Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Мазмуни иҷтимоии панду андарзҳои маънавӣ-ахлоқӣ
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
2.Мазмуни иҷтимоии панду андарзҳои маънавӣ-ахлоқӣ
Ал-Хоразмӣ, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек барин олимон дар фаъолияти илмӣ ва педагогии худ ғояҳои қувваҳои таъсиррасони ривоҷёбии тарбиявӣ ва таълимиро ба насли наврас нигаронидаро пеш бурдаанд ва тадбиқ намуданд. Онҳо чунин ҳисоб мекарданд, ки мақсади таълим ба ҳаёт тайёр кардан, азхуд намудани меъёр ва қоидаҳои ахлоқӣ барин малакаҳо ва соҳиби донишҳои пухта шудан аст. Асарҳои олими машҳур Ал-Хоразмӣ (783-850) дорои характери равиши дидактикӣ аст. Ӯ чунин ҳисоб мекард, ки ба воситаи усули саволу ҷавоб донишҳо ба даст дароварда мешавад, дар ин ҷараён шахс дар муносибат бо дигарон ворид мешавад ва ба аъзои фаъоли ҷамъият табдил меёбад. Олими бузурги қомусӣ Абӯ Райҳон Берунӣ (973-1050) усулҳои илмии ҷараёни таълимро кор карда баромадааст. Ӯ қоидаҳои таълимро ҳам нишон додааст. Афкори педагогии аллома дар хусусиятҳои иҷтимоии ахлоқ ва ҳиссиёти шахс ифода ёфтан ифода меёбад. ўояҳои ӯ дар бораи аҳамияти илм ва меҳнат дар тарбия, ташаккули шахс ва фаъолияти амалии ҷамъият то ҳоло моҳияти худро гум накардаанд. Олими бузурги энциклопедист Абӯ Али ибни Сино (980-1037) доир ба тамоми фанҳои замони худ мероси калони илмӣ гузошта, дар ҳамаи асарҳои ӯ фикрҳои педагогӣ мавҷуд аст. ўояҳои кӯшиши ба мақсад расидан дар ҷараёни илмгарӣ, ирода ва ривоҷёбии инсон, таъсири муҳит, аҳамияти тарбияи ахлоқ ва меҳнат, санъати мусиқӣ, таълими бачагон дар ҷамоа ҳозир ҳам хеле муҳим аст. Абӯ Наср Форобӣ, Абӯ Райҳон Беруниҳо, ки оиди муаммоҳои таълим фикрҳо рондаанд, барои хизмати пурмаҳсул намудани инсон ба ҷамъият вазифаи таълимии дар қобилияти ақлӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва меҳнатиро алоҳида нишон додаанд. Онҳо барои ба амал баровардани вазифаи ривоҷдиҳии таълим аз чунин қоидаҳои дидактикӣ истифода бурданро маслиҳат додаанд: - Оҳиста-оҳиста мураккаб гардидани мафҳумҳо. - Алоқаи амалиёт бо таҷриба. - Қабул карда тавонистан. - Аёният. Назар ба фикри Ибни Сино, малакаҳои иҷтимоикунонӣ дар шакли таълими ҷамоавӣ хуб ташаккул меёбад. Бо ин мақсад ба чунин ҳол эътибор додан лозим аст. 1. Ташкил намудани иваз намудани таҷрибаҳо, қадриятҳои дониш, маънавӣ ва ахлоқии байни таълимгирандагон ва муаллимон. 2. Аз элементҳои мусобиқа истифода бурдан. 3. Инкишоф додани хусусиятҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ - муомила, ҳамдигарфаҳмӣ, ёрии байниҳамдигарӣ, дӯстӣ. Ба гуфтаҳои болои шарҳ додан лозим Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling