Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 2. Таърихи инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ


Download 0.93 Mb.
bet7/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 2. Таърихи инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ
дар Ӯзбекистон
Нақша:
1.Ғояҳои педагогикаи иҷтимоӣ дар педагогикаи халқӣ
2.Мазмуни иҷтимоии панду андарз­ҳои маънавӣ-ахлоқӣ дар дини ислом
3.Менталитети миллӣ ва мавқеи он дар ҷараёни иҷтимоишавӣ
4. Афкори иҷтимоӣ-педагогии шоирони маърифатпарвари асрҳои XIX-XX
Ибораҳои такягоҳ: ғояҳои педагогикаи иҷтимоӣ, педагогикаи халқӣ, мазмуни иҷтимоии панду андарзҳои маънавӣ – ахлоқӣ, минталитети миллӣ, ҷараёни иҷтимоишавӣ, афкори иҷтимоӣ, фикрҳои педагоги, вазифаҳои ривоҷдиҳии таълим, тарбияи иҷтимоӣ, ғояҳои характери иҷтимоӣ.

Педагогикаи иҷтимоӣ дар республикаамон ҳамчун фанни мустақил пас аз ба даст овардани истиқлолият омӯзонида шуда истода бошад ҳам, вале дар шакли тарбияи иҷтимоӣ, фаъолияти иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоӣ решаҳои қадимӣ дорад.


1.Ғояҳои педагогикаи иҷтимоӣ дар педагогикаи халқӣ
Дар манбаъҳои нахустини динӣ-фалсафӣ (Авесто ва адабӣ (Алпомиш, Гӯрӯғли) инъикос ёфтани афкори педагогиро аз нуқтаи назари пайдоиши иҷтимоии инсон мебинем. Сонитар, дар асрҳои VI-VII дар Осиёи Марказӣ паҳн шудани дини ислом арзишҳои нави маданӣ ва ахлоқиро ба вуҷуд овард. Онҳо ба тарбияи оила ва жамият минтақа таъсир расонданд. Бо тарбия шуғл варзидани халифати араб дар Осиёи Марказӣ ташаккули омехташавии маданӣ, муборизаи озоди фикр ва нуқтаи назарҳо, муносибатҳои байни­ҳам­дигариро ба вуҷуд овард. Шароити иҷтимоӣ-иқтисодии нави ба эҳтиёҷоти ривоҷи барқарории моддӣ, истеҳсолот ва савдо ба баланд бардоштани ҳаёти маънавӣ ва маданӣ инкишофи илму фани дунёвӣ, азхудкунии комёбиҳои маданияти форс, араб, юнони қадим ёрӣ расонд.
Дар ташаккули ғояҳо ва назарияҳои иҷтимоӣ-педагогӣ асарҳои олимони даври эҳёи Шарқ мавқеи муайян дорад. Моҳияти фаъолияти онҳо аз он иборат, ки усулҳои то ҳамон давр мавҷудбудаи иҷтимоишавиро ба ҳолати системаи илмӣ оварданд. Хусусияти бахуд хоси олимони барҷаста, яъне бо илму дониш мунтазам машғул шудааст, ташнагии донишҷӯ дар мазмуни афкори иҷтимоӣ-педагогии онҳо акс ёфтааст.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling