Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet1/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ


ВАЗОРАТИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ МАХСУСИ
РЕСПУБЛИКАИ ӮЗБЕКИСТОН
Кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
китоби дарсӣ


САМАРҚАНД - 2019

Тақризчиён: Мусинов С.М. номзоди илми педагогика, дотсент,


Файзиев М.А. номзоди илми педагогика, дотсент,
Китоби дарсии мазкур барои донишҷӯёни равиши педагогика ва психологияи муассисаҳои таълими олӣ пешниҳод карда шуда, дар он ташаккули фанни педагогикаи иҷтимоӣ, зинаҳои инкишоф, асосҳои назарӣ, ҷараёни иҷтимоишавӣ ва таъсири он ба ривоҷёбии шахс. Мазмун ва моҳияти фанни мазкур, намудҳои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ, шакл, усул ва воситаҳои он ифода ёфтааст.

САРСУХАН
Педагогика иҷтимоӣ, гарчанде дар кишвари мо пеш аз ин дар намуди “тарбияи иҷтимоӣ”, “ҳифзи иҷтимоӣ”, “ёрии иҷтимоӣ” вуҷуд дошта бошад ҳам, вале ҳамчун соҳаи илми педагогӣ ва фанни мустақил дар Ӯзбекистон аз солҳои 90-уми асри ХХ сар карда дар муассисаҳои таълими олӣ омӯзонида мешуд. Ҳамчун фанни алоҳида табдил наёфтани он дар тараққиёти таърихии Ӯзбекистон мураккабиҳо ва баъзе зиддиятҳои рӯйдода вобаста аст. Ба ҳодисаҳои ба ривоҷи педагогикаи иҷтимоӣ дар солҳои 30-юми асри ХХ саршудаи дискредитациянамоии тарбияи иҷтимоӣ, омилҳои меҳнат ва аз ҳамкасбони хориҷии педагогҳо ҷудошуда бо номи пардаи оҳанин, иваз шудани қадриятҳои умуминсонӣ ба қадриятҳои синфӣ, дар бораи муаммоҳои иҷтимоӣ “хомӯш будан” аз диққат дур шудани раҳмдилӣ, меҳру мурувват барин анъанаҳо мисол шуда метавонад.


Дар вақти ҳозира шавқу ҳавас ба педагогикаи иҷтимоӣ дар асоси эҳтиёҷоти тараққиёти ҷамъият ва талаби иҷтимоии давлат ба вуҷуд омад.
Дар рӯзҳои мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти республикамон, аз ҷумла дар бобати таълим ҳам ислоҳотҳои бузург ба амал бароварда мешавад. Дар шароит ҷорӣ гардидани қоидаҳои инсонпарастию низоми иҷтимоӣ, қонунҳои муносибати иқтисодиёти бозор, тағйир ёфтани қоидаҳои мафкуравӣ ва ахлоқӣ, ҳал кардани муаммоҳои бекорӣ, норасоии моддӣ, беназорат мондани бачагон, ҷудо шудани оилаҳо, ҳодисаҳои ғайрииҷтимоӣ - алкоголизм, наркомания, ҷинояткорӣ, фоҳишабозӣ аҳамияти калон дорад. Дар чунин ҳолат ба ёрӣ ва муҳофизати иҷтимоӣ дар навбати аввал бачагон, баробари калонсолон ҳам мӯҳтоҷанд.
Дар чунин вазъият дар ҷараёни иҷтимоишавии шахс ба педагоги иҷтимоӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, эҳтиҷот пайдо мешавад.
Ба амал баровардани фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ бо таъмини қоидаҳои инсонпарварӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки ба қадриятҳои нави демократӣ асос ёфтааст, низ вобаста аст. Аҳамияти ин масъала аз тарафи системаи роҳбарияти давлатамон ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини истиқлолият эҳсос карда шуда буд. Моҳияти масъалаи мазкур бо чунин ҳолатҳо вобаста мебошад.
1. Эълон карда шудани равиши устувору сиёсати пурқуввати иҷтимоии тараққиёти республика.
2. Қабул карда шудани як қатор қонуну фармонҳо оиди ҳимояи қисми камтаъмин гардидани аҳолӣ.
3. Беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои собиқи ҳифзи иҷтимоӣ ва таъсиси муассисаҳои нав.
4. Ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоӣ-педагогӣ, ки ба ташаккули шахси баркамол ва ҳаматарафа равона кардашудаи “Дастури миллии тайёр кардани кадрҳо” ҷорӣ намудан.
Масъалаи таъмини барқарории иҷтимоӣ дар ҳаёти шаҳрвандони Ӯзбекистон дар асарҳо ва баромадҳои Президент И.А.Каримов ҳам мавқеи муҳим дошт. Дар онҳо инсонигарӣ ва меҳрубонӣ хусусияти ҷудонашаванда будани халқи ӯзбек таъкид гардида, бисёр муаммоҳои иҷтимоӣ, нигаҳдории тандурустӣ, беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии мактаб ва шифохонаҳо, бунёд кардани маҷмӯи варзиш, ёрӣ ба модарони серфарзанд ва дигар як қатор масъалаҳо муҳокима карда мешавад.
Ба ғайр аз инҳо, дар вақти ҳозира ба мазмуни таълим ҳамчун ғояи асосӣ дохил гардидани масъалаи иҷтимоишавии шахс омӯхтани фанни педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фанни алоҳида тақозо менамояд. Бо ин мақсад таълифи китоби дарсӣ ва дастурҳои техникӣ оид ба фанни мазкур хеле зарур аст.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling