Таърихи таълимот оид ба характер нишон
медиҳад, ки андешаҳо
атрофи он гуногун
будаанд. Дар ҳаёти ҳаррўза низ истилоҳи
характер ба маъноҳои гуногун истифода
бурда мешавад. Кўшиши аввалини таснифоти
характерҳо ба Афлотун тааллуқ дорад. Ў
типологияи характерҳоро, ки ба принсипҳои
ахлоқӣ асос ёфта буданд, офарид.
Истилоҳи «характер»-ро бошад,
аввалин маротиба ба рўзмарраи илм
ва ҳаёт олим ва ҳакими Юнони
Қадим, дўсти
Арасту Теофраст
(асрҳои IV-III-и то мел.) ворид намуда
аст. Калимаи «характер» юнонӣ буда,
маънояш
«хислат»,
«аломат»,
«нишона» ва ё «хусусият» мебошад.
Ин калима аз феъли «хорассо» –
харошидан, хат кашидан бармеояд.
Аз Теофраст рисолаи на он қадар
бузурге
то
замони
мо
омада
Илм дар бораи характерҳо минбаъд танҳо дар нимаи аввали
асри ХIХ ба вуҷуд омад. Асосгузори френология Галл Ф. 27
қобилиятҳои соддаи
психологиро номбар мекунад, ки ба
андешаи ў, характери инсон аз онҳо таркиб ёфтаанд. Ба онҳо
ғаризаи афзоиш, муҳаббат ба насл, дилбастагӣ, ғаризаи
маҳвкунанда, майл ба мубориза ва худмуҳофизат ва ғ. дохил
мешаванд.
Дар интиҳои асри ХIХ оид ба масъалаи характер ду асари
ҷолиб нашр мегарданд: китоби Ф. Ҷордано «Характер аз нуқтаи
назари ҷисм ва генеологияи одам» ва китоби Ф. Полан таҳти
унвони «Психологияи характер». Ҷордано ду характери комилан
гуногунро ошкор намуд: дар яке тамоюл ба фаъолӣ пурзўр буда,
тамоюл ба рефлексия (худназорат) суст аст; дар дигараш бошад,
майл ба рефлексия бартарӣ дошта, ба фаъолият сусттар аст. Агар
моҳиятан дида бароем,
мусаллам аст, ки Ҷордано экстроверт
(берунгаро) ва интроверт (дарунгаро)-ро тавсиф намудааст.