Мавзуъ: Адабиёти бачагона ҳамчун фан ва моҳияти он соат
Ба бачагони синни миёнаи мактабї
Download 26.02 Kb.
|
1 Мавзуъ
- Bu sahifa navigatsiya:
- Савол ва супоришот
3.Ба бачагони синни миёнаи мактабї эњсосоти худшиносї, худро мустаќил њис кардан, мавќеи худро дар ҷамъият дарк намудан хос аст. Онњо ба одату рафтори калонсолон, муносибати байни онњо эътибори ҷиддӣ медињанд. Бачагони ин синн барои худ намунаи ибрат меҷўянд, пайравї ва таќлидкориро машќ мекунанд, аз ин сабаб ќањрамонњои китобњо, рафтор ва ҷањонфањмии онњо дар ташаккули хислати бачагон ањамияти калон пайдо мекунад. Дар ин синну сол хондани ќиссањои таърихї ё достонњое аз ќабили «Шоњнома», асарњои панду ахлоќї, асарњои саргузаштии бачагона, наќлњо доир ба шахсиятњои бузурги таърихї муфид аст чунки кам-кам дар онњо хислатњои шахсї шакл мегиранд.
4.Дар синни болои мактабї ѓояњои иҷтимоии бачагон пойдор мегардад. Онњо ба муракка будани муносибатњои ҷамъият ва ба самарабахш будани илму фан ва дониш пай мебаранд. Орзу карданро дўст медоранд, тадриҷан барии амалї кардани орзуњояшон кўшише пайдо мешавад. Дар бораи мавќеи ҷамъиятии худашон фикр мекунанд. Фикри онњо ба масъалањои сиёсї, фалсафї, эстетикї, поблемањои иќтисодї, маданї ва ѓайра банд мешавад. Асарњои илмии фантастикї, саргузаштї, повесту романњо доир ба корнамињои шахсони хирадманду шуҷоъ, асарњои илмї, маданияту санъат барои ин гурўњи калонсоли бачањо тавсия мешавад. Дар асрњои миёна то давраи адабиёти маорифпарварї истилоњи «адабиёти бачагона» вуҷуд надошт, аммо масъалаи тарбияи насли наврас дар њамаи давру замонњо аз масъалањои муњим ба шумор мерафтааст. Силсилаи мавзўъњое чун донистани ќадри инсон, ќадри умр, манфиати илму дониш, рафоќату дўстї, ахлоќи нек, накўкориву некномї дар асарњои шоиру нависандагони даврањои пеш низ талќин мешуданд. Аммо ин асарњо махсус барои бачагон бо назардошти синну соли онњо офарида намешуданд. Барои мисол метавонем ду асари маъруфи асримиёнагї –«Ќобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Бањористон» - и Абдуруњмони Ҷомиро биёварем, ки њар ду њам ба фарзандон бахшида шудааст. Дар онњо ба синну соли фарзандон ишорате нарафта, бар замми ин баъзе мавзўъњое, ки нависандагон дахолат намудаанд, ба синну соли наврасон мувофиќ нест. Бинобар ин адабиётшинос Р.Амонов чунин мегўяд, ки «адабиёти бачагона», ки мањз барои бачањо офарида мешавад ва «хониши бачагона»-ро бояд фарќ кунем. Ба адабиёти бачагона он асарњои калонсолонро, ки ба доираи хониши бачагона ба таври устувор дохил шудаанду дар тарбияи ахлоќї ва эстетики хурдсолон роли калон мебозанд, дохил карда шудааст. Адабиёти классикї форс-тоҷик яке аз манбаъњои асосии адабиёти бачагона аст. Ин адабиёт яке аз омилњои тараќќиёти минбаъдаи адабиёти муосир, аз ҷумла, адабиёти кўдак будааст. Классикони мо доир ба масъалаи тарбияи насли наврас, ҷавонон панди фаровон овардаанд: *Дониш андар дил чароѓи равшан аст, В-аз њама баъд бар тани ту ҷавшан аст. (Рўдакї) *Дониш талабу бузургї омўз, То бењ нигаранд рўзат аз рўз. (Низомї) *Њар он тифл, ки ҷаври омўзгор Набинад, ҷафо бинад аз рўзгор. (Саъдї) *Дар ҷавонї саъй кун гар бехалал хоњї амал, Мева бенуќсон бувад чун аз дарахти навбар аст. (Ҷомї) Аз назари тарѓиби масъалањои панду ахлоќї ва тарбияи бачагон дар рўњи инсонпарварї адабиёти классикї бо адабиёти кўдакон айният дорад. Ва тафовуташ дар он аст, ки дар адабиёти барои бачагон пешнињодшудаи классикї масъалањои мавриди эътибори калонсолон низ ҷой гирифта, синну соли наврасон ба эътибор гирифта нашудааст. Анъанањои адабиёти классикї барои адабиёти кўдак дар усулњои тарбияи насли наврас роњнамо гардид. Дар дањсолањои аввали асри 20 дар адабиёт зарурати тарҷума намудани асарњои хориҷї ба миён омад. Тарҷумаи асарњои нависандагони рус дар айни замон ба ташаккули хусусиятњои хоси адабиёти бачагонаи тоҷик мусоидат мекард. Мањз ба воситаи тарҷума адабиёти синнусолї, ки аллакай дар адабиёти рус шакл гирифта буд, дар адабиёти тоҷик ҷорӣ шуд. Аввалин ва бештарин асарњои тарҷумавї барои бачагон ба воситаи тарҷумањои русї ба адабиёти бачагонаи тоҷик дохил шуданд. Бештарин намунањои асарњои тарҷумавї аз афсонањо ва њикояњои хурду ќиссањои нависандагони ҷањон иборат буданд. Умумияти асарњои бачагонаи халќњои ҷањон бо адабиёти бачагонаи тоҷик дар умумияти мавзўъњои азалии адабиёт аст, яъне муборизаи некиву бадї, ѓалабаи адолат. Тафовуташон, албатта, дар гуногунии забонњо, урфу одат, сохти ҷуѓрофиёї ва дигар арзишњои миллист. Савол ва супоришот: Маќсад ва моњияти фанни адабиёти бачагона ва мушкилоти ин фан аз назари имрўз. Фарќи мафњумњои «Адабиёти бачагона» ва «Хониши бачагона». Айниятњои ин мафњумњо Моҳияти ба гурўҳҳо тақсим намудани «Адабиёти бачагона» аз рўи синну сол ва ба инобат гирифтани психологияи хонанда. Download 26.02 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling