Супоришоти олимпиада забон ва адабиёти тоҷик синфи 9-ум


Download 107.79 Kb.
Sana24.12.2022
Hajmi107.79 Kb.
#1062216
Bog'liq
9 Tojik tili Savollar (2) — копия



СУПОРИШОТИ ОЛИМПИАДА
ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК СИНФИ 9-ум





Қисми 1: Ҳар як савол 0, 9 бал баҳо дода мешавад.



1. Ҷумлаҳои муракаби пайвасти пайвандакдор ба чанд гурӯҳ чудо мешаванд?
А) ба 2 гурӯҳ В) ба 3 гурӯҳ С) ба 4 гурӯҳ D) ба 5 гурӯҳ

2. Муаллифи байти мазкурро муайян кунед:


Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро ба сари он шоирон зебад сарӣ.
А) Рашидии Самарқандӣ В) Малеҳои Самарқандӣ
С) Абдураҳмони Ҷомӣ D) Алишер Навоӣ

3. “Тӯҳфаи аҳли Бухоро”-и Мирзо Сироҷи Ҳаким чӣ гуна асар аст?


А) Назмии ошиқона В) Сафарномавӣ
С) Тасаввуфӣ D)Ёддоштӣ

4. Кадом қисми забоншиносӣ ҳиссаҳои нутқ, тарзҳои сохта шудан ва тағйирёбии калимаҳоро меомӯзад?


А) Сарф В) Наҳв С) Имло D) Орфоэпия

5. Кадоме аз ин жанрҳо ба эҷодиёти шифоҳии мардум тааллуқдор аст?


А) Суруд, луғз В) Афсона, латифа
С) Чистон, тезгӯяк D) Ҳамаи ҷавоб дуруст

6. Дар кадом ибора калимаҳои мустақили таркиби он аз як ҳиссаи нутқ ташкил ёфтаанд?


А) Оби соф В) Боми баланд
С) Занҷири тилло D) Вазифаи хонагӣ

7. Кадоме аз ин тазкираҳо ба С.Айнӣ тааллуқдор аст?


А) «Маҷолис-ун-нафоис» B) «Гулдастаи Самарқанд» C) «Намунаи адабиёти тоҷик» D) «Тазкор-ул-ашъор»

8. Дар ҷумлаи “Обро ман нўшидам” пуркунанда бо кадом ҳиссаи нутқ ифода ёфтааст?


А)исм В) чонишин С) масдар D)феъл
9. Муаллифи романҳои “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Духтари оташ”, “Тахти вожгун” кадом адиб аст?
А) С.Улуғзода B) Ҷ.Икромӣ C) Ф.Муҳаммадиев D) А.Дониш

10. Дар кадом чавоб пайвандакҳои пайвасткунанда дода шудааст?


А)Агар чи, агарчанде ки, чун, ҳарчанд ки
В) Ва, аммо, вале, лекин, гох.. . . гоҳ, ки
С) Ки, ба тарзе ки , вақте ки, модоме ки
D) Ё, ёки, лекин , вале, аммо, ва, -у (-ю)


Қисми 2: Ҳар як савол 1,5 бал баҳогузорӣ карда мешавад.



11. Ибораҳои наҳвӣ чанд хел мешаванд?
А) 5 В) 6 С) 4 D) 7

12. Кадоме аз ин асарҳо ба Ш.Шоҳин тааллуқ дорад?


А)“Одамият чист?” В)“Бадоеъус саноеъ”
С)“Тимсол” D)“Бадоеъул вақоеъ”

13. Ҳамсадоҳои димоғиро муайян кунед?


А) м,н В) р, ғ, н С) б,п,м D) м,б, н

14. Асаре, ки дар он саргузаштҳои муаллиф ёки воқеаҳое, ки муаллиф шоҳиди онҳо будааст, чӣ гуна асар аст?


А) Тазкира В) Ёддошт С) Масал D) Сафарнома

15. Асоси граматикии ҷумларо чиҳо ташкил медиҳад?


А)мубтадо В)хабар С)мубтадо, хабар D)аъзоҳои пайрави ҷумла

16. Кадом асари Ҳилолӣ дар пайравии асарҳои Низомӣ, Амир Хусрав, Саъдӣ навишта шудааст?


А)“Сифотул ошиқин” В)“Шоҳу дарвеш”
С)“Гулзори Ирам” D)“Лайлӣ ва Маҷнун”

17. Калимаи ишорашуда дар ҷумлаи зерин ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадааст: “Лайлӣ ва Маҷнун аз мамнунӣ шодимарг шуданд.”


А) Муайянкунанда В) Холи мақсад
С) Холи сабаб D) Пуркунандаи бевосита

18. Байти зерин ба қалами кӣ мансуб аст?


Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
А)Мирзо Турсунзода В)Ҳабиб Юсуфӣ
С)Ҷонибек Қувноқ D)Мӯъмин Қаноат

19. Маънои калимаи “лисон” чист?


А) нутқ В) забон С) морфология D) синтаксис

20. Кадом адиб ду девони ғазалиёт, девони қасидаҳо, се маснавӣ, девони мутоибот дорад?


А) Сайидо В) Ҳилолӣ С) Мушфиқӣ D) Бедил


Қисми 3. Ҳар як савол 2,6 бал баҳогузорӣ карда мешавад.


21. Истилоҳҳои “мубтадо, ҳоли макон, хабри номӣ, пуркунандаи бевосита” ба кадом қисми забоншиносӣ тааллуқ доранд?
А) сарф В) наҳв С) пунтуатсия D) имло

22. Муаллифи байти зеринро муайян кунед?


Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
А)Саъдии Шерозӣ В)Камоли Хуҷандӣ
С)Ҳофизи Шерозӣ D)Бадриддини Ҳилолӣ

23. Шумораи миқдорӣ чанд хел мешавад?


А) 2 В) 3 С) 4 D) 5

24. Ҳамсуҳбат шудани Қозизодаи Сиистонӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ дар кадом асари ёддоштӣ оварда шудааст?


А)Тазкираи “Музокирул асҳоб”-и Малеҳои Самарқандӣ
В)“Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнй
С)“Бадоеъул вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
D)“Ҷомеъул ҳикоёт” Муҳаммад Авфии Бухороӣ

25. Кадоме аз инҳо ҷумлаи мураккаб пайвандакдор аст?


А) Аз гунчишк тарсй, арзан макор
В) Хоби Ятим намебурд: ҳаво гарм ва дим буд
С) Буз агар хирмон кўбад, хочати барзагов нест
D) Дар бедазор бедона бисёр, дар дангоса баҳона бисёр.

26. Кадом маорифпарвар соли 1864 дар Самарқанд ба дунё омадааст ва дар деҳаи Ҳалвоӣ мактаби усули нав кушодааст?


А) Мирзо Сироҷи Ҳаким В)Тошхоҷаи Асирӣ
С) Абдурауфи Фитрат D) Сиддиқии Аҷзӣ

27. Хабари кадом ҷумлаи соддаи яктаркиба бо шахси сеюми ҷамъ ифода мегардад?


А) муайяншахс B) номуайяншахс C) унвонӣ D) бешахс

28. Кадом асари публисистии Фитрат, ки соли 1930 чоп шуда, моҳияти зиддимардумии сиёсати аморати Бухороро фош мекунад?


А) “Мунозира” В) “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ”
С) “Сайҳа” D) “Амирони Бухоро”

29. Ҷумлаи зеринро аз рӯи таркиб муайянкунед: “Вазифаи хонагиро дар вақташ бояд иҷро кард.”


А) муайяншахс В) номуайяншахс С)умумишахс D) бешахс

30. Кадоме аз ин асарҳо ба Сотим Улуғзода мансуб аст?


А) «Марги ҳофиз» B) «Байроқи зафар»
C) «Тирмор» D) «Хоки Ватан»




Fan olimpiadalari bo‘yicha iqtidorli o‘quvchilar bilan ishlash departamenti



Download 107.79 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling