Мавзӯи 4. Инкишофи фанни педагогикаи иҷтимоӣ
дар Ӯзбекистон
Нақша:
1.Хусусиятҳои иҷтимоии педагогикаи халқи
2.Характери иҷтимоии педагогикаи иҷтимоӣ дар ҳодисаҳои этномаданӣ
3.Равишҳои педагогикаи халқӣ.
4.Оила ва тарбияи оилавӣ дар педагогикаи халқӣ
Ибораҳои такягоҳ: педагогикаи замонавӣ, педагогикаи халқӣ, педагогикаи миллӣ, ҳодисаҳои этномаданӣ, этнографияи ӯзбек, равишҳои педагогикаи халқӣ, усулу воситаҳои тарбия, қадрияти олии иҷтимоӣ,
Омӯхтани таҷрибаи аҷдодҳо яке аз вазифаҳои асосии фанни педагогикаи замонавӣ мебошад. Аммо муроҷиат намудан ба хусусиятҳои миллии тарбия бояд ба маҳдудияти маданӣ наоварад. Мақсади фанни педагогикаи замонавӣ аз он иборат аст, ки дар асоси хусусиятҳои миллӣ чунин қувваи воситаҳоеро дарёб намояд, ки ба ҳалли муаммоҳои гуногуни илм ёрӣ расонанд. Дар ривоҷи он саҳми худро гузорад.
1.Хусусиятҳои иҷтимоии педагогикаи халқи
Агар мо ба афкори маданӣ ва хусусиятҳои ба худ хоси халқҳои давлатҳои гуногуни дунё нигарем, мебинем, ки комёбиҳои соҳаи маданӣ дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда ҷои муҳимро ишғол мекунад. Дар тайёр кардани насли наврас ба ҳаёт, ҷамъияти демократии ба иқтисодиёти бозор асосгардида аз таҷрибаҳои ниёгон истифода бурдан аҳамияти калон дорад. Оё қиёфаи миллӣ, хусусиятҳои мадании халқро барқарор накарда, муаммои имрӯзаро ҳал кардан мумкин аст?
Дар таҷрибаи ниёгон, дар педагогикаи халқӣ бисёр усулу воситаҳое ҳастанд, ки дар ҷараёни таълим ва тарбия истифода бурдан мумкин аст. Педагогикаи халқӣ маҷмӯи дониш, малака, маҳорати педагогӣ, роҳу воситаҳои таълиму тарбияро дарбар мегирад.
Педагогикаи миллӣ дар асоси фикрҳо, ғояҳо, анъанаҳои оиди масъалаҳои халқ ташаккул меёбад. Моҳияти беҳамтои педагогикаи миллӣ аз он иборат аст, ки он пеш аз ҳама ҳақиқати дар давоми асрҳо ташаккулёфтаи педагогиро таҷассум мекунад ва инчунин аҳамияти калони ҳаётӣ, амалӣ дорад. Педагогикаи халқӣ дорои таҷрибаҳои амалӣ буда, борҳо дар амал санҷида шудааст. Нишондодҳои ҳаётӣ (маишӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ) ва маълумотҳои педагогӣ дар муомила ва муносибат аз тарафи калонсолон ва хурдсолон баробар ба амал бароварда мешавад.
Педагогикаи халқӣ дар худ арзишҳои беҳтарини маданиятнокии педагогии ҷамъиятро ба монанди ҳурмати калонсолон, меҳнатдӯстӣ, хушахлоқӣ, ростгӯӣ барин фазилатҳо таҷассум мекунад.
Do'stlaringiz bilan baham: |