Оид ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ
Download 22.94 Kb.
|
1 2
Bog'liqфз
Оид ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ Маълум аст, ки забони форсӣ қабл аз истилои арабҳо дар сарзамини Ориён як забони холис ва мустақил буда, бо дигар забонҳо омехта нашуда, дар ҳамон шакли аслии худ монда буд. «Пас аз истилои араб он бо мурури замон бо забони арабӣ махлут гардид» (Ҳалимов С. Таърихи забони адабии тоҷик. – Душанбе: 1979, саҳ 6). Дар натиҷа, чи тавре ки олими афғон Маҳмуди Тарзӣ мегўяд, «аз фасоҳат ва балоғати арабӣ бо назокат ва латофати форсӣ як забони бисёр босалосат ва латофати ширине ба вуҷуд омад, ки онро «забони дарӣ» низ мегўянд» (Маҳмуди Тарзӣ. Дар хусуси забони дарӣ. Кобул, 1969). Забони дарӣ аз таърих аён аст, ки роҳи дуру дарозро тай намудааст. Агар мо ба таърих таваҷҷӯҳ намоем, забони қадимаи форси Ориёнро бо дини Зардуштӣ вобастагӣ пайдо карда буд. Бо омадани дини ислом оташкадаи форс хомўш гардид ва аз байн рафтани истиқлоли забони форсӣ низ зоҳир гардид. Забони порсӣ пас аз барҳам хўрдани арабҳо ҳам дар ҳар гўшаву канори қитъаи Осиё ба монанди Салҷуқия, Ироқ, Эрон, Куния ва ғайра забони расмии онҳо эълон мегардад. Махсусан, сомониён, ғазнавиён ва ғуриён ин забонро хеле инкишоф додаанд (Основы иранского языкознания. – Москва: из-во «Наука», 1979, стр 17). Ба ҳамин тартиб забони форсӣ (дарӣ-тоҷикӣ) дар минтақаи ҳозираи Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ғайра ҳавзаҳои адабии қитъаи Осиё аз рўзгорони қадим вуҷуд доштааст ва адабиёту фарҳанги халқи муайян арзи вуҷуд карда бошад (Турсунов А. Эҳёи Аҷам. – Душанбе: Ирфон, 1984, саҳ 14). Имрўз бошад, забони форсӣ яке аз забонҳои расмии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида низ мебошад. (Асозода Х. Адабиёти форсӣ ва се шохаи он. – Душанбе: нашриёти «Маориф», 1991, саҳ 10). Ҳаминро ҳам бояд ишора кард, ки аз оғози солҳои 60-уми қарни ХХ дар ҷомеаи Афғонистон ба ивази истилоҳи «забони форсӣ» «забони дарӣ» ба истифода даромад, ки ин ҳам ба сиёсатҳои мавҷудаи давлатӣ вобастагӣ дошт. Мисли ин ки бо таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон (1924) дар минтақаи форсизабонони Осиёи Миёна истилоҳи «забони тоҷикӣ» расмият пайдо кард. Ба ҳамин тариқ, ҷудошавиҳои ҳудуд ва сиёсат дар солҳои бистум ва баъд боиси он шуд, ки истилоҳи «форсӣ» барои давлати Эрон дар шакли анъанавиаш – забони форсӣ нигоҳ дошта шуд, «дарӣ» як забони расмии кишвари Афғонистон собит гардид ва «тоҷикӣ», ки номи миллати тоҷик буд, забони қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифй шуд. Ҳол он ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се шохаи як дарахтанд (Ғаффоров Р. «Се бародари тавъам»), ки баёнгари як адабиёту як фарҳанг мебошанд. Зикр намудани калимаи «форсӣ» дар «Қонуни забони тоҷикӣ» аз тақозои замон пеш омад, ки ин забон забони классикӣ буда, давоми забони қадимаи форсист. Навиштани калимаи «форсӣ» дар қонуни забони тоҷикӣ баробари соф ҷиҳати сиёсӣ аҳамияти калони амалӣ низ дорад. Вай забони адабии имрўзаи тоҷикро бо забони адабии классикӣ алоқаманд менамоянд, аз як тараф, барои истифодаи фаровонтар аз ин сарчашмаи муҳим, аз тарафи дигар, дар роҳи пешрафти минбаъдаи ҳамкории он бо он ду забон – форсӣ ва дарӣ шароити хубтар фароҳам хоҳад овард. Баробари ба вуҷуд омадани ҳудуд дар сарҳадҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар байни ин забонҳо – форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ тафовутҳо ба вуҷуд омадан гирифт. Ин фарқиятҳо ба якборагӣ рух надодаанд. Онҳо тадриҷан дар ҳамаи соҳаи забон Download 22.94 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
1 2
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling