Маълумот дар бораи ассимилятсия саҳ 3-8


Download 21.24 Kb.
bet3/3
Sana09.04.2023
Hajmi21.24 Kb.
#1345573
1   2   3
Bog'liq
мехрангиз

Диссимиляция
Дар нутқи гуфтугӯӣ ва дар лаҳҷаҳо гоҳо яке аз ду овози якхела ва ё яке аз ду овози аз ҷиҳати артикуляция ҳамҷинс ба овози артикуляцияаш дигаре табдил меёбад, ки ин ҳодиса диссимиляция ном дорад. Ба ҳодисаи диссимиляция ҳамчун аждод талаффуз шудани калимаи аҷдод мисол шуда метавонад, ки аффрикатаи ҷ ба ж табдил шудааст. Дар калимаҳои шиннӣ ва чиннй овози димоғии н-и дуюми онҳо ба овози нӯгизабонии д иваз мешавад (масалан дар лаҳҷаи Бухоро). Калимаи иҷтимоӣ ба шакли иштимоӣ талаффуз ме­шавад, ки дар ин ҷо овози ҷ ба овози ш иваз шудааст. Ин ҳодиса низ ҳодисаи диссимиляционӣ мебошад.
Чунон ки дида мешавад, дар ассимиляция ба ҳам наз­дик ва монандшавии овозро, вале дар диссимиляция, баръакс, аз ҳам дур шудани характери овозро мушоҳида меша­вад.
Метатеза
Дар байни калима гоҳо овозҳо ҷойҳои худро бо ҳам иваз мекунанд, ин ҳодиса дар забоншиносӣ метатеза (ҷойивазкунӣ) ном дорад. Ин ҳодиса низ аслан ба лаҳҷаҳо тааллуқ до­рад. Масалан, дар калимаи ҷурғот овози ғ бо р ҷои худро иваз кардааст. Дар калимаи ҳавло л ва в ҷойҳои худро (беш­тар дар забони кӯдакон) иваз кардаанд.
Таърихан нигарем, дар калимаҳои аслан арабии хурма (хумра), қулф (қуфл), кифт (китф) ва дар калимаҳои аслан тоҷикии сурх (дар паҳлави сухр), барф (дар паҳлавивафр) низ ҳодисаи метатезаро мушоҳида мекунем.

Савол ва супоришҳо



  1. Ассимилятсия чист?

  2. Метатеза чист?

  3. Фарқи байни ассимилятсия ва диссимилятсия чист?

  4. Ассимилятсия прогрессӣ чист?

  5. Ассимилятсияи прогрессӣ чист?

  6. Ассимилятсия куллӣ чист?

  7. Ассимилятсияи ҷузъи чист?

Луғатҳо:
Ҳавло-хавф, тарс, ваҳшат


Лаҳҷа-тарзи сухан гуфтан ва талаффузӣ
Татбиқ-бо ҳам мутобиқ, қиёс кардан
Бароҳат-орому осуда, бофароғат
Тамдид-дароз кардани муддат ва мӯҳлат
Таҳқиқ-тафтиш намудан, ҳақиқат ва воқеияти чизеро муайян кардан, тафтиш; пажӯҳиш

Download 21.24 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling