Ёрии тиббӣ-иҷтимоӣ - тадбирҳое, ки дар ҷараёни таълим-тарбия ба саломатиро барқарор ё мустаҳкам намудан ёрӣ медиҳанд.
Муносибатҳои байнишахсӣ - ҳодисаҳои оммавии иҷтимоӣ-педагогӣ буда, дар муносибати байни одамон дар ҷараёни фаъолият якҷоя намоён мешавад.
Муомилаи байниҳамдигарӣ - ҷараёни мураккаби барқарор намудани алоқаи байни одамон.
Тарзи ҳаёти шахс - силсилаи шавқу ҳавас, намудҳои фаъолият ва роҳҳои ҳаёти шахсон, ки мувофиқи мақсад сурат мегирад.
Худривоҷдиҳии шахс - ба субъект табдил ёфтани инсон субъективӣ - ҳолат ва мақоми фаъоли ҳаётии инсон.
Ҳомигӣ - ёрие, ки аз тарафи шахсони алоҳида ё ташкилоте ба оилаҳои камтаъмин ё мӯҳтоҷон расонда мешавад.
Таълими иҷтимоӣ - ҷараёнест, ки ба таълимгирандагон дониш, малака ва маҳорати иҷтимоӣ дода мешавад.
Таъминоти иҷтимоӣ - таъминоти моддии давлатӣ ва хизмати иҷтимоӣ расонидан ба онҳое, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷанд.
Технологияи иҷтимоӣ - маҷмӯи восита, метод ва таъсироте, ки бо мақсади ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ хизмат мекунад.
Ҳаракати иҷтимоӣ - хатту ҳаракати якҷояи гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун ба мақсади умумӣ нигаронида шудааст.
Ҳудуди иҷтимоӣ - маҷмӯи ҳаракатҳо, муносибатҳо, нақлиёт ва ғайра, ки ҳар рӯз дар пеши чашми бачагон содир мешаванд.
Ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ. Ёрие, ки ба ҳифзи ҳуқуқии одамон ва бачагон нигаронида шудааст.
Социум - муҳити иҷтимоии иҳотакардаи инсон.
Субмаданият - маҷмӯи ҳолатҳое, ки ба тарзи ҳаёти гурӯҳи муайяни одамон нигаронида шудааст (меъёр, арзиш, стернотип, дид).
Ҳуқуқвайронкунӣ - хатту ҳаракате, ки ягон ҳуқуқро вайрон мекунад.
Муносибатҳои байниҳамдигарӣ - асоси ташаккули иқлими иҷтимоӣ-педагогии ҷамоа.
Худидоракунӣ (худдаркнамоӣ) - фаъолияте, ки ба ташаккули фазилатҳои мусбат ва барҳам додани хислатҳои бад нигаронида шудааст.
Эмпатия - ба олам бо назари дигарон нигоҳ кардан, онро дигарҳо барин фаҳмидан.
Do'stlaringiz bilan baham: |