Мавзуъ: Адабиёти бачагона ҳамчун фан ва моҳияти он соат


Download 26.02 Kb.
bet3/4
Sana23.01.2023
Hajmi26.02 Kb.
#1111731
1   2   3   4
Bog'liq
1 Мавзуъ

Фикрњои муќаддимавї
Истилоњи адабии «адабиёти бачагона» танњо баъди барќарор шудани њукумати шўравї ба миён омад. Дар њамон давра зарурати кушодани мактабњои нав, таълим ва тарбияи насли наврас боиси офарида шудани адабиёти илмї ва бадеї гашта буд.

Вазифа ва маќсади адабиёти бачагона таълим ва тарбияи бачагон аст ва ин кор бо роњи ба назар гирифта шудани сини бачагон ба амал меояд, зеро усулњои донишомўзї ва тарбия вобаста ба синну соли бачагон, дараҷаи инкишофи шуур, ҷањонфањмї ва ҷањонбинии онњо таѓйир меёбад. Интихоби мавзўъњо, образњо, ќањрамонњо ва тарзи тасвири онњо ба даврањои муайяни синну сол, ба доираи тасаввурот ва фањмиши бачагон дар даврањои гуногуни њаёташон тобеъ кунонида мешавад.


Дар натиҷаи тадќиќоти адабиётшиносони рус ва аз тарафи муассисањои педагогї омўхта шудани хусусиятњои психологияи бачагон ва наврасон ба чор синну сол муќаррар шудааст: синни томактабї, синни хурди мактабї, синни миёна ва болои мактабї.
1.Бачагони синни томактабї њассосанд, ашёњо ва њодисањои табиату зиндагиро самимї ва бевосита идрок мекунанд. Бинобар ин барои онњо манзуро ва аёнї будани предмети тасвир ањамияти калон дорад. А.М. Горький ва К. Чуйковский таъкид кардаанд, ки асарњое, ки ба ин синн пешнињод мешаванд, бояд мабдаи бозї бошанд. Расмњое, ки мазмуни матнро зинда ва аёнї мекунанд, дар китобњои бачагона ҷои муњимро бояд ишѓол намоянд. Дар ин китобњо тасвир шудани амалиёт, њаракат ва манзараи њодисањо ва сурати чизњое, ки ба бачагон шиносанду онњо тасаввур карда метавонанд, зарурат дорад. Аз ҷињати жанр адабиёти ин синн афсонањои сужеташон оддї, њикояњои дар бораи наботот, паррандагон, њайвонот ва чизњое дигар, шеърњои хурди сужетдор ва шўху равонро дар бар мегирад. Бачагони ин синн хонанда не, шунавандаанд. Дар адабиёт барои ин синн ба сифати персонажњо тасвир шудани њайвонот ба маќсад мувофиќ аст.



2.Бачагони синни хурди мактабї ба одамон, муносибат, рафтор ва хулќу атвори онњо бо назари диќќат менигаранд. Барои бачагони ин синну сол адабиётњое тавсия мешаванд, ки дар онњо воќеањо, манзарањое тасвир шуда бошанд. Барои фањмидани мазмуну моњияти муносибати инсонњо, барои инкишоф ёфтани тасаввурои бача оид ба олам, табиат ва ҷамъият кўмак кунанд. Бояд барои ин бачањо адабиёте интихоб намуд, ки барои пурратар шудани захираи донишашон, ки дар мактаб андўхтаанд, имкон дињад. Дар замони мо, ки компютерњои кам-кам ҷои китобро гирифта истодаанд, интихоби дурусти бозињои компютерї низ мувофиќ аст. Бар замми бозињои компютерї дарсњои компютерї, ки ба омўзишу такмилдињии ягон фан махсус гардонида шудаанд, низ аз фоида холї нест. Доираи хониши ин синн бештар њикояњои шавќовар, шеърњо, достонњои хушоњангу равон, афсонањои њаҷвию сењромез, чистон, латифа ва повестњои хурдро дар бар мегирад.



Download 26.02 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling