Хатоҳои услубӣ ва тарзҳои ислоҳи онҳО


ТАҲЛИЛИ ГРАММАТИКИ-ИМЛОЙ ВА АҲАМИЯТИ ОН


Download 0.58 Mb.
bet5/6
Sana30.01.2024
Hajmi0.58 Mb.
#1817055
1   2   3   4   5   6
ТАҲЛИЛИ ГРАММАТИКИ-ИМЛОЙ ВА АҲАМИЯТИ ОН
Таҳлили грамматикӣ қисми мухими дарсҳои забон модарӣ мебошад.
Вай барои аз худ намудани маводи грамматика ва имло ва мустахкам кардани онхо ахамияти нихоят калон дорад. Тахлил имконият медихад, ки талабагон ходисаҳои грамма- тикиро чамъбаст карда хулоса бароранд ва донишҳои хосил кардаашонро дар нутки хаттӣ ва даханакӣ истифода баранд: ба сохти грамматикии забон шуурона сарфаҳм раванд. Баъзан чунин ходиса рӯй медихад, ки талаба ин ё он коидаи имлоро медонад, вале дар навишт ба он риоя намекунад. Ин аз сабаби он аст, ки вобаста ба хамон коида кам машк гуза- ронда шудааст, талаба сарфахм намеравад, ки коидаи медо- нистагиашро дар кадом вақт истифода барад. Барои он ки чунин ходиса рӯй надихад, ба тахлил зиёдтар машгул шудан лозим. Тахлили грамматикӣ барои хосил кардани нутки дурусти бадей, сахех, бурро, равшан ёрӣ мерасонад. Ин вазифа бо се рох ба амал бароварда мешавад: 1) бо ёрии таҳлил алоқаи калимаҳо дар ҷумла муайян карда мешавад: 2) худи чараёни тахлил барои мантиқан фикр намудани талабагон ва мухтасар баён кардани мақсад кӯмак мерасонад: 3) тахлил ба нутки мадании бачагон таъсири мусбат расонда, барои бехтар гардидани он намунаи ибрат мешавад.
Барои таҳлил муаллим метавонад калимаҳои алохида ҷумла ва матнҳои яклухтро интихоб намояд. Дар назди маводи таҳлилшаванда талабҳои зерин гузошта мешавад:
1. Пеш аз ҳама, маводи интихоб кардашуда аз чихати маъно бояд ба талабагон дастрас бошад. Дар акси ҳол муал- лим диккати бачагонро аз таҳлил ба шарҳу эзоҳи калимаҳо чалб мекунад, ки ин вақтро мегирад.
2. Маводи тахлил мазмуннок ва чихати таълимӣ дошта. баробари ин ба талаботи умумии мактаб-тарбияи насли на- врас чавоб дода тавонад.
3. Маводи таҳлил бояд барои бачагон ҳамчун намунаи забони адабӣ хизмат намояд. Бинобар он бехтар мешавад, ки мисолхо аз китобҳои дарсӣ, асарҳои бадей, кисман назм, ин- тихоб карда шаванд. Аз асарҳои бадей мисолхое гирифта мешаванд, ки мазмунашон ба талабагон шиносанд. Баъзан муаллим метавонад, аз корҳои хаттии худи бачагон мавод интихоб кунад ва худаш низ ҷумлаҳо тартиб дихад.
4. Ҷумлаҳо барои тахлил на бояд калон бошанд. Ҳангоми интихоби ҷумла муаллим коидаи зеринро дар назар дошта бошад:
синфи 1 2-3 калима:
синфи 11 - 2-4 калима:
синфи ІІІ-2-5 калима:
синфи ІV- 2-6 калима
Ин микдор ҳатмӣ набошад хам, то андозае доираи калимаҳои ҷумларо муайян мекунад.
5. Мисолҳое, ки барои тахлил интихоб карда мешаванд, набояд забонзада ва якранг бошанд.
6. Дар ҷумлаҳои таҳлилшаванда мубтадо бо исмхо баъзан чонишинҳои шахсӣ ва хабар бо сигаҳои ҳикоягӣ ифода ёфта бошанд.
7. Бехтар мешавад, ки ҷумлаҳои чудогонаи тахлил мекардагӣ чи дар тахта ва чи дар дафтархо дар як сатр навишта шаванд.

ХЕЛҲОИ ТАҲЛИЛ


Таҳлили грамматикӣ-имлой вобаста ба маводи барнома се хел мешавад: 1)тахлили фонетикӣ (овоз ва харфхо, хичо); 2) тахлили морфологӣ (калима, таркиби калима, хиссаҳои нутк). 3)таҳлили синтаксисӣ (ҷумла, аъзои ҷумла, хелҳои ҷумла). Ҳар сеи ин таҳлил, ки дар якҷоягӣ тахлили грамма- тикиро ташкил медиханд, ба тарзҳои гуногун гузаронда ме- шаванд. Масалан, ба тарзи даханакӣ, хаттӣ, бо нақша, бе нақша дастаҷамъӣ, инфиродӣ ба таври хусусӣ, умумӣ ва ғайра.
Дар таҳлили хусусӣ як мавзӯн муайян мавриди тахлил карор меёбад, яъне ин намуди тахлил барои мавзӯе хос аст. Масалан, «Исм»-ро гузашта доир ба ҳамин мавзўъ таҳлил мегузаронем. Аз ин ҷо таҳлили хусусӣ бештар ба дарсҳои омӯхтани маводи нав мувофик аст. Аз тарафи дигар. тахлили хусусӣ бачаҳоро ба таҳлили умумӣ тайёр мекунад. Дар тахлили умумӣ таҳлил аз доираи як мавзўъ берун мебарояд. Вай боби муайян ё ҳамаи мавзўъҳон гузаштаро дар бар мегирад. Чунончи, мо мавзӯи «феъл»-ро такрору мустахкам карда истода дар вақти тахлил ба мавзӯъҳои ди гар низ (исм. сифат, чонишин...» дахл мекунем. Аз ин рӯ, аз тахлили умумӣ бештар дар мустаҳкамкунӣ истифода мебарем. вақти дарсҳои такрору Дар таълими грамматика ва имло тахлили даҳанакию хаттӣ ба ахамияти калон моликанд. Дар таҳлили даҳанаки хар як мавзӯъ ба тарики даҳанаки тахлил карда мешавад, ки инро мо бештар дар вақти гузаштани мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии он ба кор мебарем.
Худи хамин таҳлилро, мумкин аст, ба таври хаттӣ гуза- ронем. Дар ин маврид бачахо тахлили худро мустакилона менависанд. Масалан, ҷумлаи «Бачаҳо ба саҳро рафтанд»-ро гирем. Баъди муайян намудани сохти ҷумла онро дар дафтарҳо навишта ба таҳлили хаттӣ шурӯъ менамоянд. Дар натичаи ин дар дафтарҳо ин хел манзара пайдо мешавад: Бачаҳо ба сахро рафтанд.
Бачахо-исм, исми ҷамъ....
Ба-пешоянд:
Сахро-исм, исми танҳо:
Рафтанд-феъл, замони гузашта, шахси III чамъ.
Дар ин маврид баъзан супоришҳои дигари лугави- грамматикӣ низ додан мумкин аст. Масалан:
Биноҳои сафед аз дур менамуданд.
Бинохо-исм, чихо? исми чамъ, пасванди чамъбандии хо- ро гирифтааст, ба чои бино хона гуфтан мумкин.
Сафед-сифат. Чӣ гуна? Сифати биноҳо, ба воситаи бандаки изофии И алоқаманд шудааст, калимаи мукобилмаънояш сиёх:....
Вазифаҳои хаттиро бошад муаллим чамъ карда мегирад рагии матни машқ; б)аз чихати ичрои супориши машк (ва- зифа); в)аз чихати хатоҳо; г)аз ҷиҳати тозагӣ ва риояи кондаи навишт (сархат, фосилаи байни ҳарфҳо, калимаҳо, то хати сурх расидан, вале аз он нагузаштан).
Аз ин чихатхо санҷидани вазифаи хонагии хаттӣ танхо як тарафи кор аст, тарафи дигар хеле мухим он аст, ки бояд талаба хар як таъкид ва ишораи муаллимро бифахмад ва ислох кунад. Мохият ва таъсири санчиши дафтарҳои бачахо хам дар ҳамин аст.
Вазифаи хонагӣ яке аз шаклҳои ташкили омӯзиши забо- ни модарӣ дар мактаб буда, фаъолияти таълими бачаҳоро баланд мебардорад, дар онҳо хислатҳои бо китоб ва дигар мавод мустакилона кор карда тавонистан, вазифашиносй масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстӣ интизомнокиро мепарварад.
Савол ва супоришҳо:
1. Чаро вазифаи хонагӣ давоми кори синфӣ номида шуда- аст? 2. Қобилият ва пешрафти бачахоро ба хисоб гирифта ва- зифа супурдан чӣ маъно дорад? Барои чӣ мо барои ичрои вазифаи хонагӣ вақти муайян ҷудо мекунем? 3. Системаи вазифаи хонагии бачаҳоро оид ба мавзӯи «хичо ва аз сатр ба сатри дигар гузаронидани хиссаи калима» (синфи II) тартиб дихед ва оид бо он кори санчиши нависед.


Download 0.58 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling