Мавзӯи I. Асосҳои маданӣ-таърихии инкишофи
фанни педагогикаи иҷтимоӣ
Нақша
1.Аз таърихи инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фан.
2.Тарбияи ақлӣ ва таълимоти динӣ.
3.Равишҳои асосии педагогикаи иҷтимои.
4. Эътибор ба педагогика ва тарбияи оммавӣ.
Ибораҳои такягоҳ: педагогикаи иҷтимоӣ, давраи инкишофӣ, назарияҳои тарбия, характери тақлидӣ, маълумотҳои этнографӣ, тарбияи даврӣ,
Педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фан тадриҷан инкишоф ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар се давраи инкишофи фанни педагогикаи иҷтимоиро алоҳида нишон додан мумкин аст.
Давраи аввали ривоҷёбии педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фан аз замонҳои қадим то асри XVII-ро дарбар мегирад. Дар он давр ҷамъоварии маълумотҳо, афзудани таҷрибаҳои тарбиявӣ ташаккули назарияи педагогӣ ва иҷтимоӣ рух дода, ин давраи инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ тарбияро чун ҳодисаи иҷтимоӣ тадриҷан дар худ акс кардааст. Зеро дар ин давра назарияҳои мухталифи тарбия ба вуҷуд омада буд.
Ба ин гуна зинаҳо ҷудо кардани давраи аввал пеш аз ҳама дар давраҳои нахустини таърихи инсоният мавҷудияти муаммоҳои иҷтимоинамоиро мефаҳмад. Вале дар давраи ибтидоӣ оиди тавсифи ғояҳои иҷтимоӣ-педагогӣ ҷамъ гардидани таҷрибаҳои тарбиявӣ ҳарф задан мумкин аст.
Тарбия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ инсонро аз олами ҳайвонот ҷудо кард. Аввалҳо, тарбия характери умумии тақлидӣ дошт, сонитар ба фаъолияти хосса табдил ёфт ва одамони бо он машғулшаванда - тарбиячиён пайдо шуданд. Баробари гузаштани вақт ҷараёни тарбия ҳам торафт мураккабтар гардида, аз рӯи синну сол ва ҷинс фарқиятҳо ба вуҷуд омад, ба ҷиҳатҳои ахлоқи инсон эътибор зоҳир карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки маълумотҳои бозёфтҳои археологӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ ёрӣ расонидан ба беморон ва ярадоронро собит менамояд (кофтуковҳо бастани скелети шикаста, ки бо оқибатҳои касалӣ ёки ҷароҳатҳои пеш аз марги одамон вобаста мебошад).
Ин гуна воқеаҳоро маълумотҳои этнографӣ ҳам тасдиқ менамояд. Дар сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар ҳама ҷо анъанаи рӯи ҷинс ва синну сол тақсим кардани меҳнат вуҷуд дошт. Калонсолон ба ҷавонон ба тарзи мунтазам касбу ҳунарро ёд медоданд. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки мавҷуд будани нишонаҳои аввалини таҷрибаи иҷтимоӣ-педагогӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ тасаввурот ҳосил намоем.
Аз китоби тарихи педагогика маълумот гирифта ҳамроҳ кунед, мумкин
Do'stlaringiz bilan baham: |