а) реша ва суффикс: кор + гар, дўст + ӣ, гул + зор;
б) реша ва префикс: ҳам + соя, ҳам + роҳ;
в) префикс, реша ва суффикс: ҳам+соя + гӣ, ҳам+роҳ + ӣ, но+дон+ӣ, бе + раҳм + ӣ, бо+интизом + ӣ; Префикс ва суффиксҳо зиёдтар ҳам омада метавонанд: бе + ҳам + роҳ +ӣ.
3. Исмҳои мураккаб. Исмҳои мураккаб гуногунсохтанд: онҳо метавонанд аз ду реша иборат бошанд: сартарош, сарбоз; дар шакли сохта омадани яке аз ҳиссаҳои калимаи мураккаб низ мумкин аст: донишҷў, лойхўрак, мушгирак; ҳар ду ҳиссан калимаи мураккаб сохта шуда ҳам метавонад: сабзикорӣ. Таркиби исмҳои мураккаб на танҳо дуто, балки аз он ҳам зиёдтар реша дошта метавонад: пахтачиндухтар.
4. Исмҳои омехта. Исмҳои омехта аз ибора ва таркибҳои гуногун ба воситаи суффиксҳои калимасоз сохта мешаванд. Чунончи, исмҳои шабнишинӣ, хонадароӣ, тозакунӣ, мондашавӣ аз ибораҳои шаб нишастан, хона даромадан ва таркибҳои тоза кардан, монда шудан ба воситаи суффикси -ӣ сохта шудаанд. Дар ин ҷо маҳз ба туфайли суффикси -ӣ калимаҳо ба ҳам васл ва иими нав сохта шудааст. Дар сохтани исмҳои омехта ҳамаи суффиксҳо иштирок намекунанд. Ба ин вазифа бештар суффиксҳои -ӣ, -а, ак истифода мешаванд. Ба воситаи онҳо асосан аз ибораҳои феълӣ ва феълҳои таркибӣ исм сохта мешавад: алафдаравӣ, кўҳбароӣ, ақибнишинӣ, хонадароӣ, пойтоба, хасрўба, шабпарак, байтбарак, яхмолак. Ба воситаи суффикси -ӣ аз ибораҳои пешоянддор ва феълҳои таркибии пешоянддор ҳам исм сохтаанд: азхудравӣ, азнавсозӣ, азназаргузаронӣ, баҳисобгирӣ, бахотирорӣ, баёдорӣ ва ғ.
Do'stlaringiz bilan baham: |