Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Давраҳои инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ


Download 0.93 Mb.
bet3/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

1. Давраҳои инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ
Агар дар давраи ибтидоӣ барои ба вуҷуд омадани амалиёти иҷтимоӣ-педагогӣ замина ҳосил карда бошад, пайдоиши цивилизацияи нахустини дунёи қадим ба ташаккули афкори иҷтимоӣ-педагогӣ таъсири пурзӯр расондааст. Дар давраҳои ғуломдории Шарқ ғояҳои иҷтимоӣ-педагогӣ аз тарафи чандин муаллифон ташаккул дода шудааст ва одатҳо дар шакли китобҳои муқаддас ба мулки тамоми халқ табдил ёфтааст (дар Хитой - Шу Киа, Ҳиндустон – Ведаҳо, Миср - китобҳои худои Тот, дар Осиёи Миёна - Авесто ва ғайраҳо).
Фақат дар Миёна ва нимаи дуюми ҳазорсолаи аввалини пеш аз мелод номи алломаҳои ғояҳои иҷтимоӣ-педагогӣ маълум шудан гирифт.
Ба инкишофи афкори иҷтимоӣ-педагогӣ файласуфҳои даври антикӣ (Юнон ва Рим) саҳми арзанда гузоштаанд. Махсусан Суқрот (Сократ) солҳои 469-399 пеш аз мелод, шиори “худро бишинос”-ро пеш ронда, таъкид намуд, ки шуури инсон тамоми бадиҳоро барҳам дода метавонад.
Демокрит (солҳои 460-370 пеш аз мелод) дар таълимоти худ қоидаи дар тарбия ба ҳисоб гирифтани табиати бачагонро асоснок намуд. Ба ғайр аз ин назар ба фикри ӯ тарбияи бачагонро аз хурдсолӣ сар кардан лозим аст.
Афлотун (Платон - солҳои 423-348 пеш аз мелод аввалин маротиба ғояи муносибати байниҳамдигарҳо давлату тарбияро пеш ронд. Аз рӯи фикри ӯ, тарбия бояд вазифаи аз ҳама муҳими давлат бошад.
Арасту (Аристотель - солҳои 384-322 пеш аз мелод) дар дунёи антиқӣ назарияи пурраи тарбияро кор карда баромад.
Фарқи афкори Арасту аз Афлотун дар он аст, ки вай дар тарбияи инсон ҳама диққатро ба давлат не, балки ба манфиатҳои худи инсон ва инкишофи шахсияти он бояд равона карда шавад. Ғояи бо ҷамоа ривоҷёбии шинос ҳам ба ӯ тааллуқ дорад.
Марк Фабий Квилтилкин (солҳои 42. 118 пеш аз мелод) назариётчии санъати нотиқии Юнони қадим, педагог. Асари нахустини педагогии “Дар бораи тарбияи нотиқ” ба вай тааллуқ дошта, дар он ғояҳои муҳими тарбия, методикаи таълим баён карда шудааст. Ғояҳои асосии Квинтилкин нигоҳ доштани “худ” ва ҳукмронӣ “аз болои худ” ташкил медиҳад.
Хусусияти ба худ хоси тарбияи даврӣ ба муносибатҳои дорои заминҳои калон асосгардида аксетизм, қатъӣ амал намудан ба қоидаҳои динҳои дунё буд. Аскетизм (юнонӣ) маҳдуд намудани ҳис ва хоҳишҳо, азоб дидан, аз неъматҳои ҳаёт воз кашидан гуфтан аст. Пешбарандагони ғояи иҷтимоӣ - педагогии асрҳои VI-XII дар насли наврас сифатҳои ҳамдардӣ, ёрӣ ба наздикон, хусусан ба пирон ва ногиронро тарғиб мекарданд.
Дар асрҳои XV-XVI аввал дар Италия, сипас дар дигар давлатҳои Аврупо муносибатҳои капиталистӣ ривоҷ ёфтан гирифт. Ба намояндагони тоифаи нав, хусусан зиёиён қоидаҳои аксетизм бегона буд.
Дар вақти ташаккулёбии маданияти нави буржуазӣ дар тавсифи он мафҳумҳо, инсоникунонӣ ва азнав барқароркунӣ истифода бурда мешуд. Мафҳуми “гуманизм” (инсондӯстӣ) дар маркази маданияти нав худоҷӯӣ не, балки истодани шахси инсон гувоҳӣ медод. Худи инсон ҳам қалбан ва ҷисмонан бояд зебо бошад. Вай фақат ба туфайли шуур, қувва, боварӣ ба муваффақияти худ, фаъолият ва иродааш бавуҷу­доварандаи тамоми қадриятҳо ва бахту саодат табдил меёбад. Баро­бари ин гуманистон ба черков кушоду равшан ворид намешуданд. Онҳо ба худо ҳамчун парвардигори бузург нигоҳ мекарданд.
Аксари гуманистони асрҳои XIV-XVI худашон педагог буданд ва ё ба назарияҳои педагогӣ муроҷиат менамуданд. Ғояи гуманизм дар педагогика маҳз дар ҳамин давра ба назар намоён шудан гирифт.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling