Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО


ТАЪЛИМИ ИМЛО ВА ВАЗИФАҲОИ ОМУХТАНИ ОН


Download 0.58 Mb.
bet6/6
Sana30.01.2024
Hajmi0.58 Mb.
#1817055
1   2   3   4   5   6
ТАЪЛИМИ ИМЛО ВА ВАЗИФАҲОИ ОМУХТАНИ ОН
Имло (орфография) тарзи бегалатнависии калима дар забони адабист, ки аз тарафи умум қабул карда шудааст. Омӯхтану донистани коидаҳои имло раванди мураккаб ва рохи ташакули он аз коида то автоматизатсия мебошад, ки бе машки даст имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки мо имлоро хам аз чихати назария ва хам аз ҷиҳати амалия меомӯзем. Амалия дар таълими имло машкҳои зиёди пай дар пай аст. Табиати омухтани имло хамин аст: хар як калима пеш аз он ки навишта шавад, аввал бояд дуруст. бурро ва равшан талаффуз карда шавад. Дар натича талаба калимаро хам ме- шунавад, талаффуз мекунад ва хам шакли онро мебинад. Бо- яд кайд кард, ки ин як тарафи кор аст. Тарафи дигари кор тахлили фонетикӣ, морфологӣ, маъноӣ-муқоисавӣ ва луғавӣ - имлоист, ки дар хар як дарс гузаронда мешавад. Бе ин саводнок кардани бача мумкин нест.
Вазифаи асосии таълими имло хам ба ҳамин максад са- воднок кунондани талабагон нигаронда шудааст, ки сутуни Фарҳанг ва маънавият аст.
Мо саводи бачахоро бароварда истода ҳамеша онхоро ба ин кор шавқманд менамоем. Талабагон бояд фаҳманд, ки онҳо на танхо барои худ, инчунин барои дигарон хам мена- висанд, хатти онҳоро гайри худашон дигарон низ мехонанд. Бинобар он хатти менавиштагии онхо бояд босаводона, ду- русту бехато, зебо ва хоно бошад. Ба воситаи мисолхо худи бачахоро нишон додан лозим, ки дар натичаи нодуруст на- виштани калима чи тавр фикр бемаънӣ баромадааст. «Дина. таъкид мекунад муаллим, Шароф ба чои «бур» «дур» на- виштааст, ки аз ҷумлаи он хонанда чизе намефаҳад». Ҳамин тавр, муаллим диккати аҳли синфро ба ислохи хато ҷалб карда, худ назорат мекунад.
Барои он ки хатоҳои талабагон мунтазам таъкид карда шаванд, донистан лозим, ки ҳар яки он ба кадом гурӯхи хатоҳо тааллук дорад ва сабабҳои рӯй додани онҳо кадомхоянд.


МУҲИТИ ИМЛО ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР МАКТАБ
Мо таъкид кардем, ки саводу саводнокӣ сутуни фарханг, маънавият ва маърифат дар чомеа аст. Агар хамаи мо инро ба эътибор гирем ва кӯшиш кунем, ки ин сутун устувор бо шад, кач нашавад, напӯсад, кирм нахӯрад, ба он осебе нара- сад, бояд чи дар мактаб ва чи берун аз он мухити имлоро чорӣ намоем. Тамоми чизҳое, ки дар мактаб, кўчаю хиёбонхо, касру кохҳо, мачлису сухбатхо, радиою телевизор. китоб, рҳзнома, маҷаллаҳо навишта мешаванду чоп меша- ванду хонда, гуфта ва шунида мешаванд, аз чихати имло бо- саводона, дурусту бехато бошанд. Имло ва дархости онро дар мактаб бояд муаллимони ҳамаи фанҳо риоя намоянд. Талаботи имло зери назорати комиссияи татбики Конуни за- бон бо сарварии муаллими забон ва адабиёти точик бошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло оид ба имло якчанд корҳои ташкилӣ ва методиро номбар кардан мумкин аст, ки мо онро мухити имло меномем. Барои он ки ба бачагон малакаҳои дурустнависиро тарбия намоем, муаллимон бояд талабҳои зеринро ичро намоянд:
1. Ба он мувафақ шудан лозим, ки дафтари бача озода, ботартиб нигох дошта шуда, тоза ва равшан навишта шавад.
Дафтар оинаи кори ҳам муаллим ва хам талаба аст. 2. Дар дафтарҳо аввал таърихи рӯз (дар дафтарҳои забони модарӣ таърихи рӯз бо ҳарф навишта мешавад), баъд сарлавха навишта мешавад.
3. Як фикр аз фикри дигар бо сархат (абзас) чудо карда мешавад.
4. Сатрҳои шеърӣ, паси хам не. ба тарики сутун навишта мешаванд, аввали ҳар як мисраъ бо харфи калон сар мешавад.
5. Дафтар бояд хошия дошта бошад, варакҳои онро то пур шудан дарондан мумкин нест.
6. Калимаҳои хато шуда бо ранги сурх ишора карда меша- ванд. 7. Бо хар рохе, ки бошад, хотохо огох ва пешгирӣ карда шаванд (навиштани калима ба тахта, истифода кардани лугат ва гайра).
8. Ҳамаи корҳои хаттӣ (тамоми фанхо) на танхо аз чихати мазмун, балки аз нуктаи назари имло ва аломатҳои китобат. услуб тафтиш карда шаванд. 9. Хамаи эълон. шиору хитобахо, байту сатрҳо рҳзномаҳои девории мактаб босаводона навишта шаванд.
Ғайр аз ин чадвали дарс. номи фанҳои таълим, рӯйхати та- лабагон дуруст навишта шавад. Номи шахсиятҳои таърихй пурра навишта шаванд: Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Турсун- зода. Кушиш кардан лозим, ки мухити мактабии бачаро саводнокӣ фаро гирифта бошад.
10. Дар вақти навиштан дуруст нишастан ва ручкаро ду- руст нигох доштан одат кунонда шавад. 11. Кӯшиш кардан даркор, ки бачагон дар вақти навиш- тан хаста ва дилгир нашаванд, меъёри хатнависӣ риоя карда шавад.


Савол ва супоришҳо:
1. Мохияти дидактикии алоқамандона омӯхтани имло ва грамматикаро шарх дихед.
2. Хатоҳои имлой ва сабабҳои рӯй додани онхоро гӯед.
3. Хелҳои имлоҳои таълимиро номбар кунед ва гусл. ки онхо дар ҳосил намудани малакаҳои имло чӣ ахамият до- ранд. Доир ба ҳар як намуди имлохо матнҳо интихоб намоед.
4. Хатоҳои имлоии талабагонро ба кадом роххо ислох кардан мумкин аст?
5. Мухити имло гуфта дар мактаб чиро мефахмед ва он дар саводи имлоии бачаҳо чӣ аҳамият дорад?
6. Навиштаҳои худатон ва дар вақти таҷрибаомӯзи дафтарҳои талабаҳоро санҷида хатоҳои имлоиро ба ранги сурх ислох намоед.
Download 0.58 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling