Мавзӯъ: Дин ҳамчун як ҳодисаи маданият. Мақсади асосӣ аз омӯзонидани фанни диншиносӣ


Download 24.1 Kb.
Sana03.11.2023
Hajmi24.1 Kb.
#1743778
Bog'liq
мавзӯъи-11


Мавзӯъ: Дин ҳамчун як ҳодисаи маданият.
Мақсади асосӣ аз омӯзонидани фанни диншиносӣ. Мақсади асосии фанни диншиносӣ, ба таври объективӣ, холисона, баён кардан ва кушодани мазмуну моҳияти дину мазҳабҳо ва дигар намудҳои эътиқоди халқҳои ҷаҳон мебошад. Дар рафти баён мо бо эътиқодҳо ва динҳои қадимиён, бо дину эътиқодҳои миллӣ ва бо динҳои ҷаҳонӣ сару кор доштанамон лозим меояд. Дар рафти баён ҳар як фард бояд эҳтиёткор бошад, масъалаҳои диниро холисона баён намояд, баробарии ҳамаи динҳо ва озодии виҷдонро, ки дар Конститутсияи мамлакатамон оварда шудааст ба назар гирад. Бинобар ин лозим дониста шуд, ки ҳангоми омўзиши фанни диншиносӣ як қатор принсипҳо (шартҳо) ба назар гирифта, риоя карда шаванд.
Присипи (шарти) аввалин – Холисӣ, объективияти қатъи. Масъала чунон ба миён бояд гузошта шавад, ки манфиати диннию мазҳабӣ, манфиати миллию маҳаллӣ ба баёни ҳақиқат халал нарасонанд, набояд як дину оин сафед ва дину мазҳаби дигар сиёҳ карда шаванд.
Присипи (шарти) дуюмин – Ҳар як дин бояд дар меҳвари инкишофи маданияти маънавии ин ё он халқ дида баромада шавад. Диншиносӣ бо як қатор масъалаҳои фарҳангӣ во мехурад, вай хусусиятҳои динҳоро чун падидаи маданияти ин ё он халқ дида мебарояд. Ба хусусиятҳои ҳаёт расму оин, фалсафаи ҳаёт, меъёрҳои ахлоқии ин ё он халқу миллат аз нуқтаи назари арзишҳои умумиҷаҳонӣ баҳо медиҳад. 
Пайдоиши дин. Дин чун қисми диншиносӣ нисбат ба аксари фанҳои номбаршуда, хеле пештар ташаккул ёфтааст. Таърихи дин чун фанни махсус ба таърихи пайдоишу дину мазҳабҳо диққат дода, онро дар ҷараёни таърихи инсоният меомўзад.
Диншиносӣ фанни мустақил ва махсус буда, ду навъи он фарқ карда мешавад. Диншиносии назариявӣ ва таърихӣ. Диншиносии назариявӣ мафҳумҳо, макулаҳо, қонуниятҳои пайдоиш ва эволютсияи динро меомўзад. Диншиносии таърихӣ бошад ба дин аз нуқтаи назари замон баҳо дода, инкишофу таназзули онро таърихан дида мебарояд. 
Назария ва таълимотҳои динӣ ба ду ҷудо мешаванд: Тадқиқотчиёни аввалин диндорон, - ходимони дин мебошанд ва динро гўё аз дохил меомўзанду маънидод менамоянд. Тадқиқотчиёни дуюмин ғайри дин ва ё намояндагони динҳои дигар мебошанд. Агар ба якуминҳо назарияҳои Абўҳомиди Ғаззолӣ барин фақеҳон дохил шавад, тадқиқотҳои олимони аврупоӣ ва рус ба мисли Крачковский ва Климович, ки оиди дини ислом ва Қуръон тадқиқот бурдаанд, ба равияи дуюм дохил мешаванд.
Таснифи динҳо. Динҳо мувофиқи шумора ва миқёси эътиқодкунандагони худ, хоси як халқ ё ки милллат будан ва интихоб накардани миллат ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:

  1. Динҳои қавму қабилавӣ –динҳое, ки ба тасаввурҳои тотемистӣ, анимистӣ асос ёфта, ба афсунгари аз қавми худ баромада, ва ё ки сарвари қабила эътиқод мекунанд. Онҳо ба дохили динҳои миллат ва ҷаҳон ҷо гардида, ҳоло дар баъзе ҳудуд ва қабилаҳои Австралия, Америкои Ҷанубӣ, Америко ва Африко маҳфуз аст;

  2. Динҳои миллат – динҳое, ки ба миллати маълум хос буда, вакилони миллати дигар қабул намекунанд. Ба онҳо яҳудӣ (хоси миллати яҳудӣ), ҳиндуӣ (хоси ҳиндҳо), Конфутсичигӣ (хоси миллати хитой), синтоизм (хоси японҳо) дохил мешаванд;

  3. Динҳои ҷаҳон – динҳое, ки дар дунё васеъ паҳн гаштаанд. Ба он буддоӣ, христианӣ ва ислом дохил мешаванд.

Ба ғайр аз ин динҳо мувофиқи таълимоташон ба динҳои монотеистикӣ-яккахудоӣ ва политеистикӣ–бисёрхудоӣ ҷудо мешаванд.
Download 24.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling