Коррозияи электрокимиёвӣ
Download 104.99 Kb.
|
lek11
- Bu sahifa navigatsiya:
- Фосфаткунонӣ
- Усул ҳ ои электро кимиёв иро
Усули оксидшавӣ - ин усули бо усули кимиёвӣ ё электрокимиёвӣ пӯшонидани сатҳи металли муҳофизатшаванда бо плёнкаи тунук, вале хеле зич мебошад.
Усули кимиёвӣ. Дар ин усул металли тоза кардашударо ба маҳлули сери оксидкунанда (H2SO4, HNO3) меандозанд, то дар рӯи он пардаи оксидӣ ба вуҷуд ояд. Масалан, зарфҳои пӯлоди галванӣ тавассути маҳлули H2SO4 бо консентратсияи зиёда аз 75%-а дар сатҳи пӯлод ба вуҷуд меоянд. Дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти пӯлодӣ аз маҳлули NaNO3 (50 г/л) истифода мекунанд. Инчунин ба омехтаи маҳлули NaNO3 (200 гҷл) маҳлули NaOH (800 гҷл) илова карда мешаванд. Дар ҳарорати 900C дақиқа барои ташаккули пардаи оксидӣ нигоҳ дошта мешавад. Бо усули электрокимиёвӣ бошад металлҳоро ба маҳлули оксидшаванда ғӯтонда мешавад ва қутби ҷараёни мусбат ба металл пайваст карда мешавад. Чунин металлҳои "бо оксид пӯшидашуда" - ро баъзан металлҳои анодишуда меноманд. Фосфаткунонӣ - ин усули коркарди металли муҳофизатшаванда бо маҳлулҳои намаки боқимондаи кислотаи фосфат барои он аст, ки сатҳи металл ба таъсири кимиёвӣ тобовар бошад ва рангкунӣ осон бошад. Ин аксар вақт барои ҳифзи ашёҳои оташтобовар аз пӯлод истифода мешавад. Масалан, сатҳи пӯлодро бо маҳлули намакҳои Fe(H2PO4)2 ё Mn(H2PO4)2 коркард мекунанд ва бо плёнкаи ғилофдор, вале устувори (FePO4) мепӯшонанд. Чунин сатҳи пӯлод рангҳои гуногунро хеле хуб нигоҳ медорад. Усулҳои электрокимиёвиро ба усулҳои муҳофизати протекторӣ ва шиддати беруна тақсим карда мешаванд. Усули кафшеркунӣ. Дар усули муҳофизат як пораи металле, ки потенсиали оксидшавӣ аз E0 камтар аст, ба як қисми металли муҳофизатшуда кафшер карда мешавад. Дар ин ҳолат бисёр вақт металлҳои фаъолро истифода мебарад. Азбаски металли хурди потенсиали оксидшавӣ нисбат ба метали муҳофизатшуда фаъолтар аст, вай зуд ба оксид шудан оғоз мекунад ва дар элементи галваникии ба вуҷуд омада ҳамчун анод амал мекунад, ки дар натиҷа металли асосӣ коррозия намешавад. Download 104.99 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling