Маълумот дар бораи ассимилятсия саҳ 3-8
Ассимилятсия регрессӣ ва прогрессӣ
Download 21.24 Kb.
|
мехрангиз
Ассимилятсия регрессӣ ва прогрессӣ
Дар забонҳои гуногун ду навъи ассимиляция мушоҳида мешавад: якум, ассимиляцияи регрессӣ (чаппа), дуюм ассимиляцияи прогрессӣ(роста). Дар ассимиляцияи регрессӣ овози баъдина овози аз худ пешояндаро ба худаш монанд мекунад. Мисоли ассимиляцияи регрессӣ талаффузи калимаи ибтидо шуда метавонад, ки ҳангоми талаффузи он бо таъсири овози беҷаранги т (дар гуфтугӯ) овози ҷарангдори б-и пеш аз он омада ба овози беҷаранги п мубаддал мегар- дад, дар натиҷа он калима дар шакли иптидо талаффуз мешавад. Дар талаффузи калимаи обпарто ҳам ҳамин ҳодисаро мушоҳида мекунем. Калимаи татбиқ-ро баъзеҳо тадбиқ; талаффуз мекунанд (ҳатто менависанд), дар ин маврид мо бо таъсири овози ҷарангдори б ҷарангдоршавии овози т-и пеш аз он омада, яъне ба овози ҷарангдори д мубаддал шудани онро мебинем. Дар калимаи анбор овози ҳамсадои нугизабонии н ба овози дулабии м мубаддал мешавад, зеро ки овози пеш аз он омадаи б овози н-ро ба худ монанд мекунад. Дар ассимиляцияи прогрессивй овози пешомада овози баъдинаро ба худ монанд мекунад. Дар талаффузи калимаҳои қасд ва тасдиқ овози д ба т табдил меёбад, ки ин ҳодиса дар натиҷаи таъсири овози беҷаранги с-и пеш аз д омада рӯй додааст. Дар забони тоҷикӣ ассимилятсияи регрессӣ нисбатан характернок аст. Ассимиляцияро мувофиқи миқдори тағйир ёфтани характери овози ба ассимиляция дучоршуда ба ду навъ ҷудо мекунанд: куллӣ ва ҷузъӣ. Агар овози аосимиляцияшаванда сифати худро иваз кунаду (ба овози ассимиляциякунанда тамоман монанд шавад, ассимилятсияи куллӣ ба вуҷуд меояд ва агар овози ба ассимиляция дучоршуда яке аз хусу- сиятҳои артикуляционии худро гум кунад, ассимиляцияи ҷузъӣ ба амал меояд. Дар забони адабии тоҷик ассимиляцияи куллӣ вуҷуд надорад. Ин навъи ассимилятсия дар лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ вомехӯрад, монанди шуштан талаффуз шудани калимаи шустан, ки дар ин ҷо овози с тамоман ба ш монанд шудааст. Дар шакли кутта талаффуз шудани калимаи курта низ ассимилятсияи куллӣ мушоҳида мешавад. Дар қаст талаффуз шудани калимаи қасд мо ассимилятсияи ҷузъиро мушоҳида мекунем, зеро дар ин маврид овози ҷарангдори д фақат як хусусияти худ, яъне ҷарангдории худро зери таъсири овози беҷаранги с гум кардаасту халос. Download 21.24 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling