Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО


ПЕШГИРИ ВА ИСЛОҲИ ХАТОҲОИ ИМЛОӢ


Download 0.58 Mb.
bet3/6
Sana30.01.2024
Hajmi0.58 Mb.
#1817055
1   2   3   4   5   6
ПЕШГИРИ ВА ИСЛОҲИ ХАТОҲОИ ИМЛОӢ
Шарти зарурии баланд бардоштани саводнокии талабагон алоқамандона омӯхтани қоидаҳои грамматика ва имло бошад хам, он боз ба якчанд шартҳои дигар вобаста аст. Методистон дар асарҳои илмӣ-тадқиқотии худ шартҳои зеринро ба калам додаанд.
1. Шарти нахустин, асосй ва муҳимро мо бояд дар камбудии дарсҳои забони модарӣ бичӯем. Камбудии чиддй дар ин бобат хамин аст, ки муаллимон вақтро бехуда, бесамар ва бо сухбатҳои умумӣ мегузаронанд. Дар натича талабаҳо дар хар дарс хеле ва хеле кам менависанд, ки инро мо аз дафтарҳои онҳо мушоҳида мекунем. Дафтарҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки бачаҳо давоми як-ду соат ҳамагӣ 6-8 калима навиштаанд. Агар дониш аз хониш бошад, саводу саводнокӣ аз бештар навиштан аст. Барои хамин мо ҷадвалеро пешниҳод намудем (сах. 45), ки дар он микдори калимаҳои менавиштагӣ дар хар синф давоми ду соат дарс нишон дода шудааст.
2. Талаба маънои калима ва ё ҷумлаҳои менавиштагиашро фаҳмад. Ин аст, ки пеш аз навиштан (рӯбардор, имло) аввал шарҳи маънои калимаҳои ҷудогона ва, умуман, ҷумла. матн гузаронда мешавад.
3. Талаффузи дурусту адабии калимаҳо ва ҳоною бегалат навиштани онҳо. Саросема нашуда пурра Иҷро кардани машқ (диққат карда ҳон, фикр бикун, навис, муқоиса намо) Калимаи хатошударо дурустакак ислоҳ карда, гашта навие: бо ҳамин калима монанд ягон калимаи дигар гуфта онро низ навис. Кӯшиш кун, ки калимаи навро бехато нависӣ.
4. Мунтазам таҳлил намудани ҷумлаю калимаҳо, Ҷудо кардани таркиби калима, интиҳоби калимаи хаммаъно, истифодаи калимаҳои душворнавис дар ибора, ҷумла ва нутқи алоқанок.
5. Алоқамандона омӯхтан, шарҳу эзох додани хамаи тарафҳои забон: тахлили овозию ҳарфӣ, таркиби калима, ҳиссаҳои нутқ таҳлили синтаксисии ҷумла, нутқи алоқанок. Ба назар нагирифтани яке аз ин кисматҳо боиси паст шудани махсули кор мегардад.
6. Дуруст ва мувофики максад гузарондани машқҳои грамматикӣ-имлоӣ, пеш аз ҳама машқҳои луғавӣ-имлоӣ. луғавимантики, луғавӣ-муқоисавӣ, луғавӣ-маъной, луғавӣуслуби: дар вақти истифодаи ин машқҳо ба ҳисоб гирифтани дарачаи дониш ва пешравии хар як бача. Мисол: номҳои алоҳидаи одамон, шаҳру дарёҳо, ашё ва чизҳо исми ҳос мебошанд. Ин таърифи грамматикист. Чӣ кор кунем, ки хамин таърифро ба коидаи имло алоқаманд намоем? Барои ин давоми коидаро бояд ҳонд. Аввали исмҳои ҳос бо харфи калон навишта мешавад. Муқоиса:
Лола номи духтарак
лола гул
Асо номи бача
асо-чуб
7. Таъкид намудани орфограммаи дахлдор. Муаллим ҷумлаҳо ва ё матнеро бо максади гузарондани ягон хел кори хаттӣ интиҳоб менамояд. Дар таркиби матн 2-3 калимае вомехӯранд, ки аз ҷиҳати имло душворанд, ё бори аввал дучор шуда истодаанд. Бо мақсади пешгирӣ намудани хатоҳо тарзи навишти ин гуна калимаҳоро шарх дода навишта мондан лозим.
8. Муназзамӣ ва пайдархамии машқҳои имлоӣ. Дар бобати ҳосил намудани маҳорату малакаи зарурӣ оид ба ин ё он имло пайдархамии машқҳо накши калон мебозанд. Ҷудо ва гох-гох гузаронидани машқ фоидае надорад. Масалан. барои он ки талабагон имлои калимаҳои хамсадои шаддаро ёд гиранд, мунтазам бояд машқ намоянд. Ҳар гуна малака. махсусан, малакаҳои имлоӣ машқҳои муназзаму дурударозро талаб мекунанд.
9. Дар ислоҳи хар як хато мустакилиятнокию фаъолиятнокии талабагон хатман ба назар гирифта шавад. Дар акси ҳол бачаҳо бефаъолияти нишон дода, нисбат ба галатҳояшон бапарво мешаванд.
Ғайр аз шартҳои номбар кардашуда боз рохҳои дигари пешгирӣ намудани хатоҳо мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳоро меорем.
1. Ба ҳотир овардани қоида. Фарз кардем, ки талаба аз муаллим имлои калимаи «Вахш»-ро мепурсад. Дар ин маврид таъкид кардан лозим, ки коидаи имлоии «Исмҳои ҳос»ро ба ёд оварад. Вақте ки талаба бо ҳарфи калон навиштани исмҳои ҳосро ҳотиррасон мекунад, калимаро бе душворӣ менависад.
2. Ҷудо кардани таркиби калима. Ин бештар ба имлои калимаҳое мувофик аст, ки ягон овозашон шунида намешавад. Мисол: бандча, баландтар, каландча, даст ва ғайра. Азбаски дар ин калимаҳо овози д ва дуруст шунида намешаванд, мумкин аст талаба чӣ тавр навиштани ин калимаро пурсад. Дар ин вақт муаллим аз худи хамон талаба Ҷудо кардани таркиби калимаро мефармояд. Вақте ки хонанда «решаи калима «банд» буда, ча пасванд мебошад» мегӯяд, тарзи навишти онро низ тез аз худ мекунад. Яъне талаба мефахмал, ки решаи калима «бан» набуда. «банд» аст ва на ба тарики банча, балки бандча навишта мешавад.
3. Истифода бурдани луғат. Ба мо маълум аст, ки талабаҳо дафтарчаи луғат доранд ва дар он калимаҳои зиё деро бо имлою шархашон менависанд. Мумкин аст бачае, ки имлои калимаро мепурсад ҳамон калима дар дафтарчаи луғаташ навишта шуда бошад. Муаллим ба бача мефармояд, ки ба дафтарчаи луғат нигох кунад, имлои ин калима навишта шудааст. Агар талаба дафтарча надошта бошад, ё ин ки хамин калима навишта нашуда бошад, он гоҳ муаллим ба дасти талаба луғати имлоро медиҳад. Хонандагон на танҳо аз дафтарчаи луғати худ истифода баранд. Инчунин онҳо бояд аз луғати орфографӣ, ки барои синфҳои ибтидой ва миёна тартиб дода шудааст, истифода бурданро ёд гиранд.
4. Мурочиат ба нақшаю ҷадвалҳо. Дар мактабҳо аз ҷадвалҳои гуногуни грамматикӣ-имлоӣ истифода мебаранд. Мумкин аст имлои калимаи талаба пурсидаги дар яке аз ҳамин нақшаҳо бошад, муаллим ҷадвал ё нақшаро ба талаба нишон дода, мегӯяд, ки имлои калимаи пурсидаи ту ба ҳамин ҷадвал мувофикат мекунад. Худат фикр карда, тарзи навишти хамон калимаро муайян намо Дар ин вақт талаба ба нақша нигох карда, имлои калиман нафаҳмидаашро фаҳмида мегирад.
5. Таклид ба калимаи дигар. Масалан, талаба аз муаллим тарзи навишти калимаи «ғалла»-ро мепурсад. Дар ин вақт муаллим талабаро ба он водор мекунад, ки имлои калимаи «пилла» ё «арра»-ро ба ёд орад. Вақте ки талаба имлои ин калимаҳоро ба ҳотир овард, мушкилаш осон мегардад.
6. Ба ҳиҷоҳо Ҷудо кардани калима. Ин роҳи пешгирии хатои имлоӣ асосан дар вақти аз як сатр ба сатри дигар кӯчондани ҳиссаи калима мувофик аст, яъне агар талаба дар ин гуна маврид галат кард, фавран бояд калимаро ба ҳиҷоҳо Ҷудо кунад.
7. Муҳокимаи умум.
Дар вақти имлои ин ё он калимаро пурсидан ба муаллим лозим аст, ки имлои ҳамин калимаро ба муҳокимаи умум гузорад, яъне Иҷрои ин корро ба худи бачаҳо ҳавола намояд. Онҳо имлои калимаро ё бо роҳи ба ҳотир овардани коида. ё бо роҳи Ҷудо кардани таркиби калима, ё бо роҳи таклид ва ё бо роҳи ба ҳиҷоҷудокунӣ фаҳмида гиранд.
8. Дар сари хар чанд вақт овехтани рӯйхати калимаҳои душворнавис ва нав дучоршаванда. Дар вақти гузаронидани иншо, имло ё накли хаттӣ калимаҳои душворфаҳм ва душворнавис вомехӯранд, ки имлои ин калимаҳоро бачаҳо навишта наметавонанд. Барои ин ба муаллим лозим аст, ки хамин гуна калимаҳоро дар когази алоҳида навишта, дар назди тахта овехта монад ва то ҳосил шудани малакаи имло назорат барад.
Чунинанд рохҳои асосии пешгирӣ намудани хатоҳои имлоии хонандагон. Мо аз ин рохҳо барои он истифода мебарем, ки хатоҳои имлоии бачаҳо то хадди имкон таъкид ва пешгирӣ карда шаванд, зеро пешгирии хатоҳо нисбат ба ислоҳи онҳо осонтар аст.
Дар мавриди рӯй додани галатҳо. пеш аз хама худи бачаҳоро сафарбар кардан лозим, яъне галатҳоро тавассути худи онҳо бояд ислоҳ кард.
Калимаҳои хато навиштаро муаллим ин тавр ишора ме намояд: а) дар зери калимаи хато шуда бо ранги сурх як хати рост мекашад: б) аз болои ҳарфи хатошуда як хати моил кашида, тарзи дурусташро навиша мемонад:
в) агар талаба харф ё калимаро партофта бошад, муаллим аломати ҷазр (~) кашида, он калимаро менависад:
г) муқоиса. Фарз кардем талаба калимаи «пилла»-ро пила навишт, муаллим зери он хати рост кашида, дар рӯ ба рӯяш дар ҳошияи дафтар калимаи «ғалла»-ро навишта мемонад. Талаба ба ин калима нигох карда хатогии худро меёбад ва ислоҳ мекунад. Хатоҳои талабагонро на танҳо баъд аз гузаронидани имло, инчунин пас аз хар як кори хаттӣ (рӯбардор, машқҳои услуби ва ғайра) фавран ислоҳ намудан лозим. Бояд тахлилу ислоҳи хатоҳо кори доимӣ ва пай дар паи муаллим бошад.
Ҳар қадар мо ба хатоҳои талабагон диққаткорона муносибат намуда, дар вақт вақташ ислоҳ намоем, хамон қадар нутқи хаттиашон тараққӣ карда, дарачаи саводнокии онҳо бехтар мегардад.
МУҲИТИ ИМЛО ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР МАКТАБ
Мо таъкид кардем, ки саводу саводнокӣ сутуни фарханг. маънавият ва маърифат дар чомеа аст. Агар ҳамаи мо инро ба эътибор гирем ва кӯшиш кунем, ки ин сутун устувор бошад, кач нашавад, напусал, кирм нахӯрад, ба он осебе нарасад, бояд чи дар мактаб ва чи берун аз он муҳити имлоро чори намоем. Тамоми чизҳое, ки дар мактаб, кӯчаю
САНҶИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГИ
Иҷрои хар як вазифаро, ки муаллим ба хона месупорад, албатта, месанҷад. Мунтазам тафтиш намудани вазифаи хонагӣ талаби умумӣ ва қатъӣ хам дар назди муаллим аст ва хам дар назди бачаҳо. Агар ин талаб риоя карда нашуда. хатто баъзан вайрон карда шавад, он гох ба ҳоҳиш табдил мегардад. Талаба аз дил мегузаронад: «Ҳох ноҳох муаллим вазифаро ҳар рӯз намесанҷад, бинобар он доимо тайёр кардани он шарт нест». Дар таълим аз ин хел фикр хавфнокаш нест. Тадричан бача мулоимхунук шудан мегирад ва то агар шахсони калонсоли оила мудоҳила карда наистанд, вазифашро тайёр намекунад. Вазифаи хонагиро хар хел санҷидан мумкин аст. Аммо онро, ба кавли К.Д.Ушинский, набояд ба имтиҳон табдил дод. Мактаббачаи хурдсолро аз рӯзҳои аввал ба он одат мекунонем, ки дар назди ахли синф на танҳо аз хусуси Иҷрои вазифа, инчунин дар бораи тарзи Иҷрои он маълумот диҳад. Масалан, бача ин тавр ахборот медихад: <<Ман китобро кушода вазифаро ёфтам. Аввал супориши машқ ва баъд худи онро як бор ҳонда баромадам. Пас аз ин хар як ҷумларо рӯбардор намуда, якбора супори ши машқ ба чои нуктаҳо калимаи зарурро) гузоштам. Дар оҳир чизи навиштаамро ба асли матни китоб муқоиса намудам. Каме дам гирифтаму коидаро ҳонда азёд кардам. Иҷрои вазифаро ба модарам нишон додам». Ин корро талаби имрӯзаи хаёт ба миён мегузорад: талаба на танҳо маҷмӯи муайяни дониш гирад, инчунин тарз ва усули гирифтани онро (донишро ёд гирад.
Вазифаи хонагиро кай санҷидан мумкин аст? вазифан хонагиро дар аввали дарс, яъне пеш аз баёни мавзӯи нав, дар мобайни дарс, яъне баъди фамондани мавзӯи нав ва дар хона метавон санҷид.
Тафтиши вазифаи хонагиро дар аввали дарс хамон вақт мегузаронем, ки агар мавзӯи нав давоми он набуда, мустакил бошад. Дар ин маврид мо аввал вазифаро санҷида, аз он хулосаи зарурӣ мебарорем ва баъд мавзӯи навро мегузарем. Ин бештар дар ҳолатҳое руй медихад, ки аз як мавзӯи нисбатан бутун ба дигараш мегузарем.
Агар мавзӯи нав давоми дарси гузашта бошад, он гох вазифаи хонагиро баъди фаҳмондани мавзӯи нав ва мустахкам кардани он месанчем. Ин тарз бештар бо роҳи ташқили кори мустакилона, ки ба вазифаи хонагӣ монанд аст, гузаронда мешавад. Аҳамияти дидактикии ин тарз аз он иборат аст, ки фикр ва кори амалии бачаҳо аз равиши умумии дарси гузаш та канда намешавад. Дарси гузашта аз тахлили ҷумлаҳою қоида сар шуда ба машқҳои гуногун тамом шуда буд. Имрӯз Мо аз машқ сар карда ба қоида меравем. Воситаи алоқаи вазифаи хонагию дарсӣ нав дар ин маврид ягон хел машқ аст. Масалан, мавзуи «Сифат» (синфи II)-ро гирем. Дарси якум сухан дар хусуси коидаи сифат, саволҳо ва ахамияти он дар нутқ рафта буд. Дарси дуюм бошад машқ аст, ки он давоми дарси аввал мебошад. Пас бигузоред, аввал бачаҳо машқро Иҷро кунанд, баъд дар асоси тахлили ҷумлаҳо қоидаи заруриро пурсидан гиред.
Хангоми ҷавобҳои дахонаки ба пуррагии коидаҳои грамматикӣ ва имлоӣ, инчунин ифоданок баён кардани онҳо диққат дода, кӯшиш кардан лозим, ки бачаҳо қоидаҳоро бо мисолҳои худ мустахкам намоянд. Баъзан бачаҳо барои як калима шуда ҷумла мегӯянд ва фикрашонро ба оҳир нарасонда мунтазири саволи муаллим мешаванд. Мисол: Муаллим: Канӣ, оид ба феъл мисол гӯй!
Талаба: Ман аз дӯкон калам харидам. Харидам феъл. Ин аз нодурустии таълим ва махдудии дониши талаба шаҳодат медихад. Бача бояд аз рӯзҳои аввали таълими забони модарӣ чизҳои гуногуни атроф, аломат ва харакати онҳоро бинад, мушоҳида кунад, нависад. Дар мавриди «оид ба феъл мисол биёр!» гуфтан шарт нест, ки ӯ ҷумла гуфта аз он як калимаашро Ҷудо кунад. Талаба ҳаракату амалиёти гуногуни ашёро номбар карда (ҳонд, навишт, хест, ҷавоб дол, парид. парвоз кард, дид, хӯрд, вазид, шукуфтанд...) кайд менамояд, ки ин калимаҳо ба саволи чӣ кор кард, ҷавоб шуда феъл мебошанд ва баъд бо ҳоҳиши муаллим бо яке аз ин калимаҳо ҷумла тартиб дода тахлил менамояд. (Гулҳо шукуфтанд).
Вазифаҳои хаттиро бошад муаллим чамъ карда мегирад ва дар хона аз хар ҷихат санҷида мебарояд: а)аз ҷиҳати пуррагии матни машқ: б)аз ҷихати Иҷрои супориши машқ (вазифа); в)аз ҷихати хатоҳо: глаз ҷиҳати тозагӣ ва риояи коидаи навишт (сархат, фосилаи байни харфҳо, калимаҳо, то хати сурх расидан, вале аз он нагузаштан).
Аз ин ҷиҳатҳо санҷидани вазифаи хонагии хатти танҳо як тарафи кор аст, тарафи дигар хеле муҳим он аст, ки бояд талаба хар як таъкид ва ишораи муаллимро бифахмад ва ислоҳ кунад. Моҳият ва таъсири санҷиши дафтарҳои бачаҳо хам дар ҳамин аст.
Вазифаи хонагӣ яке аз шаклҳои ташқили омӯзиши забони модарӣ дар мактаб буда, фаъолияти таълими бачаҳоро баланд мебардорад, дар онҳо ҳислатҳои бо китоб ва дигар мавод мустакилона кор карда тавонистан, вазифашиносй масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстӣ интизомнокиро мепарварад.

Download 0.58 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling