳоро таъмин менамояд. Дар таълими проблемави талаба шахси гайрифаъол. мушоҳидагар набуда як навъ тадкикотчи аст. У мачмуи донишҳоро дар шакли тайёр намегирад, балки бо максади ба даст овардани он фаъолона мекушад, яъне мачбур мешавад. ки проблемаи дар наздаш гузоштаро ҳал намояд. Табиист, ки харакатҳои ҷустуҷӯии бачаҳо, хусусан мактаббачагони хурдсол, дар шакли оддӣ зоҳир мегардад, ин боке надорад: муҳимаш он аст, ки ҳамин кӯшишу ғайрати талабаҳҳо тарҳи таълимӣ дорад (фикру андеша, мушоҳидаю муҳокима. исбот. ба шакл даровардани хулосаю натичаҳо, маълумот ва ҳимояи он).
Вақте ки оид ба истифодаи методи таълими проблемави дар синфҳои ибтидоӣ сухан меронем. аввал якчанд имкониятҳои хакикиро (синну соли бачаҳо тайёрӣ ва таҷрибаашон, талаботи барнома, вақт) ба назар мегирем. Аз тарафи дигар. на хамаи масъалаҳои гузошташуда мазмуни проблемавӣ мегиранд. Псиҳолог С.Алиев кайд мекунад, ки пеш аз ташқили проблема доир ба ягон мавзӯъ муайян кардан лозим, ки хонанда вобаста ба хамон мавзуъ чиро медонад, то ки вай асоси проблемаро ташқил кунад ва барои аз худ кардани дониши наву гузориши проблема шароит мухайё карда шавад. Ва баъд ӯ мавриди гузоштани проблемаро оид ба харфи й (синфи 1) мисол меорад. «...аз талабаи синфи 1. ки ҳанӯз имлои харфи й-ро наомӯхтааст, пурсем, ки харфи ӣ дар кучои калима меояд. дар чунин маврид проблема ба вуҷуд намеояд, чунки хонанда доир ба имлои ин ҳарф ҳоло ягон маълумоте надорад, ки вай асоси проблема шуда ҳизмат кунад, бинобар ин фаъолияти фикрӣ хам чорӣ намегардад. Е, агар ин савол дар мавриде, ки хонанда бо имлои й, ки дар оҳири калима, меояд. (хавлӣ, синфӣ, бозӣ) шинос аст, дода шавад, низ проблема ба вуҷуд намеояд, чунки ин савол хонандаро танҳо бо баҳотироварии маводи гузашта водор мекунаду бас. Ба амалиёти фикр зарурияте ҳам намемонад. Пас, дар кадом, маврид проблема метавонад ба вуҷуд ояд?
Тахмин мекунем, ки хонанда дар синфи II бо имлои и шинос аст... коидаро хам аз китоб азёд кардааст: «садоноки й факат дар оҳири калима меояд». Акнун ба хонанда якчанд калимаҳое пешниҳод менамоем, ки дар онҳо садоноки й дар натичаи калимасозӣ ба садоноки и мубаддал гаштааст (хавяй-хавлии мо, мохӣ-моҳии калон) ва дар назди ӯ вазифаи муайян кардани ин хадисаро мегузорем («Ба ин калимаҳо диққат дихед. Дар ин калимаҳо шумо чиро мушоҳида кардед? «Чаро як катори калимаҳо ба й навишта шудаанду катори дигари калимаҳо бо и?» «дар кадом маврид й ба и мубаддал мегардад?»...). Дар ин маврид метавонад проблема (албатта факат барои хамон ояд». хонанда) ба вуҷуд ояд”.


Download 0.58 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling