Оид ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ


– луғат, фонетика, морфология, синтаксис, фразеология


Download 22.94 Kb.
bet2/2
Sana04.04.2023
Hajmi22.94 Kb.
#1325098
1   2
Bog'liq
фз

– луғат, фонетика, морфология, синтаксис, фразеология ва ғайра ба вуҷуд омадан гирифтанд. Аз баҳси доманадори олимони тоҷик дар хусуси «форсӣ», «тоҷикӣ» ё тоҷикӣ (форсӣ) он аст, ки адабиёти мардуми форсизабон имрўз ҳам ба як забон сурат мегирад ва аз ин ки қонуни забони тоҷикӣ дар қавсайн «форсӣ» дохил кардан ба ҳамин маънӣ аст.
Пас аз солҳои ҳукмдории давраи шўроҳо шароите ба вуқўъ омад, ки забони тоҷикӣ (форсӣ) чун забони расмии давлатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра шинохта шуд. Мо ҳоло ба кор ва кўшиши зиёд зарурат дорем, то ин забонро биомўзем.
«Як гурўҳ шахсон, - мегўяд, устод Садриддин Айнӣ, - ки ба забони тоҷикӣ дуруст ошно нестанд, забони тоҷикӣ аз форсӣ чӣ фарқ дорад? Гуфта мепурсанд, аммо касе, ки ба адабиёти кўҳна ва нави форсӣ-тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни онҳо фарқи асосӣ нест» (Айнӣ С. Куллиёт, ҷилди 11. Китоби дуюм. – Душанбе: Ирфон, 1964, саҳ 350).
Дуруст аст, ки байни онҳо ин забонҳо тафовути чандон калоне дида намешавад. Агар мо асарҳои Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Камоли Хўҷандӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро хонем, эрониҳо низ онҳоро хонда ба хубӣ мефаҳманд.
Аммо агар ба сари забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон биёем, масъала ранги дигар мегирад. Зеро забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон 60-70 фоиз ба арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст, ки гумон намекунам онҳоро ҳар эронии саводнок бифаҳмад, ки чи ҷои тоҷикон»
С.Айнӣ дар хусуси забони имрўзаи форсӣ ва тоҷикӣ, ки байни онҳо фарқҳое дида мешаванд, ки чунин иброз дорад:
Маълум аст, ки ҳар як забони миллӣ бар замми шохаи хаттӣ забонҳои гуфтугўии худро низ дорад, ки он дар шакли адабӣ ва ғайриадабӣ воқеъ мегардад. Дар мавриди аввалин забони хаттӣ умумист, аммо дар ҳолати сонӣ дар қисмати гуфторӣ тағиротҳои луғавӣ, фонетикӣ, синтаксисии хеле зиёдеро мебинем. Аз ин хотир, такомул ва такмили тадриҷии ҳар як забони адабӣ нахуст аз нуфузи забони зинда ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин ҷо забони зинда ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар ҳар кишвар дорои хусусияти хосанд, ки нуфузи онҳо ба шакли асосии забони миллӣ дар ҳар кишвар (Эрон ва Тоҷикистон) ба тарзи махсус сурат гирифта боиси он мегардад, ки тафовути забонҳои хеш дар ин соҳа тадриҷан афзоиш ёбад. Бинобар ин ҳангоми тадқиқи тафовутҳои забонии забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ шохаҳои адабӣ ва ғайриадабии онҳоро дар моддаи аввал бояд ба ҳисоб гирифт, вагарна тафриқаҳои нозуки он ду забон ошкор ва равшан нахоҳад шуд. Забони тоҷикӣ ва форсӣ, ки аз ҷумлаи хешзабонҳои ниҳоят наздик ба шумор меравад. Ҳар кадоми онҳо ба сифати забони гуфторӣ дорои забони зинда ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ низ мебошад, ки дар муҳити ҷуғрофии алоҳида истифодашуда, ба забони адабӣ ва ба тарзи худ ғизо мебахшанд (Ғаффоров Р. Се бародарони тавъам. Мақолаи илмии дастхат).
Забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ, ки аз ҷумлаи хешзабонҳои ниҳоят наздик ба шумор мераванд, аз ин хусусияти умумӣ фориғ нахоҳанд буд. Ҳар кадоми онҳо ба сифати забони гуфторӣ дорои забони зинда ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ низ мебошанд, ки дар муҳити ҷуғрофии алоҳида истифода шуда, ба забони адабӣ ба тарзи худ ғизо мебахшанд. Бесабаб нест, ки устод Муҳаммадҷон Шукуров дар ин хусус барҳақ мегўяд: «Забони адабӣ ба асосҳои халқии ҳозираи худ сахттар ва табиитар пайванд ёфт ва ҳамбастагии он бо забони асрҳои гузашта шаклҳои нав пайдо кард» (Шукуров М. Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст. Дар китоби «Дарси хештаншиносӣ». – Душанбе: Ирфон, 1989, саҳ 4).
Шохаҳои хаттӣ давоми бевоситаи забони классикии форсии тоҷикист, ҳангоми инкишофи таърих дар замони мо дар ҳама сатҳи зиндагӣ дигаргунии навин ба замми забони зиндаи халқ ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ бо амри таърих забони русӣ низ таъсир кард.
Сарфи назар аз он ки дар ин ҷо далелҳои шоён ва илмӣ мавҷуд аст, ки забони форсӣ дар се минтақа – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистони мо дар чор шакл ба кор мебаранд, қобили қабул аст. Дар хусуси ҷудошавии ин се забон устод Р.Ғаффоров чунин иброз дорад: «Аҳли тадқиқ бар ин қароранд, ки тафовутҳои ҷудогонае, ки дар ин тарз ҷо доштаанд, бинобар ташкили давлатҳои Эрон, Осиёи Миёна, Шимолии Ҳиндустон ҳамчунин бино ба вусъати мазҳабҳои шиаю суннӣ аз асри XVI паёпай ривоҷу равнақ ёфта, ягонагии умумии забонҳои форсӣ, дарӣ, тоҷикиро халалдор карданд» (Ғаффоров Р. Се бародари тавъам.).
Таҷрибаю маводи ба даст оварда собит менамоянд, ки тафовутҳои байни забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ имрўз дар натиҷаи бо ҳудуд ҷудо шудани сарзаминҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд. Онҳо, албатта, бо таъсири лаҳҷаҳои маҳаллӣ, таъсири забонҳои дигар (беруна), аз ҳамдигар ба дараҷаи зиёде фарқ кардаанд, ки имрўз мардуми одии тоҷик забони форсиро ва эрониён забони тоҷикиро қариб намефаҳманд.
Чунон ки дар боло зикр намудем, тафовутҳо дар байни ин ду забони ба ҳамдигар хеш аз қарни XVI сар задааст. Имрўз бошад, ин тафовут ривоҷ ёфта, дар соҳаи фонетика, морфология, калимасозӣ, синтаксис, фразеология ва аз ҳама бештар дар бахши луғат хеле бисёр ба назар мерасад
Download 22.94 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling