1. Зарфҳои аломат ва зарфҳои ҳолат (ҳоли) Зарфи тарз


Download 14.55 Kb.
Sana30.03.2023
Hajmi14.55 Kb.
#1309909
Bog'liq
Хелҳои зарф. Сафарова Нилуфар (1)


Мавзӯъ: Хелҳои зарф
Нақша:
1. Зарфҳои аломат ва зарфҳои ҳолат (ҳоли)
2. Зарфи тарз
3. Зарфи сабаб
4. Зарфи мақсад

Зарф- яке аз ҳиссаҳои нутқ ба амал марбут буда, аломати амал ва аломати аломатҳои амалро ифода менамоянд. Масалан:чолокона,рӯдворона, бисёр, хеле, фавран, имсол, дур, қафо, ночор, қасдан ва ғайраҳо.
Зарфҳо аз рӯи ва вазифаи дастуриашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: зарфҳои аломат ва зарфҳои ҳолат(ҳолӣ).
Зарфҳои аломат ё худ зарфҳои хосаи тавсифӣ аломату хосият ва дараҷаи воқеъ шудани амалу ҳолатро нишон медиҳанд. Дорои дараҷаи қиёсӣ будан аломати тафриқавии ин навъи зарфҳомебошад. Ба гурӯҳи зарфҳои аломат ё худ зарфҳои хосаи тавсифӣ зарфи тарз , монандӣ миқдор ва дараҷа дохил мешаванд: Наздики бегоҳӣ ва аспакӣ ба "Ситораи сурх" расид. Ба нияти ба шаҳр рафтану ба мактаб дохил шудан кӯшиш мекардем, камтар хурем ва бештар захира кунем. Ин китобчаро ман бисёр писандидам. Дар дуродур нуқтаҳои бисёре алмосвор медурахшиданд.
Зарфи ҳолат (ҳолӣ) муносибатҳои гуногуни ҳолатро ифода менамоянд. Ба ин гурӯҳ зарфҳои замон, макон, сабаб ва мақсад мансубанд:
Падарам инро порсол харида буд. Равандагони мо тамошокунон пеш мерафтанд. Нохост аз торикӣ шиҳаи асп баланд шуд. Медонӣ, лекин қасдан худро ба нодонӣ мезанӣ.
Синамо, бе ту дилам ҳеҷ шикебо нашавад,
В-гар имрӯз шикебо шуда, фардо нашавад.
Манучеҳрӣ

ЗАРФИ ТАРЗ
Зарфи тарз тариқи воқеъ шудани амал ва чигунагии ҳолату вазъиятро мефаҳмонад ва вобаста ба ин хусусияти худ ба феъл ва предикативхои аз дигар ҳиссахои нутқ сохташуда нигаронида мешавад., Зарфи тарз инчунин аломати аломатеро, ки ба воситаи сифат ва зарф ифода меёбад, нишон медиҳад. Вай нисбат ба дигар хелхои зарф миқдоран бисёр буда, тобишҳои гуногун дорад. Ин навъи зарф ба се гуруҳи калон чудо мешавад.

  1. Зарфҳои тарзе, ки чй тарз ичро шудани амал, яъне аломати амалро мефаҳмонад. Онхо аз ҷиҳати миқдор ва маъно хеле бисёранда ва нишон додани аломати амал тобишҳои гуногун воситаи ичро, такрор, суй, лаҳзаги ва давомиокии амалро низ ифода мекунанд: . Абӯ алӣ саросема ба ин ҷо расида карор гирифт (Улугзода). Ба сад чон дар танури ишқ хомохом месӯзем . Ба ҳамин тариқ, мо дар шахрхо ва дехоти гуногуни Япония кам-кам бо ҳаёт ва тарзи маишати мардум ошно шудем (Деҳотӣ).

Ба ин гурӯҳ зарфҳои дороӣ тобиши тақлиди овозӣ, ки тарзи иҷрои амалро нишон медиҳанд ва бештар пеш аз феъл меоянд, низ дохил мешаванд: Вақте, ки пирамард ба хонааш наздик мешуд, аз ақиб як наздик омада, дар наздаш истод . Паррандаҳо холо нагмасарой намекар- данд, факат гох-гохе ба девори қафасҳо минқор зада ё аз дилтангӣ ҷасту хезкунон тапар-тупур садо мебароварданд ( Ф.Муҳаммадиев).
Ба гурӯҳи дуюм зарфҳои тарзе дохил мешаванд, ки аломати аломатро мефаҳмонанд ва бештар ба зарф, феълй ҳол, масдар тобеъ мешаванд:
Гилемро cap дод ва хой-хой гирякунон ба хонадаромада рафт (Рахим Чалил). Он «Одина»и Айнй аст, ки саргузашти як точикй камбагалро му ба му самимопа тасвир кардааст (Дехотй). Сафар якбора оташинона дасташро шарт ба зону зада, аз чо хест ва газа- болуд гуфт (Ниёзи). ...зуд-зуд нафаскашон ба тарозубон гуфт (Ниёзй). Пас уро барвакттар рузхои навкориаш, ба ягон гуша бурда, чиддй тори у зехн мемонд ва Kopaшpo номаълум аз назар гузаронда, даруи- гуфтугу кардан лозим будааст (Саттор Турсун)
Гуруҳи сеюмро зарфҳои тарзе ташкил мекунанд, ки ҳолати давомияти амалро мефаҳмонанд: Домулло мижа зада-мижа зада сарашро поин мефарорад (Улуғзода). Бечора хунгас зада зор-зор мегирист (Улуғзода). Вай меҳмонҳои баландмартабаро бесаброна мунтазир буд ( Ҷ.Икромӣ). Аз ҳама гӯшаву канораи он,— Сарбаландона ман гузар кардам (Турсунзода). Ҳоло парчини бистар шуда, аз шиддати дард дарун-дарун менолад (Муҳаммадиев). Владимир ба рафтори ӯ зеҳг мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронида дарун- дарун хурсанд мешуд.Ҳамчун зарфи тарз инчунин як гурӯҳ таркибхои устувор, аз қабили кушоду равшан, бетарсу бим, бегапу ҳарф, гарму ҷӯшон, дарҳам-барҳам, пасту расо, сарам-дилам, гаштаю баргашта, чаппаву роста истифода мешаванд: Дар ин вақт хар ду гарму чушон вохӯрдӣ карданд (Деҳотӣ). Ман ҳам инро бекаму кост ба рӯи қоғаз кӯчонидам (Ҳаким Карим). Муаллим, мақсадро рӯпӯш накарда, кушоду равшан гӯед (Ниёзӣ). Шарифҷон, ки ба қувваи худ боварии комил дошт, бегапу ҳарф рафт (Ҳаким Карим). .Ӯ изҳори хурсандӣ мекард, дастони дӯсти худро гаштаю баргашта мефушурд (Муҳаммадиев). Вай бетарсу бим ба Бухоро меравад (Улугзода) Ин гуруҳи таркибҳои устувор пурра ба зарф нагузаштаанд ва аз ин сабаб баъзе аз онҳо гоҳе пешояндҳои номии таркибии изофӣ мегирад: Маълум мешавад, ки ӯ ба риши сафеди пирон ба қадри бояду шояд эҳтиром надоштааст (Муҳаммадиев). Ин нуктаро хам қайд накардан мумкин нест, ки тарҷумон аксар маънои калимаҳоро ба таври бояду шояд нафаҳмида истифода мебарад (Толис).
ЗАРФИ САБАБ
Зарфи сабаб сабаби ба вуҷуд омадан ё наомадани амалу ҳолатро ифода мекунад. Ин гуруҳи зарфҳо миқдоран хеле каманд. Калимахои ночор, ноилоҷ сахван, маҷбуран, беихтиёр, тасодуфан ҳамчун зарфи сабаб истифода мешаванд. Зарфҳои сабаб тобиши маънои тарз доранд: Ночор сари acпpo аз он тараф гардонда ба сари дигар кӯча нигоҳ карда давондам (Айнӣ). Берунӣ ва донишмандони дигар хам ноилоҷ ба онҳо пайравӣ намуданд (Улуғзода). Ана оймуллои ту ҳам ба чанголи ҳамин пошшобибӣ гирифтор, чи кор кардагиашро намедонад, маҷбуран ҳалокшуда ҳисоб карданд (Айнӣ).
Зарфи сабаб аз хисоби таркибҳои устувор пурра гашта истодааст. Таркибҳои «чор-почор», «хоҳу нохоҳ», «хоҳам-нахоҳам», «бечуну чаро», «баҳудаву беҳуда» ба зарфи сабаб гузаштаанд. Тобиши маънои тарз назар ба зарфҳои сабаби содда дар зарфҳои таркибӣ бештар зоҳир мешаванд:
Сад бор ба худ қавл додааст, ки забонашро нигоҳ дорад, ба одамон беҳудаву баҳуда пичинг нагӯяд (Муҳаммадиев).
Маҳмуд китобро кушода хоҳаму нохоҳам варақ задан мегирад (Улуғзода). Ӯ амин буд, ки нақшаи ӯро дар бораи сохтани филми мустақил аз кору бори зиндагонии Хиромон бечуну чаро хоҳад пазируфт.(Мухаммадиев). Бинобар ин хоҳу нохоҳ ба тақдирам тан дода, мунчоқро дар гӯшам овехта гаштан гирифтам (Улуғзода).
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи зарфи сабаб дар он аст, ки суффикси дараҷаи муқоисавӣ намегирад.
ЗАРФИ МАҚСАД
Зарфи мақсад мақсади содир шудан ё нашудани амалу ҳолатро нишон медиҳад. Миқдори зарфи мақсад ҳам монанди зарфи сабаб хеле кам аст Калимаҳои қасддан, ифтихоран, барқасд, лутфан, таъкидан ҳамчун зарфи мақсад истеъмол мегарданд. Зарфҳои беҳуда ва бедарак вобаста ба маънои феъл тобиши мақсад пайдо мекунанд. Зарфҳои мазкур хоси забони зинда буда, дар асархои бадеӣ ҳам вомехурганд: Вай ба ягон ҳавлӣ бедарак қадам наме- монад (Икромгй). Обидзода калимагхои вақту қувватро таъкидан шиддат дода талаффуз намуд (Амоиов). Китобфурӯш лутфан розӣ шуд (Улуғзода).
Беҳуда сӯи мо нигоҳ намекард (Ҳаким Карим). Барои ин ки рози ниҳонии шавҳарашро ошкор намояд, қасддан вай бештар ва бештар озодона рафтор менамуд (Ҳаким Карим).
Аз зарфҳои мазкур қасддан ва барқасд нисбат ба дигар зарфҳои мақсад сер истифода бурда мешавад.
Ба ғайр аз калимаҳои алоҳида ба сифати зарфи мақсад таркибҳои устувори дидаю дониста, донистаю надониста ва бемавриду бамаврид ҳам омада метавонанд. Таркибҳои номбурда бештар хусусияти гуфтугуй доранд ва истифодаи онҳо дар забони адабӣ ҳам тадриҷан зиёд шуда истода аст:
Дидаю дониста хотираҳои ҳаяҷониро нақл мекунем (Муҳаммадиев). Тамоми онҳое, ки донистаю надониста муқобил и чойдиҳӣ ба ин «меҳмони нав» буданд, ба зери қаноти Сандосим муттаҳид шуданд (Ҳаким Карим). Ман ба ҳамаи мардум эълон мекунам, ки Маҳмуди бедодгар ба сӯхтори касри дониш дидаю дониста роҳ дод (Улугзода). Попандопуло ин гапро бамавриду бемаврид, дар ҳар ҷо ва ба хар кас мегуфт (Муҳаммадиев).
Зарфи мақсад хам монанди зарфи сабаб дараҷаи қиёсӣ надорад.
Download 14.55 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling