Ислоҳотҳои соҳаи маориф дар республикаи Ӯзбекистон
Download 31.22 Kb.
|
Ислоҳоти соҳаи Маориф
Ислоҳотҳои соҳаи маориф дар республикаи Ӯзбекистон Дастовардҳои маънавӣ –маърифиамон дар дигаргуншавии равияи таълим намоён мешавад. Ислоҳ кардани таълими халқ, равияи мустаҳкамкунии соҳаи тайёр кардани кадрҳо чора- тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Даргоҳҳои олии нав кушода шуда, оиди илмҳои наву замонавӣ кадрҳо тайёр карда шуд. Аз 16 Донишгоҳи равияи таълими олӣ 12 тоаш дар вақти истиқлол кушода шудаанд. Бо ташаббуси Президент И. Каримов роҳи аз нав ислоҳ крдани таълим кор карда бароварда шуд. 27- августи соли 1997 дар сесияи 9-и Олий Маҷлиси Республикаи Ўзбекистон қонун «Дар бораи таълим» ва «Дастури миллии тайёркунии кадрҳо» қабул гардид. Масади дастури миллӣ соҳаи таълимро аз нав ислоҳкардан , онро аз сарқутҳои аз гузашта монда пурра озод намудан, ба дараҷаи давлати ривоҷкардаи демократӣ, ба талабҳои баланди ахлоқӣ- маънавӣ ҷавобдиҳанда кадрҳои малакаи баланд доштаро тарбия кардан аз офаридани дастури миллӣ иборат мебошад.Тамоилҳои «Дастури миллии тайёркунии кадрҳо»: - кор карда баровардани таълим- фан; канданаванда. -ба мутахасисон истиқболи талабро омўхтан. - аз нав тайёр кардани устод- мураббиён. - толибилми ҷавонро бо виҷдон карда, ба онҳо омўзонидани дар руҳияи садоқат ба Ватан, дорои ахлоқи воло, бомаънавият тарбия намудан. - аз корхонаҳо истифода базаи мактаб- институтро мустаҳкам намудан. -аз сармоядорони хориҷа истифода бурдан. Мувофиқи қонуни нави таълим- таълими канданашаванда аз якчанд зинаҳо иборат шуданаш зарур; Тарбияи томактабии оила ва боғча. Таълими иптидоӣ синфҳои 1-4. Таълими умумӣ маҷбурӣ буда, дар синфҳои 5-9 асосоҳои дониши умумӣ. Дар шакли маҷбурӣ- ихтиёрӣ таълими миёнаи махсус, коллежҳои касб- ҳунарӣ. Таълими олӣ. Бакалавар 4-сол, магистратура 2-сол, ва баъд барои корҳои илмӣ- татқиқотӣ асперантура -3 сол, доктарантура 2-сол гуфта шудааст. Ислоҳотҳои соҳаи таълим- тарбия, илм- фан зина ба зина амалӣ гардиданаш зарур: Аз соли 1997 то соли 2001 давраи гузариш; Аз соли 2000 то соли 2005 Давраи дар миқёси васеъ амалӣ кардани ислоҳот; Аз соли 2005 баъд такмил додани кадртайёркунӣ ва боз ҳам ривоҷ додани он. Вазифаҳое, ки дар дастури миллии кадртайёркунӣ оварда шудаст ба кори умумхалқӣ табдил гашт. Дар соли 2005 омада зинаи дуюми он анҷом ёфт. Ҳозир давраи ривоҷ додани равияи кадртайёркунӣ ва боз ҳам такмил додани он идома дорад. Аз ҳама хусусияти дастури кадртайёркунӣ дар Ўзбекистон равияи таълими нави 3 солаи коллежҳои касб- ҳунариро офаридан мебошад. Дар давоми солҳои 1998-2000 ба 160 ҳазор нафар талабагонро ба ҳисоб гирифта 46 то литсейҳои академикӣ, 260 то коллежҳои касб- ҳунарӣ бо тарҳу услуби наву замонавӣ кушода шуд.Дар равияи таълими олӣ низ дигаргунии калон ба вуқўъ омад. Таълими олӣ аз ду зина бакалавр ва магистартура иборат шуда, аз нав ташкил карда шуд. Дар 63 даргоҳҳои олӣ айни замон 178435 нафар бакалаврҳои оянда ва 5055 нафар магистрон таълим –тарбия гирифта истодаанд. Дар мамлакат барои дарёфт намудани ҷавонони боистеъдод ва барои ривоҷи маҳорати онҳо офаридани шароитҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади дастгирӣ намудани ҷавонони боистеъдод, кўмаки моддӣ расонидан, таълими онҳо дар хориҷ хазинаҳои «Улуғбек», «Умед», «Фонди кўдакони Ҷумҳурӣ», «Барои авлоди солим», «Истеъдод» ташкил карда шуд. Равияи таълими Ўзбекистон ба ҷаҳониён шавқмандии калон бедор намуда истодааст. Президенти Академияи Фанҳои таълими Олии Москва В. Шукшинов «Дастури миллии кадртайёркунӣ»-и Ўзбекистонро аз мазмун ва моҳият ҳуҷҷати бемисл гуфта таъриф мекунад. Аз тарафи бисёр мамлакатҳо ҳам равияи таълими дар Ўзбекистон офаридашуда «Модели ўзбекии таълим»гуфта эътироф намуданд. Дар Осиёи Миёна, ба хусус дар Ўзбекистон аз азал тамоми соҳаи илм- фан ривоҷ ёфтааст. Айни замон ҳам олимони мо мероси бойи гузаштагонамонро омўхта маънавиётамонро боз ҳам ғанӣ гардонида истодаанд. Дар Республикаамон Академияи Фанҳои Ўзбекистон, Академияи соҳаи давлат ва ҷамият, Академияи Банк- Молия кушода шудааст. Фақат дар даргоҳҳои зинаи махсус ва олӣ аз 600 зиёд доктори фанҳо ва наздики 6000 номзади фан бо татқиқотҳои илмӣ машғуланлд. 3-апрели соли 1995 низоми нави АФ Республикаи Ўзбекистон тасдиқ карда шуд. Дар Академияи Фанҳои Ўзбекистон ба номи Ал- Хоразмӣ, Заҳириддин Муҳамммад Бобур медали тиллоӣ таъсис карда шуд. Соли 1993 Академик Н. Ф. Фозилов соҳиби медали тиллоӣ ба номи Ал- Хоразмӣ гардид. Медали тиллоӣ ба номи Заҳириддин Муҳамммад Бобур бори нахуст насиби доктори фанҳои филология У.И.Каримов гардид. Ба гуфти сарварамон дар асри ХХ1 давлати ҳамяроқ, лашкари ҳарбидошта не, балки давлати бисёр мутахасиси соҳа дошта, мамлакати қудратманд аст. Соли 1997 бо фармони Президент Академияи Фанҳои Хоразм аз нав барқарор гардид. Аз 1-январи соли 2013 сар карда таълими баъдинаи даргоҳҳои таълими олии нави мамлакат , корҳои доктории худро тайёр карда ҳимоя карданро , додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо ҷорӣ кардан оғоз гардид. Аз 1-январи соли 2013 сар карда, равияи баҳододани фаъолияти даргоҳҳои олии кишвар рейтинг ҷорӣ карда шуд. Низоми таълим тањкурсии муњимтарини инкишофи маданию маънавї аст. Чунки бе тарбияи кадрњои љавобгўи талабњои замон, донандаи муваффаќиятњои пешќадами илму техника, технология љамъиятро пеш бурдан имконнопазир аст. Дар Ўзбекистон 2 июли соли 1992 ќонун “Дар бораи таълим” ќабул шуд. Дар ин њуљљати дастуруламал усулиятњои асосии сиёсати давлат дар соњаи маориф, низоми таълим, таркиби идоракунии он, вазифа ва масъулиятњои ходимони педагог аниќ муќаррар карда шудааст. Дар солњои аввали истиќлол бабештар аз 10 њазор нафар ходимони маорифи халќ хонањои давлатї,ба зиёда аз 22 њазор нафар ходим хонањои зери тасарруфи ташкилоту муассисањо бепул хусусї карда, супурда шуд. Ба бештар аз 50 њазор нафар педагог барои сохтмони манзили шахсї майдони заминдода шуд. Агар кормандони маорифи сокини дењот аз супурдани пули хизмати коммуналї пурра озод карда шуда бошанд, ба шањриён супурдани 50 фоизи ин гуна хизмат муайян шуд. Баъдтар ин гуна имтиёзи оид ба хизмати коммуналї ба маоши моњонаи ходимон ба таври љуброн (компенсатсия) илова карда шуд. Мувофиќи ќонуни соли 1992 таълими умумї дар зинањои зерин татбиќ шуда буд: Зинаи I–таълими ибтидої (синфи 1–4); Зинаи II– мактаби асосї (такягоњї, синфи 4–9); Зинаи III–мактаби болоии миёна (синфи 10–11). Бино ба ќарори Олий Мажлиси Республикаи Ўзбекистон аз декабри соли 1996 1-уми октябр – Рўзи омўзгорон ва мураббиён” муќаррар шуд ва ин рўз њамчун љашн рўзи истироњат эълон гардид. Бинои мактаб. Солњои 1991–2000 Дар Ўзбекистон барои њар як кас сарфи назар аз љинс, забон, синну сол, нажодаш, мансубияти миллї, эътиќод, муносибат ба дин, ба- ромади иљтимої, навъи хизмат, мавќеи иљтимої, љойи зист њуќуќњои баробари дониш андўхтан кафолат дода мешавад. Download 31.22 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling